Дата: 2017-03-13
Пайравони ?озираи зардуштияро дар Эрон Габру ма?ус дар ?индустон парс, пирсиён (форс?о) меноманд. Мувофи?и ба рўихатгирии а?олии ?индустон соли 1980 парс?о 400-?азор нафарро ташкил дода асосан дар Мумбай (Бомбай) зиндаг? менамоянд. Он?о ша?р? буда, ?амаг? то?ир ва со?ибкор мебошанд.
Зардуштия таълимоти дин? - фалсафиии хал??ои то?ику форс аст. Асосгузори ин равияи дин? – фалсаф? Зардушт ё ба ?авли аврупоиён Заратуштра (Зороастр) мебошад. Тад?и?от?ои гузаронидаи олимони муосири мо исбот менамояд, ки Зардушт шахси таърих? аст, вале сол?ои зиндагии ў ани? маълум нест, олимон аз асри XVII то асри VII - и то мелодро даврони зиндагии Зардушт ме?исобанд. Масалан тар?умон ва тафсиркунандагони «Гот»-?о ва Авасто Ибро?ими Пури Довуд ва Ал? Акбари ?аъфар? асри XVII - и то мелодро, таърихшиноси бостонии Юнон Ксанф ва тад?и?отчии то?ик профессор ?. ?. Мўмин?онов асри XI - и то мелодро, Фирдавс? ва академик Б. ?афуров асри VII - и то мелодро даврони зиндагии Зардушт ме?исобанд. Мувофи?и ахбороти сарчашма?о ва «Гот»-?о, ки ба ?алами худи Зардушт таалу? дорад, ў аз авлоди маш?ури Спитама буда, падарашро Парушасп ва модарашро До?ду меномидаанд.
Зардушт то синни 30-солаг? дар ватанаш илм омўхта, баъди он даъвои пай?амбар? менамояд. Зодго?и Зардуштро Эрони ?арб? ме?исобанд, дар ватанаш ў ба таъ?иботу бадбинии рў?ониёни маз?аби маздоясно дучор шуда, аз он ?о ба Балх, ба пойтахти кишвар меояд. Таълимоти ўро шо? Гуштосп меписандад ва баъди 2-соли зиндагии Зардушт дар Балх Гуштосп маз?аби Зардуштияро дини давлат? эълон мекунад.
Китоби му?аддаси зардуштия «Авасто» аст. Таърихи китобати он ани? маълум нест, вале аз рўи ахбороти сарчашма?о форс? маълум аст, ки дар ибтидоъ он аз 21 китоб иборат буда, дар замони шо?он Гуштосп ва Доро дар рўи 1200 порчаи чарми гов бо хатти зар навишта шуда будааст. Авасто дар ду нусха китобат шуда, бо фармони шо?он як нусхаи онро дар оташкадаи «Истахр», дигарашро дар хазинаи шо?он, дар Ган?и Шопикон ниго? медоштанд. Як нусхаи ?адимаи «Авасто» дар нати?аи Тахти ?амшедро оташ задани Искандари Ма?дун? сўхт. Нусхаи дигарро Искандар аз Истахр оварда амр кард, ки он чие, ки ба ну?ум, тиб ва умуман илм мансуб аст ба юнон? тар?ума шавад. Пас аз тар?ума нусхаи дуюмро ?ам бисўхтанд. Ин во?еа соли 332 то милод ба амал омада буд. Бинобарин Авасто тахминан дар байни аср?ои 5 - 6 - и пеш аз милод китобат шудааст.
Матни ?озираи китоби «Авасто» дар замони Сосониён бар?арор карда шуда, дар ?амон замон китобат шудааст. ?исми назми он, ки дар шакли суруд?о, дуо?о дар хотири мўбидон буд, дар а?ди Ардашери Бобакон аз тарафи он?о бар?арор карда шуд, ?исми насрии он, ки аз фалсафа, ну?ум, тиб ва дигар илм?ои иборат буд, аз хотир рафт ва бебозгашт гум шуд. Баъд аз истилои араб аз Авасто тан?о порча?ои зерин: Ясно, Яшт, Видевдод, Виспарад ва Хурда Авасто бо?? монданд. Барои пурратар та??и? кардани Авасто осори мўбадони Зардушт? «Минўи хирад», «Бунда?ишн», «Динкард», «Шиканд гумоник вичар», «Ардирофнома» а?мияти хосса доранд.
Зардуштия бешуб?а дин аст, вале дар китоби му?аддаси он - «Авасто» масъала?ое мав?уданд, ки мазмуни ами?и фалсаф? доранд ва хоси фалсафаанд. Яке аз масъала?ои басо му?ими фалсаф?, ки дар Авасто оварда шудааст масъалаи – ?аст? мебошад. Дар Ясно ва Гот?о, ки ба ?алами худи Зардушт таалу? доранд исбот мешавад, ки олам ду мабдаъ, ду ?ав?ар дорад ва он?о зидди якдигаранд. Аз ?ав?ари аввал бинои пуршукў?и ?аст?: замину осмон, равшанию хуб?, нуру оташ, обу хок, набототу ?айвоноти а?л? ва дигар мавчудоти фоидаовар падид омадаанд ва онро нерўи нек А?уро-Маздо ба ву?уд овардааст. Аз ?ав?ари дуюм кулли мав?удоти бад аз ?абили мору гаждум, ?ашароти зараррасон, даррандагон, торикию бадию зулмат, касофату фалокат ва ?айра падид омадаанд, ки ?амаи он?о махлу?оти офаридаи нерўи бад? А?риман мебошанд.
Мувофи?и космология зардуштия ?амаи олам аз се зина иборат мебошад. Зинаи болои олами нуронист ва дар он ?о ?аннати Ахуро-Маздо ?ойгир аст; дар олами поёнии бошад, олами бадию зулмот, олами А?риман дўзах ?ойгир шудааст; замин бошад шакли сферав? дошта, дар байни ин ду олам муалла? мебошад.
Муборизаи байни некию бад?, байни Ахуро-Маздо ва А?риман аз офариниши олам то ?ол давом дорад. Зардуштиён ба он а?идаанд, ки нек? дар охир ?олиб меояд. А?уро-Маздо инсонро барои мубориза бар зидди бад? офаридааст. Инсон худ сирати нек дошта, ёрдамчии А?уро-Маздо дар муборизаи зидди А?риман мебошад. Инсон дар муборизаи зид? некию бад? иштирок намуда, дар интихоби худ озод аст. Ў метавонад худ ро?и нек ё бадро интихоб намояд ва ба рафтору кирдори худ ?авобгў бошад.
Агар ў некиро интихоб кунад, бо ро?и росту равшан равад, бар зидд? бад? мубориза барад, ?а?и?атро ?имоя намояд, хушбахту хушрўз?ор мегардад ва сазовори ?аннат мешавад. Баракс агар бо ро?и А?риман равад бадбахту бемору бадрўз?ор мешавад, касофату фалокат ?амсафари доими ў мегардад. Инсон дар интихоби байни некию бад? озод аст, ма?фуми сарнавишт, та?дир, фатализм дар зардуштия ву?уд надорад.
Инсон со?иби а?лу хирад аст. А?л, хирад, дониш ва ме?натдўст? ўро бо ро?и равшан ба сўи нек? равона месозад. Инсон бояд пайваста илм омўзад, аз асрори олам хабардор бошад. Ба а?идаи зардуштиён инсон ба хиради худ такя намуда, метавонад оламро омўзад ва бо дониши худу ме?нати худ заминро ба гулистон табдил ди?ад, донишу хирад ба ў имконият меди?анд, ки дар ?а?и?ат озодазода бошад ва бо ро?и нек? равад. Аз ин рў олам барои инсон ба дара?ае донисташаванда аст.
?ар як таълимот тан?о дар он сурат пазируфта мешавад, ки агар талаботу дархости маънав? ва мафкуравии замон ва инчунин ниёз?ои и?тимоию и?тисодии ?омеаро ба назар гирад. Зардшутия ба ин хусусият?о со?иб буд, ки дар тўли 1400 сол дини расмии хал??ои эронинажод гашт.
И?тимоиёти зардуштия ма?з ?аминро та?озо мекунад. Фазилати олитарини инсон, мувофи?и таълимоти Зардушт, ме?натдўст? аст, зироаткор?, бо?дор?, чорводор? бе?тарин, олитарин ва писандидатарин шакли ме?нати ?омеа аст. ?ар як зардушт? вазифадор буд, ки дар зироаткорию бо?дор?, чорводорию ободии маконаш са?мгузор бошад, бо ме?нати худ боигари ?амъиятро афзун намояд. Танбал?, гардан?афс?, дурў?гўи, фитнаю фиреб, бадтарин хусусияти инсон буда камба?алию фасодро ба ву?уд меорад. Камба?ал? ?азаби худо аст, камба?ал одами хубу хушахло? шуда наметавонад. Зардушт одамро ба ме?нату илмомўзию ?унаромўз? ва э?одкор? даъват намуда, бекорию зў?ду гўшанишиниро инкор менамояд.
Зардушт ба масъали сохтори и?тимо? ва давлату давлатдор? ди?ати зиёд додааст. Таба?абанди ?айати и?тимои ?омеа дар даврони Зардушт чунин аст: Мав?еи аввалро мўбадон иш?ол менамоянд, дар ?ои дуюм ?анговарон меистанд, мав?еи сеюмро кишоварзон ва чорумро пешаварон иш?ол менамоянд. Ду таба?аи аввала аз додани андоз озод аст. Андоз ки асоси и?тидори давлат аст, ба дўши ду таба?аи поён? бор мешавад. Аз таба?а ба таба?а гузаштан ?атъиян манъ аст. ?амаи шу?л?ои таба?ав? мерос? мебошанд. Ин сохт, ки онро кастав? меноманд то омадани Зардушт дар Эрон ?укмрон буд.
Оила асоси ?амъият аст. ?ар касе, ки ба оиладоршавии шахси дигар сабаб мешавад, савоби беандозаро мегирад. Зан - модар, шахси му?аддас, нига?дорандаи чаро?и хонадон аст. Дар давлатдор? Зардушт ?онибдори ?окимияти шо?? мебошад. Шо? бояд одил бошад, зардуштия шо?они одилу додгустарро тарафдор? намуда, золимонро сахт ма?кум мекунад.
Ахло?и зардуштия ба рўи се асл ?арор гирифтааст, ки ин пиндори нек гуфтори нек ва рафтори нек аст. Он бар зидд? пиндори зишт, гуфтори зишт ва рафтори зишт мебошад.Рост?, ?а?и?ат?ўи зиннати инсон аст, дурў? душмани ўст. Самимияту ростгўи ин тарозуест, ки инсон рафтори худро дар он бар мекашад.
?амин тари?а зардуштияи ибтидо? ?а?онбинии санав? мебошад. Азбаски Авасто дар тўли таърих бор?о китобат шудааст ва дар ?исмати нави он санавият ба ва?доният наздик мебошад, вале дар ин ?о иштибо? нест, зеро ба а?идае худи Зардушт тарафдори ва?доният аст, ба хулосаи манти?ие, ки аз ин нукта бармеояд: - дар охир ?олибияти нек? ногузир аст, А?риман нобуд карда мешавад, санавият ба охир мерасад ва ва?донияти куллии А?уро-Маздо таъмин карда мешавад.
Дар ибтидои асри Х суду чанд оилаи Зардуштиён бо и?озати ?оким – ро?аи Гу?арат дар наздикии ша?ри ?озираи Бомбай сокин шуданд. Он?о ?ама то?ирон буданд. Дар нимаи дуюми асри ХХ аксари калони парс?ои ?индустон со?ибкор ва то?ир буданд ва таба?аи болои а?олии Бомбайро ташаккул медоданд
Парс?о забони гу?арат? ва либоси ?индуро (ба ?айр аз кушти Зуннор ресмоне, ки зардуштиён ба миён мебанданд, рўймоли зан?о ва либоси рў?ониён) ?абул карданд. Зардуштиён ?омеаи пўшида буда ба он дигаронро ?абул намекарданд. Дар нико? расму оини ?инду?оро ?абул намуданд. Ме?вари ?аёти динии парс?о пан? намози зардуштиён, ва ?афт иди ?адимаи зардуштиён ташкил меди?ад.
Дар замон?ои ?адим зардуштиён мурда?ои худро ба дахма?о мепартофтанд ?оло бошад дар ?абр?ои сангу бетон? дафн менамоянд
Просмотр: 5133
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved