|

Асосҳо ва заминаҳои пайдоиши эътиқоди динӣ. Унсурҳо ва сохтори дин

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев, Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-13

Таърихан дар ҷаҳон зиёда аз 5000 динҳои мушаххас вуҷуд доштанду ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Барои он, ки олами гуногунҷабҳаи зуҳуротҳои диниро омўзанд, дар илми диншиносӣ мафҳумҳои махсус, ки он забони ҳамин илми мушаххасро ташкил медиҳад, кор карда баромада шудаанд, таърифи ин мафҳумҳо (онҳо қариб 250 - тоанд) барои фанни диншиносӣ аҳамияти махсуси илмиро дороанд. Ин мафҳумҳо дар тўли таърихи дарози фалсафа ва илми диншиносӣ кор карда баромада шудаанду барои фаҳмиши моҳияти илми диншиносӣ заруранд.
Бисёрӣ ва гуногунҷабҳагии динҳо, имконият намедиҳад, ки таърифи муайяну мушаххас ва умумии дин ба вуҷуд оварда шавад. Дар илми диншиносӣ барои фаҳмондани  моҳияти дин як қатор нуқтаҳои назар  ё худ тарзи фаҳмиш вуҷуд доранд.
Намояндагони фаҳмиши интеракционӣ динро чун системаи алоқамандӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии одамон оиди ягон зуҳурот ё худ объект мефаҳманд.
Услуби маънидодкунии функтсионалӣ аз он бармеояд, ки динро бо роҳи тавсифи вазифаҳои он, ҳангоми муайян намудани фаъолияти мушаххаси динӣ, фаҳмидан мумкин аст.
Намояндагони услуби бихевиориали бар онанд, ки динро ҳангоми тавсифи анъанаҳои хоси он (қурбонӣ, ҳаҷ, парастиш, покшавӣ (таҳорат)), намудҳои муайяни амалиётҳои рамзӣ ва баъзе шаклҳои рафтору фаъолияти махсус фаҳмидан мумкин аст.
Муайянкунии консестивӣ дар асоси таҳлили ақлӣ – маърифатии дин чун зуҳуроти рўҳӣ  (эътиқод ба қувваҳои фавқъуттабиа, муқаддасот,  намоз, дуо ва ғайра), моҳияти онро фаҳмонданӣ шуда, динро як шакли шуур (ҷамъиятӣ, ё фардӣ) мешиносанд.
Вале то замони мо тавсифи васеъ ва умумии дин чун зуҳуроти шуури ҷамъиятӣ боқӣ мемонад. Масалан тадқиқотчии рус Д.В. Пивоваров дар мақолааш «Дин», ки дар «Фарҳанги муосири фалсафӣ» оварда шудааст, қайд мекунад, ки: «Дин – яке аз ҷузъҳои ҳаёти маънавии одамон яке аз воситаҳои фаҳмиш, азхудкунии маънавиии олам аз тарафи шахс ё ҷомеа аст. Дин – ин кўшиши инсон ва ҷомеа баҳри барқарор намудани алоқаи бевосита бо Худо ҳангоми иҷрои маросимҳо муқаддаси ба расму оин, ба анъанаҳо дахлдошта мебошад». Инчунин Д.В. Пивоваров динҳоро ба навъҳои эгосентрикӣ, сотсиосентрикӣ ва космосентрикӣ ҷудо менамояд.
Дини эгосентрикӣ, - ба худшиносии фард нигаронида шудааст, инсон мехоҳад бо воситаи муроқиба ба ботини худ фурў рафта, кӣ буданаш, ва баҳри чӣ дар олам зистанаш, вазифаю масъулияташро дар олам муайян кунад. Ин масъаларо ҳанўз Суқрот «Худро шинос» гўён ба миён гузошта буд. Мутафаккирони Шарқ мегўянд, ки худро нашиносӣ Худоро ҳам шинохта наметавонӣ.
Дини сотсиосентрикӣ – ин кўшиши фаҳмиш, алоқамандии фард ва ҷомеа, ягонагии онҳо дар масъалаи муайян намудани муқаддасоти худ, ва парастиши он мебошад. Намунаҳои он Худо ва объекти парастиши чомеа, эълон шудани фиръавнҳои Миср, парастиши шахсияти доҳиён дар ҷомеаҳои тоталитарӣ мебошад.
Дини космоцентрикӣ – барқароркунии алоқаи одамон бо Худоҳо ё парастиши Худои ягона, ки он қувваи осмонӣ ҳисобида мешавад ва ин дин на характери миллӣ балки умумиҷаҳонӣ, - космосентрикӣ дорад.
Чӣ хеле, ки дидем таҳлили ҷузъиётҳои дин моҳияти онро ошкор карда, ба як умумият оварда наметавонад. Агар умуман оиди дин сухан равад онро ба 5-гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст:
1) Дин ҷузъи муҳимтарини рўҳонии пайдоиш ва ташаккулёбии инсон ва ҷомеа буда, дар раванди  фаъолияти ҳаётии инсону ҷомеа нақши бузург дошта, ба он фаъолона таъсир мерасонад.
2) Дин тарзи ифода кардан ва бартараф намудани аз асли худ ҷудо шудани инсон мебошад.
3) Дин ин инъикоси рўҳии воқеъияти ҳаёт буда, тарзи фаҳмиши зиндагист.
4) Дин зерсистемаи ҷомеа аст.
5) Дин воқеият тарзи ифодаи маданият аст.
Дин воқеияти тасодуфан пайдошуда, ё чӣ хеле, ки баъзе мутафаккирон қайд мекунанд: «воқеияти аз тарафи коҳинону рўҳониён ва подшоҳону ҳакимон  ба гардани одамон боршуда», набуда, балки воқеъияти объективии дар  раванди ташаккулёбии инсону ҷомеа, ташаккулёфта мебошад, ки моҳияти маънавии мавҷудоти инсону ҷомеаро ташаккул медиҳад.
Заминаи муҳимми пайдоиши дин ва дигар намудҳои фаъолияти маънавии одамонро дар инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, дар инкишофи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ҷустан лозим аст. Вале маънавиёт дар асоси истеҳсолоти неъматҳои моддӣ пайдо шуда, ривоҷ ёбад ҳам, хеле тез мустақил мешавад, ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ таъсир мерасонад ва бо қонуниятҳои ба худ хос инкишоф меёбад. Дин ҳам ба иқтисодиёт ва ҳам ба ҷузъҳои дигари маданияти маънавӣ аз қабили фалсафа, сиёсат, ҳуқуқ, ахлоқ, адабиёт ва санъат таъсири калон мерасонад.
Дар илми диншиносии ҷаҳонӣ, ақидае васеъ паҳн шудааст, ки мувофиқи он маҳдудият, набудани озодӣ, вобастагию ниёзмандӣ, ҳокимию – ғуломӣ заминаи асосии пайдоиши дин мебошад.
Нуқтаи назари дигаре мавҷуд аст, ки он баръакси нуқтаи назари дар боло баёншуда буда, мувофиқи он маҳз озодии рўҳии инсон, ба сўи фаҳмиши ҳақиқати мутлақ ҳаракат кардани он, динро ба вуҷуд овардааст. Чӣ хеле, ки Папаи Рим Иоанн Павели II қайд менамояд: «Инсон аз Ў (аз Худо) вобаста аст, вале ин вобастагӣ дар худи сохтори мавҷудоти инсон пинҳон аст, ва барои ошкор намудани ин вобастагӣ ғайрати фикрӣ ва кўшишу меҳнат лозим аст». Дин низ, чун ҷузъи тавоногии рўҳии инсон, эҳсоси озодӣ ва истиқлолиятро аз вазъи ногувори зиндагӣ дода, уммедро ба рўзи нек бахшида метавонад.
Бегонашавӣ – ин ҷудошавии меҳнати инсон ва маҳсули он, аз худи ў ва ба дасти қувваҳои ҳукмрон гузаштани он мебошад. Ҷузъҳои асосии ҷудошавӣ (бегонашавии) инсон аз ин нуктаҳо иборат мебошанд:
а) Ҷудошавии маҳсули меҳнат аз истеҳсолкунанда;
б) Бегонашавии меҳнат;
в) Бегонашавии давлат, бюрократизация;
г) Ҷудошавии инсон аз табиат, бўҳрони экологӣ;
д) Бегонашавӣ аз арзишҳои аслӣ, бенизомии иҷтимоӣ, низоъҳо, ҷангҳо;
е) Бегонашавӣ, ҷудошавии инсон аз инсон;
ж) Аз асли худ бегонашавии шахс, рўҳафтодагию афсурдагӣ, гум шудани маъно ва мақсади зиндагӣ.
Ба ин ҷудоӣ, ба ин бегонагӣ, дин айбдор нест. Маълум аст, ки ҳангоми ҳаёти осоишта, серую пурӣ, инсон фориғбол мешавад ва нисбат ба дину фалсафа, умуман маънавиёт бепарво мегардад, ҳангоми парешонҳолию дармондагӣ, гум кардани сарҳисоби зиндагӣ, низоъ ва ҷанг, ки ба бад шудани ҳолати одамон оварда мерасонад, одамон бештар ба дину фалсафа рў меоранд; чӣ хеле, ки Юнониёни Қадим таъкид мекарданд: «Буми Афина танҳо дар торикӣ парвоз менамояд».
Дар дин зуҳуротҳои гуногунҷабҳаи ҳақиқати объективӣ инъикос мешаванд. Пеш аз ҳама, ҳамон тарафҳои ҳастӣ, дар дин инъикоси худро меёбанд, ки дар онҳо бандагӣ, вобастагӣ ва ноозодии одамон инъикоси худро меёбанд.
Дар муносибат ба ҷомеа дин чун зерсистема баромад менамояд, ки он ҳаёти маънавии инсонро дар бар мегирад. Дар ҷамъияти ибтидоӣ дин вуҷуд дошт вале ҳанўз ба сифати ташкилоти мустақил ба ифодаи худро наёфта буд. Дертар, дин ба соҳаи нисбатан мустақили ҳаёти маънавии ҷамъият табдил ёфта, бештар тафриқа (ба қисм тақсим шудан) меёбад, аз он унсурҳои алоҳида ҷудо мешаванд ва алоқаи байни ин унсурҳо пайдо мешавад
Оиди унсурҳо ва сохтори дин, дар байни мутахассисони фанни диншиносӣ, фикрҳои мухталиф баён шудаанд. Агар якеҳо идеологияи дин, эҳсоси диниро унсури асосӣ ҳисобанд, дигарон шуури динӣ, объектҳои парастиши дин, ва ташкилотҳои диниро, сеюминҳо муносибатҳои динӣ, догматикаи динӣ, арзишҳои ахлоқию эстетики динро унсури асосии сохтори дин медонанд.
Аз нуқтаи назари мо бошад, дар динҳои инкишофёфтаи ҷаҳонӣ чунин унсурҳоро ҷудо кардан мумкин аст: шуури динӣ, фаъолияти динӣ, муносибатҳои динӣ, ташкилотҳо ва институтҳои диниӣ.
Чун зерсистемаи ҷамъиятӣ баромад намуда, дин дар ҷомеа мавқею мақоми муайян дорад ва таърихан дин дар ҷомеа чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:
1) Дар ҷомеае, ки дин бартарӣ дорад, қувваи ҳукмрон аст, муносибатҳои динӣ дигар муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунанд. Институтҳои динӣ дар худ ҳам ҳокимияти динӣ ва ҳам ҳокимияти ҷамъиятиро таҷассум менамоянд.
2) Ҷомеаҳое таърихан пайдо шуданд, ки дар онҳо шуури динӣ вуҷуд дорад вале он ҳукмрон нест, дар баробари шуури динӣ шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ низ  инкишоф меёбанд. Дар ин ҷамъиятҳо тамоили аз дин дур намудани давлат, илм, мактабу маориф, воситаҳои ахбори умум ба вуҷуд меояд.
3) Ҷамъиятҳое таърихан пайдо шуданд, ки дар онҳо таъсири шуури динӣ хеле паст карда шуд, давлат, сиёсат, ахлоқ, илм, мактабу маориф аз дин ҷудо карда шуданд. Дин дар ин ҷамъиятҳо иқтидори иқтисодию, иҷтимоӣ ва сиёсии худро гум менамояд ва барои баргардондани иқтидори пештараи худ кўшиш мекунад.
Дар тарзҳои гуногуни истеҳсолоти неъматҳои моддӣ, дар ҷомеаҳои гуногун, таъсири дин якхела нест.

Дидан карданд: 4038

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: