Дата: 2017-03-13
Дар фар?анги забони то?ики истило?и арабии «Дин», чун маз?аб, кеш, тари?, оин, ро? тар?ума шудааст. Аврупоиён динро бо истило?и лотинии (religio) религио ифода мекунанд. Яке аз аввалин?о шуда, та?лили ин калимаро Марк Тулий Ситсерон (106 – 43 то мелод) пешни?од намудааст. Ситсерон истило?и (religio) религиоро аз калимаи лотинии релегере (relegere), ки маънояш бозгашт ба ?афо, такроран хондан, тарсидан, бармеорад. Ў динро чун худотарс?, парастиши худоён аз тарсу ва?м маънидод менамояд.
Лактантсия (250-325) бошад чунин ме?исобад, ки истило?и лотинии (religio) религио аз калимаи лотинии (religare) религаре, ки маънояш бастан, ало?аманд кардан мебошад гирифта шудааст. Ба а?идаи Лактантсий дин ин ало?аманд?, вобастагии инсон ба худо мебошад. Дин ин парастиши Худо, бо воситаи пар?езкор? ва та?водорию му?аббат аст.
Дину маз?аб доимо дар маркази ди??ати файласуфон буд. Он?о динро чун падидаи ?амъият? та?лил намуда, сабаб?ои пайдоиш, эволютсия ва ин?ирози дин?оро нишон дода, таъсири динро ба инсон ва ?омеа, ба таври гуногун маънидод намудаанд.
Ба саволи дин чист? файласуфони давру замон?ои гуногун аз ?адимиён то рўз?ои мо, ба вобаста ба даврони зисташон, вобаста ба ?а?онбиниашон, ?авоб додаанд. Агар яке аз файласуфон дин гўён се?ру ?одуро фа?манд, дигарон дин гўён эъти?одро ба Худо?о ё ба Худои ягона, ало?аи байни инсону офаридагорро мефа?миданд.
Бо инкишофи ?омеа ва пайдо шудани теология (таълимот оиди дин), динро чун эъти?од ба ?увваи фав?уттабиа, ба универсиум, ба офаридагор, маънидод мекардаг? шуданд. Озодандеш? аз замон?ои ?адимтарин ву?уд дошт, озодфикрон динро чун хурофот, чизи бе?уда, фиреби ко?инону рў?ониён маънидод менамуданд.
?анўз замон?ои ?адим як ?атор а?ида?о (идея?о) пайдо шуданд, ки сарчашма?о ва замина?ои пайдоиши дин ва эъти?од?ои диниро маънидод кардани мешуданд. Он?о сарчашмаи пайдоиши эъти?од?ои диниро дар о?изии одамон дар назди ?увва?ои табиат (заминларза, обхез?, тўфон, сўхтор?ои азими ?ангалзор ва ?айра), тарсу ва?м, нодон?, дар фиребу макри ко?инону рў?ониён медиданд.
Дар фалсафаи то?икон низ таърифу тавсифи дин аз он ?умла озодандеш? мав?ею ?ои худро дорад. Яке аз аввалин файласуфони форсу – то?ик, ки ба ин масъала ди??ат додааст Абўбакр Му?аммад Ибни Закариёи Роз? мебошад, ки 28 августи соли 865 дар ша?ри Рай ба олам омада, дар ?амон ?о соли 925 вафот кардааст.
Роз? ба ?ар гуна хурофот зид баромада, ба тан?иди шадиди дин пардохтааст: «Адён ва маз?аб, - навиштааст ў, - мухолиф ба андеша?ои фалсафию илм? ?астанд. Китоб?ое, ки ба номи кутуби осмон? маъруфанд, кутубе хол? аз арзишу эътиборанд. Осори касоне аз ?удамо, монанди Афлотун, Арасту, У?лидус ва Бу?рот хидмати му?имтар ва муфидтар ба башар кардааст».
Абўал? ?усайн ибни Абдулло? ибни ?асан ибни Сино (16 августи 980, де?аи Афшанаи Бухоро - 18 – июни 1037, ?амадон), файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги то?ик.
Ибни Сино бузургтарин намояндаи фалсафаи машшоия аст. Дар осор?ои фалсафии ў масъала?ои таносуби худо ва табиат, шакл?ои ?аст?, моддаву сурат, нафсу тан, сабабият ва маърифати олам ?ама?ониба тад?и? шудаанд. Масъалаи таносуби худо ва табиат тарзи ифодаи асримиёнагии масъалаи асосии фалсафа аст, ки дар он замон, бар ?асди дин?ои монотеист? чунин шакли тезу тундро ба худ гирифт: оё оламро Худо офаридааст, ё ки олам аз азал ву?уд дорад?
Ибни Сино бо далелу бур?он исбот мекард, ки таносуби Худо ва табиат на таносуби холи?у (Худо) махлу? (табиат) балки таносуби сабабу (Худо) нати?а (табиат) аст. Робитаи сабабу нати?а бошад, робитаи зарурист. Бинобар ин Худо оламро на ба ихтиёри мухтори худ, балки ба амри зарурат офаридааст. Ў ба ?амин маън? навиштааст «?ар ч? аз иллате ояд, ба во?иб ояд». Ибни Сино дар ин муло?иза?ояш аз доираи идеализм берун набаромада бошад, ?ам ихтиёри Худоро баръакси дин ва фалсафаи «Калом» ма?дуд намуда, онро ба амри зарурат тобеъ кардааст. Ин назариёт Ибни Синоро ба сўи деизм ва ба воситаи он ба сўи материализми илм? – табии ра?сипор кардааст, ки дар таълимоти ў оид ба теология ва табииёт равшан зо?ир мегардад.
А?ида?ои назарияи Ибни Сино зотан ба а?коми дин? комилан зид буд. Бинобар ин баъдтар ?аззол? ва Фахруддини Роз? ба му?обили он баромада, тамоми фалсафаи Ибни Синоро ба 20 ?исм та?сим намуда, 17-тоашро бидъат ва 3-тоашро куфр эълон карданд. ?амин тари?а он?о Ибни Сино ва пайравонашро ба куфру ил?од айбдор намуданд.
?у??ат – ул – ислом Абў ?омид ибни Му?аммад, Му?аммади ?аззол? соли1058 аз ша?ри Тўс таваллудшуда соли 1111 дар ?амон ?о вафот кардааст. Ў, фа?е?, файласуфи дин бузургтарин намояндаи фалсафаи «Калом» аст ?аззол? ?е? го? фалсафаю динро баробар намедонад, балки ба фикри ў фалсафа як навъ гумро?ии фикр? аст. ?аззол? ва?те, ки ба фарде, ба гурў?е муро?иат менамояд, ё чизеро исбот, ё инкор кардан? мешавад, ў аз ?уръони карим, ?адис?ои му??адас ва рафтору кирдори салафия (пешиниён) мисол?о, далелу бур?он?о меорад. Аз ин рў ?исми зиёди му?а?и?он «фалсафаи ?аззол?» гуфта услуби исботи а?оиди дин, ахло? ва ?омеаи ислом?, фалсафаи ило?иётро дар назар доранд.
?аззол? дар фалсафааш, ба ?авли Умар Фаррух (файласуфи араб), шаш масъаларо фаро мегирад: табииёт, ило?иёт, сиёсат, офариниш, риёзиёт ва манти?. Назари ?аззол?, ба а?идаи ашъария, бо назари дини ислом мутоби?ат дорад. Аксари масоили ило?иёт дар осори ?аззол? доир ба Олло? ва ва?дати он аст. Масалан:
?аззол? дониши фалсафиро бо дониши дин? мута?ид сохтааст, ў донандаи бузург? назария ва амалияи дину фалсафа аст, хусусан ило?иёт ва фалсафи и?тимо? ихтисоси имом ?аззол? аст. ?аззол? аз рўи эъти?одоти худ суннии салаф?, шофеъимаз?аб, ашъаримаром мебошад. ?аззол? вазифаи му?име дигареро низ и?ро кард, ки он такмилу рушди фалсафаи дин аст. Ин вазифаро ба хуби и?ро намуд. Осори ?аззол? на тан?о аз тан?ид ва инкори фалосифа (файласуфон) иборат аст, балки он тамоми со?а?ои улуми динии замонаашро фаро мегирад. Бузургтарин хизмати ?аззол? э?ё, инкишофи такмили илм?ои дин? мебошад, «Кимиёи саодат» гуво?и а?идаи мазкур аст.
Идея?ои натуралист? (аз лотин? натуралес, - табиат) нахустин идея?ое буданд, ки пайдоиши динро дар о?изии одамон дар назди ?увва?ои табиат медиданд. Одамони ?адим бисёр ?одиса?ои табиатро маънидод карда наметавонистанд бинобарин пайдоиши ин ?одиса?оро ба худо?о вобаста мекарданд, ?амин тари?а политеизм (бисёрхудо?) пайдо шуд, ки дар он ?ар як ?одисаю ?увваи табиат худои худро дошт. (Масалан политеизми Юнониёни ?адим: Гелиос - худои офтоб, Зевс - худои раъду бар?, Посейдон - худои ба?р, Гея - худои замин ва ?айра). Ба ?айр аз ин хоббин?, ки баъзан одамон шахсони кай?о вафот кардаро дар хоб медиданд ба эъти?од ба мав?удоти арво??о (рў??о) ба демонизм (эъти?од ба ?увва?ои бад, дев, иблис ва ?айра) оварда расонд.
Унсур?ои ?оя?ои натуралистиро мо ?анўз дар эъ?одиёти файласуфони анти??Демокрит (460 то мелод), Эпикур (341–270 то мелод), Лукретсий (99–55 то мелод) во мехўрем. Масалан, ба а?идаи Демокрит, ?адимиён раъду бар?, тўфони ба?р, хусуфи мо?у офтобро мушо?ида намуда, ба тарсу ва?м меафтоданд ва онро кори худоёни ба ?а?р омада ме?исобиданд.
?оя?ои натуралист? дар даврони Э?ё низ маш?ур буд масалан ?ованни Бокаччо (1313–1375) дар рисолаи худ «Ша?араи худоёни даврони ?о?илия» образ?ои асотирии даврони анти?иро рамзи осмони пурситора меномад.
Идея?ои натурализм дар замони нав низ мушо?ида карда мешаванд, вале дертар байни файласуфон доир ба масъалаи пайдоиши дин ?ояи нодонию бесавод? ва хурофотпарастии мардум мегирад. Масалан Голбах чунин ме?исобад, ки бесаводию нодон? одамонро хурофотпараст мегардонад. Дар замон?ои ?адим шуури одамон дар дара?аи хеле паст буд, - менависад Голбах, ва?шиён аз ?онун?ои табиат бехабар буданд, барои он?о бисёр ?одиса?ое, ки дар табиат ва ?амъият ба ву?уд меомаданд нофа?мо, бинобарин асрорангез менамуданд
Идеяи психологии сабаби дин ?исобидани тарсу ва?м, ?анўз аз замон?ои анти?? маш?ур буд. Масалан файласуфи Рим? Г. Петроний (вафоташсоли –66 мелод?) чунин ме?исобад, ки: «Аввалин худоёнро дар замин тарсу ва?м ба ву?уд овард». Л. Ванини (1584–1619), Т. Гоббс (1588–1679), Б. Спиноза (1632-1677), П.А, Голбах (1723–1789) ва дигарон тарсу ва?мро асоси дин ме?исобанд. «Тарсу ва?м сабабест, ки бо воситаи он хурофот тавлид мешавад, ниго? дошта мешавад ва риво? дода мешавад», - менависад Б. Спиноза.
?ояи асоси дин будани макру фиреб яке аз ?адимтарин ?оя?ои пайдоиши дин мебошад. Мувофи?и он дин на аз талаботи рў?? ботинии одамон ба ву?уд омадааст, балки онро ба гардани ?омеа се тоифа: подшо?ону сиёсатмадорон, ко?инону рў?ониён, ва ё файласуфону ?акимон бор кардаанд. Шо?и Афина Критий (460–403 то мелод), чунин ме?исобид, ки ?онуншиносони ?адим динро чун назоратчии савобу гуно? ва неку бади одамон фикр карда баровардаанд, то ки ягон шахс махфиёна ?иноят содир нанамояд, ?амабин будани худоёнро донад ва аз беадолат? даст кашад.
Дар замони Нав Г. Болинброк (1678–1751), Волтйер(1694–1778) ва Д. Дидро (1713–1784) динро найранги ко?инону рў?ониён медонанд, ки ба манфиати худ мардумро фиреб меди?анд ва гумро? менамоянд. Вале ?ояи сарчашмаи дин будани макру фиреб аз тарафи аксари файласуфони замони нав тан?ид карда шудааст.
?ояи конвенсионал? (лотин? – конвентсия, - шартнома), ?ояи дигаре мебошад, ки мувофи?и он дин дар нати?аи шартномаи байни ?окимон, ко?инон ва хал?и ба он?о тобеъ пайдо шудааст. Файласуфи Рим? Секст Эмпирик (Нимаи дуюми асри II - ва ибтидои асри III) ва маорифпарвари франсав? Ж.Ж. Руссо (1712-1778) тарафдори ?ояи шартномаи ?амъият? мебошанд.
?ояи дигаре, ки пайдоиши динро фа?мондани мешавад антропоморфизм (одаммонанд?) ном дорад. Мувофи?и ин ?оя одам худоёнро ба шаклу шамоили худ дар хаёлаш месозад. Файласуфи Юнон? Ксенофани Колофон?(570– 480 то мелод) тарафдори ?амин а?ида мебошад, дертар бисёр файласуфон оиди ин масъала из?ори а?ида кардаанд.
Дар Замони Нав аксари файласуфони Аврупои а?ида?ои озодандеш? ва ?атто зиддидиниро баён кардаанд, масалан афоризми «Дин афюни хал? аст» ба Волтйер таалу? дорад. Т. Гоббс, Б. Спиноза, Вольтер, Ж.Ж. Руссо барин файласуфон чунин ме?исобиданд, ки агар ба одамони бомаърифат дин нолозим бошад ?ам, барои дар зери итоат ниго? доштани хал?и аввом, дин зарур аст. Б. Спиноза менависад, ки: «хурофот фиреб бошад ?ам, ба оммаи хал? зарур аст». Волтйер бошад тезиси «Агар Худо набошад ?ам, онро фикр карда баровардан лозим буд» - ро пешни?од менамояд. Ба а?идаи аксари файласуфони ин замон ?омеаи инсон? бе дин ?ам ву?уд дошта метавонад.
На ?ар як файласуф а?идаи зиддидин? дошт, файласуфоне ?ам ву?уд доштанд, ки ба дин, ба худо эъти?оди бузург доштанд. Яке аз он?о файласуфи Шотланд? Д. Юм (1711-1776) мебошад, ки оиди дин бисёр фикр?ои ?олиби ди??ат баён намудааст. Ў менависад, ки: «Эъти?оди дин? ?ар хел мешавад. Эъти?оди бомаърифат, эъти?од ба мав?удоти ?увваест, ки он берун аз табиат, дар болои он меистад. Вай бо а?л айният надорад, вале ба он монанд мебошад. Эъти?од бояд ба а?л асос ёбад. Тамоми сохтори табиат аз он ша?одат меди?ад, ки Офаридагори бохираду тавоно ву?уд дорад. Вай сабаби тамоми олам аст. Ин ?ояи «сабаби умум?» мебошад, ки ба он тан?о бовар кардан лозим, вале он исботнопазир аст».
Эъти?од ин ?ояи зинда аст, - менависад Д. Юм, он бо таасурот зич ало?аманд аст. Мушо?ида карда шудааст, ки дар байни мусулмононе, ки ба Макка сафаркардаанду Каъбаро дидаанд, дар байни насрони?ое, ки Байтулму?аддасро зиёрат кардаанд, дар оянда ягон одами сустэъти?од ёфт нахо?ад шуд. Асоси дин хирад аст ва он аз худи табиати одам бармеояд.
Асосгузори фалсафаи классики немис И. Кант (1724–1804) динро ба маркази фалсафааш гузоштааст. «Ман хирадро танг кардам, то ки ба эъти?од низ ?ой монад» - менависад ў дар асараш «Тан?иди хиради соф». И.Кант яке аз асосгузорони фалсафаи дин аст, ки он як ?узъи му?ими илми диншинос? мебошад.
Асари И. Кант «Дин тан?о дар доираи хирад» махсус ба муайянкун?, тавсиф ва та??и?и фалсафии дин бахшида шудааст.
Масъалаи ахло? дар фалсафаи И. Кант ма?оми махсус дорад. Ахло? - мегўяд И. Кант, ногузир ба сўи фа?миши дин мебарад, фа?миши дин ба ?ояе мебарад, ки он берун аз ихтиёри инсон меистад ва ?укми универсалии ?онунгузории ахло?иро дорост.
Маф?уми иродаи Худованд, ки соф бо ?онун?ои ахло?? муайян карда мешавад, тан?о як Худо ва як динро мепазирад. Тан?о як Худо ва як дин ву?уд дорад, вале оину маз?аб?ою шакл?ои эъти?од бисёранд. Аз ин рў ?оиз аст, ки тарзи эъти?оди я?удия, насрония, ислом ва ?айра?о бигўем, на ин, ки дини я?удия, насрон? ва ислом.
?амин тари?а И. Кант ахло?ро ба дин вобаста медонад, мав?удоти дин ин солимии ахло?ии ?омеаи инсон? аст. ?омеа бошад бе ахло?, аз ин рў бе дин, ву?уд дошта наметавонад. Дар айни замон И. Кант динро аз сиёсат дур медонад, дин бояд дар зери итоат ва ?имояи давлат бошад, на давлат дар зери итоати дин.
Г.В.Ф. Гегел (1770–1831) – файласуфи бар?астаи асри XIX, баву?удорандаии бузургтарин системаи фалсаф? мебошад. Дин дар фалсафаи ў ма?оми махсус дорад, ба масъалаи дин, ба фалсафаи дин, Гегел як фасли бутуни фалсафааш бахшидааст.
Гегел тавсифи нави ?ояи Худовандро меди?ад. Мувофи?и таълимоти ў Худо ин, ?ояи мутла?, рў?и мутла?, рў?и ?а?онист. Худо ?а?и?ати мутла?ест, ки ?амаи олам аз ў бармеояд ва боз ба ў бармегардад. Ба ў ?ама ниёзманданд вале ў ба чизе ба касе ниёз надорад. Худо чун рў?и ?а?он?, рў?и мутла?, ?ам умумияти кулл? асту ?ам мушаххас, ў ?амро?, рафи?, надорад, ба худо?ои гуногун та?сим намешавад дар ни?оди ў зиддият нест.
?амин тари?а мо таърифу тавсифи динро аз ну?таи назари равия?ои гуногуни фалсаф? дида баромадем, чунон, ки дидем баъзе?о онро инкор мекунанд, баъзе?о тасди?, баъзе?о онро барои ?омеаву инсон зараровар ме?исобанду дигарон ?омеаю инсонро бе дин тасаввур карда наметавонанд. Биноборин ?ар як кас бояд вобаста ба а?лу хиради худ, ба ?а?онбинии худ, ба дара?аи дониши худ ба ин масъала наздик шавад. Вазифаи фанни диншинос? додани ахбороту маълумоти илм? оиди дину маз?аб?о аст, на тар?иби ягон дину, оин ва на тар?иби ?а?онбинии атеист? (атеизм, бехудо?, инкори мав?удоти Худо).
Просмотр: 2833
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved