|

Баҳисобгирии хароҷот, барориши маҳсулоти растанипарварӣ ва ҳисоби арзиши аслии он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-01

Нақша

    1. Объект ва моддаҳои баҳисобгирии хароҷот дар соҳаи растанипарварӣ.
    2. Хусусиятҳои баҳисобгирии хароҷот дар соҳаҳои алоҳидаи растанипарварӣ. 

Объект ва моддаҳои баҳисобгирии хароҷот дар соҳаи растанипарварӣ
Объети баҳисобгирии хароҷот дар соҳаи растанипарварӣ – ин намудҳои алоҳидаи зироатҳо, намуди корҳо ва хизматҳо ба ҳисоб мераванд.
Баҳисобигирии хароҷот барои парвариш ва нигоҳубини зироатҳои кишоварзӣ, ҳосили соли ҷорӣ, ҳосили соли оянда низ дар ҳисоби активию калкалятсионии 10730 «Истеҳсолоти нотамом» баҳисобгири карда мешавад. Барои инъикоси хароҷот оиди парвариши ҳаркадом зироатҳои кишоварзӣ ҳисобҳои аналитикӣ кушода шуда (масалан, хароҷотҳо барои парвариши картошка), истифода бурда мешаванд. Дар давоми моҳ хароҷотҳои растанипарварӣ дар робита бо ҳисобҳои транзити, ки корхонаҳои кишоварзӣ онҳоро кушода ба нақшаи ҳисобҳои худ ворид мекунанд истифода мегардад.   Ба мисоли онҳо дохил шуда метавонад: ҳисоби 10720 «ашёи хом ва масолеҳ», 22210 «музди меҳнат барои пардохт», 22240 «ҳиссаҷудокуни ба ФҲИА», 55300 «хароҷотҳои борхатӣ» ва дигарон. Ҳисоби 10720 ба худ дарбар мегирад:
- арзиши тухмии сарфшуда ва масолеҳи кишт бо арзиши аслии ҳақиқӣ;
- арзиши сарфи нўриҳои минералӣ ва органикӣ;
- арзиши оби сарфшуда барои зироатҳои кишоварзӣ;
- арзиши воситаҳои ҳифзи растанӣ.
Дар ҳисоби 22210 «пардохти музди коргарон» ба хароҷоти музди меҳнати коргарони катигорияҳои гуногун, ки бевосита ба истеҳсолоти зироатҳои кишоварзӣ машғуланд, таллуқ дорад. Ба он музди меҳнати трактористҳо барои омодасозии хок барои кишт, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва инчунин ба корҳои нақлиёти барои зироатҳои номбурда машғул буда, дохил мешавад.
Дар ҳисоби 22240 «Андози иҷтимои барои пардохт» ҳиссаҷудокунӣ ба ФҲИА аз музди меҳнати коргарон амалӣ карда мешавад.
Дар ҳисоби 55300 «Хароҷотҳои маъмурӣ-идоракунӣ» - ҷамъбаст ва азҳисоббарории хароҷотҳои умумии хизматрасонӣ ва идоракунии растанипарварӣ амалӣ карда мешавад.
Ахбороти аз ҳисобҳои транзити ба ҳисоби ҷамъбастии 10730 «истеҳсолоти нотамом (растанипарварӣ)» ба худ хароҷотҳои ҳақиқии моҳи ҳисоботиро дарбар мегирад. Дар фарқият аз чорводорӣ хароҷотҳои растанипарварӣ дар ҳисоби 10730 «истеҳсолоти нотамом» дар давоми соли ҳисоботи ҷамъ карда шуда, арзиши аслии маҳсулоти растанипарварӣ танҳо дар охири соли ҳисоботи бо назардошти истеҳсолоти нотамом дар аввали сол муайян карда мешавад.
Намунаи гузоришотҳои бухгалтерии баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ

             

Мундариҷаи амалиёт

Ҳуҷҷат

Алоқамандии ҳисобҳо

Дебет

Кредит

1.

Инъикоси арзиши истеҳсолоти нотамом дар аввали сол.

Санади барўихатгирӣ

10730

10750

2.

Азҳисоббарории арзиши сарфи тухми ва маводҳои кишт.

Санади хароҷоти тухми ва маводҳои кишт

10730

10720

4.

Азҳисоббарории арзиши тухмии нобутгашта ҳангоми кишти зироат.

Санади хароҷоти тухми ва маводҳои кишт

10730

10721

5.

Азҳисоббарории арзиши сарфи нўриҳои минералӣ ва органикӣ.

Санад оид ба истифодаи нўриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо

10730

10722

6.

Азҳисоббарории арзиши сарфи оби полезӣ.

Ҳисоббаробаркунӣ, ҳисоб

10730

10723

7.

Ҳисобкунии музди меҳнати асосӣ ва иловагӣ ба коргарон

 Ведомости ҳисоббаробаркунӣ

10730

22210

8.

Ҳиссаҷудокунӣ аз музди меҳнат ба ФҲИА.

Ҳисоббаробаркунӣ

10730

22240

9.

Азҳисоббарории хароҷоти истеҳлоки барои истифодаи техникаҳои кишоварзӣ.

Ҳисоббаробаркунӣ

10730

11100

10.

Азҳисоббарории хароҷотҳои борхатии растанипарварӣ.

Ҳисоббаробаркунӣ

10730

55300

11.

Инъикоси арзиши истеҳсолоти нотамом дар охири сол.

Санади барўихатгирии истеҳсолоти нотамом

10750

10730

           
Баҳисобгирии аналитикии хароҷотҳо барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар ведомости № 12 . Баҳисобгирии синтетикии хароҷотҳои истеҳсоли соҳаи растанипарварӣ дар журнале-ордери № 10 амалӣ карда мешавад.
        
Хусусиятҳои баҳисобгирии хароҷот дар соҳаҳои алоҳидаи растанипарварӣ
Барои он, ки арзиши аслии маҳсулоти растаниправариро ҳисоб намудан, фарқ намудани маҳсулоти асосӣ, иловагӣ ва ҳамрав муҳим мебошад.
Ба маҳсулоти асосӣ, ки барои гирифтани он истеҳсолот асос сохташудааст ба монанди: ғалла, картошка, пахта ва ғайра.
Объекти калкулятсия дар истеҳсолот ин маҳсулоти асосӣ ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, барои муайянкунии арзиши аслии воҳиди маҳсулот миқдори маҳсулоти асосӣ, иловагӣ ва ҳамравро ба коэфисиентҳои муайянкуни зарб зада ҳаҷми шартии маҳсулоти асосиро барои намудҳо муайян мекунанд.
Дар соҳаи растанипарварӣ, яке аз самтҳои асосии он ин истеҳсолоти маҳсулоти ғалладонагӣ ба ҳисоб меравад. Ба маҳсулоти ғалладонагӣ дохил мешаванд: гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворӣ ва ғайра.
Маҳсулоти асосии зироатҳои ғалладонагӣ, ин гандум ва партовҳои қобили истифода, ва иловагӣ – коҳ ва пояи он мебошад.
Дар амалияи корхонаҳои кишоварзӣ коэфисиентҳои зеринро истифода мебаранд:
барои зироатҳои ғалладонагӣ:
а) гандум  1сентинер = 1,0     
б) коҳ ва партов   1 сентинер = 0,08;
барои ҷувори:
а) ҷувори  1 ц = 1,0
б) пояи он 1 ц = 0,17 ва ғайра.
Барои маълумоти додашуда, вазни қиёсии ҳар кадом намуди маҳсулот  ва маблағи хароҷоти ба он мувофиқ ҳисоб карда мешавад.
Ба зироатҳои техникӣ дохил мешаванд: пахта, тамоку, лаблабуи қанд, семичка ва дигарон. Лаблабуи қанд ашёи хоми асоси барои истеҳсоли қанд баҳисоб меравад, ки маҳсулоти асосии он қанд, иловаги – поя ва ҳамрав – пўчоқи он ҳисобида мешавад. Ҳангоми муайянкунии арзиши аслии лаблабўи қанд коэфисиентҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- лаблабў (маҳсулоти асосӣ) – 1,0
- поя (алаф)          - 0,2

МАШҒУЛИЯТИ АМАЛӢ 9
Ҳалли мисолҳо доир ба воридот ва содироти маҳсулоти
Мисол, корхонаи кишоварзӣ аз майдони ҷамъоварии ғалла 3000 ц ғалла (аз ҷумла, 200 ц партовҳои истифодашаванда) ва 3500ц коҳро ҷамъоварӣ намуд. Хароҷотҳои ҳақиқӣ барои парвариши ғалла 15000 сомонро ташкил додааст. Арзиши аслии 1 ц ғалла, 1ц партовҳои истифодашаванда ва 1 ц коҳ ҳисоб карда шавад.
1) Муайянкунии сентнери маҳсулотҳо аз рўи коэфисиентҳои муайянкунии шартӣ:
- 3000 ц *1,0 = 3000ц
- 200ц*0,08 = 16 ц
- 3500ц*0,08 = 280 ц
Ҷамъ:               3296 ц
2) Ҳисоби вазни қиёсии маҳсулотҳо:
Вазни қиёсии ғалла = 3000*100 / 3296 = 91,02%
Вазни қиёсии партов = 16*100 / 3296 = 0,48%
Вазни қиёсии коҳ = 280*100 / 3296 = 8,50 %
3) Тасқсимоти хароҷот байни маҳсулотҳо:
Ғалла = 15000 *91,02% = 13653 сом.
Партов = 15000 * 0,48% = 72 сом.
Коҳ = 15000 * 8,50% = 1275 сом.
4) Муайянкунии арзиши аслии 1 ц маҳсулот:
Ғалла = 13653 сом / 3000 ц = 4,55 сом.
Партов = 72 сом / 200 ц = 0,36 сом.
Коҳ = 1275 сом / 3500 ц = 2,74 сом. 
5) Инъикоси арзиши аслии маҳсулот дар ҳисобҳо:
а) барои ғалла     Дт 10740      Кт 10730 – 13653 сомонӣ
б) барои партов   Дт 10720      Кт 10730 – 72 сомонӣ
в) барои коҳ           Дт 10720      Кт 10730 – 1275 сомонӣ
Барои мисол:  Хароҷотҳои корхонаи кишоварзӣ барои парвариши лаблабў 15378 сомонро ташкил дода, аз майдони 35 га 10500 ц  лаблабў ва 6825 ц пояи он гирифта шудааст.
1)   10500 *  1,0 = 10500 ц
6825  *  0,2 =   1365 ц
       Ҷамъ               11865 ц
2)  - лаблабў  - 10500 / 11865 * 100% = 88,5%
- поя        -   1365 / 11865 * 100 % = 11,5%
3)   - лаблабў  - 15378 сом* 88,5%  : 100  = 13609,53 сом.
- поя          - 15378 сом* 11,5%  : 100  = 1768,47 сом.
4)   - лаблабў  -  13609,53 сом /  10500 ц = 1, 29 сом
- поя           -   1768,47 сом  / 6825 ц =  0, 25 сом.
5)  - лаблабў        Дт   10740         Кт 10730  -13609, 53 сом.
     - поя                Дт   10720         Кт 10730 – 1768, 47 сом.
КМРУ 9
Ҳалли мисолҳо оиди баҳисобгирии баромади маҳсулоти кишоварзӣ
Мисол, хоҷагии «Садаф» ба парвариши сабзавот машғул мебошад, ки яке аз намудҳои он ин маҳсулоти помидори мебошад. Хароҷотҳо барои истеҳсоли помидор 325000 сомониро ташкил додааст.
Хоҷаги маҳсулотро бо миқдори зерин истеҳсол ва фурўхтааст (ниг. ба ҷадвали 1):
Ҷадвали 1.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолии хоҷагӣ

 Барориши помидор

Миқдор, кг

Нархи фурўш, сом

Маблағи умумии фурўш

1. стандартӣ

9000

50

450000

2. ғайри стандартӣ

3000

30

90000

3. партовҳо  (ғайри стандарӣ барои хўрока)

200

 

2000

Ҳамагӣ

 

 

 

Аз маблағи хароҷот маблағи партов тарҳ карда мешавад:
325000 – 2000 = 323000 сом.
Муайянкунии вазни қиёсии маҳсулоти стандартӣ ва ғайри стандартӣ:
- стандартӣ    450000 :  (450000 + 90000) *100 % =  83,33 %
- ғайри стандартӣ  90000 :  (450000 + 90000) * 100 % = 16,67 %
Дар асоси вазни қиёсии ҳисобшуда тақсим намудани хароҷот ба намудҳои маҳсулот:
- стандартӣ      323000 * 83,33 % : 100% = 269156 сом
- ғайри стандартӣ  323000 * 16,67 % : 100% = 53844  сом
Ҳисоби арзиши аслии маҳсулот барои як сентнер маҳсулот:
- стандартӣ     269156 сом / 9000 ц =  29 сом. 91 дир.
- ғайри стандартӣ  53844  сом / 3000 ц =  17 сом. 95 дир.

Дидан карданд: 1052

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: