|

ҚОНУНИЯТҲОИ РУШДИ ФАРҲАНГ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-09-11

Маданият дар раванди таърих қонунҳои рушди худро дорад, ки он падидаи иҷтимоӣ буда, хосияти зеҳнӣ (субъективӣ)-ро дорост. Мисли он, ки ҷамъияти инсонӣ дорои қонунҳое мебошад, ки ба амру фармони касе иртибот надорад ва ба иродаи шахсе вобаста нес-танд. Монанди он қонунҳои рушди маданият ҳам дар ҳамин доира амал мекунад.
Он қонунҳо инҳоянд:

  1. Қонуни томияти таърихии фарҳанг.
  2. Қонуни ирсияти таърихӣ дар рушди фарҳанг. Қонунҳои фарҳанг ба сари худ мустақил нестанд

ва дар якҷоягӣ баҳри рушду нумӯи фарҳанг саҳм меги-ранд. Моҳияти қонуни аввал дар он аст, ки маданият ба ҳама мардуми олам, новрбаста аз дараҷаи тарақ-қиёти иқтисодӣ ва пешравиҳои сиёсӣ хос аст. Ҳамаи онҳо дар раванди таърихӣ яке пеш ва дигаре дертар зинаҳоеро тай мекунанд, ки дигарон онро аз сар гуза-ронидаанд.
Аз сар гузаронидани қонуни томияти таьрихии ҷомеаҳо барои ҳамаи мардуми олам ҳатмист. Пай-васта ба ин маданият ҳамчун категорияи фалсафӣ дар доираи фазо ва вақт амал мекунад. Маданият рушду таҳаввул ва таназзулро аз сар мегузаронад, аммо дар доираи ҷамъияти инсонӣ мудом ва пайваста шеваи пешравӣ дорад. Маданият вобаста ба шароити ҷуғро-фӣ, вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои гуногун шаклу шеваи зуҳури худро дорад.
Инсоният дар асри XX дастовардҳои азими мада-ние ба мисли техникаҳои ҳозиразамонро ба даст овар-дааст, ки он халқу миллатҳоро наздик карда аз аҳволи ҳамдигар огаҳ месозад. Пайваста ба ин робитаи тиҷ-оратию фарҳангии хешро ба роҳ монда, аз ҳамдигар меомӯзанд ва сарватҳои худро ғанӣ мегардонанд. Халқҳои оламро набояд ба халқҳои бомаданияту бе-маданият ва маданияти онҳоро ба пасту олӣ ҷудо кард. Дастовардҳои ҳар кадом халқ мувофиқ ба шароит ва имконияташ такрорнопазир ва азиз аст.
Ҳеҷ кас ҳаққи маънавие надорад, ки маданияти Ғарбро аз Шарқ ва достони «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гоммерро аз достони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, аса-ри «Модар»-и Горкийро аз асари «Ҷони ширин»-и М. Турсунзода бузургтар ҳисобад. Ба рушду нумӯи мада-ният набояд аз рӯи синфият баҳо дод. Ё ба ибораи ди-гар маданиятро мутеъи сиёсат ва идеология намудан ва ба синфият ҷудо кардан куллан галат аст, зеро ингуна амал дар байни мардум миллатгароӣ, нажодга-роӣ ва зиддиятҳоро ба миён меорад.
Қонуни дигари рушди фарҳанг- Қонуни ирсияти таърихӣ буда, қонуни аввалро тақвият медиҳад ва ко-мил мегардонад. Он дар маҳорату малака ҳунару ис-теъдод ва донишҳои оммиёнаи инсон то асотир, эъти-қод, донишҳои назарӣ, суннату маросимҳо таҷассум меёбад ва аз насл ба насл мегузарад. Қонуни ирсияти таьрихии рушди фарҳангии ҳар як мардуми олам аз ҳамдигар фарқмекунад.

 

ҚОНУНИЯТҲОИ РУШДИ ФАРҲАНГ

 

Қонуни томияти таъ-

 

Қонуни ирсияти таъ-

рихии фарҳанг - Мардум

 

рихии     рушди   фарҳанг-

дар раванди таърихӣ зи-

 

Пайваста ба зинаҳои ҷо-

наҳои гуногунро тай ме-

меавӣ,   фарҳанг,   забон,

кунанд, вале ин зинаҳоро

 

хат, санъат, анъана, асо-

метавонанд   яке   пештар

 

тир, урфу одат, ҷашнҳо

дигаре баьдтар ва сеюмин

 

ва ғайраҳо аз насл ба насл

дертар аз сар гузаронанд.

 

мегузаранд ва аз ҳамди-

Аммо аз сар гузаронида-

 

гар фарқи куллӣ доранд

ни ин зинаҳо    ба ҳамаи

 

ва ба худ навовариҳоро

мардум   ҳатмист.

 

қабул мекунанд.

Дидан карданд: 2237

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: