|

Хусусиятҳои хоси ташкилии баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-01

Нақша

    1. Моҳият ва аҳамияти ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ.

Моҳият ва аҳамияти ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ.
Соҳаи кишоварзӣ, яке аз соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ барои хоҷагии халқ баҳисоб меравад, ки корхонаҳои ин соҳа, маҳсулотҳои истеъмолотиро барои аҳолии кишвар ва ашёи хомро барои як қатор соҳаҳои саноатӣ истеҳсол менамоянд, ба монанди: рамаи асосии чорвои маҳсулдиҳанда ва корӣ. Инчунин, соҳаи кишоварзӣ соҳаест, ки хоҷагии халқи мамлакатро бо маҳсулоти озўқа таъмин намуда, сиёсати бехатарии озўқавории онро пиёда менамояд. Бинобар он, омўзиш ва баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи мазкур, ҳамчун воситаи танзимоти хеле муҳим мебошад.
Барои он, ки баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил ва ба роҳ монда шавад, бояд хусусиятҳои хоси соҳа ва робитаи он бо баҳисобгирии бухгалтерӣ муайян карда шуда, омилҳои ба он таъсир расон омўхта шавад.  Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун дигар соҳаҳо дар асоси принсипҳои умумии ташкили баҳисобгири таъсис дода шуда, ҳангоми пешбарии баҳисобгири вобаста аз хусусиятҳои хоси соҳа хусусиятҳои баҳисобгири ба инобат гирифта мешавад.  Масалан, яке аз хосиятҳои хоси соҳа ин робитаи истеҳсолот бо табиати зинда ё организми зинда, ки вобата бо он баҳисобгирии истеҳсолот ташкил карда мешавад.
Объекти баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ баҳисоб мераванд:
- амволи корхона (воситаҳои гардон, ғайри гардон);
- сармояи хусусӣ (сармояи оинномавӣ, захиравӣ, иловагӣ ва фоидаи тақсимношуда);
- ўҳдадориҳои корхона ва корхонаҳо (қарзҳои дебеторӣ ва кредиторӣ);
- амалиётҳои хоҷагидорӣ содиршавандаи корхонаҳо дар раванди фаъолияти онҳо, ки тағйиротҳоро дар амволу ўҳдадориҳо ба миён меоранд.  
Мақсади асосии баҳисобгирии бухгалтерӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ – ин таҳлил, баҳодиҳӣ ва истифодаи иттилооти иқтисодӣ барои муайянкунии тамоюли рушди корхона, интихоби вариант ва қабули қарорҳои идоракунӣ баҳисоб меравад.
Иттилооти баҳисобгири махсусан дар сатҳҳои идоракунии зерин истифода бурда мешавад:
- дохилихоҷагӣ (дар зерсохторҳои истеҳсолӣ – маълумотҳои аввала ва ҷамъбастии баҳисобгирӣ);
- умумихоагӣ (барои хоҷагӣ дар маҷмўъ – маълумотҳои ҷории баҳисобгирии бухгалтерӣ, аз ҷумла ҳисоботҳо);
- дар сатҳи берунаи идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ (асосан ҳисоботҳои бухгалтерӣ истифода мегардад).
Дар мутобиқат бо қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баҳисобгири бухгалтерӣ, барои баҳисобгири дар соҳаи кишоварзӣ иҷроиши вазифаҳои зерин гузошта мешавад:
а) ташаккули иттилооти пурра ва дақиқ оид ба фаъолияти корхона ва ҳолати амволии он, ки барои истифодабарандагони дохилии ҳисоботи бухгалтерӣ ва берунӣ зарураст;
б) пешниҳоди иттилоот барои назорати риояи қонунгузориҳои ҶТ, ҳангоми амалисозии амалиётҳои хоҷагидории корхона, мавҷудият ва ҳаракати амвол, ўҳдадориҳо, истифодаи захираҳои моддию меҳнатӣ ва молиявӣ мувофиқи меъёрҳои тасдиқшуда ва сметаҳо мебошад;
в) пешгирии зуҳуроти манфӣ дар фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхона;
г) муайянкунӣ ва зудҳаракатдиҳии захираҳои дохилии таъминоти устувори молиявии корхона;
д) амалисозии баҳодиҳии ҳақиқии истифодаи захираҳои муайяншуда.
Мувофиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ» аз 25-уми марти 2011, таҳти №702, ҳамчун дигар соҳаҳо, риояи қонунгузориҳо ҳангоми иҷрои амалиётҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ, бар ўҳдаи роҳбари корхона гузошта мешавад. Роҳбари корхона бошад, сармуҳосибро интихоб ва таин менамояд, ки дар навбати худ ў барои ташкили сиёсати баҳисобгири, пешбарии баҳисобгирӣ ва саривақтии пешниҳоди ҳисоботҳои бухгалтерӣ ҷавобгариро бар ўҳда мегирад.    

МАШҒУЛИЯТИ АМАЛӢ 1.
Муайянкунии хусусиятҳои хоси истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ
Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ дар фарқият аз баҳисобгири дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ хусусиятҳои хоси худро дорад, ки он хусусиятҳои истеҳсолотии кишоварзиро дар бар мегирад:

Хусусиятҳои соҳа

Вазифаи баҳисобгири

1

Давраи корӣ бо раванди истеҳсолот мутобиқ нест. Мисол, зироатҳои донагиро дар моҳи сентябр-октябр кошта дар июн-июли соли оянда ҷамъоварӣ менамоянд..

баҳисобгирии бухгалтериро зарураст, то хароҷотҳоро мувофиқи давраҳои истеҳсолӣ, ки бо соли тақвими мувофиқат наменамоянд, гурўҳбанди намояд. (хароҷотҳои соли гузаштаро дар ҳосили соли ҷори ва хароҷотҳои соли ҷориро дар соли оянда ва ғ).

2

Корхонаҳои кишоварзӣ дар фарқият аз саноатӣ худ воситаҳои барои худ заруриро истеҳсол менамоянд (чорвои маҳсулдиҳанда ва корӣ).

Баҳисобгирии бухгалтериро лозимаст, ки ҳисобҳои махсусро барои баҳисобгирии хароҷотҳои парвариши ҳайвоноти ҷавон ва ташкили рамаи чорвои асосӣ, муайян намояд.

3

Мавҷўдияти мавсими будани истеҳсолоти кишоварзӣ. Корҳои асосӣ дар растанипарварӣ асосан дар давраи тобистону тирамоҳ бо воситаи техника ва қувваи корӣ анҷом дода мешавад.

Баҳисобгирии бухгалтериро зарураст, ки мавсиминокии корҳо ва хароҷотҳоро инъикос намояд. Баъзан, худ баҳисобгири зери таъсири ин омил тағйир меёбад: дар давраи корҳои асосии кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосил, ҳаҷми корҳои баҳисобгири афзуда, дар давраи зимистон он кам мегардад.

4

Хусусиятҳои биологии зироатҳои кишоварзӣ ва чорво бо он алоқамандаст, ки аз як зироат ё намуди чорво якчанд намудҳои маҳсулот гирифта мешавад.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ зарураст, ки ҳудудҳои хароҷотиро байни маҳсулоти асосӣ, иловагӣ ва ҳамрам ҷудо намояд.

5

Қисми зиёди маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар гардиши дохилӣ ворид мешавад: маҳсулоти растанӣ – барои тухми,хўрокаи чорво ва ғайра, маҳсулоти чорво – ба сифати нўри барои растанӣ. 

Баҳисобгирии бухгалтириро лозимаст, ки ҳаракати маҳсулотро аниқ дар ҳама зинаҳои гардиши дохилихоҷагӣ инъикос намояд. 

6

Тартиботи хоси баҳодиҳии маҳсулот. Дар давоми сол маҳсулот бо арзиши нақшавӣ (баҳисобгири) қабул шуда, пас аз тартибдиҳии калкулятсияи ҳисоботӣ дар охири сол арзиши асли то арзиши ҳақиқӣ ислоҳ (коректировка) карда мешавад.

Баҳисобгирии бухгалтериро лозимаст, ки арзиши аслии ҳақиқиро дуруст муайян (ислоҳот) намояд.

7

Истеҳсолоти кишоварзӣ ва раванди он дар майдонҳои васеъ гузаронида шуда, дар он тракторҳо, комбайнҳо ва дигар мошинаҳои кишоварзӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Баҳисобгири бухгалтерӣ, бояд баҳисобгирии амиқ ва дурустро доир ба миқдори гуногуни техника ва механизмҳои фаъолияти ҳамаи зерсохторҳоро таъмин намояд.

8

Гирифтани маҳсулоти тайёр. Мисол, дар растаниправарӣ баромади маҳсулот дар як вақт бо ҷамъоварии ҳосил, амалӣ мегардад. Дар чорводорӣ: аз чорвои маҳсулдиҳанда тақрибан дар давоми сол.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бояд баҳисобгирии саршумори чорво ва тағйиротҳои дар он баамаломада (афзоиши вазни зинда, насл)-ро таъмин намояд.

9

Замин, воситаи асоси ва ивазнашавандаи истеҳсолот ҳисобида мешавад.

Вазифаи баҳисобгирӣ ин таъминоти дурусти баҳисобгирии заминҳои корам мебошад.

10

Дар соҳаи кишоварзӣ ба сифати воситаи истеҳсолӣ организмҳои зинда баромад менамоянд. Дар робита бо ин дар соҳаҳои мутобиқ дар раванди истеҳсолот таъсири омилҳои биологӣ ва иқтисодӣ ҳис мегардад.

Вазифаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар таъминоти баҳисобгирии саршумори чорво ва тағйиротҳои дар он баамлоянда дида мешавад.

КМРУ 1.
Муҳокимаи хусусиятҳои пешбарии баҳисобгирӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ
1. Баҳисобгирии куллии хароҷот барои истеҳсолоти растанипарварӣ дар кадоме аз сабткунакҳои зерин бурда мешавад:
а) журнал-ордери № 1;
б) журнал-ордери № 5;
в) журнал-ордери № 7;
г) журнал-ордери № 10;
2.  Барои кадоме аз объектҳои зерини сармоягузоришаванда, ҳамчун воситаи асосӣ ба онҳо истеҳлок ҳисоб карда намешавад:
а) чорвои маҳсулдиҳанда;
б) замин;
в) дастгоҳҳо;
г) дарахтони бисёрсола.
3. Арзиши ибтидоии объектҳои активҳои ғайри гардони ройгон воридшуда чӣ гуна муайян карда мешавад:
а) бо арзиши ҷории бозорӣ дар санаи воридоти он;
б) бо арзиши барқароркунӣ аз рўи баланси сармоягузор;
в) бо арзиши мувофиқавии ҷонибҳо;
г) бо арзиши бақиявии баланси сармоягузор.
4.  Бақия (сальдо) барои ҳисоби 11090 чӣ тавр муайян карда мешавад:
а) маблағи бақия дар ибтидо ва дар интиҳо ба ду тақсим карда мешавад;
б) маблағи бақия дар ибтидо ҷамъи гардиши дебети тарҳи гардиши кредитӣ;
в) бақия дар ибтидо ҷамъи гардиши кредити тарҳи гардиши дебетӣ;
г) маблағи бақия дар ибтидо тарҳи гардиши дебети ҷамъи гардиши кредитӣ.
5. Бок адом арзиш бояд бухгалтер ЗММ-и ройгон гирифта шударо дар корхона қабул намояд:
а) бо арзиши шартномавӣ;
б) бо арзиши бозорӣ дар санаи қабул;
в) бо арзиши ҳисобӣ;
г) бо арзиши ҳақиқӣ.
6.  ЗММ – ин захираҳои истеҳсолиест, ки барои чунин мақсадҳо истифода мегардад:
а) дар раванди истеҳсолот ба сифати воситаи меҳнат;
б) ҳамчун унсурҳои истеҳсолоти асосӣ дар ҳар кадом давраҳои истеҳсолӣ;
в) ба сифати ашёи хом, масолеҳот, ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, ки барои фурўш пешбини шудаанд;
г) дар раванди истеҳсолот ба сифати предмет ва воситаи меҳнат;
7. Дар рафти барўихатгирӣ камомади масолеҳ ба маблағи 2000 сом., муайян гашт, ки аз он 800 сом., дар доираи камшавии табии ва 1200 сом., зиёда аз меъёр мебошад. Ба хароҷотҳои истеҳсоли кадоме аз ин маблағҳо гузаронида мешавад:
а) 2000 сом;
б) 1200 сом;
в) 800 сом;
г) 400 сом.
8. Корхона дастгоҳро бо мақсади фурўши минбаъда харид. Бо кадом гузориши бухгалтерӣ ин амалиёт инъикос карда мешавад:
а) Дт 11020, 22320  Кт 22010;
б) Дт 11090, 22320  Кт 22010;
в) Дт 11420, 22320  Кт 22010;
г) Дт 11010, 22320  Кт 22010.
9. Воситаҳои асосӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳангоми дохилкунӣ ба баланс бо кадом арзиш инъикос карда мешаванд: 
а) арзиши бақиявӣ;
б) арзиши барқароркунӣ;
в) арзиши ибтидоӣ;
г) арзиши барҳамдиҳӣ.
10. Ҳангоми қабули насли чорво, кадом ҳуҷҷат тартиб дода мешавад:
а) санади қабули насли ҳайвонот;
б) ҳисобот оиди ҳаракати чорво;
в) китоби баҳисобгирии ҳаракати ҳайвонот;
г) ҳисобот оиди воридшавӣ ва хориҷшавии ҳайвонот. 
11. Ҷамъбасти маълумотҳои журнал-ордерҳо, ба кадоме аз ин регистрҳо гузаронида мешавад:
а) ба баланси бухгалтерӣ;
б) ба китоби асосӣ;
в) ба ҳисобтҳои бухгалтерӣ;
г) ба ведомостҳои баҳисобгирӣ.
12. Ҳуҷҷати ибтидое, ки дар асоси он ҳисоби музди меҳнати корбайъ гузаронида мешавад, кадоме аз ҳуҷҷатҳои зерин мебошад:
а) табели баҳисобгири вақти корӣ;
б) варақаи коркард (наряд);
в) ҷадвали штатӣ;
г) маълумотнома.

Дидан карданд: 1328

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: