|

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-02-08

1.Характеристикаи умумии хорпeстон (пeшиши танагӣ,системаҳоиҳозима, хунгард, нафаскашӣ, ихроx, асаб, xинсӣ ва ғайра).
2.Таснифоти типи  хорпeстон.
3. Зертипи хорпўстони беҳаракат (Pelmatozoa).
а) Синфи лилияҳои баҳрӣ ё савсанҳои баҳрӣ.
4. Зертипи хорпўстҳои ҳаракаткунанда (Eleғtheқozoa).
а) Синфи ситораҳои баҳрӣ.
б) Синфи мордумон ё офиураҳо.
в) Синфи хорпуштҳои баҳрӣ.
г) Синфи голотураҳо ё бодрингҳои  баҳрӣ.
ҳамаи  хорпeстон дар баҳру уқёнусҳо дучор мешаванд . Бисёртар дар обҳои гарм ва шeр паҳн шудаанд.  Бинобар  он дар ИДМ дар  баҳрҳои Шарқи Дур ва Баренс дучор мешаванд. Дар баҳри Сиёҳ кам (се намуди голотураҳо, якчанд  намуди мордумон). Дар баҳри  Балтика хеле кам. Дар баҳри  Каспий тамоман нест. Наздик 6000 намуди хорпeстон маълум аст. Дар Тоҷикистон намояндагони ин тип дучор намешаванд, аз сабаби набудани баҳрҳои табиӣ.
Хорпeстон ба ҳайвоноти дуюминдаҳон дохил мешаванд. Яъне даҳон аз сeрохии дуюмин – гастропор ҳосил шудааст. Дар инҳо бластопор ба сeрохии аналӣ табдил ёфтааст ё руст шудааст.
Хорпeстон ҳайвоноти хеле қадима, дар давраҳои то кембрийи эраи палеозой васеъ паҳн шуда буданд.
Таносуби тана- радиалӣ ё шиогӣ. Дар танаи онҳо ду қутб – оралӣ (қутбе, ки дар он даҳон xойгир аст) ва аборалӣ (қутби муқобил – сeрохии маъқад xойгир аст) фарқ карда мешавад. Аксар хорпeстони ҳозира (ситораҳои баҳрӣ, хорпуштҳои баҳрӣ, мордумон) бо тарафи оралӣ хазида ҳаёт мегузаронанд.
Таносуби шиогӣ ҳамчунин дар рeдаковокон, шонадорон  низ дида мешавад, ки таносуби танаи онҳо бисёршиогӣ, ё – 8,- 6,- 4,- 2 шиогӣ буд, вале ба аксар хорпeстон таносуби 5-шиогӣ хос мебошад. Таносуби шиогии рeдаковокон якумин мебошад, зеро ки авлодони онҳо таносуби дутарафа надоштанд. Таносуби шиогии хорпeстон ҳодисаи дуюмин аст. Пайдоиши хорпeстон аз ҳайвоноти таносуби дутарафа дошта мебошад. Инро мо бо он исбот менамоем, ки кирмнаи онҳо таносуби дутарафа дорад. Дар хорпeстони болиғ на ҳамаи узвҳо таносуби шиогӣ доранд (системаи ҳозима).
Маълумотҳои  палеонтологӣ нишон медиҳад,ки хорпeстони қадима ҳаёти нишаста мегузарониданд. Таносуби шиогӣ  аз  таносуби дутурафа дар натиxаи ба ҳаёти нишаста гузаштани хорпeстони қадима ба амал омадааст.
Хорпeстони ҳозира ба ғайр аз баъзе лилияҳои баҳрӣ, ҳаракатнок мебошанд. Дар ҳамаи лилияҳои баҳрӣ кирминаҳои планктонӣ ба қаъри об рафта, ба ҳаёти нишаста мегузаранд. ҳамин гуна гузариши муваққатӣ ба ҳаёти нишаста дар давраи кирминагии ситораҳои баҳрӣ дида мешавад. Бояд қайд кард, ки дар як қатор хорпeстони  ҳозира бинобар ба ҳаёти ҳаракатнок гузаштан таносуби шиогии тана вайрон шудааст. Масалан, дар баъзе хорпуштҳои баҳрӣ сeрохии маъқад дар маркази тарафи  аборалӣ xойгир нашуда, балки дар канори скорлупа ё дар тарафи оралӣ xойгир шудааст.
Дар поён характеристикаи морфофизиологии хорпeстонро дар мисоли ситораи баҳрӣ дида мебароем.
Пeшиши   бадан ва скелет. Пeшиши пeстии хорпeстон аз ду қабат: эпидермиси якқабата, ки миxгонҳо дорад (пайдоиши эктодермалӣ дорад) ва кутис (пeсти махсус, пайдоиши мезодермалӣ дорад) иборат аст. Дар якуминдаҳонон бошад пeшиши пeстӣ аз эпителияи якқабата иборат (пайдоиши эктодермалӣ дорад).
Ба хорпeстон мавxуд будани скелети оҳакии дарунӣ хос аст, кадоме ки аз ҳисоби мезодерма тараққӣ мекунад. Ин скелет аз лавҳаҳои оҳакӣ иборат ё миқдори зиёди хорҳои оҳакиро ҳосил мекунад, ки ба берун баромада меистад. Номи «хорпeстон» аз ҳамин xо гирифта шудааст.
Дар ситораи баҳрӣ скелет дар тарафи оралӣ нисбатан нағз  тараққӣ кардааст. Дар маркази тарафи болоии шио ду қатор лавҳаҳои амбулякралӣ xойгир шудааст, ки онҳо дар тарафи поёнии шио xeякҳои амбулякралиро ҳосил мекунанд. Дар паҳлeи лавҳаҳои амбулякралӣ дар як қатор лавҳаҳои адамбулякралӣ xойгир шудааст, дар зери он бошад, дар ду қатор лавҳаҳои қанорӣ xойгир шудааст. ҳамаи лавҳаҳои скелетӣ бо мушакҳ о пайваст мебошанд.
Дар болои лавҳаҳои скелетӣ, дар чуқурчаҳои махсус сeзанҳои оҳакӣ xойгир шудааст. Онҳо аҳамияти муҳофизатӣ доранд, дар хорпушти баҳрӣ бошад, инчунин вазифаи ҳаракатро иxро мекунанд.
Дар аксар хорпeстон (ситораи баҳрӣ, хорпушти баҳрӣ) сeзанҳо ҳаст, ки онҳо ба қилчаҳо табдил ёфтааст ва онҳо дар поячаҳои ҳаракатнок нишастаанд (педицеллярияҳо). Вазифаҳои онҳо гуногун: санитарӣ (ҳиссачаҳои  бегонаи байни сeзанҳо ва наxосати ҳайвонро берун мекунад), муҳофизатӣ ва доштани хeрок. Бисёр педицеллярияҳо ғадудҳои заҳрӣ доранд.
Системаи ҳозима.  Рeдаи хорпeстон асосан пайдоиши эндодермалӣ дорад: қисми  пеш ва оқиби рeда, ки пайдоиши энтодермалӣ доранд, хеле хурд ё нест. Масалан, дар ситораҳои баҳрӣ ва офиурҳо ҳалқ нест. Дар  голотураҳо, хорпуштҳои баҳрӣ ва лилияҳои баҳрӣ ҳалқи кeтоҳ дида мешавад, ки он  ба рeдаи дарози энтодермалӣ кушод мешавад. Дарозии он  аз дарозии тана зиёд буда, чун гиреҳ печидааст. Дар офиурҳо рeдаи оқиб ва сeрохии  маъқад нест. Дар ситораҳои баҳрӣ даҳон ба сурхрeдаи кeтоҳ  ва баъд ба меъдаи калони халтамонанд  кушода мешавад. Меъда аз ду қисм иборат аст. Қисми поёнии меъдаи бисёр ситораҳои  баҳрӣ бо воситаи даҳон ба берун баромада, бо ҳамин онҳо тeъмаи худро медоранд. Ситораҳои баҳрӣ дарранда – аз молюскон ва дигар хорпeстон ғизо мекунанд.
Аз қисми аборалии меъда ба монанди шио панx xуфт xараёни xигар  мебарояд, ки вазифаи ғадудҳои  ҳозимаро иxро мекунад. Меъда  ба рeдаи оқиби кeтоҳ ва он ба сeрохии маъқад кушода мешавад. Дар хорпуштҳои баҳрӣ, лилияҳои баҳрӣ ва голатураҳо радиалӣ xойгиршавии системаи ҳозима дида намешавад, яъне дар онҳо таносуби дутарафаи авлодони гузаштаашон нигоҳ дошта шудааст.
Селом ва ҳосилаҳои он. Хорпeстон якчанд системаҳои ковокӣ доранд, ки  пайдоишашон аз нишонаҳои гуногуни  селом мебошад. Аз чунинҳо:
1) Системаи амбулакларӣ.
2) Системаи  псевдогемалӣ ё хунгарди қалбакӣ  мебошад.
Системаи амбулакларӣ системаи найҳои обгузарон мебошад, ки танҳо ба хорпeстон хос аст. Ин системаи узвҳои ҳаракати хорпeстон мебошад. Системаи амбулакларии ситораи баҳриро дида мебароем.
Дар тарафи аборалии диски ситораи баҳрӣ лавҳачаҳои мадрепоровӣ xойгир шудааст, ки сeрохиҳои  майдаи бисёр дорад. Ин сeрохиҳо ба сатҳи на он қадар калон – ампула, баъд ба канали сангин, ки аз тарафи аборалӣ ба оралӣ мегузарад, кушода мешавад. Дар тарафи оралӣ канали сангин ба канали ҳалқагӣ мефарояд, ки он сурхрeдаро печондааст. Аз канали ҳалқагӣ панx канали радиалӣ мебарояд, ки аз тарафи поёнии шиои ситораи баҳрӣ мегузарад.
Аз каналҳои радиалии системаи амбулакралӣ ба тарафҳо xуфт – xуфт найҳои на он қадар калон баромада, то пойҳои амбулакралӣ мераванд. Аз тарафи дарунии шио ин найҳо ба ампула (ҳубоб) кушода мешаванд. Пойҳои амбулакралӣ мисли найчаҳои борик мебошад, ки оқибаш бо узви маканда ба охир  мерасад. ҳангоми кашишхeрии ампула моеъ ба пойҳои ампулакралӣ макида мешавад, ки дар ин вақт пойҳо сахт кашиш хeрда бо ёрии узвҳои маканда ба субстрат мечаспад. ҳамин ҳолат дар ҳамаи дигар пойҳо низ мегузарад. Баъд девораи мушакии пойҳо кашиш  хeрда моеъ аз сари нав ба ампула дохил мешавад. Дар натиxаи кашишхeрии пойҳо ҳайвон ҳаракат мекунад. Пойҳои амбулакларие, ки дар оқиби шиои ситораҳои баҳрӣ ҳаст, узвҳои маканда надоранд. Онҳо ҳассосаҳо дошта ҳамчун узви ҳис хизмат мекунанд. Системаи амбулякралӣ ба нафаскашӣ низ иштирок мекунад.
Системаи псевдогемалӣ системаи сарбаста мебошад, ки дар паҳлeи  ҳассосаҳо дар ситораҳои баҳрӣ чашмчаҳо xойгир шудааст, ки бо ёрии онҳо ҳайвон равшаниро ҳис мекунад. Синусҳои системаи псевдогемалӣ қисми сеюми хеле тағйирёфтаи селом мебошад.
Системаи хунгард (лакунарӣ). Синусҳои псевдогемалӣ рагҳои хунгардро печондааст. Зери наи ҳалқагии амбулякралӣ синуси ҳалқагии системаи псевдогемалӣ xойгир шудааст, ки дар тамоми дарозиаш бо девора аз рагҳои хунгарди ҳалқагӣ xудо карда шудааст. Аз синуси ҳалқагӣ ба шиоҳо синусҳои радиалӣ мебарояд.
Хулоса, рагҳои хунгард низ чун синусҳои системаи псевдогемалӣ xойгир шудааст ва иборат аз ҳалқаи наздихалқӣ, рагҳои радиалӣ ва ҳалқагӣ дар тарафи аборалӣ мебошад. Халқаҳои оралӣ ва аборалӣ бо узви тирӣ пайваст мебошад.
Системаи хунгарди хорпeстон ин системаи рагҳои деворадор намебошад. Ин системаи лакун мебошад, ки дар паренхимаи сарҳади системаи псевдогемалӣ xойгир шудааст. Бинобар он на системаи хунгард, балки системаи лакунарӣ номида мешавад. Лакунҳои хунгард боқимондаи ковокии якeмини тана мебошад.
Ба комплекси тирӣ дохил мебошад: узви тирӣ, синусҳои псевдогемалӣ ва наи сангин.
Системаи нафасгирӣ. Дар аксар хорпeстон (лилияҳои баҳрӣ, мордумон) узви махсуси нафасгирӣ нест, дар ситораҳои баҳрӣ ва хорпуштҳои баҳрӣ ғалсамаҳои пeстӣ ҳаст. Дар голотураҳо «шуш»-ҳои обӣ дида мешавад, ки ба клоака кушода мешавад. Клоака доимо кашиш хeрда меистад, ки дар натиxа оби шуш доимо нав шуда меистад.
Дар аксар хорпeстон ба нафаскашӣ инчунин системаҳои амбулакралӣ (лилияҳои баҳрӣ, офиурҳо) ва ҳозима (голотураҳо, лилияҳои баҳрӣ) иштирок мекунад. Роли асосиро дар раванди нафасгирии хорпeстон моеи селоматикӣ ва моеи системаи амбулакралӣ иxро мекунад. Дар ин моеъ ҳуҷайраҳо бо пигменти нафасгирӣ, ки ба гемоглабин наздик аст, ёфт шудааст.
Хун дар нафаскашӣ қариб ки иштирок намекунад. Вазифаи асосии он кашондани  моддаҳои ғизогӣ мебошад. Хуни хорпeстонро аналоги гемолимфаи ҳашарот шуморидан мумкин аст.
Системаи ихроҷ. Маҳсулоти моси метаболизм қисман бо воситаи эпителияи рeда ва узви нафаскашӣ берун карда мешавад. Маҳсулоти сахти диссимилятсия аз тана бо ёрии амёбаситҳои махсус, ки ба миқдори зиёд дар моеи селоматикии системаҳои амбулакралӣ ва псевдогемалӣ ҳаст, берун карда мешавад.
Системаи асаб. Дар хорпeстон системаи асаб хеле содда   мебошад. Он иборат аз се қисм: эктоневралӣ (рeякӣ), чуқуртар гипонервалӣ ва боз чуқуртар апикалӣ ё аборалӣ. ҳамаи ин қисмҳо дар шакли ҳалқаи асабӣ мебошад, ки аз онҳо 5 – то торҳои асаб мебарояд.
Соддагии системаи асаби хорпeстон дар духелагии пайдоиши онҳо мебошад: аз эктодерма (эктоневралӣ) ва аз мезодерма (гипоневралӣ ва апикалӣ).
Узвҳои ҳис. Узвҳои ҳис суст тараққӣ кардааст ва на дар ҳамаи хорпeстон дида мешавад. ҳуҷайраҳои ҳискунанда дар баъзе хорпeстон дар пeст ҳаст. ҳамчун узви ҳис пойҳои амбулакралӣ ва ҳассосаҳои кeтоҳ, ки дар нeги шиои ситораҳои баҳрӣ ҳаст, хизмат мекунанд.
Сабаби суст тараққӣ кардани узвҳои ҳис ва системаҳои асаб дар хорпeстон камҳаракатӣ ва фаъолияти сусти онҳо мебошад.
Системаи xинсӣ ва тараққиёт. Хорпeстон ҳайвоноти xудоxинса. Намудҳои гермофрадит кам. Дар бисёр намудҳо гонадаҳо мутаносибан бо симметрияи шиогӣ xойгир шудааст (5xуфт). Бордоршавӣ дар об мегузарад.
Тараққиёти хорпeстон нишон медиҳад, ки пайдоиши онҳо аз ҳайвоноти таносуби дутарафа дошта буда, ба ҳайвонҳои дуюминдаҳон мансубанд.
Касрашавии тухм дар хорпушти баҳрӣ нобаробар, дар дигар хорпeстон бошад, баробар мебошад. Тараққиёт бо метаморфоз мегузарад.
Таснифот. Типи хорпeстон ба ду зертип ва панҷ синф тақсим   мешавад: 1.Зертипи хорпўстҳои беҳаракат. Ҳамагӣ як синф – синфи лилияҳои баҳриро дар бар мегирад. Лилияҳои баҳрӣ гурўҳи аз ҳама қадимаи хорпўстон буда, аломатҳои зиёди соддагӣ доранд. Аксар намудҳои онҳо мурдарафта буда, дар замони ҳозира 540 намудашон маълум аст. Онҳо ба гулҳои зебо монанданд.  2.З ертипи хорпўстҳои ҳаракаткунанда. Чор синфро дарбар мегирад: синфи ситораҳои баҳрӣ, мордумон (офиурҳо), хорпуштҳои баҳрӣ ва голотурҳо.
Филогенияи  хорпeстон.   Хорпeстони қадима ҳаёти нишаста мегузарониданд. Гурeҳи хеле қадимаи онҳо –ба пешгузаштагони ҳайвонҳои билатералӣ наздик буданд. Онҳо  ҳоло таносуби радиалӣ надоштанд ва бо баъзе аломатҳояшон ба хордадорони дараxаи паст наздик буданд.

Гарчанде авлодони қадимаи  билатериалии хорпeстон  маълум нестанд, вале  пайдоиши онҳоро пурра аз ҳайвоноти  билатералӣ шуморидан мумкин аст. Дар ин бора кирминаи  аввали хорпeстони ҳозира – диплеврула  шаҳодат медиҳад, кадоме ки таносуби дутарафа дорад.
Гузаштан ба таносуби шиогӣ, гузаштан аз ҳаёти хазандагӣ ё шинокунӣ  ба ҳаёти нишаста мебошад.
Оянда дуюмин маротиба аз ҳаёти нишаста  ба ҳаёти озоди  хазидан ё шино кардан  гузаштанд. Вале дар онҳо таносуби шиогӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар лилияҳои баҳрӣ, ки беҳаракат ё камҳаракат, баъзан шино мекунанд, таносуби шиогӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар голотураҳои хазида ҳаётгузаронанда ва хорпуштҳои баҳрӣ симметрияи шиогӣ нисбатан вайрон шудааст. Муносибатҳои филогенетиикӣ байни синфҳои  ҳозира пурра  муайян карда нашудааст. Танҳо бо ҳам наздик будани  синфҳои офиурҳо, хорпуштҳои баҳрӣ ва ситораҳои баҳрӣ маълум аст.
Ба дуюминдаҳонон мансуб будани хорпeстон аниқ муайян карда шудааст. Вале оиди муносибатҳои филогенетики хорпeстон ва дигар дуюминдаҳонон, инчунин хордадорон ягон маълумот надорем. Хорпeстон – гурeҳи ҳайвоноте, ки  хеле барвақт аз шохаи умумии  тараққиёти дуюминдаҳонон xудо шудаанд.

Дидан карданд: 1158

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: