|

Типи бандпойҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-02-08

1. Бандпойҳо гурeҳи калонтарин дар олами ҳайвоноти рeи
Замин.
2.Сохти берунии  бандпойҳо (пeшиши бадан, банднокии
бадан, конечностҳо).
3. Сохти дарунии бандпойҳо (мушак, ковокии бадан,   
системаи ҳозима, нафаскашӣ, хунгард, ихроx, асаб…)
4. Узвҳои ҳисси бандпойҳо.
5. Афзоиш ва тараққиёти бандпойҳо.
Бандпойҳо гурeҳи аз ҳама калонтарин дар олами ҳайвонот буда, зиёда аз 80 % - и фаунаи рeи Заминро ташкил медиҳад (зиёда аз 1,5 миллион намуд). 90 %-и типи бандпойҳоро гурeҳи ҳашарот ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор намуди бандпоён ба рўйхат гирифта шудааст.
Бандпойҳо дар обҳои гуногун - баҳру уқёнусҳо, дарёҳо, кeлҳо, ҳавзҳо, обҳои зеризаминӣ,  дар чашмаҳои  гарм ва ғайраҳо дучор мешаванд.  Гурeҳи калони бандпойҳо дар хушкӣ, дар хок, дар ҳаво, дар қисмҳои гуногуни растаниҳо  ва ғайра дучор мешавад. Баъзе намудҳо ҳатто дар обҳои ниҳоят шўр ва чашмаҳои ниҳоят гарм дучор мешаванд.
Бисёр бандпойҳо -  муфтхeри ҳайвонот, одам ва растаниҳо мебошад. Хулоса, дар кураи Замин xое нест, ки намояндагони ин тип дида нашавад.
Бандпойҳо аз xиҳати сохт  ба ҳалқакирмҳо, хусусан ба полихеттаҳо наздик мебошанд. Ж. Кювҳе дар асри Х1Х ҳалқакирмҳо ва бандпойҳоро ба як тип – типи ҳайвоноти банднок (Aқticғlata) дохил карда буд.
Бандпойҳо низ чун ҳалқакирмҳо ҳайвоноти таносуби дутарафа дошта  ва баданашон ба бандҳо xудошуда мебошад.       
Сабабҳои ин қадар дар рeи замин васеъ паҳн шудан ва дар шароитҳои хеле гуногун дучор шудани бандпойҳо дар чист?
1. Пeшиши бадан. Бадани бандпойҳо бо кутикулаи хитинӣ пeшида шудааст. Кутикулаи хитинӣ хеле мустаҳкам ва обро кам мегузаронад, яъне роли  барерро иxро мекунад ва  инчунин xои мустаҳкамшавии  мушакҳои скелетӣ аз дарун мебошад. Кутикуларо  гиподерма хориx мекунад. Он дар баъзе намудҳо ғафс, дар баъзе намудҳо бошад, маҳин (дар хомeшакҳо, магасҳо) мешавад.
Кутикулаи хитинӣ  хосияти ёзандагӣ надорад (моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикиро xаббида аст). Бинобар он расиши бандпойҳо бо пeстпартоӣ мегузарад. Пeшиши хитинӣ дар бандпойҳо як сипари яклухт набуда, дар қисми сар ва сина устувор,  дар қисми  шикамӣ ва xои васлшавии бандҳо нафис мебошад.
2.Банднокии бадан. Ба xои бандҳои якхелаи  ҳалқакирмҳо  бадани бандпойҳо дар  участкаҳои гуногун бандҳои  ҳархела доранд. Бандҳои  якхела қисмҳои алоҳидаи баданро (тагмаҳоро) ҳосил мекунад. Бадани аксар бандпойҳо аз 3 қисм (тагма) иборат: сар, сина ва шикам. Бадан бо сатҳи аналӣ – телсон ба охир мерасад, ки  гомологи  пигидии ҳалқакирмҳо мебошад.
Ҳар як банд аз 4 склерит иборат аст. Склерит аз тарафи тахтапушт – тергит, аз тарафи шикам – стернит ва аз паҳлуҳои бадан бошад, плеврит номида мешавад.
Шумораи бандҳо  дар намудҳои гуногун ҳар хел мебошад. Ва эволютсияи бандпойҳо ба камшавии шумораи бандҳои якхела оварда мерасонад (олигомеризатсия). Дар тортанакшаклон  қисми сар бо қисми сина як шуда, сарсинаро ҳосил кардааст. Дар канаҳо  бшад, ҳамаи қисмҳои бадан як шуда рафтааст.
Бандҳои қисми сарӣ нисбатан доимӣ мебошад.  Он иборат аз саҳми сар  ё акрон  ва чор банд. Акрон гомологи простомиуми полихеттаҳо буда,  изофаҳои он (антенуллаҳо ё мeйлабҳо) гомологи палпҳо мебошад. Дар қисми синагӣ ва  шикамӣ шумораи бандҳо  тағйирёбанда. Масалан, дар ҳашарот дар қисми синагӣ – 3,  шикамӣ – 8 – 11 бандҳо мавxуд аст. Бандҳои сарӣ ва синагӣ қариб ки бе ҳаракат, бандҳои шикамӣ бошад, ҳаракатнок мебошанд.
3. Пойҳои бандпойҳо. Пойҳои бандпойҳо шакли тағйирёфтаи  параподияҳо буда, баръакси параподияҳо банднок буда, ба тана бо воситаи мушакҳо ҳаракатнок пайваст шудааст.
Пойҳои қадимаи содда душоха мебошад, ки ин гуна пойҳо  бисёртар дар харчангшаклон ва кирминаи онҳо дида мешавад.  Пойҳои душохаи типикӣ аз қисми асосӣ (протоподит) ва ду шохаи аъзонок: берунӣ (экзоподит) ва дохилӣ (эндоподит), қилчаҳо ва қилтриқҳо дорад.
Протоподит (қисми асосӣ) аз ду банд иборат: коксоподит  ва базиподит. Дар баъзе харчангшаклон дар коксоподит изофаи ғалсамагӣ – эпиподит дида мешавад.
Агар пойҳои душохаи  примитивиро  бо параподияи полихеттаҳо муқоиса кунем, сохти онҳо дар ҳақиқат монанд мебошанд. Параподия низ иборат аз қисми асосӣ ва ду шоха. Фарқ - параподияҳо банднок намебошад. Бинобар он олимон чунин мешуморанд, ки пойҳои душохаи бандпойҳо аз параподияҳои полихеттаҳо  ба вуxуд омадааст.
Пойҳои қисмҳои гуногуни бадан шакл дигар карда, барои иxрои вазифаҳои гуногун мутобиқ шудаанд: доштан ва майда кардани ғизо, ҳаракат, нафаскашӣ ва ғайра. Масалан, якчанд xуфт пойҳои қисми сарӣ шакл дигар карда, ба узҳои даҳон - xоғҳо табдил ёфтааст. Қисмҳои даҳон то ба он дараxа тағйир ёфтааст, ки дар он ҳатто нишонаҳои пойҳоро ёфтан душвор аст. Масалан, хартуми макандаи парвонаҳо, аппарати даҳони халандаю макандаи нимсахтболон, хомeшакҳо, ширинчаҳо.
Шумораи пойҳое, ки вазифаи роҳгардиро  иxро  мекунанд, дар бандпойҳои гуногун ҳар хел  мебошад: дар ҳашарот – 3 xуфт, тортагнакшаклон – 4 xуфт, дар баъзе бисёрпойҳо – 100 - ҳо xуфт. Дар ҳашарот пой шакл дигар карда, барои иxрои вазифаҳои гуногун мутобиқ шудааст (пои оқиби xаҳандаи малахҳо, пои пеши кобандаи хирсакҳо, пои пеши дорандаи гаҳвораxунбон, пои сабатчагии занбeри асал, пои шинокунандаи ҳашароти обӣ ва ғайраҳо).
          4. Мушак.  Дар бандпойҳо халтаи яклухти пeсту мушакӣ нест. Ба xои ин бандчаҳои алоҳидаи мушакӣ тараққӣ кардааст. Мушакҳои бандпойҳо қобилияти хуби кашишхeрӣ доранд.  Мушакҳо аз торҳои мушакии кeндаланграха иборат, ки тез ҳаракат кардани  бандпойҳоро таъмин мекунад.
         5. Ковокии бадан. Дар давраи тараққиёти xанинӣ нишонаи селоми банднок (дар ҳар як банд як xуфтӣ нишонаи халтаи селоматикӣ) дида мешавад. Оянда девораи халтаҳои  селоматикӣ вайрон шуда, ковокии селоматикӣ ҳам байни ҳамдигар ва ҳам бо боқимондаи  ковокии бадани якумин омехта мешавад. ҳамин тариқ, ковокии бадани омехта – миксотсел ҳосил мешавад, кадоме ки дар он узвҳои дохилӣ  xойгир мешаванд.
          6. Системаи ҳозима. Вобаста ба тарзи ғизогириашон узвҳои ҳозима дар бандпойҳо хеле тағйир ёфтаанд (ҳамахeр, растаниҳeр, дарранда, муфтхeр ва ғайраҳо). Системаи ҳозима аз 3 қисм иборат: рeдаи пеш, миёна ва оқиб. Рeдаи пешу оқиб пайдоиши эктодермалӣ доранд, рeдаи миёна пайдоиши эндодермалӣ дорад. Бо қисмҳои гуногуни рeда ғадудҳои гуногун алоқаманд мебошанд,  ки  ферментҳои гуногуни ҳозима  хориx мекунанд.
Дар аксар ҳашарот дар рeдаи пеш xиғилдон (xои xамъшавии ғизо) дида мешавад.  Дар замбeри корӣ дар xиғилдон нектари гул xамъ шуда, дар он xо бо таъсири шираи ғадуди обидаҳонxудокунӣ ба асал табдил меёбад. Инчунин дар замбeри корӣ ғадудҳои ҳалқӣ нағз тараққӣ кардааст ва он моддаи сафедӣ (шираи замбeр)  xудо мекунад, ки бо ин кирминае, ки оянда аз он модарзамбeр тараққӣ мекунад, ғизо дода мешавад. Дар кирминаи парвонаҳо xуфти дуюми ғадуди обидаҳонxудокунӣ моддаи сафедӣ xудо мекунад, ки дар ҳаво шах шуда, ба нах табдил меёбад (парвонаи абрешим).
              7. Системаи нафаскашӣ. Узви нафаскашии бандпойҳо гуногун. Танҳо баъзе бандпойҳои майда бо тамоми сатҳи бадан нафас мегиранд (сиклоп). Дар дигар бандпойҳо узви махсуси нафаскашӣ тараққӣ кардааст: ғалсама, шуш, трахея (дар бисёрпойҳо ва ҳашаротҳо). Дар бисёр тортанакҳо  узви нафаскашӣ ҳам шуш ва ҳам трахея мебошад.
             8. Системаи хунгард. Ба муносибати омехта – миксотселӣ  будани ковокии бадан системаи хунгарди бандпойҳо кушод мебошад, яъне хун бо суюқии ковокӣ омехта шуда, тамоми узвҳои даруниро мешeяд. Дил найчашакли  бисёрхонагӣ буда, дар тарафи тахтапушта xойгир шудааст. Ба дил  хун ба воситаи сeрохии паҳлeгӣ – остия – и клапанҳо аз ковокии бадан  ҷаббида шуда, баъд ба рагҳои артериалӣ  мегузарад.
Бинобар кушод будани системаи хунгард хунро  «гемолимфа» номидан лозим аст.Гемолимфа  моеъи табиаташ духела мебошад. Вай қисман ба хуни ҳақиқие монанд аст, ки дар системаи гардиши хуни ҳалқакирмон дида мешавад ва қисман ба моеъи селом монанд аст. Вазифаи  гемолимфа ба вазифаи  хун монанд аст. Дар гемолимфаи баъзе ҳашарот (момохолак, шпанская мушка, баъзе кузнечикҳо) моддаи заҳрӣ ҳаст. 0,03 грамми  заҳри кантаридин барои  одам марговар аст.
          9. Системаи ихроx. Системаи ихроx  дар бандпойҳо шаклдигаркардаи селомодукт - ғадудҳои коксалӣ ё узви махсус - найчаҳои малпигиевӣ мебошад. Fайр аз найчаҳои малпигиевӣ дар ҳашарот танаҳои равғанӣ низ  вазифаи  ихроҷро иxро мекунад.
            10. Системаи асаб. Системаи асаби бандпойҳо ба системаи асаби ҳалқакирмҳо монанд. Он иборат аз гиреҳи болоиҳалқӣ, ки мағзи сарро ҳосил мекунад, коннективҳои наздиҳалқӣ  ва занxири асабии шикамӣ. Дар бандпойҳо системаи марказии асаб нағз тараққӣ кардааст, аз ин рe ҳаракатҳои онҳо хеле мураккаб ва боиси хеле  васеъ паҳн шудани онҳо дар об ва хушкӣ гардид. Дар раванди  эволютсия то рафт кам шудани шумораи гиреҳҳои асабии шикамӣ ба амал меояд. Хусусан ин дар ҳашарот нағз намудор аст. Аз ҳама гиреҳи асабии зиёд (11 - то) дар стадияи аввали эмбриогенези баъзе ҳашарот (нонхeракҳо, хирсакҳо, гамбускҳо) дида мешавад. Дар давраи болиғӣ бошад, аз ҳама зиёд – 8 то гиреҳи асабӣ дар ҳашароти дараxаи паст дида мешавад. Дар замбeри асал – 6 то, дар магасҳои ҳақиқӣ ва гамбускҳои лавҳачамeйлаб ҳамагӣ – 1-то гиреҳи калон дида мешавад.
         11. Узвҳои ҳис. Аксар бандпойҳо рафтори мураккаб доранд, ки ин ба тараққӣ кардани узвҳои ҳис ва системаи марказии асаб вобаста аст.
Дар бисёр бандпойҳо чашм нағз тараққӣ кардааст. Дар бандпойҳо чашми содда ва мураккаб ё фасеткагӣ  дида мешавад. Чашми мураккаб иборат аз  чашмчаҳои (омматидияҳо) майдаи паси ҳам зич xойгиршуда иборат. Масалан, дар сeзанак ҳар як чашми мураккаб то 28 ҳазор омматидияҳо дорад, дар харчанги дарёӣ як чашми мураккаб то 3 ҳазор омматидияҳо дорад.
Чашми бандпойҳо ҳатто он нурҳои спектрро - нурҳои ултрабунафшро, ки чашми инсон намебинад, ҳис мекунад. Инсон мавxҳои магнитиро ҳис намекунад. Модинаи термитҳо инро ҳис мекунад. Бандпойҳо чӣ тавр мавxҳои магнитиро ҳис мекунанд, ҳоло муайян карда нашудааст.
Мавxҳои овозро (бисёртар кeтоҳро) бандпойҳо бо ёрии мeякчаҳое, ки дар ковокии тана, хусусан, дар мeйлабҳо xойгир шудааст ва бо ёрии узвҳои махсуси шунавоӣ қабул мекунанд.  Аксар вақт бандпойҳои рeизаминӣ ултраовозҳо мебароранд, ки мо онро  намешунавем. Дар малахҳо, кузнечикҳо, чирчиракҳо, сикаткаҳо, баъзе парвонаҳо, қандалаҳо ё тахтаканаҳо ва ғайраҳо узви тимпоналӣ ҳаст.
Узви тимпоналӣ  - дар кузнечикҳо  дар соқи пой, дар малахҳо дар паҳлeи  банди якуми шикамӣ xойгир шудааст.
Бандпойҳо хусусан бeйро нағз ҳис мекунанд. Миқдори камтарини моддаҳои дар об ҳалшударо  ё дар ҳаво бударо ҳис мекунанд.  ҳатто ягон асбоби химиёвӣ чунин консентратсияи пастро монанди ҳашарот муайян карда наметавонад. Масалан, совкаҳо аз 2км дурӣ бeи феромони xинсиро ҳис карда метавонанд. Модинаи баъзе парвонаҳо дар 3 – 9 км  наринаҳоро xалб мекунанд.
Бандпойҳо маззаро низ хуб ҳис мекунанд. Онҳо 4 хел маззаро мефаҳманд – ширинӣ, талхӣ, тундӣ ва шeр. Баъзе парвонаҳо миқдори ниҳоят ночизи  қандро дар об – 0,0027 % - ро ҳис мекунанд.
           12. Системаи xинсӣ. Аксар бандпойҳо xудоxинса, ба ғайр аз баъзе намудҳое, ки ҳаёти беҳаракат (харчангшаклони мeйлабпой) мегузаронанд ё баъзе намудҳои муфтхeр (баъзе харчангшаклони баробарпой). Дар аксар бандпойҳо  диморфизми xинсӣ нағз  намудор аст.
ҳамаи бандпойҳо танҳо бо роҳи xинсӣ афзоиш мекунанд. Инчунин бо роҳи партеногенезӣ низ афзоиш мекунанд (баъзе канаҳо, ҳашарот).
Бордоршавӣ дар бандпойҳо се хел: дар бандпойҳои обӣ, масалан, шамшердумон  бордоршавӣ беруна. Ба муносибати аз муҳити обӣ ба хушкӣ баромадан дар намудҳое, ки  дар xойҳои намнок – дар хок, дар боқимондаҳои растанигӣ ҳаёт мегузаронанд (бисёр  канаҳо, каждумон, каждумони қалбагӣ, бисёрпойҳо) – бордоршавии берунаву дохилӣ дида мешавад. Наринаҳо сперматофорро дар муҳити беруна мегузоранд (чун бордоршавии беруна), модинаҳо бошад, онро бо сeрохии xинсӣ медорад,  яъне дохилшавии нутфаҳо ба тухм дар даруни организми модина мегузарад, чун бордоршавии дохилӣ.
Дар бандпойҳое, ки дар хушкӣ, дар xойҳои кушод зиндагӣ мекунанд,  бордоршавӣ  дохилӣ мебошад.
Аксари бандпойҳо бо тухмгузорӣ афзоиш мекунанд. Намудҳои зиндазо кам (каждумон, баъзе ҳашароти дубола).
Тараққиёти аксар бандпойҳо бо метаморфоз мегузарад. Баъзан рост, яъне бе метаморфоз  (аксар тортанакшаклон, ба ғайр аз канаҳо).
Типи бандпойҳо ба чор зертип тақсим мешавад: ғалсаманафасгирон, трилобитнамоёнҳо, трахеядорон ва хелитсерадорон.

Дидан карданд: 1227

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Зафар раупов
Санаи дохилгардида: 2017-03-15

сабаби гармхунии парандахо

Каментарй дохил кард: шахром
Санаи дохилгардида: 2017-03-28

бандпойхо


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: