|

Азотобактер

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-02-08

Нақша:
1.Намудҳои азотобактер
2.Кори олим Беерник
3.Химизми азотобактер.

     Дигар бактерияи азотро фиксасиякунанда азотобактер ҳисобида мешавад, ки номи азотобактер хлоококиит гирифтааст аз тарафи олими голландӣ Беерник аниқ карда шудааст. Ғайр аз ин Беерник дигар намудашро дар об ва каналҳо муайян кард номи азотобактер агилеро гузошт пигмент ҳосил мекунад. Фарқаш аз бактерияи клостридиум шаклаш аэробӣ бо иштироки оксигени ҳаво тараққӣ мекунад. Азотобактер шакли ҳуҷайрааш шармонанди- коки дарозрўя мебошад. Ҳуҷайраи азотобактер калон буда андозааш аз 1 то 10 мкм. Дар ҳуҷайраи азотобактер хансулаи луобӣ печонида гирифта мебошад. Дар он бактерияҳои майда зиндагӣ мекунад. Формаи азотобактерии хроококит бе тағйир намемонад. Чунончи дар ҷавонӣ чўбчаи ғафси ҳаракатнок буда, сонитар элиптикӣ ва беҳаракат мешавад. Ин азотобактер пигменти коричневий дар ҳуҷайрааш ҳосил мекунад. Ҳуҷайраҳои пири азотобактер ҳаҷман васеъ шуда ба ҷилди ғафс пўшида шуда систаро ҳосил мекунад.Фиксасия – азхудкунии азот бо азотобактер бисёр тез буда нисбат ба клостридиум аз 2 то 12 ва то 20 мг дар 1 г қанд. Нисбат ба клостридиум азотобактер ба реаксияи муҳити беруна  ҳасос мебошад.Барои тараққиёти  ў муҳити РНе 7,0 ё 7,2 максимум -9,0 мебошад.Дар хок РН аз 5,6 вонамехўрад.
Азотобактер дар хокҳои сиёҳзамин, хокҳои аллювиали, серозёмҳо вомехўрад. Баъзан дар хокҳои шўр вомехўранд. Азотобактер дар муҳити глисериндор, глюкоза, спирти этилӣ афзоиш мекунад.
Химизми фиксасияи азот бо азотобактер.
Ду олими бузург- микробиолог С.П Костичёв ва Виноградский С.Н фикрашонро баён намуданд, ки маҳсулоти аввалини фиксасияи азот аммиак ба ҳисоб меравад. Олим Фёдоров М  нишон дод, ки дар фиксасияи азот гурўҳи карболӣ мегирад. Ин гурўҳ роли катализаторро мебозад.Дигар олимон дар фиксасияи азот (NН2 ОН ) гидрооксиламинро дар шароити анаэробӣ ролаш калон мегўянд.
N2 + 2H2O 2NHOH
2NHOH  + H2 2NH2OH
Аз тарафи олими рус С.Н Виноградский аз хок муҳити ғизоӣ тайёр намуд. Ба он муҳит манит ва кислотаи фосфорӣ ҳамроҳ намуд ба чашкаи Кох гирифта ба термостат гузошт. Дар чашка азотобактер ҳосил шуд. Оиди паҳншавии азотобактер дар хокҳои гуногун олимони зиёд кор кардаанд.Чунончи  С.Т. Косинчев, Б.А Келлер 1926, Ф.Н Германов Д .А Сабинин, П.А Генкел 1927, Сушкина И.Н 1949 Х.А Образӣова ва дигарон кор кардаанд.Азкорҳои олимон хулоса мебарояд, ки азотобактер танҳо дар хокҳо вомехўрад, ки муҳити реаксия аз 5,6 кам набошад.
Азотобактер дар хокҳои намиаш зиёд ва майдони кишт вомехўрад. Баъзан дар рўи хок дида нашуда дар қабати горизонтали хок вомехўрад. Дар сиёҳзамин ва хокҳои шўр дида мешавад. Азотобактерро барои олуда кунии тухми растаниҳои мадании (гандум, лаблабу) ва дигар тухми растаниҳо истифода бурда мешавад. Лишайникҳои гонидияи сабз дошат азоти атмосфераро аз ҳисорби азотобактер ё ин ки бейерникҳо, бактерияҳои азотҷамъкунанда ҷамъ мекунанд. Фиксасияи азот бо бактерияҳои азотро фиксасиякунанда мувофиқи нишондода Д.Н  Прянишников клевер ҳар сол ба ҳисоби миёна 150-160 кг азотро дар 1 гектар, люсерна- юнучқа -300 кг, люпин то 160 кг фиксасия мекунанд. Растаниҳои яксолаи лўбиёгӣ –соя 100, вика-80, нахўд -60 , лўбиё -70 кг азотро фиксасия мекунанд.
Гардиши азот дар табиат
Дар растаниҳои олӣ сафеда дар танаи худ синтез мекунанд, к ибо ангиштоба ва азот вобастагӣ дорад.Дар вақти мурдани растанӣ хўроки бактерия пўсонанда мешаванд сафедаҳоро то аммиак барқарор намояд.Аммиакро растани аз худ мекунад. Денитрофикаторҳо нитратҳоро вайрон карда азотро ба ҳаво ҷудо мекунанд. Азот дар намуди кислотаи азотӣ ҳамчун борон ба хок мефарояд. Ҳамин тавр гардиши азот дар табиат ба амал меояд.

Саволхо барои такрор ва мустахкамкуни:
1.Кадом бактерия азотро фиксасиякунанда ҳисоб мешавад?
А) азотобактер
Б) клостридиум
В) стрептококк
Г) стафилококк
Д) спираллҳо
2.Кадом олим азотобактерро аниқ кардааст?
А) олим Генкел П.А
Б) олим Беерник А.А
В) олим Мишустин Е.Н
Г) олим Сутин И.А
Д) олим Шлегел Г.И
3.Азотобактер кадом шаклро дорад?
А) шармонанд
Б) дарозрўя
В) чўбчамонанд
Г) занҷиршакл
Д) ҳуҷайраҳо бо  ҳам пайваст
4.Барои тараққиёти азотобактер кадом муҳит лозим?
А) РНе 7,0
Б) РНе 7,3
В) РНе8,0
Г) РН      е 6,2
Д) РНе 6,8
5.Азотобактер кадом пигментрол ҳосил мекунад?
А) пигменти ҷигаранг
Б) пигменти сурх
В) пигменти сабз
Г) пигменти зард
Д) пигменти луобӣ
6.Азотобактер дар кадом хокҳо дида мешавад?
А) қумнок
Б) лойдор
В) аллювиалӣ, серозёмҳо, сиёҳзамин
Г) хокҳои шўр
Д) хокҳои сафедча
7.Химизми фиксасияи азот бо азотобактерро кадом олимон аниқ кардаанд?
А) Костичёв С.П ва Виноградский            С.Н
Б) Сабинин Д.А
В) Германов Ф.Н
Г) Сушкина И.Н
Д) Генкел П.А
8.Маҳсулоти аввалини фиксасияи азот кадом мода аст?
А) аммиак
Б) крахмал
В) гидрогенсулфид
Г) глюкоза
Д) спирти этилӣ
9.Кадом олимон оиди паҳншавии азотобактер дар хокҳои гуногун кор кардаанд?
А) Кеелер Б.А
Б) Кох Р
В) Фёдоров М
Г) Филлипченко Б
Д) Минеева Л.А
10.Мувофиқи нишондоди олим Прянишников Д.Н юнучқа ба ҳисоби миёна азотро – нитрогенро дар 1 гектар чӣ қадар фиксасия – ҷамъ менамояд?
А) 150-160 кг
Б) 120-130 кг
В) 100-110 кг
Г) 140-150 кг
Д) 130-135 кг

Дидан карданд: 584

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: