|

Туршшавии спиртӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-02-07

Накша:
1.Туршшавии спиртӣ
2.Ҳосил шудани гази карбонат
Туршавии спирти бо ёрии замбуругхои хамиртуруши ба амал оварда       мешавад. Хамиртуруш ҳамаи қандро турш карда наметавонад. Баъзе намуди хамиртуруш декстринҳоро ассимилятсия карда, крахмалро кор намефармояд. Хамиртуруш барои ғизо метавонад нитрогени аммонигиро аз худ намояд ва як катор витаминхоро синтез кунад. Харорати инкишофи хамиртуруш 35 0 с мебошад. Раванди туршшави болои ва поении мешавад. Туршшавии болоии хамиртуруш дар харорати 18-30 0  с мегузарад. Дар махлулхои канди хамиртуруш раванди туршшавии  спиртиро ба амал  меорад ва молекулаи канд вайрон шуда , ду молекулаи спирти этил ива мролекулаи  CO2 гази карбонат хосил мешавад.

C6H12O6+2CO2 +2CH3CH2OH+11 кдҷ
Глюкоза               спирти этили
Хосилшавии энергия дар ин раванд 25 маротиба аз нафаскаши кам мебошад. Туршшавии спирти дар шароити анаэроби мегузарад. Хусусияти ферментии туршшаси спиртиро мухаккики рус М.Манисина соли  1871 дар лабараторияи физиологии растанихо тадкикот гузаронида нишон дод, ки туршшави берӣун аз хучайраи хамиртуруш дар шираи аз растани гирифта шуда ба амал омада метавонад. Чудошавии ферментхо аз хамиртурушхо туршшавиро ба вучуд ба амал меорад, ки он барои омузиши химизми туршшавии спирти оварда мерасонад.Дар хосилшавии туршавии спирти ферменти зимаза иштирок мекунад.Олим С.П Костичев нишон дод. Ки дар хосилшавии туршшавии спирти роли  асетати алдегид калон аст. Дар раванда вайронкунии эфирхои мураккаб ва алдегидхо роли ферментхои оксидомеразахо калон аст.
Туршшавии спирти дар саноати хуроквори, винобарори, нонпази, пивохосилкуни роли калон мебозад. Спирти хамчун ашё барои хосилкунии каучуки синтетики низ ахамияти калон дорад.

Саволхо барои такрор ва мустахкамкуни:
1.Туршшавии спиртӣ бо ёрии кадом занбўруғҳо ба амал оварда мешавад?
А) занбўруғи дроҷҷӣ
Б) занбўруғи мағорӣ
В) занбўруғи базидиалӣ
Г) занбўруғи ба воя нарасида
Д) занбўруғи олпидий
2.Ҳарорати инкишофи хамиртуруш ба чанд баробар аст?
А) 350 С
Б) 300 С
В) 250 С
Г) 230 С
Д) 310 С
3.Дар кадом маҳлул хамиртуруш раванди туршави спиртро ба амал меорад?
А) маҳлули қанд
Б) маҳлули кислота
В)Маҳлули ишқор
Г)маҳлули крахмал
Д) маҳлули сода
4.Кадом олим оиди туршшавии спиртӣ тадқиқот гузраронид?
А) олими рус М.Манисина с 1871
Б) Олим Аникиев В.В 1983
В) олим Еҷов Г.И 1981
Г) олими немис шлегел 1972
Д) олим Зеленская Л.Н 1966
5.Дар ҳосилшавии туршшавии сиртӣ кадом фермент иштирок мекунад?
А) ферменти зимаза
Б) ферменти оксидаза
В) ферменти  дегидрогеназа
Г)ферменти амилаза
Д) ферменти оксидомераза
6.Ҳосилшавии энергия дар раванди туршшавии спиртӣ аз нафаскашӣ чанд маротиба кам аст?
А) 25 маротиба
Б)20 маротиба
В) 21 маротиба
Г)19 маротиба
Д)18 маротиба
7.Туршшавии спиртӣ чанд хел мешаванд?
А) туршшавии болоӣ ва поёнӣ
Б) туршшавии миёна
В) туршшавии паст
Г) туршшавии чуқур
Д) туршшавии ҳамвор
8.Дар кадом ҳарорат туршшавии болоӣ мегузарад?
А) ҳарорати 18-300 С
Б) ҳарорати 20-250 С
В) ҳарорати 15-170 С
Г) ҳарорати 14-180 С
Д) ҳарорати 16-190 С
9.Хамиртуруш чиро синтез мекунад?
А)витаминҳоро
Б) ферментҳоро
В) крахмалро
Г) гази карбонатро
Д) алдегидро
10 .Хамиртуруш барои ғизо мешаванд, чиро аз худ намояд?
А) нитрогени аммонийро
Б) ишқори натригиро
В) ишқори калигиро
Г) намаки фосфатро

Д) намаки калсийгиро

Дидан карданд: 737

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: