|

Фанни химияи биологӣ, вазифа ва робитаҳои он бо дигар фанҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-02-06

Химияи биологӣ (биохимия)– илмест, ки он дар раванди ҳаётгузаронии организмҳои зинда (рустаниҳо, одаму ҳайвонот ва микроорганизмҳо) пайвастагиҳои химиявиро аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавӣ, таркиби сифатӣ, мавҷудияти миқдори ва табаддулёбӣ (ба табаддулот дучоршавӣ) мавриди омўзиш қарор медиҳад.
Биохимия ҳамчун фанни мустақил дар нимаи дуюми асри XIX ташаккул меёбад. Он замон  дар аксарияти мактабҳои олӣ омўзиши ин фан ба роҳ монда шуда, нахустин  китобҳои дарсӣ ба табъ расонида шуданд. Биохимия ҳамчун фанни мустақил дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи биология ва тиб нақши муҳим мебозад.
Ба муваффақиятҳои бузург ноил гаштани химияи органикӣ боиси ҷудошавии химияи биологӣ ҳамчун илми алоҳида гардид. Ҳамзамон  дар раванди омўзиши пайвастагиҳои сершумори табиӣ организмҳои ҳайвоноту растаниҳо ва организмҳои якҳуҷайрагӣ дар тадқиқотҳои зиёд низ гузаронида шуда буданд (аз ин сабаб химияи биологиро химияи физиологӣ ҳам меномиданд). Ғайр аз ин тараққиёти биохимия бештар ба таҷрибаҳои зиёди соҳаҳои тиб, хоҷагии қишлоқ ва саноат зич вобастагӣ дорад. Асосан тараққиёти бемайлони химияи биологӣ ба даҳсолаҳои охир мансуб мебошад. Ин пеш аз ҳама ба ворид шудани техника ва технологияи навин таҳлилҳои регенструктурӣ, электронӣ, микроскопӣ, хромотографияҳои гази қатрагин, спектрофотометрҳои  бунафш ва ултрабунафш, масс-спектрометрӣ ва ғайра дар тадқиқотҳои химияи биологӣ алоқаманд.
Хушбахтона, дар мавриди ворид шудани усулҳои таҳлилӣ, ин нуфузи химияи биологиро як дараҷа баланд бардошта, фаҳмиши ҳаётгузаронии организмро омўхта, кашфиётҳои наверо ба амал овард.
Дар замони ҳозира ба пуррагӣ автоматикунонии усулҳои таҳлили аминокислотаҳо, сафедаҳо ва моно-ва-дисахаридҳо дар маҳлули биологӣ (хун, пешоб ва ғ.) дар вақти муайян кардани структураи 1-умини пептидҳо, сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинат шуд. Дар мавриди гузаронидани тадқиқотҳо ва таҳлилҳо нисбати пайвастагиҳои табиӣ синтези пептидҳо, олигонуклеотидҳо ва сафедаҳо бештар усулҳои таҳлилҳои автоматӣ дар химияи биологӣ васеъ истифода мешаванд. Дар замони ҳозира як қатор лабораторияҳои таҳлилии химияи биологӣ ташкил карда шудаанд ва дар идора кардани таҷҳизотҳои таҳлилӣ МЭҲ (мошинаҳои электронии ҳисоббарор) барои ба даст овардани иттилоот истифода мешаванд.
Химияи биологии муосир донишҳои васеи инсонро дар бар мегирад. Вобаста ба самти тадқиқотҳои илмӣ фанни биохимия ба се қисм: статикӣ (оморӣ), динамикӣ ва функсионалӣ тақсим мешавад.
Биохимияи статикӣ – омўзиш ва тадқиқоти таркиби химиявии организмҳои зиндаро дар бар мегирад. Аз ин сабаб фаҳмиш дар бораи таркиби химиявӣ, аз он ҷумла таркиби сифатӣ (сохти) пайвастагиҳо, инчунин таркиби миқдорӣ, ки дар ин ё он маводҳои биологӣ мавҷуд мебошад, омўхта мешавад.
Биохимияи динамикӣ – мубадалшавии пайвастагиҳои химиявӣ ва робитаи мутақобилаи онҳоро дар организми зинда дар ҳамбастаги бо  мубадалшавии энергия меомўзад.
Химияи биологии функсионалӣ – алоқамандии байни сохти пайвастагиҳои химиявӣ ва табдилёбии онҳо ва фаъолияти физиологии ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳои, организми зиндаро меомўзад.
Вобаста ба соҳа ё ин ки манбаъҳои тадқиқоҳо биохимияи муосир ба якчанд қисматҳои мустақил ҷудо мешавад: химияи биологии умумӣ, химияи биоорганикӣ, химияи биоғайриузвӣ, химияи биологии ҳайвонот, химияи биологии наботот, химияи биологии микроорганизмҳо, химияи биологии тиб, химияи биологии бойторӣ, химияи биологии техникӣ, химияи биологии муқоисавӣ, химияи биологии радиатсионӣ, химияи биологии квантӣ, химияи биологии кайҳонӣ ва ғайра. Ин тақсимот аз он сабаб ба миён омадааст, ки ба ягонагии химиявии онҳо нигоҳ накарда, дар бобати мубодилаи моддаҳо ва ғизогирӣ байни ҳайвонот, растаниҳо ва микроорганизмҳо фарқияти куллие ҷой дорад. Масалан, растаниҳо қобилият доранд аз об, гази карбонат ва намакҳои минералӣ моддаҳои барои фаъолияташон заруриро синтез намоянд. Яъне дар таркиби онҳо ба туфайли фурў бурдани энергияи рўшноӣ, сафеда, чарб ва карбогидратҳо ҳосил мегарданд. Аз ин ҷост, ки онҳоро организмҳои аутотрофӣ номидаанд.
Организми ҳайвонот бошад, чунин қобилиятро надорад. Онҳо ба ғизое эҳтиёҷмаданд, ки дар таркибаш чарб, карбогидрат ва сафеда дошта бошад. Ҳайвонот чунин ғизоро истеъмол карда, таҷзия менамоянд ва аз онҳо барои организмашон моддаҳои заруриро синтез мекунанд. Онҳо барои ин энергияеро, ки ҳангоми таҷзия ва оксидшавии  моддаҳои мураккаби органикӣ ҳосил мегарданд, истифода менамоянд.
Дар олами микроорганизмҳо бошад ҳарду намуди мубодилаи моддаҳо мушоҳида мегардад.
Химияи биологӣ ба бисёр илмҳои табиатшиносӣ, аз қабили химияи узвӣ, илмҳои биологӣ, бахусус физиологияи растаниҳо ва ҳайвонот робитаи зич дорад. Дар сарҳади робитаи ин фанҳо дар химияи биологӣ самти муайяне бо номи химияи биологии функсионалӣ ба вуҷуд омадааст. Ин самт ба омўзиши қонуниятҳои табаддулоти моддаҳо, ки асоси зуҳуроти функсияҳои узвҳо ва умуман организмро ташкил медиҳанд, машғул аст.
Аҳамияти химияи биологӣ барои тиб, соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, саноат ва ғайра ниҳоят бузург аст. Чи тавре маълум аст, организми инсон аз миқдори зиёди атому молекулаҳо иборат буда, онҳо байни худ дар шакли реаксияҳои гуногун таъсир менамоянд. Ин табаддулот, ки зери назорати қатъии генетикӣ сурат мегиранд, равандҳои фаъолияти ҳаётиро таъмин месозанд. Бинобар ин, донистани равандҳои биохимиявии дар организми солим гузаранда имкон медиҳад, ки табиати бисёр бемориҳо, ки сабабашон мувофиқи меъёр нагузаштани реаксияҳои химиявии организм аст, фаҳмида шавад.

 Асосгузори биохимияи муосир яке аз олимони барҷастаи рус А.Я. (1839 – 1923) мебошад, ки ў дар Донишгоҳи Қазон (Россия) аввалин шуда кафедраи химияи биологӣ ва мактаби химияи биологиро ташкил намудааст. А.Я.Данилевский як қатор кашфиётҳои бузургеро ба анҷом расонидааст. Ў  усули адсорбсионии ҷудо ва тоза намудани ферментҳоро кашф кардааст. Данилевский якумин маротиба назарияи баргардандагии таъсири катализаторҳои биологӣ – ферментҳоро  дар синтези маводҳои сафедамонанд, яъне пластидҳо пешниҳод намудааст.
А.Я.Данилевский дар мавриди пайвастшавии як аминокислота бо ҳосилшавии банди амиди (- СО – NH-) – ро пешгўи намудааст.
М.В.Ненский (1847-1901) дар пешрафти химияи биологӣ cаҳми арзанда гузоштааст. Ў соли 1891 дар Россия аввалин лабораторияи химияи биологиро дар назди Институти таҷрибавии  тиббии ш. Петербург мекушояд. М.С. Цвет бошад усули хромотографии ҷудо ва тоза намудани моддаҳои органикиро кашф кардааст (1903). 
Олимони барҷастаи рус то давраи инқилоб дар кашфи витаминҳо (Н.И. Лунин, 1880), профермент (И.П. Павлов ва Н.П. Шеповалников, 1899), ҳодисаи кристаллҳосилкунии ферментҳо омўзиши протсесси фотосинтез (К.А. Тимирязев), ва мубодилаи пайвастагиҳои нитрогендор дар таркиби растаниҳо (Д.Н. Прянишников) саҳми бозазо гузоштаанд.
Баъд аз Инқилоби Октябр дар ҷумҳурии навташкили Сотсиалистӣ олим-инқилобчӣ А.Н. Бах дар омўзиши химияи биологӣ нақши муҳим бозидааст. Соли 1921 бо ташаббуси А.Н. Бах дар шаҳри Москва Институти илмӣ-тадқиқотии химияи биологӣ кушода шуд.
Дар замони шўравӣ дар Рушду нумўи биохимия олимон Н.Н.Иванов, А.Р.Кизел, А.В.Лебедев, Н.Я.Демянов, Я.О.Парнас, С.Я.Капланский, Н.М.Сисакян, Б.Н. Степаненко, А.И.Опарин, В.А.Энгелгардт, А.Е.Браунштейн, М.М.Шемякин, Ю.А.Овчинников, В.М.Стеланов, А.Н. Белозерский ва ғайра саҳми босазо гузоштаанд.
Дар ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои биохимиявӣ ва тайёр намудани мутахасисони ин соҳа саҳми олимони тоҷик Ю.С.Носиров, М.М.Ёқубова, Қ.А.Алиев, А.Абдуллоев, М.Нўъмонов ва дигарон хеле назаррас мебошад.

Дидан карданд: 1641

Мавзӯъҳои монанд:

Сафедаҳо

Исботи назарияи полипептидии сохти сафедаҳо

Реаксияи ранга бо гистидин ва Реаксияи ранга бо триптофан

Реаксияи химиявии R- гурўҳҳо

Стeрeoхимияи аминокислотаҳо

Аминокислотаҳои муҳимтарин

Аминокислотаҳо

Фанни химияи биологӣ, вазифа ва робитаҳои он бо дигар фанҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: