DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Дата: 2015-08-05

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»!

Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.

Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»

***

Муаллимаи азиз, «Ном?»! Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.

Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»

*** 

Устоди азиз, «Ном?»! Шуморо бо ҷашни «чанд?» – солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»

*** 

Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!

Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»

*** 

«Ном?»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

***

«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:

Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.

Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо?»

Просмотр: 45972

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved