|

Сурохии даруни ҷавфи ҷоғи боло (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Тартибдиханда: С. С. СУБҲОНОВ

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-27

Ҷавфи ҷоғи боло ду намуд шуда метавонад. Якумаш склеротики, дуюмаш пневмотики. Ҳангоми намуди склеротики ҷавфи ҷоғи боло (андозаҳои хурд)  аз дандонҳо бо қабати ғавси бофтаи устухон ҷудо мешавад (остеомилит, кистаҳо, омосҳо). Ҳангоми намуди пневмотики ҷавфи ҷоғи боло дар наздикии решаҳои дандонҳои курси (моляр ва премоляр) бо устухонпластинкаи тунук ва баъзан вақт бо пардаи луоби ҷудо мешавад. Дар ҳолати протсесси патологи дар гирди дандонҳо пардаи луоби сахт мешавад, дар вакти кандани дандон медарад ва боиси хунравии бинимешавад. Перфоратсияи даруни ҷавфи ҷоғи боло бо айби духтур ба вуҷуд меояд(дар холати осебинии ё нодуруст кандани бо искана, анбур ё элеватор, муоинати беэҳтиёткоронаи дандонхона ҳангоми кюретажи ҳуфрача). Ё ҳангоми сахти ба худ хоси ҷавфи ҷоғи боло(намуди пневмотики).
Ташхиси сурохии ҷавфи ҷоғи боло.

  1. Аз дандонхонаи дандони кандашуда  хунравӣ бо кафи ҳаводор.
  2. Ҳангоми сунданӣ( сунди кунд,кошукҳои ҷарроҳӣ). Асбоб бе ягон монеа ба ковокии ҷавфи ҷоғи боло медарояд
  3. Санҷиши мусбии бини-бевор бо ангушт ҳарду суохии биниро маҳкам мекунад ва кўшиш мекунад ки ҳаворо аз бини барорад, дар ин вакт ҳаво ҳуштокмонанд бо садо кафк ё хут аз дандонхона мебарояд.
  4. Ҳангоми обгардонӣ кардани ковокии даҳон мавод ба бини ворид мегардад.

Ташхиси рентгонелоги аниқ менамояд намуди табобатро (кандани реша ё систоэктомия, ё гирифтани ҷисмҳои бегона). Дар вақти воридшаии решаи дандони ҷоғи боло бемор ба статсионар барои ҷарроҳи ва гирифтани ҷисмҳои бегона аз ҷавфи ҷоғи боло дар вақти хатогии дағали духтур. Ҳангоми кандани дандон ва реша тела диҳи дар ҷоғи боло ба ҷавф бо воситаи дандонхона ба вуҷуд меояд.
Инчунин олим Б. Петров (Булғория 1983) барои гирифтани решаи дандон усули модифисиониро пешниҳод кард. – усули Пехлер. Дар ин усул сурохии перфоратсиониро васеъ намуда истифодаи қувваи ҳаво аз бини кўшиши баровардани реша барои мушоҳида кардан муаллиф мондани пораи бандинаро дар қираи алвеоляри гузоштан лозим, тарзи дурусти ин усул боис шавад дидани пардаи луобии ҷавфи ҷоғи боло ва тағироти патологи мумкин аст.

Дидан карданд: 406

Мавзӯъҳои монанд:

Оризаҳои умумии баъди кандани дандон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Пешгирӣ (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Оризаҳои маҳалли (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Сурохии даруни ҷавфи ҷоғи боло (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Осеб гирифтани бофтаҳои мулоим ва Фишорории дандон ё решаи он ба бофтаи мулоим (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Шикасти теппачаи ҷоғи боло ва Аз ҷо баромадани ҷоғи поён (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Шикасти ҷоғи поён ва Шикасти қисми шохаи алвеоляри (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Оризаҳое, ки мавриди кандани дандон руй медиҳад (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Нозукиҳои техникаи кандани дандони кудакон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Сиҳатшавии ҷои иллатёфта баъди кандани дандон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: