|

Оризаҳое, ки мавриди кандани дандон руй медиҳад (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Тартибдиханда: С. С. СУБҲОНОВ

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-27

Ҳамаи оризаҳое, ки мавриди кандани дандон ба вуҷуд меояд, ба умумӣ ва маҳаллӣ ҷудо мешаванд. Азҳушравӣ, колотс ва шок ба умумӣ дохил мешаванд. Шикастани дандон ё решаи кандашуда, осебёбии бофтаи гирди устухон ва ғайра ба оризаи маҳаллӣ дохил мешавад.   
Шикастани дандон ё решаи он- оризаи бисёрвохуранда мебошад. Ба бисёр васеъшавии дандон, ки асоси ҷойгуршавии реша ё бофтаи гирди устухонӣ мумкин пайваст бошад. Мавриди решаи дандон дар девораҳои алвеола мустаҳкам бошад, просесси патологи дар периодонтит ба гиперсементоз табдил меёбад. Яке аз техникаи нодурустии корӣ метавонад, сабаби ориза гардад: то охир дохил накардани лунҷҳои амбур; нодуруст интихоби амбур; иҷро накардани ҷудоиикардани дандон; ҳаракатҳои тез баровардани дандон ва ғайра. Агар шикастани дандони кандашуда ёки реша дида шавад, ғайринишондод ( колопс, шок, кризисӣ гипертонӣ, инфаркт, инсулт ва ғайра)ё хунравии профузӣ бошад, ҷарроҳиро қатъ нгамудан лозим аст. Дар дигар ҳолатҳо ҷарроҳиро давом дода, ба кандани дандонро давом додан мумкин аст. Просесси илтиҳоби шадиди фасодӣ дар бофтаҳои нарми гирду атрофи ҷоғҳо ба вуҷуд ояд, дар 3-юм ё 4-ум руз кандани дандонро иҷро намудан мумкин мебошад.
Мавриди истифодабарии амбури лунҷҳои бисёр васеъ назар ба ғилофаки дандони кандашуда ба шикаста баромадан, осеб ё кандани дандони ҳамсоя ба вуҷуд меояд. Дар мавриди истифодаи элеватори дурустинтихобшуда низ ин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, мавриди бо элеватор кандани дандони 6-ум ба дандони 5-ум ё дандони 3-юм ба дандони 2-юм такя карда шавад, дандони мустаҳкам аз ҷои худ беҷо шуда баромаданаш ё шикастанаш мумкин аст. Ин ориза бо хатогии духтур ба вуҷуд меояд. Вобаста аз намуди осеби дандони ҳамсоя онро табобат мекунанд (тайёр кардани замимаҳо, ғилофакҳо, дандонҳои штивӣ, кандан ё барқароркунии дандон, мустаҳкамкунӣ бо шина ва ғайра). 

Дидан карданд: 858

Мавзӯъҳои монанд:

Оризаҳои умумии баъди кандани дандон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Пешгирӣ (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Оризаҳои маҳалли (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Сурохии даруни ҷавфи ҷоғи боло (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Осеб гирифтани бофтаҳои мулоим ва Фишорории дандон ё решаи он ба бофтаи мулоим (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Шикасти теппачаи ҷоғи боло ва Аз ҷо баромадани ҷоғи поён (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Шикасти ҷоғи поён ва Шикасти қисми шохаи алвеоляри (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Оризаҳое, ки мавриди кандани дандон руй медиҳад (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Нозукиҳои техникаи кандани дандони кудакон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Сиҳатшавии ҷои иллатёфта баъди кандани дандон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: