|

Нозукиҳои техникаи кандани дандони кудакон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Тартибдиханда: С. С. СУБҲОНОВ

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-27

Техникаи кандани дандони ширии кудакон мисли дандонҳои доимӣ мебошад. Аммо, бояд қайд кард, ки ҷоғи кудакон назар ба калонсолон хурд мебошад. Хусусияти анатомии дандонҳои ширӣ, ҷойгиршавии ҷанини дандонҳои доимӣ ва милки кудакон нисбат ба калонсолон тунуктар аст, ки мавриди кандани дандони кудакон ба нозукии техникаи иҷрои амалиёт риоя намудан ва эҳтиёткорона бо элеватор иҷро намудан лозим аст. Одатан кудакҳо беқарор мешаванд, аз ин лиҳоз бе ёрии асистент иҷро намудани ин амалиёт душвор мебошад. Ҳолати хуби кудак мавриди кандани дандон ҳолати горизонталӣ мебошад. Мавриди дандонканӣ кудак беқарор бошад, таҳти наркоз бояд кор кардан лозим аст. Барои кандани дандонҳои муваққати истифодабарии амбурҳохубтар мебошад. Ин намуд амбурҳо аз ҷиҳати конструктивӣ аз амбурҳои барои дандонҳои доимӣ фарқият надоранд, фақат, ҳаҷман хурд мебошанд. Мавриди истифодабарии элеватор ё амбурҳои барои кандани дандони ширӣ ба ҳаракатҳои фиксатсия, люктатсия ва ҷумбонидани дандон хатман риоя кард. Дар ҳолати бо фишори зиёд зер кардан ба шикати шохаи алвеолари оварда мерасонад. Ғайр аз ин ба осебёбии дандонҳои доимӣ, ки дар байни  дандонҳои ширӣ ҷойгиранд, низ меорад. Эҳтиёт шудан лозим аст, ки мавриди кандани дандони кудак дандон ва дандонхона нашиканад.
Мавриди кандани дандонҳои ширӣ бо амбурҳои дандонҳои доимӣ эҳтиёткорона кор кардан ва назар ба дандонҳои доимӣ камтар ба дарун андохтан лозим аст. Марҳилаи фиксатсия бояд сустар бошад, то ки дандонро нашиканад. Мавриди баровардан ҷумбондани дандон бояд минималӣ бошад. Барои кандани дандон ё решаҳои ҷоғи болои муваққатӣ истифодаи амбурҳои рост ва васеъгии лунҷакҳояш мувофиқ тавсия карда мешавад. Барои дандонҳои поён амбурҳои нулмонанд бо лунҷакҳои нимчаспида тавсия карда мешавад. Мавриди кор бо элеватор ба давндони ҳасоя такякунӣ дар хати ширӣ мумкин аст, аммо фақат дар он ҳолат, ки решаи дандони такяшуда пурра инкишоф ёфта бошад ва дар ин қатори бо дандони кандашуда зиёда ду дандон бошад.

Дидан карданд: 1195

Мавзӯъҳои монанд:

Оризаҳои умумии баъди кандани дандон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Пешгирӣ (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Оризаҳои маҳалли (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Сурохии даруни ҷавфи ҷоғи боло (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Осеб гирифтани бофтаҳои мулоим ва Фишорории дандон ё решаи он ба бофтаи мулоим (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Шикасти теппачаи ҷоғи боло ва Аз ҷо баромадани ҷоғи поён (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Шикасти ҷоғи поён ва Шикасти қисми шохаи алвеоляри (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Оризаҳое, ки мавриди кандани дандон руй медиҳад (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Нозукиҳои техникаи кандани дандони кудакон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Сиҳатшавии ҷои иллатёфта баъди кандани дандон (СТОМАТОЛОГИЯИ ҶАРРОҲӢ)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: