Дата: 2016-12-27
Пас аз он, ки духтур ба раво будани дандонкан? ишора намуд, бояд масъалаи омодасозии беморро ба амалиёт, усули бедардгардон?, интихоби асбоб?ои зарур?, тарзи дандонкан? ?ал гардад. Аввал дандон? дахлдорро аз назар мегузаронанд. Дар сурати хароб будани ?исми зиёди ?илофаки дандон, ки ба истифодаи анбўри ?илофаки дандон монеъ гашта, барои ба кор бурдани анбўри решаи дандон ё элеватори бевосита имкон намеди?ад, бе?тар аз пешаки онро бурида гиранд. Дара?аи ?унбонакии дандон?о ва ву?уди илти?обро му?аррар мегардонанд. Аз рўй рентгенограмма хусусият?ои хоси бофтаи устухонеро, ки реша?ои дандонро и?ота намудааст, мав?еияти реша?о, ми?дори он?о бузургию шаклашонро, ки то андозаеба амал баровардани амалиётро душвор хо?ад гардонд, ?амчунин муносибати ду?онибаи он?о бо ковокии бини, ?авфл, ?о?и боло канали ?о?и поён му?аррар менамоем. Дар рўйи рентгенограмма мо дандон?ои нешнозада, изофа ошкор карда метавонем. Бемор, хо? калонсол бошаду хо? кўдак, бояд аз зарурияти дандонкан?, тўли муддати фарзии он, аз хусуси э?тимоли инкишофи авориз ?ангоми тадби?и амалиёт ого? карда шаванд. Бояд ба бемор аз хисиёте, ки ў ?ангоми амалиёт аз сар хо?ад гузаронд, на?л карда шавад. Беморон зимни ого?онидани барма?алу дурўст дар баробари дасткори?ои тибби вокуниши нисбатан оромона нишон хо?анд дод. Ба шахсони дорои системиа асаби но устувор ки транквилизатору восита?ои таскимбахшро истифода бурда, омодагии таскинбахшро ба амал бароранд.
Амалиёт бояд бо ёрии даст пушак тадби? ёбад. Покизасозии дастони ?арро? аз рўй усул?ои дар бахши ?арро?и ба ?ама ма?бул сурат хо?ад гирифт.
Омодасозии майдони амалиёт аз барканорсозии механикии бо?имонда?ои хуроку чирки рўйи луобпарда ва дандон иборат мебошад. Бо ин ма?сад тавассути ма?лул?ои антисептик? обгардоникунии ковокии да?он ё бо ёрии кулўлача?ои докагии дар ма?лули мазкур таркардашуда пок кардвни майдони амалиёт мегардад. Бе?тар он аст, ки санги дандон пешаки тоза карда шавад.
2.2.2. Асбоб?ои барои дандонкан?
Анбўр?ои гуногунсохту элеватор?о барои дандонкан? истифода мебаранд. Ба навъ?ои анбўр ?исм?ои зерин хос мебошанд: 1. Лун?ак?о – он ?исми анбўр, ки барои доштани ?илофак ё решаи дандон истифода мегарданд, яъне ба танаи дандон устувор гардонидани анбурро таъмин хо?анд кард; 2. Дастак (даста) – ?исми, ки боёрии он духтур анбурро сахт дошта мегирад яъне ?оест, ки духтур тамоми кўшиши худро баррўй он равона месозад; 3. ?улф – ?атъаи, ки ?арду ?иссаи анбўрро ба ?ам мепайвандад. Анбўр?оро вобаста ба гурў?и дандон?ое, ки барои канданашон таъин гаштаанд, аз ?ам фар? мекунанд, яъне анбур барои кандани дандон?ои болою поён; анбур барои кандани буранда?о, дандон?ои ашк, премоляр?о, моляр?о; анбур барои ?атори муайян (ччап ё рост) ё барои кандани дандон?ои ?арду тараф
Анбур?оро ?амчунин аз рўй нишона?ои зерин аз ?амдигар фар? мекунанд;
Нишонаи кун?. Анбур?ои хоси кандани дандон?ои боло(Расм?ои 14, 15 ) тарзе сохта шудаанд, ки дар он?о ме?вари лун?ак?о бо ме?вари даста мувофи? меафтад (бо ташкил додани кун?и рост) ё ин ки кун?и байни он?о кунд мебошад (беш аз 90°). Дар баъзе дандон?ои вобаста ба кандани дандон?ои боло ме?вор?ои лун?аку даста бо ?ам мувози (паралел) ё та?рибан мувози мебошанд. Бар хилофи гуфта?ои ?абли, дар мавриди анбур?ои хоси кандани дандон?ои поён кун?и байни ме?вора?ои лун?аку даста бештар ба навъи рост наздик мешаванд.
Расми 14. Амбур?о барои кандани дандон?о дар ?о?и боло
Расми 15. Амбур?ои ?илофак? барои кандани моляр?о дар ?о?и боло
Нишонаи хамидаги. Барои кандани дандон?ои буранда ва ашки боло анбурхои рост,вале барои кандани моляру премолярхои боло анбурхои тархи хамидагиашон S – шакл таъин гаштаанд.Ба туфайли навъи дувуми лунчаки анбурхои мазкурро бар руи дандонхои курсии хурду калони боло ба таври яъне бе такя задан ба дандонхои боло муассар мегардад. Барои кандани дадонхои боло анбурхоеро ба кор хоханд бурд,ки дорои хамидагии бисёр бошанд,ё ин ки аз анбурхои найза монанд (баёнотии) истифода хоханд кард.
?ангоми кандани дандонхои поён(Расм?ои 16, 17, 18) мумкин аст анбур мутобики сатх (хангоми дуруст кушода нашудани дандон барои кандани дандонхои курсии калони поён таъин гаштааст) ё мувофики кирраи он хамонда шавад (навъи минкоршакл), ки дар ин вакт хангоми бар руи дандон гузоштани анбур яке аз дастахо баландтар аз дигаре вокеъ хохад шуд (чунин навъи анбур барои кандани бурандахо, дандонхои ашк,моляру премолярхо таъин гаштааст).
Расми 16. Амбур?о барои кандани дандон?о дар ?о?и поён
Расми 17. Амбур?о барои кандани дандон?ои буранда ва премоляр?о дар ?о?и поён
а б
Расми 18. Амбур?о барои кандани моляр?о(а) ва дандони а?л(б) дар ?о?и поён
Нишонаи тараф. Он ба кандани курсидандонхои калони ?о?и боло вобаста мебошад. Лунчаки тарафи анбурхои, ки барои кандани молярхои боло таъин гаштаанд, бо дунги – шавки вокеъ дар мобайни ду хами ба охир мерасад, вале дар руи лунчаки дигар навдончаи хилолшакл карор дорад. Лунчаки шавкдор дар мобайни ду решаи лунчакии курсидандонхои калон ба харакат меояд, амма дар хамихо (вокеъ дар пасу пеши шавк) решахои лунчакии медиаливу дистали ба суръати устовор карор доранд. Лунчаки дигар бошад,решаи комиро фаро мегирад. Хамин тарик, барои кандани дандонхои курсии калони чоги боло анбури хоси тарафи чапу рост истифода хохад гашт.
Агар шавк дар руи хар ду лунчаки амбур мавчуд бошад. Он гох чунин анбур барои кандани молярхои поён мукарар шудааст. ?ангоми истифодаи чунин анбур шавк дар фосилаи байни решахои медиалиро дисталии курси дандони калони поён харакат хо?ад кард.
Нишонаи арзи лун?ак?о. Барои кандани решаи дандон анбур?ои дорои лун?ак?ои хурдтарин таъйин гаштаанд. Барои кандани буранда?о, дандон?ои ашк, премоляр?о анбур?ои ба кор мераванд, ки лун?ак?ояшон назар ба лун?ак?ои хоси кандани курсидандон?ои калон бориктар мебошад. Лун?ак?ои анбури бурандакан? назар ба лун?ак?ои анбури барои кандани дандон?ои ашку премоляр?о таъйин шуда нисбатан бориканд. Илова бар ин лун?ак?о метавонанд бо ?ам ?авс шаванд ва бар акс.
Элеватор. Он аз се кисм иборат аст: кисми кор?, даста ва тири пайвасткунанда. Навъ?ои рост, кун?дор ва найзамонанди элеваторро аз ?ам фарк мекунанд(Расми 19).
Расми 19. Элеватор?ои па?лў? ва рост
Элеватори рост. Кисми кор? аз як тараф бар?аста(?илолшакл), вале аз сўи дигар фурўхамида(дорои шакли новдон?) мебошад. Нўги кисми кор? тезу мудаввар аст(шояд факат аз як тараф тез бошад). Кисми кории элеватори рост дорои шакли найзави буда метавонад, яъне он аз як тараф ?амвор ва аз сўи дигар бар?аста аст. Элеватор?ои дорои нўги найзавии кориро найзашакл меноманд.
Агар дастаи асбоби мазкур нисбатан ба ?исми кор? ва тири пайвасткунанда ба таври амуд? во?еъ гашта бошад, пас онро “элеватори Леклюз” меноманд ва он барои кандани дандон?ои а?ли поён таъйин гаштааст.
Элеватори кун?и(па?лў?). ?исми кории он ба таври ?иррав? ка? шуда, дар танасуб бо ме?вари тўлии та?ти кун?и наздик бар 120° ?арор дорад. Яке аз тарафи лун?ак бар?аста ва дуввум? андаке фурўхамида буда,харош?ои тўли? дорад. Нўги кисми кор? мудаввар гардонда шудааст (он метавонад тездандонадор бошад). ?ангоми решакан? ?исми бар?астаи нўги бахши кории элеватор ?ониби девораи ?уфра, вале ?исми фурўхамидаи он ?ониби решаи кандашаванда хо?ад дошт. Самти фурўхамидаи лун?аки элеватор метавонад ба тарафи чап (ба ?ониби худи духтур) ё ба тарафи рост (ба ?ониби му?обил) нигаронида шуда бошад.
Бемор ?ангоми дандонкан? дар рўйи курсии стоматологи ба ?олати нишаста ва ё нимхез, вале дар рўйи мизи ?арро?и ба ?олати хобида ?арор хо?ад дошт. Мав?еияти духтуру бемор вобаста ба мавзеи дандони барканоршаванда таъ?ир хо?ад ёфт. ?ангоми кандани дандон?ои боло бемор дар рўйи курсии стоматологие ки такияаш андаке ба пушт партовта шудаасту сармонак дорад, менишинад. Курси стоматологии то ?адде баланд мебардоранд, ки баландиаш та?рибан бо сат?и бу?уми бозу баробар ояд. Духтур аз тарафи росту пеши бемор ?ой мегирад.
Баъди кандани дандон?ои поён оромкурсиро то ?адри имкон поён мефароранд. Такя ва сармонаки оромкурси тавре мав?еият меёбанд, ки сару тўши бемор дар ?олати амуд? ?ой гиранд ё сар андаке ба пеш хам мешавад. ?о?и поён дар сат?и бу?уми орин?и даст бапоён сар додани духтур ?ой мегирад ?ангоми со?иби ?адди баланд будани бемору ?ади паст доштани духтур бояд курсии стоматологи ба ?афо партовта, беморро дар ?олати нимхез ?ойгир кунед. Бо ёрии сармонак сари беморро то ?олати амуд? боло мебардоранд дар асоси кандани курсидандон?ои рости калону хурд духтур дар тарафи росту андаке паси бемор ?ой мегирад. ?ангоми кандани дандон?ои пеши ?о?и поён мав?еи духтур та?ир меёбад, яъне ў дар тарафи роства андаке пештар аз бемор хо?ад истод.
Дар асоси баъди кандани курсидандон?ои поёнии хурду калони чап духтур дар тарафи чапу андаке пештар аз бемор меистад. Мав?еъияти дурусти духтуру бемор ?ангоми дандонкан? заминаи нисбатан мусоидеро барои аз назар гузаронидани майдони амалиёт, устувор гардонии ?о??о ва кандани решаю дандон?о фаро?ам хо?ад сохт. Интихоби нодурусти мав?еъияти духтуру бемор боиси сар задани са?ву хато?ои мегардад, ки бо ориза?ои гуногун ба охир хо?анд расид (дандони нимканда, баромадани ?о?и поён ва ?айра).
Усули якум. Анбурро тарзе ба даст мегиранд, ки нарангушт дар як тараф поёнтар аз ?улф ?ойгир шавад ва як дастаро фаро гирад, вале тамоми ангуштони бо?и монда дар тарафи му?обили анбур мав?еъият пайдо мекунад, ки аз ин миён ангуштони дувуму савум анбурро аз берун дошта гирифта ангуштони чоруму пан?ум дар фосилаи байни даста?о ?арор хо?анд гирифт. Ангушти якум анбурро ором ?апида, ангуштони дуввуму саввум онро сахт фишурда устувор мегардонанд. Имкон дорад, ки дастаи дигари анбур аз тари?и ?аъд кардани ангуштони чоруму пан?ум ба кор дораворда шавад. Минбаъд мумкин аст, ки ?ангоми фишурдан (устувор гардонидан) анбур ангуштони чоруму пан?умро аз фосилаи байни даста?о бароварда, он?оро барои аз берун доштани даста истифода баранд (яъне бо ёрии чор ангўшти даст).
Усули дуюм. Нарангушт як дастаро фаро гирифта ангуштони дуюму сеюм дар фосилаи байни даста?о ?арор мегиранд, аммо ангуштони чоруму пан?ум дастаи дигарро аз берун ба чанги худ мегиранд. Ангушти сеюмро рост карда лун?ак?ои анбурро ба ду тараф мекашем, вале бо ?аъд кардани ангуштона чоруму пан?ум он?оро бо ?ам ?афс месозем. Пас аз барўй дандон гузоштани анбур ангушти сеюмро аз фосилаи байни даста?о бароварда, онро дар сат?и берунии яке аз даста?о ?ой мекунанд, яъне дар он ?ое, ки ангуштони чоруму пан?ум ?ой гирифтаанд.
Усули сеюм. Нарангушт дар болои ?улфи анбур ?арор гирифта ангуштони бо?и монда (ба тарз?ои гуногун) дастаро аз поёну болою дарун ба чанг меоранд.
Усул?ои гуногуни доштани амбур?о дар расм?ои 20, 21, 22, 23 нишон дода шудаанд.
Расми 20(а,б). Усули доштани амбур?ои ?атъшуда
Расми 21(а,б). Усули доштани амбур?ои ба таври сат?? ?атшуда
Расми 22(а,б). Усул?ои доштани амбур?ои сат?? ?атшуда(дар ?олати истифода намудани амбур?о барои кандани дандон?ои а?л дар ?о?и поён) . Расми 23(а,б). Усул?ои доштани амбур?о |
?ангоми дандонкан? ба тарзи нодуруст доштани анбур боиси ла??иши он, ва зарбхўрии му?обил дандон ва ориза?ои дигар шуда метавонад.
Просмотр: 1936
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved