|

Қиссаи "Қотили Ҳотами Той"

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-06

Дар Яман подшоҳе будааст ва дар саховату эҳсон номаш шӯҳрати олам ва дар ганҷбахшӣ беназир будааст. Оре, бахшиши ӯ ба андозае будааст, ки арзиши инро, ки ба ӯ «Абри ҷавонмард» лақаб ниҳанд, доштааст. Чун дасти ӯ пулу тангаро мисли борон меафшондааст. Ҳар кас номи Ҳотами Тойро дар назди ӯ ба забон меовард, подшоҳ аз шуниданаш асабонӣ мешуд ва мегуфт, ки то ба кай аз хабарҳои он бефаросате, ки на мулк дораду на мансаб ва на мақом дораду на ганҷу хазина, ба гӯши ман мехонед.

Шунидам, ки рӯзе ин подшоҳ ҷашни шоҳона барпо кард ва дар ин базм мардуми зиёдеро даъват намуд ва мисли садои чанг, ки дилҳоро ҷазб мекунад, дили мардумро бо навозиш ба даст овард. Иттифоқан дар ин базм як нафар аз ширкаткунандагон номи Ҳотамро ба забон овард ва бо шунидани номи ӯ як нафари дигар дар ҳаққи ӯ мадҳу саноро оғоз кард. Шоҳ аз шунидани ин моҷаро ва мадҳу саное, ки нисбат ба Ҳотами Той мегуфтанд, ҳасаду рашкаш омад ва ҳисси кинатӯзӣ дар дилаш шӯълавар шуд ва яке аз навкаронашро барои рехтани хуни Ҳотам фиристод. Ӯ гуфт:

— «То он замоне ки Ҳотам зинда аст, номи ман ҳеҷ гоҳ ба некӣ машҳур намешавад, бинобар ин, бояд вуҷуди ӯ аз рӯйи замин бардошта шавад». Он навкари балоҷӯ роҳи мулки Тайро, ки зодгоҳи Ҳотам аст пеш гирифт ва барои куштани он ҷавонмард камин кард. Вақте ба Тай расид, ҷавоне ба пешвозаш омад, ки бӯйи хуши ошноӣ аз ӯ ба машом мерасид, хушрӯй, доно, ширинзабон буд, мардро бо худ ба хонааш бурд ва тамоми шаб меҳмоннавозӣ кард. Он қадар эъзозу икром кард, ки дили он бадандешро бо хубиҳояш ба даст овард. Чун субҳ шуд, дасту пояшро бӯсид ва илтимос кард, боз чанд рӯзи дигар наздаш бимонад. Он мард гуфт: — «Ман як супориши муҳим ба ӯҳда дорам, бинобар ин, наметавонам ин ҷо бимонам». Ҳотам гуфт:

— «Агар онро ба ман бигӯйӣ, мисли дӯсти якдил барои анҷоми супориш ман ҳам саъй мекунам ва кӯмакамро аз ту дареғ намедорам». Он мард гуфт:

— «Пас агар мехоҳӣ ба ман кӯмак кунӣ, гӯш деҳ. Ман туро ҷавонмард ва пардапӯш ва роздор шинохтам. Оё ту дар ин қаламрав касеро бо исми Ҳотам мешиносӣ? Мегӯянд ӯ инсони некбахт ва некандеш ва хушахлоқ аст. Подшоҳи Яман сари ӯро мехоҳад, вале намедонам, ки дар миёни инҳо чӣ душманӣ вуҷуд дорад? Аз ту интизори инро дорам, ки агар макони ӯро ба ман нишон диҳӣ, хеле дар ҳаққи ман лутф кардаӣ». Ҷавон бо шунидани ин сухан аз даҳони он мард беихтиёр хандид ва гуфт:

— «Он Ҳотаме, ки ту дунболаш мегардӣ, манам ва ин сари банда дар ихтиёри туст, биё, аз танам ҷудо кун. Ту то сафед шудани субҳ ва равшан шудани рӯз набояд, ки сабр кунӣ, чун шояд дигарон бохабар шаванд ва ба ту осеб расонанд ва аз анҷоми дастури шоҳ ноумед шавӣ». Ҳотам инро гуфт ва ҷавонмардона сарашро ба замин гузошт. Бо дидани ин саҳна оҳу фиғон аз дили он мард баромад ва мисли шер ғуррид ва ҳамон замон ба хок афтод ва Ҳотамро гоҳ чашмашро ва гоҳ дасту пояшро мебӯсид ва шамшерашро дур андохт ва мисли бечорагон дастонашро ба рӯйи сина гузошту гуфт:

— «Агар ман бо барги гул туро озору азият кунам, дар назди мардон мард нестам, аз зан ҳам пасттарам». Инро гуфт ва Ҳотамро бағал кард ва чашмонашро бӯсид ва худоҳофизӣ кард ва роҳи Яманро пеш гирифт. Чун назди подшоҳи Яман омад, ӯ донист, ки ин мард кореро, ки ба ӯ супорида буд, анҷом надодааст, гуфт:

— «Биё, бубинам, чӣ хабар овардӣ? Чаро сари Ҳотамро ҳамроҳат намебинам? Оё касе аз далерони номдор ба ту ҳамла кард, ки аз нотавонӣ натавонистӣ бо ӯ ҷанг кунӣ?» Он мард заминро бӯсид ва ба подшоҳ ҳамду сано гуфт ва эҳтиром ба ҷо оварда гуфт:

— «Ман Ҳотамро марди номдор, обрӯманд, ҳунарманд, хушманзар, хӯшрӯй, хушфикр, хирадманд ва дар мардонагӣ фавқулодда дидам, бо ин лутфу меҳрубонии вай камари маро хам кард ва ӯ маро бо шамшери фазлу эҳсон кушт». Сипас он мард ҳар чӣ бузургӣ аз Ҳотам дида буд, як-як ба шоҳ нақл кард. Шоҳ бо шунидани ин ҳикоят ба аҳли Тай сано ва офарин хонд ва ба он мард халтаи пур аз зар, ки ба даҳонаш мӯҳр зада буд, бахшид ва гуфт:

— «Карам ва бузургворӣ ба номи Ҳотам мӯҳр шудааст ва танҳо ӯро сазовор аст, ки гувоҳӣ диҳанд бар ин ки кирдораш бо овозааш ҳамроҳ ва якест».

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Дидан карданд: 3494

Мавзӯъҳои монанд:

Қиссаи "Қотили Ҳотами Той"

Қиссаи "Шикорчӣ"

Қиссаи "Ҷароҳат"

Қиссаи "Пирамарди хирадманд"

Қиссаи "Писари гумгашта"

Қиссаи "Модари якчашма"

Киссаи «Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад»

Қиссаи «Девори сиёҳ»

Қиссаи "Ду гург"

Қиссаи "Шукргузорӣ"

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: shuhrat.q.b@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2017-05-14

кисаи хуб !!

Каментарй дохил кард: 900919687
Санаи дохилгардида: 2018-12-27

Хело хуб


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: