|

Киссаи «Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад»

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-06

Ҷавоне, ки солҳо боз ба сафар баромада буд ва хабаре аз ӯ набуд, модараш ҳамеша дар хона нишаста дуо мекард то солим ба хона баргардад. Ин зан ҳар рӯз барои аъзои хонаводааш нон мепухт ва як нони изофӣ ҳам ба номи писараш мепухт ва онро пушти дар мегузошт, то роҳгузар ё мусофири гурӯснае онро гирифта бихурад. Ҳар рӯз марди кузапуште аз он ҷо мегузашт ва онро нонро гирифта ба ҷои он ки сипосгузорӣ кунад, мегуфт:

Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба шумо боз мегардад.
Чун ин марди роҳгузари кузапушт ҳар рӯз ин суханашро такрор мекард, зан нороҳат шуда ба худ гуфт: ин мард на танҳо ташаккур намекунад, балки ҳар рӯз ин суханашро такрор мекунад, намедонам мақсадаш чист?
Як рӯз зан, ки аз шунидани ин суханон бисёр нороҳат шуда буд ба худ гуфт ман бояд коре кунам аз шари ин марди кузапушти фақир халос шавам. Нонро заҳролуд карду бо дастони ларзон онро пушти дар гузошт. Аммо пас аз чанд лаҳзае ба худ омаду гуфт: ин чӣ корест, ки ман мекунам? Дарҳол нонро гирифту нони дигаре пухта пушти дар гузошт.
Мард чун одат омада нонро гирифту чунин суханонашро такрор карду ба роҳи худ рафт.
Худи ҳамон шаб дари хонаи занро касе кубид, вақте ин пиразан дарро кушод, дид ҷавони лоғар ва хамидае бо тани хаставу гурусна ва либосҳои порашуда пушти дар истодааст, зан вақте хубтар нигарист дид фарзанди худаш аст. Гуфт: фарзанди ҷонам! Туро чӣ шудааст?
Ҷавон гуфт: модар агар ин муъҷиза намебуд наметавонистам худро ба назди шумо бирасонам. Дар роҳ ба инҷо чунон гурӯсна ва нотавон шуда будам, ки дар роҳ афтода наздик буд аз ҳуш биравам. Ногаҳон роҳгузари кузапуштеро дидам, ки аз дур ба наздам омад ва аз ӯ луқмаи ѓизое хостам, ӯ ба ман як нон дод ва гуфт: ин ягона чизе аст, ки ҳар рӯз ман онро мехурам ва имрӯз онро ба ту медиҳам, зеро ту ба он бештар аз ман ниёз дорӣ.
Вақте модар ин моҷароро шунид ранг аз чеҳрааш парид ва ба ёд овард, ки нони заҳролуде барои он мард пухта буд, агар ба садои виҷдонаш гӯш накарда буд ва нони дигаре барои ӯ напухта буд, чӣ ҳоле ба сари фарзандаш омада меомад. Ин ҷо буд, ки зан маънои суханони рӯзонаи марди кузапуштро дарёфт, ки мегуфт:
Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба шумо боз мегардад.

Дидан карданд: 1415

Мавзӯъҳои монанд:

Қиссаи "Қотили Ҳотами Той"

Қиссаи "Шикорчӣ"

Қиссаи "Ҷароҳат"

Қиссаи "Пирамарди хирадманд"

Қиссаи "Писари гумгашта"

Қиссаи "Модари якчашма"

Киссаи «Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад»

Қиссаи «Девори сиёҳ»

Қиссаи "Ду гург"

Қиссаи "Шукргузорӣ"

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Ноза
Санаи дохилгардида: 2018-11-28

Албатта хар амал подоши худро довод.хайрият зан вичдонашро гуш кард. Писарашро начот дод.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: