Дата: 2016-12-06
Шунидам, ки ?отами Той аспе дошт бодпо. Суб?го? ?амин ки бо шитоб ро? мерафт, мисли раъд бонг мезад ва ши?а мекашид ва дар суръати рафтор бар тундар пеш? мегирифт. Дар мусоба?а?о дар к??у дашт бо рехтани ара?и мисли жола ончунон медавид, ки ту гумон мекард? абри найсон гузар дорад. А?аб селрафтор ва са?ронавард буд, ки бод ?ам мисли гард аз вай а?иб мемонд ва из?ори а?зу нотавон? мекард.
?амон гуна ки маълум аст, васфу таърифи ?отам дар саховат забонзади хоссу ом шуда ва то г?ши султони Рум расида буд. Мегуфтанд, ки дар караму бахшиш мардеро ?амтои ? намешавад пайдо кард ва аспаш низ дар тезрав? ?амтое надорад, ки ?е? аспе ба гарди пойи вай наметавонад бирасад. Аспи ? биёбоннавард аст ва дар об мисли кишт? аст ва агар сайр кунад аз болои вай у?об ?ам наметавонад парвоз кунад.
Султони Рум ба вазири доно гуфт: — «Лоф задан ва таъриф кардан бегуво? ва бешо?ид дуруст нест ва мояи шармсор? аст. Ман аз ?отами Той он аспи арабиро мехо?ам, агар бо ?авонмардиаш ба ман бахшад, медонам ва бовар мекунам, ки ? дар ?а?и?ат бузургвории бузургонро дорад ва агар рад кунад, маълум мешавад, ки ин ?ама овоза?о мисли бонги табли хол? ?арфе беш нестанд».
Сипас султон як сафири ?унарманд ва олимро бо ?амро?ии да? мард ба с?йи ?отами Той фиристод. Он?о ро? афтоданд ва ба манзили вай фуруд омаданд ва мисли ташнае, ки ба об расида ва аз сахти?о ро?ат ёфта бошад, дар манзили ?отами Той ба осоишу ро?ат даст ёфтанд. Мизбон ба шарафи ?удуми ин ме?монон дастархон па?н кард ва асперо дар зери ?удуми он?о кушт ва бо г?шташ он?оро зиёфат дод ва пас аз сарфи таом доман – доман гав?ар ба он?о ?адя кард ва мушти ононро пур аз зару тилло намуд. Ме?монон шаб он ?о монданд ва р?зи дуюм сафир он ч? бояд аз дархости султон мерасонид, ба ?отам расонид, ки ?амон дархости асп буд. Ва?те инро гуфт, ?отами Той мисли маст парешон?ол шуд ва аз ?асрату надомад шур?ъ кард ба газидани ангуштон ва бо таассуф дар ?авоби он сафир гуфт: — «Эй мардуми некном, чаро пеш аз ин ки кореро дар ?а??и шумо ан?ом ди?ам, ин паёмро ба ман нагуфтед? Ман он аспи бодрафтор ва тундравро барои пазириши шумо куштам ва он кабобе, ки дир?з шумо х?рдед, г?шти ?амон асп буд. Ман медонистам, ки дир?з дар чарого? аспе ву?уд надошт, чун аз тарси борон ?ама рафта буданд ва чораи дигар надоштам ба ?уз куштани ?амин як аспе, ки дар борго?ам доштам. Ман наметавонам ме?мони худро бубинам, ки шикамгурусна бихобад ва ин аз расми ?авонмард? нест. Ман мехо?ам номи ман дар ?а?он ба ?авонмард? бимонад, он аспи номдор хо? бошад ва хо? набошад, ин барои ман му?им нест. ?ар кас метавонад бо касбу кор, пулу мол аспро ба даст биёрад, вале ахло?и нек? ва писандидаро наметавон ба василаи касбу кор ба даст овард, чун ахло?и нек як чизи табиист».
Ва?те ки ин хабар ба г?ши султони Рум расид, дар ?а??и ? ?азорон офарин гуфт.
Му?аммади?боли САДРИДДИН
Просмотр: 1859
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved