|

Қиссаи "Хушбахтӣ"

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-06

Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:

— Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад?

Пирамард дар ҷавоб гуфт:

-Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам худи ҳамин гапро аз устодам пурсида будам. Устоди ман пир буд, ӯ ҳафтод сол дошт ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ бе ягон сабаб механдад. Онгоҳ ӯ ба ман гуфта буд:

“Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Нохост фикре ба сарам омад: ин интихоби ман аст-ку, ҳаёти ман! Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам” . Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ вақте бедор шавам, аз худ суол мекунам: Хайр, имрӯз ту чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Ва доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам.

Дидан карданд: 1025

Мавзӯъҳои монанд:

Қиссаи "Қотили Ҳотами Той"

Қиссаи "Шикорчӣ"

Қиссаи "Ҷароҳат"

Қиссаи "Пирамарди хирадманд"

Қиссаи "Писари гумгашта"

Қиссаи "Модари якчашма"

Киссаи «Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад»

Қиссаи «Девори сиёҳ»

Қиссаи "Ду гург"

Қиссаи "Шукргузорӣ"

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: