|

Чӣ гуна Telnet -ро дар Windows 7 фаъол созем?

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-06

 

Дар рафти фаъолияти кориам ман ҳар замон аз фармони telnet истифода мебарам. Ин фармон имконият медиҳад, ки кадом як серверро бо порташ тафтиш карда, дастрас буданашро муайян созем. Лекин гап сари он аст, ки компоненти telnet дар Windows 7 аслан хомӯш карда шудааст.

Барои муайян сохтани дастрасӣ ба сервер моро зарур аст, ки командаи сатриро фаъол созем ва дар он фармони telnet номи_сервер порти_серверро ворид карда, баъд аз он тугмаи Enter -ро пахш кунем.

Масалан, агар ба ман тафтиш кардани дастрасӣ то сервери mail.tensor.ru бо порти 25  лозим бошад, ман барои тафтиш кардани он фармони  мутобиқро ворид месозам:

Агар баъд аз ин дар рӯи экрани шумо навиштаҷоти «Не удалось открыть подключение к этому узлу…» пайдо шавад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки порт маҳкам аст.

Агар шумо экрани холӣ ё ки дигар навиштаҷотро бобати сервер бубинед, ин ифодагари он аст, ки дастрасӣ ва пайвандӣ бомуваффақият анҷом ёфтааст.

Инак, чӣ тавре, ки ман дар аввали мақола гуфта гузаштам, компоненти Telnet дар Windows 7 аз рӯи қоида хомӯш карда шудааст. Ва барои ба кор даровардани он моро зарур аст, ки чунин амалро иҷро кунем:

1. Дароед ба: “Пуск” – “Панель управления” – “Программы и компоненты” – “Включение или отключение компонентов Windows”.
2. Дар равзанаи пайдошуда дар сатри “Клиент Telnet” нишона гузоред, пас аз он тугмаи “ОК” -ро пахш кунед:

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

 

Дидан карданд: 1530

Мавзӯъҳои монанд:

Функсияхои Microsoft Excel

Ба кордарории компютер

Обойти пароль администратора, в учетной записи Windows 7, можно за два прохода

МУНДАРИҶАИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӢ

DHCP (Dynamic Host Configuration Protocol) — чист?

Чӣ гуна Telnet -ро дар Windows 7 фаъол созем?

7 тарзи тезҳаракаткунонии Google Chrome

Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард

Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?

Wireless Application Protocol (WAP)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: