Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард
Тартибдиханда: http://tiroz.org/zamimai-ziddivirusii-panda-security-xudro-virus-abul-kard/
Дохил кард: Ахмедов Бахром
Санаи дохилгардида: 2016-12-05
Истифодабарандагони барномаи зиддивируси Panda Security дар ҳайрат монданд, вақте баъд аз навсозии навбатӣ, антивирус файлҳои худро зараровар номид. Дар баробари ин, аз ин қариб, ки худи ҳамаи қарорҳои Panda Security зарар диданд. Баъзе аз истифодабарандагон кӯшиш карданд, ки мушкилоти пеш омадаро худашон бартараф созанд, вале баъд аз ба кор даровардани компютер онҳо натавонистанд ба Интернет ворид шаванд.
Илова бар ин, Panda Security ҳамаи файлҳои Office, Firefox ва Chrome-ро хатарнок номидааст, дар баъзе истифодабарандагон ҳатто пакетҳои навсозии Windows Update низ зараровар буданд. Бояд зикр кард, ки ин хатогии ширкати зиддивирусӣ, дар муддати хеле кӯтоҳ ислоҳ карда шуд. Навсозии бемуваффақият гирифта шуд ва ҷои онро навсозии нав, ки файлҳои манъшударо барқарор намуд, иваз кард.
Ин ширкат хабар дод, ки 90 фоизи истифодабарандагон, ҳамин тариқ мушкилоти худро ҳал намуданд. Аммо 10 фоизи онҳо ноком гардиданд, зеро ки онҳо «мошини» худро ҳангоми суқути насбкунӣ ба кор андохтанд. Маъмурияти Panda Secutity таъкид дошт, ки дар ҳар сурат коршиносони маркази дастгирӣ ба одамон кӯмак хоҳанд кард. Бо вуҷуди ин, ҳоло ягон корбар дар бораи талафоти пурраи маълумотҳои худ шикоят накардааст.
Дидан карданд: 1782
Мавзӯъҳои монанд:
Функсияхои Microsoft Excel
Ба кордарории компютер
Обойти пароль администратора, в учетной записи Windows 7, можно за два прохода
МУНДАРИҶАИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӢ
DHCP (Dynamic Host Configuration Protocol) — чист?
Чӣ гуна Telnet -ро дар Windows 7 фаъол созем?
7 тарзи тезҳаракаткунонии Google Chrome
Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард
Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?
Wireless Application Protocol (WAP)
Коментари дохил карданд: