Дата: 2016-12-01
Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»!
Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.
Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»
Имшаб домани ту пур аз ҳадяҳои кӯчаку бузург мешавад. Аммо ман ҳеҷ надоорам, ки ба ту ҳадя кунам ҷуз диле, ки ба ман пас додӣ. Таваллудат Муборак хоҳаракам!
Садои як парвоз, фуруди як фаришта, оғози як меъроҷ, шурӯъи як зиндагӣ, таваллудат муборак хоҳари меҳрубонам.
Ёди аёми зебое, ки гузашт, кунҷи қалбам гарм аст! Орзуям ҳама сарсабзии ту аст. Тани ту солиму рӯхат шодоб, ончӣ шоистаи туст хоҳонам. Дили якдонаи ту сабзу баҳорӣ, рӯзгорат хуш бод. Тавллудат эй хоҳари меҳрубонам муборак!
Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.
*****
Ҳамеша лабханд бар лабонат.
Ишқ дар қалбат
Лутф да нигоҳат
Муҳаббат дар чеҳраат
Бахшиш дар рафторат,
Ва ҳақиқат дар забонат ҷорӣ бошад.
Таваллудат муборак!
****
Дар ин рузи тиллоӣ ту омади ба дунё
Вуҷуди покат омад ба ҷамъу хилвати мо.
Дар тақвимҳо навиштем дар ин рӯзу дар ин моҳ
Аз осмон фиристод Худо як моҳи зебо.
Таваллудат Муборак!
****
Дар ин рӯзи пур аз ишқ ту бо ханда шукуфтӣ,
Бо як гиряи сода ба дунё бале гуфтӣ.
Бубин бар осмонҳо пур аз нуру парандааст,
Қалбҳо пур аз ишқу, лабҳо чӣ пур хандааст
Зодрӯзат Муборак хоҳарҷон!
*****
Зодгоҳ ва таъри таваллуди хеҷ кас дар хеҷ нақша ва тақвим нест,
Чунки одамон ҳар лаҳза дар тапиши қалби касоне ки дӯсташон доранд мутаваллид мешаванд.
*****
Омадаи ба дунё дил хуш шуда шоҳпарак
Ин аст сӯҳбати ман таваллудат Муборак!
Таваллудат Муборак ширинаки мо!
*****
Ба забоне ки тавон гуфт туро мегӯям
Ба замоне ки тавон рафт туро меҷӯям.
Ҷумлаҳо лол ва оҷиз зи баёнанд вале
Банда табркии таваллуд ба замони хушият мегӯям.
Азизам таваллудат Муборак
Ин ша АЛЛОҲ то охири умр зинда бошӣ!
******
****
****
Просмотр: 11614
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved