|

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-01

Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат гул пошад, эй дӯст.
Дилат эй дӯст ҷои меҳрубонист,
Ки саршори шароби арғавонист.
**** 

 

Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!

Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»

****
Толеъи накӯи бемисолат хоҳем,
Иқболу хушӣ дар ҳама ҳолат хоҳем.
Хушбахтиву фирӯзиву ҳам барноӣ,
Эй дӯсти азиз  дар ҳама ҳолат хоҳем.
***
Рӯзи мавлудат муборак бод, гӯён ин дуо,
Аз Худои меҳрубони хеш кардем илтиҷо.
Тансиҳат бошиву хандон, хотират ҷамъ, ҳамчунон,
Ишқ бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
***

Эй дӯсти азиз ҷашни зодрӯз муборак,
Ин рӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.
Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дӯст.
***

Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дӯстон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,

Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.

*****

Мегӯянд барои инсон ҳазор дӯст кам аст. Аммо баъзан як дӯст метавонад ҷои даҳҳо дӯстро бигирад. (номи дустатон) аз ҳамин қабил дӯстон аст. Дӯсти ҳақиқӣ, самимӣ ва ҷонӣ… Мавлуд муборак, дӯстам! Ҳазорсола шаведу мо ҳам бинем ?
 
****
Салому дуруди бепоён дӯстам ______ Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшани бахшад, имонатон бузургтар гардад.
Хамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед, аз даргоҳи Худованд: тансиҳатӣ, хаонаободӣ, осмони соф, хушбахтӣ, умри дароз ба Шумо хоҳонам.
Мавлуд Муборак Бошад дӯстам ____ !!!
****
Рӯзгорат бар мурод , Рӯзҳоят шод шод,
Осмонат бе ғубор, саҳми чашмонат баҳор,
Калбат аз ҳар ғусса дур, базми ишқат пурсурур,
Бахту тақдират қашанг, умри ширинат баланд,
Сарнавиштат тобнок, ҷисму руҳат пок пок.
Дидагонат аз ҳамеша шодтар , шаҳри қалбат зиндаву ободтар,
Ғуссахоят дам ба дам эй мехрубон,
Дар гузаргоҳи замон барбодтар.
****
Дӯсти азизам! Ин рӯзи неки зиндагиро бароятон аз номи худ, аз номи ахли байту хонаводаи худ таҳният мегӯям! Бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, хушбахтӣ, бурдборӣ, умри дарози пурбаракату бенуқсон амалигардии тамоми орзуву ниятҳои неки диниву дунявӣ ва осмони софу дар зиндагӣ роҳи сафедро аз даргохи Худованди бузург талаб дорам!
Илоҳо ҳамеша ба бахти падару модаратон сиҳат саломат бошед ва номбардори эшон бошед! Рӯзи зодрӯз муборак бародари гиромиқадр!
*****
Муборак рӯзи тавлидат, муборак!
Муборак шодиву идат, муборак!
Шуда ҳалка ба даврат дӯстонат,
Муборак базми ҷамшедат, муборак!
****
Ман туро табрик гӯям додарам,
Ман дуогӯи туям то зиндаям.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!
****
Муборак, зодрӯзат ҳар сари сол,
Ало эй марди дурандешу Хушфол.
Пас аз чил ҳам натарс аз ҳеҷ сахтӣ,
Ба гардун мисли уқобон бизан бол.

Дидан карданд: 90389

Мавзӯъҳои монанд:

Табрикот «Соли Нав муборак!»

Табрикот ба модар «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба хоҳар «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба фарзанд «Зодрӯз муборак!»

Табрикот бо «Рӯзи муаллим»

Рӯзи артиши миллӣ (23-феврал) Ба падар

Иди Рамазон

Табрикнома ба 8 март

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: саидов шохрух. shohrukh_2014@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2017-12-16

табрикнома барои туйи дустонхам бошад

Каментарй дохил кард: Бурхо
Санаи дохилгардида: 2018-06-25

зодруз

Каментарй дохил кард: tamanka.tamanka@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-07-15

Рузи мавлудат муборак бод, гуён ин дуо, Аз Худои ме?рубони хеш кардем илти?о. Танси?ат бошиву хандон, хотират ?амъ, ?амчунон, Иш? бошад ?амрадифи зиндагиат доимо.

Каментарй дохил кард: РА?МАТУЛЛО
Санаи дохилгардида: 2018-11-09

Ба?ри ту ид аст имр?з эй (номи д?статон), Мекунад туро д?стат табрик,аз сид?и ?он. Орзу дорад ки мур?и бахт шинад бар сарад, ?амчун дароз гардад умрат,?амчун дарёи равон.

Каментарй дохил кард: РА?МАТУЛЛО
Санаи дохилгардида: 2018-11-09

Бе?тарин дусти ман ин(номи д?статон) аст, Бо одоб ?ушёру доно нозанин чун гав?ар аст. Табрикаш созем кунун ?ро мо дар р?зи зодр?заш, Ки ин т??фаи хуб ва аз ?ама болотар аст

Каментарй дохил кард: РИОЗОДА ФАРАХНОЗ
Санаи дохилгардида: 2019-02-22

Зодруз муборак азизам


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: