|
youtaj

Рӯзи артиши миллӣ (23-феврал) Ба падар

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-01

Рӯзи Мардро ба марди ҳақиқие,  ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардааст табрик мегӯям. Рӯзат муборак!

Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст. Зеботарин хитоб «падарҷон»  падар вожае аст саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бар меояд. Падари азизам рӯзат муборак!***
Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон, ки барои ман беҳтаринӣ. Рӯзи падар муборак бод!
****
Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуъоям кун, ки бо дуъоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, рӯзат муборак!
***
Ба дунболи қашангтарин вожаҳову калимаҳо мегардам, аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури туро дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам» рӯзат муборак!
***
Падарам, тоҷи сарам , ту эътибори манӣ, ту такягоҳи манӣ. Бидуни туву муҳаббатҳои бепоёни ту ҳеҷам. Уммедворам битавонам фарзанди хубе барои Шумо бошам. Беҳтарин падари дунё, рӯзат муборак!
***
Падари Меҳрубону хубам аз заҳмате, ки дар ин солҳо барои ман кашиди сипосгузорам, ва аз Худо мехоҳам сояи меҳрубонат то абад бар сарамон бимонад. Рӯзат Муборак!
***
Падар, ту тапиши қалби хонаӣ. Вақте ҳар субҳ, бо тулӯи Ишқ аз хона берун меравӣ ва бо кашиши ишқ, дубора боз мегардӣ. Туро ба ман Ҳадя доданду ман имрӯз, тамоми ҳастиямро ба ту ҳадя хоҳам кард. Агар бипазирӣ… Рӯзат муборак Падарҷон!
Падарам роҳи тамоми зиндагист, падарам дилхушии ҳамешагист. Рӯзат Муборак Падарҷон!
***
Падари азизам, рӯзи падарро бароят табрик мегӯям ва самимона бар дастони пуробилаат бӯса мезанам.
***
Падар бишнав ин ҳарфи Фарзанди хеш,
Азизу гиромиву дилбанди хеш.
Туи мояи буду пайдоишам,
Канорат ба нозу ба осоишам.
Падар такягоҳи вуҷуди манӣ,
Ту сармояи ҳастиву буди манӣ.
Падари азизам Рӯзат муборак!

Дидан карданд: 10180

Мавзӯъҳои монанд:

Табрикот «Соли Нав муборак!»

Табрикот ба модар «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба хоҳар «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот ба фарзанд «Зодрӯз муборак!»

Табрикот бо «Рӯзи муаллим»

Рӯзи артиши миллӣ (23-феврал) Ба падар

Иди Рамазон

Табрикнома ба 8 март

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: