Синфи антосеротхо
Дата: 2016-10-18
320 намуд доранд ва ба 2 оила таксим мешаванд. Аз инхо оилаи антосеротхо – Anthocerotalеs намуди зиед дошта васеъ па?н гардидааст. Авлоди калонтарин - антосерос - anthoceroz наздик 200 намуд дорад. Вай дар хардуи нимкурра пахн шудааст. Дар флораи СНГ танхо 2 намуд кайд гардидааст. Одатан дар хар конхои гилноки сернам дида шуда, ахамияти хочаги надоранд.
Синфхои печеночникхо
Шумораи умумии намудхо 8,500- 10 000дар бар мегирад. 235 авлод дорад. Онхоро ба 7 катор таксим мекунанд:
Колобридиягияхо - Calabryales, Юнгерманиягихо-Jungermanniales, Маршансиягихо - Marchantiales, Сферокорпалияхо - Sphaerocarpales.
Аз инхо маршансияхоро дида мебароем - Marchantia polimorpha. Танаи вегетативиаш пластинкашакл, шохрониаш дихатоми, 10 - 12 см дароз мешавад, танааш аз 2 тараф бо эпидерма пушида шудааст. Эпидермаи болоиаш дахонча дорад.
Аз эпидермаи поени ризоиди якхучайраги таракки мекунад. Маршансия растании духонаги мебошад. Якеаш шакли ситорачаи 9 шуъоги дошта дар вай архегоний чойгир аст.
Дигараш шакли хашткунча дошта дар вай антеридий чойгир аст. Дар кисми шиками архегония хучайратухм таракки мекунад. Пас аз бо сперматозоид омехта шудан аз зигота спорофит таракки мекунад, ки вай диплоиди мебошад. Сониян аз хучайраи модарии спораовар дар натичаи таксимоти редуксиони спорахои гаплоиди хосил мешавад. Аз спора протонема ривоч меебад.
Просмотр: 1142