|

Танзими давлатии бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Бахром Ахмедов

Санаи дохилгардида: 2015-04-28

Мавзўи 3. Танзими давлатии бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақша:

  1. Масъалаҳои умумии танзим бозори қоғазҳои қиматнок.
2.Мақомотҳои ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Танзими фаъолияти иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок аз тарафи мақомотҳои ваколатдори давлатӣ.

  1. Масъалаҳои умумии танзим бозори қоғазҳои қиматнок

Бозори қоғазҳои қиматнок – ин қисми таркибии бозори сармояи қарзӣ ба ҳисоб меравад ва он ҳамчун объекти танзими давлатӣ буда, бо мақсади ҳимояи сармоягузорон аз ҳаракатҳои зидди онҳо, аз тарафи эмитентҳо ва миёнаравони онҳо равона карда мешаванд. Танзими давлатии бозори қоғазҳои қиматнок бевосита ба воситаи давлат ба xо оварда мешаванд. Дар ин ҳолат давлат дар рафти нархгузории қоғазҳои қиматнок иштирок намекунанд. Ба иштирокчиёни бозор ҳуқуқҳои худназоратӣ ва худтанзимкуниро боқӣ мемонанд. Дар бозори қоғазҳои қиматнок, танзими давлатӣ дар се самт амалӣ кунонида мешаванд:
- фаъолияти органҳои назоратӣ;
- базаи қонуну ҳуқуқӣ – ахбори кушодаи фаъолияти иштирокчиёни бозор;
- механизми мушаххаси танзими бозори қоғазҳои қиматнок.
Баъд аз Xанги якуми xаҳон сармояи қалбакӣ дар ИМА бо суръати баланд боло рафт, ки ин аз барориши саҳмияҳои бо ҳеч чиз таъминнабуда иборат буданд. Ин албатта ба дасисабозии мутахассисон, ба монанди гуфтугуҳои махфӣ, дар ҳолати хариду фурeши саҳмияҳо, баромадани иттилоот дар бораи ин ва ё он намуди қоғази қиматнок ва ғайраҳоро дар бар мегиранд. Ба тарзи манипуликунонии нарх, дар асоси коллективонаи он, ё ин ки онро пул ҳам меноманд васеъ тараққӣ ёфт. Масалан, соли 1929 дар барориши 107-уми саҳмияҳо дар биржаи фондии Нюдар Йорк манипулятсияи пулӣ, ки ба он худи аъзоёни биржа ҳавасманд буданд, бароварда шуданд. Легаликунонии ҳисобида мешавад, ки агар дар пул директорони коорпоратсияҳо иштирок намоянд.
Дар таxриба сохтани пирамидаи молиявӣ ба таври васеъ истифода бурда мешуд ва дивиденд ба сармоягузор аз ҳисоби даромад не, балки аз ҳисоби сармояи дар натиxаи эмиссияи навбатӣ ба даст овардашуда пардохта мешуданд. Аз ҳама васеъ дар ҳамон давра пирамидаи молиявии соли 1929 пирамидаи компанияи Шведӣ оиди истеҳсоли гeгирд «Крюгер Энд Толл» паҳн гашта буд.
Дар солҳои шикастхeрии биржаҳо, бонкҳо на танҳо хариду фурeши қоғазҳои қиматнокро ба воситаи филиалҳои худ, балки ба сармоягузорон ба воситаи миёнаравон (брокерҳо) ё ин, ки бевосита ба худашон барои харидани қоғазҳои қиматнок қарз медоданд. Аз сабаби он, ки ҳаxми пешонидани (маржа) зарар, ё ин ки  ҳиссаи воситаҳои худи бонкҳоро муайян мекарданд, ин маблағ он қадар ҳам баланд набуд. Бинобар ин шикастхeрии фонди бозорӣ ба напардохтани системаи бонкӣ оварда расонд ва дар натиxа ин ба муфлисшавии оммавии бонкҳо оварда расонд. Дар ҳамон давра қариб 8 ҳазор бонкҳо дар давраи Касодии бузург муфлис шудаанд.
Сўистифодаи бозори қоғазҳои қиматнок дар ИМА ҳамон қадар намоён ва зараровар шуд, ки президенти ҳамонвақтаи ИМА Гувер ба сарвари Фонди биржавии Ню – Йорк Ричард Уитни муроxиат намуда хоҳиш карданд, ки ба ҳар гуна амалиётҳои биржавӣ ва ба ҳар гуна вайронкориҳою қаллобиҳо дар биржа хотима диҳанд. Соли 1932 Кумита оиди бонкҳо ва гардиши пул дар Сенати ИМА бо ташаббуси президент Гувер Комиссия оиди омeхтани сабаби муфлисшавии биржа дар соли 1929 таъсис дод. Ин комиссияро яке аз додситонҳои (прокурор) намоёни Ню Йорк Фердинанд Пекор роҳбарии мекард. Шунидани кори комиссия ба он оварда расонд, ки бисёр корҳои Чиркин ва xанxолии Уолт – стрит рeи об бароварда шуданд.
Рузвельт Ф.Д. баъд аз президенти ИМА дар соли 1932 интихоб шуданаш, як қатор чорабиниҳоро оиди батартибдарории бозори аввалиндараxаи қоғазҳои қиматнок равона кард. Яке аз ин чорабиниҳо – таъмини давлатии назорат аз болои фаъолияти институтҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб мерафт.
{олати вазнини молиявӣ ва маҳдудияти имкониятҳои мутахасисони биржаи Уолт – стрит барои қабули қарорҳо, батартибдарории фаъолияти онҳоро халалдор менамуданд. Бо супориши Рузвельт собиқ раиси Комиссияи Федералӣ оиди тиxорат Х. Томсон – муаллифи платформаи демократӣ оиди масъалаҳои танзими бозори қоғазҳои қиматнок Қонуни мувофиқеро тайёр намуд, ки он баъд аз даровардани баъзе ислоҳотҳо аз тарафи Сенат қабул карда шуд.
Моҳи майи соли 1933 «Қонун дар бораи қоғазҳои қиматнок» қабул карда шуд, ки ин қонун дар баробари дигар қонунҳо то имрeз фаъолият менамояд.

  2.Мақомотҳои ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мақоми идоракунии давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар бозори коғазҳои қиматнок мегузаронад, танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузоронро таъмин менамояд, инчунин дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, тартиби фаъолияти он бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ваколатҳои зеринро иҷро мекунад:
- самтҳои асосии рушди бозори коғазҳои қиматнокро муайян менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад;
- талаботро нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъсис додани бозори миллии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
-  барориши коғазҳои қиматноки эмиссиониро ба қайд мегирад;
- стандартҳо ва қоидаҳои якхелашудаи амалисозии фаъолияти касбиро бо коғазҳои қиматнок, амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ошкор сохтани маълумот аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок таҳия ва тасдиқ менамояд;
- талаботро ҷиҳати таъсис додани бозори миллии коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали самаранок ва шаффофи он муқаррар менамояд;
- маҳакҳои (меъёрҳои) устувории молиявиеро, ки риояи онҳо аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ҳатмӣ мебошад, таҳия намуда, талаботро оид ба риояи онҳо муқаррар менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти касбӣ бо коғазҳои қиматнок иҷозатнома медиҳад;
- Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;
- феҳристи иҷозатномаҳои додашуда, боздошташуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнокро пеш мебарад;
- аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъиятҳои саҳомӣ риоя гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнокро назорат мебарад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимшавандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъиятҳои саҳомиро оид ба риоя гардидани талаботи Қонуни мазкур  месанҷад;
- нисбат ба иштирокчиёни касбӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, вайрон кардаанд, чораҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад;
- фаъолияти шахсонеро ки, дар бозори коғазҳои қиматнок бе иҷозатномаи дахлдор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, пешгирӣ менамояд;
- ба рушд ва дастгирии адолат, самаранокӣ, рақобат ва тартиб дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақомоти давлатии хориҷӣ, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, ҳамкорӣ менамояд;
- манфиатҳои қонунии сармоягузоронро дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд;
- ба баланд бардоштани сатҳи касбии иштирокчиёни бозори  коғазҳои қиматнок мусоидат менамояд;
- оид ба масъалаҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок тадқиқот мегузаронад;
- талаботи тахассусиро нисбат ба шахсон ва ташкилотҳое, ки фаъолияти касбиро бо коғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд, тасдиқ менамояд;
- масъалаҳои вобаста ба танзими бозори коғазҳои қиматнокро шарҳу эзоҳ медиҳад, тавсияҳои методии дахлдорро таҳия менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ боҷи давлатӣ меситонад ва дигар хизматрасониҳои пулакиро анҷом медиҳад;
  - ваколатҳои дигари танзими давлатии муносибатҳои дар бозори коғазҳои қиматнок гузошташударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок
Бо мақсадҳои амалӣ намудани вазифаҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд ва иҷрои онҳоро таъмин кунад;
- савдоро бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ дар ҳолатҳои ошкор гардидани далелҳои содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ бо коғазҳои қиматнок боздошт намояд;
- амалиётро оид ба ҳисоби шахсии шахси бақайдгирифташуда (саҳмдор) ва амалиётро бо коғазҳои қиматноки эмитент дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт намояд ва боздошти онро беэътибор созад;
- ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок огоҳиномаҳои барои иҷро ҳатмиро фиристонад, инчунин аз онҳо иҷрои онҳоро талаб намояд;
- маводро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристонад ва доир ба масъалаҳои вобаста ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо даъво ба суд муроҷиат намояд;
- аз мақомоти давлатӣ вобаста ба эмитентҳои коғазҳои қиматнок ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок маълумот талаб намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок муҷозоти маъмурӣ диҳад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори хориҷӣ, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расонад;
- дигар ҳуқуқҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣнамояд.

3. Танзими фаъолияти иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок.
Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҷиҳати дархости иттилоот аз субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок иттилооти заруриеро, ки бо Қонуни ҶТ «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок » ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ карда нашудааст, бо нишон додани сабабҳои дархост талаб намояд.
2. Субъекти бозори коғазҳои қиматнок, ки талаботи хаттиро гирифтааст, вазифадор аст бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ин талаботро иҷро намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар талабот оид ба зарурати пешниҳоди иттилоот сабаби дархост нишон дода нашуда бошад ё иттилооти дархостшуда мутобиқи Қонуни мазкур мавзӯи танзими мақоми ваколатдори давлатӣ набошад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба сирри тиҷоратӣ ва ҳифзи иттилооти махфӣ риоя намояд.
4. Иттилооти аз субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок воридгардида, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, набояд ошкор гардад ё ба шахси сеюм расонида шавад.
Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҷиҳати гузаронидани санҷиши субъектҳои бозори коғазҳои   қиматнок
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад кормандони худро барои гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок, ба истиснои ташкилотҳои қарзӣ, ваколатдор намояд. Дар ташкилотҳои қарзӣ санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бонки миллии Тоҷикистон иҷро менамояд.
2. Корманди барои гузаронидани санҷиш ваколатдоршуда ҳуқуқ дорад:
- ба бинои субъекти бозори коғазҳои қиматнок дар вақти корӣ дохил шавад;
- аз субъекти бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигареро, ки ба гузаронидани санҷиш вобаста мебошад, талаб намояд;
- ҳуҷҷатҳоро тафтиш намояд, аз онҳо иқтибос гирад, инчунин ҳуҷҷатҳои санҷидашударо бо огоҳ намудани роҳбарияти субъекти дахлдор нусхабардорӣ кунад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок санҷишҳоро бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбиникардаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
4. Субъекти бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад аз рӯи амали мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ва корманди он вобаста ба гузаронидани санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҷиҳати андешидани чораҳо нисбат ба субъекти бозори коғазҳои қиматнок
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои ошкор намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад ба онҳо ҷиҳати иҷрои ҳатмӣ барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузорӣ огоҳинома (амр) фиристонад, субъектҳои мазкурро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад ва ба мақомоти судӣ барои гирифтани қарори суд бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибони коғазҳои қиматнок ва ё мизоҷони иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок муроҷиат намояд.
2. Ҳангоми ба даст овардани далелҳои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бозори коғазҳои қиматнок, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, инчунин барои пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ ва ё нопурра аз ҷониби онҳо ё вақте, ки иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок пардохтнопазир мегардад, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад:
- барои иҷрои ҳатмӣ вобаста ба ислоҳи қонунвайронкунӣ фавран ё дар давоми мӯҳлати муайяншуда огоҳинома (амр) фиристонад;
- чораҳои маъмурӣ андешад;
- бо талаботе, ки  иҷрояш ҳатмӣ мебошад, муроҷиат намояд;
- амали иҷозатномаро ба мӯҳлати то се моҳ муваққатан боздошт намояд;
- бо даъво ба суд барои бекор кардани иҷозатнома муроҷиат намояд.
3. Дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа ё ошкор шудани қонунвайронкунӣ дар фаъолияти ташкилоти қарзие, ки субъекти бозори коғазҳои қиматнок мебошад, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз Бонки миллии Тоҷикистон хоҳиш менамояд ташкилоти қарзии мазкурро санҷад ва тибқи қонунгузории бонкӣ нисбат ба вайронкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ андешад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар хусуси боздошти иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ оид ба фаъолияти иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок муроҷиат намояд.
Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешбурд ва нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳамаи коғазҳои қиматноке, ки барориши онҳо аз ҷониби эмитентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст, дарҷ мегардад.
3. Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи пурраи эмитент;
- маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии эмитент;
- суроғаи ҳуқуқии эмитент;
- намуди коғазҳои қиматноке, ки онҳоро эмитент баровардааст;
- маълумот дар бораи миқдори коғазҳои қиматноки баровардашуда аз рӯи  эмиссияи онҳо ва арзиши номиналӣ аз рӯи ҳар намуди коғазҳои қиматнок;
- намуди пешниҳоде (кушода ё пӯшида), ки барои паҳнкунӣ истифода бурда шуда буд;
- маълумоти дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок.
4. Талабот ба эмитент оид ба тартиб ва ҳаҷми ошкор кардани ахборот дар бораи барориши коғазҳои қиматнок бо мақсади ворид кардан ба феҳристи коғазҳои қиматнок бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар карда мешаванд.
5. Шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ оид ба барориши коғазҳои қиматнок барои ворид кардани он ба Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷм ва тартибе, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар кардаанд, масъулият доранд.
6. Ҳар шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбударо, ба истиснои маълумоте, ки дар қисми 6 моддаи 29 Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, дастрас намояд.
7. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби дастрасӣ ба иттилооте, ки дар он мавҷуд аст, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешаванд.

 

Дидан карданд: 2191

Мавзӯъҳои монанд:

Шакл ва намудҳои қарз

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ

Моҳият ва вазифаҳои молия дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ

Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодӣ бозоргонӣ

Шакл ва намудҳои қарз

Низоми қарзӣ ва ташкили он

Моҳият, зарурият ва вазифаҳои қарз

Оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии таваррум ва танзими он

Таваррум ва намудҳои он

Гардиши пулӣ ва тартиби ташкили он

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: