?атори пулакчаболон ё парвона?о
Дата: 2016-10-05
Наздик 150 000 намуди парвона?о маълум аст. Дар ИДМ 15 ?азор, дар То?икистон наздик 2 ?азор намуд ба рўйхат гирифта шудааст. Парвона?о ду ?уфт бол дошта, бол?о бо пулакча?о пeшида шудааст. Аппарати да?он маканда, ба хартуми дароз табдил ёфтааст. Дар баъзе намуд?о редуксия шудааст. Тара??иёт бо табдили комил. Кирминаи он?о кирмакшакл буда, се ?уфт пой?ои синаг? ва 5 ?уфт пой?ои шикам? дида мешавад. Аппарати да?они кирмина?о хоянда. Аксар кирмина?о ?аёти озод мегузаронанд. Кирминаи баъзе намуд?о дар хок, баъзе намуд?ои дигар дар бофтаи растани?о (барг, чeба ва ?айра), ки аз он ?изо мекунанд, ?аёт мегузаронанд. Зочаашон руст.
Дар байни парвона?о зараркунанда?ои зироат?ои кишоварз? хеле зиёд мебошад. Масалан, бумчашмаки тирамо??, ки бо номи «кирми тирамо??» маълум аст, кирми ?eза, парвонаи карам, пяденитса?о (пяденитсаи зимистона, пяденицаи сосна), пиллатанак?о, (пиллатанаки ?ал?аг? ба дарахтони баргдор зарар меоранд), баргпечонак?о (баргпечонаки дуб) ва ?айра. Мeр (абрешимтанаки ?ал?аг?) ба дарахтони меваг? зарари калон меорад.
?атори парвона?о ба се зер?атор xудо мешавад: баробарболон (J?gata), гуногунболон (F?enata), гурзмўйлабон ё шапалак?ои рўзона (?hopaloct?a)/
Парвона?ои баробарбол ё дараxаи паст майда буда, дар канори бол мeяк?ои дароз доранд. Баъзеашон зараррасони хавфноки кишоварз? мебошанд. Мисол, куя?о, баргпечонак?о ва оташак?о (огневка?о). Куяи хонаг? хеле хавфнок аст. Кирминаи он матоъ?ои пашмин, ?олин?оро мехeрад. Аз баргпечонак?о парвонаи себ ба бо??ои себ зарари калон меорад.
Парвона?ои гуногунбол. Кирминаи он?о дар дохили пилла ба зоча табдил меёбад. Байни ин?о намуд?ои фоиданок дида мешавад. Мисол, парвонаи абрешим, ки хeрокаш барги тут мебошад. Ин парвона дар табиат дар ?олати ёбо? дида намешавад. Тахминан 2,5 – 3 ?азор сол пеш кирми абрешим дар Хитой хонаг? карда шуд. 1кг пиллаи хом то 90 гр. нах меди?ад. Кирмакпарвар? дар замони ?озира дар бисёр мамлакат?о па?н шудааст (ИДМ, Кавказ, Осиёи Миёна, Украина). Парвонаи абрешим бол дорад, вале дар натиxаи хонаг? кунонидан ?обилияти парвозро гум кардааст, хeрок намехeрад. Дар кирминаи он ?адуди нахбарор на?з тара??? кардааст, ки дарозии нахи он то ба 1000м мерасад. Кирмакпарвар? со?аи сердаромад ва му?ими кишоварз? мебошад.
Ба ин гурe? бражник?о, бумчашмак?о дохил мешаванд, он?о ва?ти шом ва шабона фаъол мебошанд. Бражники санавбар ба дарахт?ои сeзанбарг зарари калон меорад. Бумчашмаки тирамо??, бумчашмаки пахта, карамхeрак, пяденитса?о ба зироат?ои кишоварз? зарари калон мерасонанд.
Просмотр: 917