|

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-14

-шиновари   археологи ба худ дохил мекунад : -кофтуковҳои киштиҳои  гаркшуда ,аз ҳама бисёртар  дар   ҷазираҳои Оркнейски  дар шимоли соҳили Шотландия   ҷойгир мебошад;
-иштирок дар тахлилхои илми : -  шиновари дар обҳои хунук  яккатор ҳавасмандони ин намуд дар он акидаанд, ки   баҳрҳое, ки ҳарорати онҳо паст мебошад, дар таркиби онҳо намояндагони  гуногуни оби шино мекунанд.
Яке аз каламравҳои байналхалқи, ки барои туризми экологии баҳри таалуқ  дорад инҳо ба шумор мераванд: Гулугоҳи  Принс Вилян (Аляска, ШМА )-круизхо ва шинокардан дар байдаркаи баҳри; гулугоҳи (пролив) Чонстон (Калумбия, Канада) –заврақи   экскурсия бо байдар, тамошо кардани  касадкаҳо ва ғайра .
Спелеотуризм ба монанди дайвинг мебошад. Хусусан ин намуди туризм нигоҳдори релефҳои  асоси, беҳатари худи туристон ва беҳатар нигоҳ доштани комплекси табиат, чалбнамудан бафаъолияти соҳаи туризм. Захираҳои ин намуди туризм ин  мағораҳо (пещеры) ва комплексҳои магораҳо мебошад. Шумораи магораҳое, ки бисёртар диккати туристонро ҷалб мекунад:  Гори Новоафони- яке  аз  ёдгориҳои табиати Абхазия ба ҳисоб меравад. Гор (пещера) соли 1961 кушода шуда буд, дар соли 1975 тунели сунъи сохта шуд ва аввалин туристон ҳамон сол онро тамошо карданд. .Толорҳои гуногуни гор нотакрори онро муайяннамуда дар ҷаҳон шуҳрати баланд дорад. Андозаи ин магора: дарозиаш 260м, баландиаш 50м ва бараш   75м-ро ташкил мекунад.
Муҳофизати мағора – ин натанҳо нигохдори  объектҳои туристии нотакрор, дар зинаи аввал  нигохбини оби тозаи нушоки, нигоҳбини лабараторияи табиати нотакрор, нигохдори маълумот дар бораи эпохаи гузашта.
Шикори варзиши дар қаламравҳои муҳофизати табиат –яке азнамудҳои туризме, ки диққати ҷиддӣ   ва   боақлона(грамотно)  ташкил намудани турро дар назар дорад. Одатан дар паркҳои миллӣ  шикорнамудан манъ аст, вале дар як қатор паркҳои миллӣ шикоркардан мумкин аст; мисол парки миллӣ дар ҷазираи Гавай шикор ба хукҳои ёбоӣ, дар парки миллӣ  Зеландияи Нав ба оҳу ва  шоҳгавазнҳо шикор мекунанд.
Вобаста ба тавсияҳои (рекомендации)  ТУТ/ ОПТ   ва   ЮНЕП бояд шартҳои зеринро барои ташкил намудани шикори варзиши иҷро шавад.
-муайяннамудани усули шикор;
-муносибкардани афзоиши ба даст омада ;
-камнамудани муддати мавсим ;
-минтақаҳое, ки дар онҷо шикор намудан мумкин аст ;
-ташкил намудан   барои  ҷамъкардани  партовҳо.

          Минтақаҳои байналхалқӣ ва марказҳои туризми экологӣ.
Аврупо: Масоҳати он 10498 хазор км2 дарбар мегирад. Тавсифномаи   минтақаи Аврупо (дар чадвали 5)  нишон дода шудааст. Нигоҳ накарда ба масоҳати на он қадар калон табиати Аврупо гуногун мебошад. Аврупо ҷойи намоёнро барои инкишофи туризм  ишғол менамояд.  Ба ҳиссаи ҳамаи мамлакатҳои Аврупо 18 фоизи аҳолии кураи замин зиндагӣ мекунад, зиёда аз 70 фоизи бозори байналхалқӣ  туристи ва тақрибан  69 фоизи  асъорҳои воридшуда рост меояд. Яке аз минтақаҳое мебошад, ки туристон зиёд  ворид мешавад, ва намуди туризми экологӣ дар ин   минтақа  хело   инкишоф ёфтааст.
Амрикои Шимолӣ –сеюм континенти кураи замин   ба ҳисоб меравад. Масоҳаташ 24238хазор км2-ро дарбар мегирад ва ба он  Греландия ва
ҷазираи   Баҳри Кабир  дохил мешавад. Маълумотҳои ченаки   қаламрав зичи аҳоли ва сатҳи урбанизатсия нишон дода шудааст (дар ҷадвали 6).
Дар худи Канада 34- парки миллӣ мавҷуд аст, ки дар онҷо ин намуди туризм инкишоф ёфтааст. Ва яке аз  ҷойҳои   истироҳати  (туристони хориҷи) ба ҳисоб меравад.

ҷадвали 5

 

 


п/п

 

 

Номгўи минтақаҳо

 

 

 

Масоҳат
км2

 

 

Зичи аҳолӣ,наф.
ба 1 км2

 

 

Аҳолии
Шаҳр%

 

 

Аҳолии
деҳот%

 

1

 

 

Аврупои Шимолӣ

 

853090

 

30

 

84

 

16

2

 

Скандинаваи ҷанубӣ
ва Дания

 

456564

 

61

 

87

 

13

 

3

 

Ҷазираҳои Британи

315160

 

 

291

 

87

 

13

 

4

 

Мамлакатҳои Бенилюкс

 

73016

 

302

 

92

 

8

5

 

Германия

 

356910

 

229

 

86

 

14

 

6

 

Фаронса

 

 

 

 

 

7

 

Нимҷазираи  Пиринс

597170

80

69

31

8

Нимҷазираи Альпи

301270

196

69

31

9

Мамлакатҳои Алпи

94275

175

58

42

10

Аврупои Маркази

522180

124

65

35

11

Балкани Ғарбӣ

162135

140

44

56

12

Балгория ва Гретсия

263164

95

65

35

13

Румыния, Молдова, Украина

867740

92

62

38

14

Мамлакатҳои Балтии ва Белоруссия

375656

49

69

31

15

Россия

17075400

9

74

26

ҷадвали 6

Таснифномаи асоси Канада, ШМА,Мекихо

 

 

Номгўи минтақаҳо

 

Масоҳат км2

 

Зичии аҳолӣ наф ,ба 1км2

 

Аҳолии шаҳр%

 

Аҳолии деҳот%

1

Канада

9220970

3

78

22

2

ШМА

9166600

28

75

25

3

Аляска

1518800

0.3

68

32

4

Гавай

16759

69

89

11

5

Мехико

1958200

46

74

26

                                                                                                                  

  Амрикои Маркази ва Ҷанубӣ  аз ҳама кураи замин, ки дорои  табиати гуногун ва нотакрор  нигоҳ дошта шудааст. Маълумотҳо дар  бораи  қаламрав, зичи аҳоли ва сатҳи урбанизатсияи   минтақаи Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ  нишон дода шудааст (дар ҷадвали  7).
ҷадвали 7


№ п/п

Номгуи минтақаҳо

Масоҳат км 2

Зичи аҳолии наф ,ба 1км 2

Аҳолии шаҳр  %

Аҳолии деҳот %

1

ҷазираҳои БассейнииКабир

229005

153

45

55

2

Амрикои Марказӣ

509640

60

47

53

3

Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ

2879060

19

78

22

4

Амрикои Ғарбӣ ва Шимолӣ

2641230

16

64

36

5

Бразилия

8511970

19

77

33

6

Амрикои Ҷанубии ҷануб

3882790

13

83

17

         Як қатор  минтақаҳое ҳаст, ки дар онҷо туризми экологӣ инкишоф ёфтааст: Африка- масоҳаташ 30335 ҳаз км2 ; Осиё -43608 ҳаз км2 ; Австралия ва Океания –масоҳаташ  8508238 км 2-ро дарбар мегирад .
Тоҷикистон минтақаи туризми экологӣ.
Масоҳати қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  143,1 ҳаз км 2-ро дарбар мегирад. Қаламрави ҷумҳури на он қадар калон бошад, ҳам  22% -и он минтақаи туристии экологӣ эълон шудааст. Яке аз функсияҳои асоси муҳофизати табиати беҳамто, ёдгориҳои таърихӣ ва меросӣ фарҳанги мамлакат барои наслҳои оянда .
Вобаста ба таҳлилҳое, ки соли  2004 гузаронида шуда буд  масоҳати  умуми  қаламрави   миҳофизати табиат   3,1млн  гектарро ташкил медиҳад,, ки он ба худ 4 –мамнуъгоҳ, ки масоҳати умумиаш 173418 гектар,13-парваришгоҳ, ки масоҳаташ 313260 гектар, як парки милли, ки масоҳаташ 2,6млн гектар, як парки таърихии табии  масоҳаташ -3000 гектар ва як парки табии масоҳаташ 3805 гекрарро ташкил медиҳад.
Парки миллӣ, мамнуъгоҳи табиӣ ва қаламравҳои асоси                               муҳофизати   Тоҷикистон.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»  соли  1938 ташкил шуда,  масоҳати умуми 49,7 ҳаз гекрарро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷануби ҷумҳури дар баланди  300-500м ҷойгир мебошад. Мақсади асоси ташкил намудани он ин   нигоҳ доштани бешаҳои туқайзори аҷиб ( 24ҳаз гектар бешаи туқайзор ), ҳамчунин ҷангали Осиёи Миёна номгузори  шудааст. Афсус, ки дар мамнуъгоҳ паланг нигох дошта нашуд, аммо дар қаламрави мамнуъгоҳ оҳуи бухороӣ,  гурбаи қамишӣ, бузи даштӣ, фазан, кофтори ало(гиена полосатая),, аз он ҷумла намояндагони фауна  нигоҳ дошта шудааст .
Мамнуъгоҳ дар Вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, ки аз шахри Душанбе то мамнуъгоҳ бо мошини сабукрав  4-соат роҳ мебошад. Нархи сафар то объект бо такси 7- долл ва бо автобус 4-долл  амрикоиро  ташкил медихад. На он қадар дуртар аз мамнуъгоҳ нуқтаи таҷили мавҷуд аст, ва барои туристон ва тамошобинҳо   нуқтаҳои  хуроки миллӣ   барои туристон тайёр мекунанд. Нархи онҳо  тақрибан барои ношуста(завтрак) 2-2,5 долл,  хуроки нисфирузӣ (обед)  3-4 долл ва хуроки шом  4-5долл барои як турист рост меояд .
Ба ғайр аз пардохти хизматрасони, барои ҳар як турист дар қаламрави мамнуъгоҳ истоданашон 1долл амрикои пардохт мекунанд.
Мамнуъгоҳи «Ромит »  соли 1959 ташкил шудааст,  масоҳаташ  16,2 хаз гекрарро ташкил медихад. Қаламрави мамнуъгоҳ серхорсанг  ва манзараҳои  сангин  иҳота мекунад, ки дар баланди  1176-3195м  аз сатхи баҳр ҷойгир мебошад. Яке аз дастовардҳои ин мамнуъгоҳ: ин ба таври сунъӣ парвариш намудани оҳуҳои бухороӣ, нигоҳ доштани комплекси генофондии табии мебошад.
Мамнуьгоҳ дар хушманзараи Дарёи Ромит, на он қадар дуртар аз шаҳри Ваҳдат ҷойгир мебошад. Мамнуъгоҳ 80-км дуртар аз шахри Душанбе ҷойгир мебошад. Ворид шудан ба қаламрави мамнуъгоҳ ташкил мешавад, бо розиги  маъмурияти мамнуъгоҳ ва бо наклиёти муайян карда шуда. Дараи Ромит минтақаи туризм эълон шудааст ва ба туристони воридшуда маъмурияти мамнуъгоҳ хизматҳои туристӣ, ва аз он ҷумла экскурсия бо забони англисӣ пешниҳод мекунанд.
Мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум » соли 1983ташкил шудааст, аз тарафи ҷануб  қатор куҳҳои Дарвоз, масоҳаташ 19,7 ҳаз гектарро ташкил медиҳад.   Мақсади ташкил намудани   мамнуъгоҳ дар қаламрави Осиёи Миёна дар он буд:  бузи винтороги, морхура  ва аз он ҷумла гусфандҳои ёбоӣ, ки дар Осиёи Миёна  мавҷуд аст, нигоҳ дошта мешавад .Мамнуъгоҳ дар Ноҳияи Шурободи Вилояти Хатлон чойгир мебошад.
Дар мамнуъгоҳ бештар намудҳои туризми экологӣ, варзиши –куҳӣ ва шикори сурати (фотоохота)  инкишоф додан мумкин аст.
Мамнуъгох дорои флора ва фаунаи гуногун, аз он ҷумла  дорои манзараҳои аҷиб мебошад. Яке аз хусусияти асоси ин мамнуъгоҳ дар он аст, ки  дар онҷо  бузҳои винторогӣ мавҷуданд, ки дар ҷаҳон шумораи онҳо хело кам мондааст, ва дар китоби сурхи   байналмилали қайд шудааст.
Мамнуъгоҳи «Зоркул»  соли 2000-ум  ба ҷойи базаи парваришгоҳи Зоркул ташкил шудааст. Масоҳати умумияш 87,7 ҳаз гектарро ташкил медиҳад, ва дар қаламрави Мурғоб ва Ишкошими   ВМКБ  ҷойгир мебошад.
Мақсади ташкил намудани мамнуъгоҳ  ин муҳофизати комплекси   табиати Шарқи Помир  мебошад. Системаи асоси қаламрави муҳофизатии табиати Тоҷикистон  ҳама манзараҳои гуногуни табиатро дарбар мегирад.
Бо шарофати он тақрибан 1200- намуди растани, 85 -намуди ҳайвоноти ширхур, 10 –намуди   ҳайвоноти хазанда ,49-намуди моҳи ,346-намуди
паранда, ки бисёри онҳо шуҳрати байналҳалки доранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 162-объекти туристӣ мавҷуд аст парваришгоҳ: Дар  қаламрави   ҷумҳурӣ  13-парваришгоҳ ташкил шудааст, ки аз он    8-тояш  комплексӣ мебошад: Зарафшони, Искандар кул, Чилдухтарон, Сангвори, Мазкури, Октоши, Қаратоғ, мақсади ин комплекси  муҳофизати табиат  дар нигоҳдори  гусфанди севертсова, фазани зарафшонӣ, ғози куҳӣ ,гусфандӣ куҳӣ, паланги барфӣ  пистаи редколесӣ  ва ғайра мебошад.
-3 парваришгоҳи    ботаникӣ:- Сайватини, Кусавилсайи  ва Алмосини, ки барои нигоҳдори  арчаи ҷангалӣ ва барқарор намудани ҷойҳое, ки унгерни Виктор   меруяд,  пешбинӣ шудааст.
-2парваришгоҳи зоологӣ  Дашти Чум ва Камаров пешбинӣ шудааст, барои нигоҳдори  бузи винтороги «морхур », нигоҳбини  хирси тян –шуни  ва ғайра.
Масоҳати умумии парваришгоҳ  31326гектар, ё ки  35 фоизи қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Парваришгоҳи калонтарин Мозкули, ки дар Помир ҷойгир мебошад, масоҳаташ  66,9ҳаз гектар, ва аз ҳама хурдтарин дар  Зарафшон дар  куҳҳои «Фон»   ҷойгир мебошад, ки масоҳаташ 2,3 ҳаз гектарро  ташкил медихад.
Мақсади дигари ташкил намудани  парваришгоҳ аз  он ҷумла  ин нигоҳдори  захираҳои табии,муҳофизати манзараҳои  аҷиб, қаламрави  рекриатсионӣ ва  ёдгориҳои табиӣ   мебошад .
Парки миллии Тоҷикистон   (ПМТ)  соли 1992 20-май таҳти рақами №267 аз тарафи Вазирони ҶумҳурииТоҷикистон  ташкил  шудааст.
Мақсад-мустаҳкам намудани муҳофизати табиат, захираҳои табиӣ, намудҳои флора ва фаунаи нобуд шуда истода, минтақаҳои экологӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ табиат, ташкил ва инкишофи  туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Парки  миллии Тоҷикистон   қисми   Вилояти   Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тавилдараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дарбар мегирад. Парки миллии Тоҷикистон  калонтарин ва асоситарин  қаламрави  муҳофизати  ҷумҳурӣ  (ва Осиёи Марказӣ )  ба ҳисоб меравад.
Масоҳаташ 2,6млн гектар, ё ки  18%-ро ташкил мекунад аз  масоҳати умуми Тоҷикистон ,60% -и қаламрави (ВМКБ) дарбар мегирад .
Парки   миллии  Тоҷикистон соли 2030 статуси   биосфериро доро шуда  ба ЮНЕСКО дохил мешавад. Дар ин равия    кор карда истодаанд.
ПМТ – ба нақша гирифтааст,  бо маҳаллҳое, ки дар гирду атрофи  парк  истиқомат  мекунанд, ҳамкори карда ва барои (ҳама гуна чорабиниҳо,  инкишоф додани  системаи хизматрасони кумак расонанд), ва аз ҳисоби он   мизди меҳнати  ва  даромади иловагӣ пайдо кунанд.
Парки  табию фарҳанги «Ширкент»  дар қариби шаҳри Турсунзода  70 км дуртар  аз шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.   Парк пешниҳод мекунад :  ташкил намудани турҳои   куҳи-варзишӣ,  рекриатсионӣ, тамошо кардани   захираҳои табии  ва ғайра.
Пеш аз  ворид шудан ба қаламрав  бояд  заявка  барои нақлиёти муайян додан даркор аст.
Парки табии «Сари Хосор»  дар  нохияи  Балҷувон  ҷойгир мебошад.. Бо Қарори   Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ноҳияи Балҷувон  минтақаи  туризми байналхалқӣ эълон шудааст.  Масоҳати парк зиёда  аз  300км дуртар  аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Чи   хеле, ки  маълум шуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи шароит барои инкишоф додани туризми экологӣ  мавҷуд аст, барои мустаҳкам намудани он бояд:
-маблағгузорӣ ба ин намуди туризм;
- мутахассисон ба ин соҳа ;
-мустаҳкам намудани   инфрасохтор ;

        
- беҳтар намудани  сатҳи реклама  дар соҳаи туризм;

Дидан карданд: 2456

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: