|

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 2)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-02-16

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 
Варианти 2
Мантро хонед ва ба саволҳои 1-9 ҷавоб нависед.
Навои танбӯр... Танбӯр дар дасти мутриби чирадаст наво намекунад, менолад, фарёд мезанад. Ӯ гӯё оламу одамро фаромӯш карда, дар мадори наво, дар фазои садо парвоз дорад. Танбӯр меноладу ҳикоят мекунад аз гузаштагон, аз рӯзгорони талху ширини ниёгон.
Танбӯрӣ гӯё на ба торҳои танбӯр, балки ба торҳои дили худ нохун мезанад. Рӯҳу равон ба наво меояд, тамоми ҳастии инсон бо торҳо ҳамнаво мегардад. Рӯҳнавоз аст навои танбӯр, дилнавоз аст садои танбӯр...
Чӣ сеҳре дорад садои танбӯр? Аҷиб он аст, ки тамоми “Шашмақом” дар пардаҳои танбӯр ҷо гирифта. Ҳама мақому оҳангҳо ба василаи овози танбӯр арзи вуҷуд намуда, бо сози он оғозу анҷом меёбанд... 
Ҳасани Кавкабӣ дар “Рисолаи мусиқӣ” мегӯяд:
“Танбӯр созест қадим. Танбӯра дар забони паҳлавӣ аз ҷузъҳои тан – дил ва бӯра – харошидан сохта шуда, яъне дилхарош”.
Оре, бо чунин садо, бо чунин наво бояд танбӯрро сози дилхарош номид (Ш.Ҳ.)

1.  Ҳангоми талаффузи калимаи “танбӯр” (тамбӯр) кадом ҳодисаи фонетикӣ  ба амал меояд?

А)           ихтисоршавии овозҳо               С) монандшавии овозҳо

В)           ҷойивазкунии овозҳо                D) афтидани овозҳо

2.  Кадом вожа бо калимаи “мутриб” ҳаммаъно (муродиф) аст?

А) танбӯр           В) танбӯрӣ         С) наво                D) мақом

3.  Матн дар кадом услуби баён навишта шудааст?

А) публисистӣ                                 В) расмӣ (коргузорӣ)                   С) бадеӣ             D) илмӣ

4.  Ибораи фразеологии “ба тори дил нохун задан” бо кадоме аз ибораҳои  додашуда ҳаммаъно аст?   
                                     
А)           шикам танбӯр навохтан            С) дили худро хӯрдан

В)           дилро ба шӯр овардан               D) ҷигар хун кардан

5.  Калима ва таркибҳои кадом банд ҳамқофияанд?
А)           рӯҳнавоз, дилнавоз; дар мадори наво, дар фазои садо
В)           рӯҳ, равон; бо садои танбӯр, дар пардаҳои танбӯр
С)           мутриб, танбӯр; ба василаи овози танбӯр, бо навои танбӯр                
D)           танбӯрӣ, танбӯра; ба торҳои танбӯр, ба торҳои дил
6.  Сифати “рӯҳнавоз”-ро боз чӣ гуна ифода кардан мумкин аст?
А)           равонпардоз    В) ҷонгудоз       С) рӯҳпарвар    D) рӯҳфарсо

7.  Мақсади нависанда аз саволи риторикии “Чӣ сеҳре дорад садои танбӯр?” чист?
А)           мехоҳад бидонад, ки садои танбӯр чӣ сеҳре дорад
В)           мехоҳад мақсади худро таъсирбахш ифода намояд
С)           пурсидан ва фаҳмидани ин ки навои танбӯр чӣ таъсире дорад
D)           мехоҳад таъкид кунад, ки “Шашмақом” дар пардаҳои танбӯр ҷо гирифтааст

8.  Дар кадом ҷумла тағйир додани ҷойи муқаррарии аъзоҳои ҷумла  (инверсия) дида мешавад?
А)          Танбӯр дар дасти мутриби чирадаст наво намекунад, менолад, фарёд мезанад
В)           Ӯ гӯё оламу одамро фаромӯш карда, дар мадори наво, дар фазои садо  парвоз дорад
С)           Танбӯр ... ҳикоят мекунад аз гузаштагон, аз рӯзгорони талху ширини ниёгон
D)           Танбӯрӣ гӯё на ба торҳои танбӯр, балки ба торҳои дили худ нохун мезанад

9.  Муайян кунед, ки кадом тарзи ифодаи ҷумлаи “Танбӯр созест қадим” дуруст аст?
А)           Танбӯрсоз қадим аст                    С) Танбӯр аз қадим соз аст
В)           Сози қадим танбӯр аст               D) Танбӯр сози қадим аст

10.  Сурудҳои “Шӯриши Восеъ”, “Шӯриши Қаландаршоҳ” ва “Шӯриши Усмонҷон” ро аз рӯйи кадом хусусияташон сурудҳои таърихӣ номидаанд?

А) дар ин сурудҳо дар бораи воқеаю корномаҳои шахсони таърихӣ ва миллӣ ҳикоя шудааст
В) дар ин сурудҳо дар бораи таърихи миллат, ташаккулёбии халқи тоҷик ҳикоя мешавад
С) таърихи ташаккулёбии халқи тоҷик дар ин сурудҳо дар шаклҳои гуногуни шеърӣ баён гардидааст
D) таърихи ташаккулёбии халқи тоҷик дар ин сурудҳо дар шаклҳои рубоӣ, ғазал ва марсия баён гардидааст

11.  Ҷумлаи “Ҳамаи қишлоқ медонад, ки шумо ошиқи шайдои раис шудаед” ба  маънои кадом зарбулмасал мувофиқ аст?


А)           Дил - дили Зайнаб                    С) Офтобро бо доман пӯшида намешавад
В)           Дили нохоҳам узри бисёр        D) Он чӣ дар дег аст, дар чумча меояд             
12.   Абулқосими Фирдавсӣ бо гуфтани байти зерин ба кадом масъала ишора  намудааст?
Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,
Чунин бахти бедори ӯ хуфта монд.
А)           марги шоир Муродӣ ва ногуфта мондани шеърҳои ӯ
В)           аз ҷаҳон рафтани Рӯдакӣ ва мондани ҳикмати ӯ
С)           вафоти Марзбон писари Рустам ва боқӣ мондани “Марзбоннома”
D)           ҷавонмаргии Дақиқӣ ва нотамом мондани “Шоҳнома”-и ӯ

13.  Кадоме аз ин рӯйдодҳо ба ташаккули шахсияти Садриддин Айнӣ таъсири  ҷиддӣ ва бештаре расонидааст?

А) ба хизмати Садри Зиё даромадан ва шиносоӣ бо аҳли илму фарҳанги Бухоро
В) инқилоби феврали соли 1917 дар Русия ва вусъати фаъолияти ислоҳталабии ҷавонбухориён
С) таъқиби маорифпарварону озодихоҳон аз тарафи амири Бухоро ва 75 чӯб зада ба зиндон партофтани Айнӣ
D) ҳодисаи Колесов дар соли 1918 ва ба қатл расидани бародараш Сироҷиддин

14.  Аз ҷумлаи зерин муайян намоед, ки сухан дар бораи кадом асар аст.   “Бидон эй писар, ки ман дар чиҳилу чаҳор боби ин китоб дар ҳар фанне, ки  донистам, чунонки тавонистам, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе сухане чанд туро насиҳат кардаму панде бидодам”.

А)           “Андарзнома”-и Бузургмеҳри Ҳаким
В)           “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус
С)           “Насиҳат-ул-мулук”-и Муҳаммади Ғазолӣ
D)           “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ

15.  Шарҳи дурустро вобаста ба ду байти Тошхӯҷаи Асирӣ муайян намоед. 

Шумо дар асл одамзодагонед,
Шумо устоди олимзодагонед.
Шумо оварда қонуни тамаддун,
Шумо парварда гулзори тафаннун.
А) шоир ҳамватанони худро ба илмомӯзӣ ва забондонӣ ва маърифатпарварӣ даъват менамояд
В) шоир ба ҳамватанони худ таъкид менамояд, ки бо илмомӯзӣ дар байни халқҳои дигар мавқеъ пайдо намоянд
С) шоир таълим додан ба касонеро зарур мешуморад, ки соҳиби маданият ва одами хуб бошанд
D) шоир ба таърихи миллати худ назар карда, халқи фарҳангӣ ва дорои тамаддуни қадима будани онро таъкид менамояд

16.  Маънои ибораҳои фразеологии сутуни чапро аз сутуни рост муайян намоед.


А)  дилхун шудан                          1)  аз сухан ё кори касе хафа шудан, ранҷидан                            

B)  дил пур шудан          

2)  аз ниҳояти ғамгинӣ ба дараҷаи        
Ҷавоб:
гиря расидан

C)           ба дил гирифтан  3)  безор шудан, дилгир шудан аз чизе 

D)           ба дил задан     4)  дар бораи чизе фикр кардан            

5)  ғам хӯрдан, руҳан азоб кашидан     





17.  Ба ҷойи нуқтаҳо ҳиссачаҳои мувофиқро гузоред.


А)           ... худат ба чашмат дидӣ (Ф.Ниёзӣ)                     1)  магар                            

B)           ... ҳанӯз дилатон хунук нашудааст? (С. Айнӣ) 

C)           Набошад, ... ман ҳам рафта пурсида биёям    ( Ҷ.Икромӣ)                      
2)            биё

3)            мана      

Ҷавоб:

                                                                                 
D)  Рашидов бошад, тамом ором ва осуда       4)  кошкӣ            менишаст, ... дар лабони вай андак  табассум менамуд (Ҷ.Икромӣ)
5)  ҳатто               
18.  Робитаи байни падидаҳо ва мафҳумҳои сутуни чап ва ростро (асрҳои VIII ва  IX) муайян намоед.


А)  Зуҳури адабиёти тоҷик        дар қолаби забони арабӣ        1)  тарғиби ғояҳои миллию      озодихоҳӣ, ифтихор аз аслу насаб ва гузаштаи пурифтихори ватан             

B)           Нажодпарастии арабҳо,  даъвои онҳо дар бораи бартариашон бар халқҳои дигари хилофат

C)           Ҳифзу эҳёи дороиҳои                  фарҳангу адаби тоисломӣ ва ворид намудани он ба тамаддуни исломӣ

D)           Муҳтавои асосии адабиёти  арабизабони тоҷик


2)            тарҷумаи асарҳои “Калила       ва Димна”, Синдбоднома”, “Худойнома” ва ғ. аз забони форсии миёна ба арабӣ

3)            барқарор кардани  истиқлоли сиёсӣ ва адабиву фарҳангӣ дар Эронзамин

4)            вокуниши эрониён, ба вуҷуд  омадани ҷунбиши шуубия

5)            ба майдон омадани адибони                 Ҷавоб:
эронитабори арабизабон Ибни Муқаффаъ, Башшор ибни Бурд, Исмоил ибни
Ясор ва Абдулҳамид ибни
Яҳёи Котиб 

19.  Муайян намоед, ки суханҳои дар сутуни чап додашуда дар бораи кадом  адиб (сутуни рост) гуфта шудааст.
А)  Ҳар киро бузургию неъмат  аз ину аз он бошад, ӯро бузургию неъмат аз Оли Сомон буд                            1)  Абӯабдуллоҳи               
Рӯдакӣ                               

B)           Аз ҷавонӣ хӯйи бад ӯро ёр буд  ва оқибат аз ин хӯйи бад ба дасти  яке банда кушта шуд

C)           Басе ранҷ бурд ба бисёр сол ва Аҷамро ба порсӣ зинда кард

D)           Дар бораи асараш яке аз мухолифонаш гуфтааст: “   


2)            Абулқосими Фирдавсӣ

3)            Умари Хайём

4)            Абӯалӣ ибни Сино         

Ҷавоб:
... агар Буқрот ва Ҷолинус  зинда шаванд, раво бувад, 
ки пеши ин китоб саҷда кунанд” 
5)  Абӯмансури               
Дақиқӣ 

20.  Мавзӯи асарҳои Сотим Улуғзодаро (сутуни чап) аз сутуни рост муайян намоед.


А)  “Ёрони боҳиммат”                                 1)  муборизаи гузаштагони халқи тоҷик бар зидди истилогарони араб                          

B)           “Ривояти суғдӣ”

C)           “Фирдавсӣ”

2)            ҳодисаву воқеаҳо дар Бухорои Шарқӣ дар охири асри XIX, ки пояи ҳукумати Манғитиёнро ба ларза овард

3)            воқеаҳои Ҷанги Бузурги 
Ватанӣ, ҳаёт дар ақибгоҳ




Ҷавоб:
D)  “Восеъ”   4)  ҳаёту фаъолият, ватанпарастиву  хештаншиносии як ҳакими ҳақҷӯву ростгӯ

5)  моҷарои падару писар (дар              
Ҳиндустон) ва ҳифзи ватан 

Дидан карданд: 3900

Мавзӯъҳои монанд:

Пешномнависӣ

ДОВТАЛАБ КАЙ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 3)

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 2)

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 1)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: