|

Намудҳои туризми экологӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-14

Треккинг ё ки туризми пиёдагард – яке аз намудҳои туризми паҳн гашта ба ҳисоб меравад. Туризми пиёдагард тайёри махсус ва лавозимоти махсусро талаб намекунад. Бесабаб нест, ки маршрутҳои пиёдагард машҳурияти худро гум накардааст, ва яке аз намудҳои  серталаб ба ҳисоб меравад, барои минтақаҳои саноати инкишоф ёфта ва урбанизми  (шаҳришавӣ).
Ин намуди туризм бисёртар дар мамлакатҳои инкишоф ёфта; ШМА ва Германия ба чашм  мерасад, ки онҳо бештар вақтҳои истироҳати худро ба туризми пиёдагардӣ сарф мекунанд. Ҳамин хел амрикоиҳо истироҳат мекунанд дар пейзажҳои миллӣ, пайроҳа; аврупоиҳо бошанд; - ба маршрутҳои пиёдагардӣ Норвегия, туристон аз дигар мамлакатҳо бошад, барои тамошои пайроҳаи Инков ва Андек  ва ғайра.
Аммо туристони пиёдагард ба табиат зарари эстетикӣ ва экологӣ мерасонанд. Зарари эстетикӣ бисёртар бо партовҳо алоқамандӣ дорад, ки бисёртар аз қафои худ гурўҳҳое, ки инструкторони бепарво доранд, партофта мераванд; зарари экологӣ бошад дар он зоҳир мегардад, ки туристон ба табиат зарари моддӣ мерасонанд; дарахтонро мебуранд, растаниҳои фойданокро барои табобат ҷамъ мекунанд, гулҳои нодирро мекананд ва ғайра.
Ба маршрутҳои пиёдагарди байналхалқӣ дохил мешавад;
- пайраҳои пейзажи Аппаласи дар ШМА масофаи умуми 3473 км  дарбар мегирад; аз Аппала ва 14- штатхои Амрико мегузарад;
- пайроҳаи Инков дар Перу – роҳи қадима буда, дарозиаш 33 км, ҷойгир мебошад, дар маркази Андох аз шаҳри Куско то шаҳри Магу- Пингу;
- маршрути Альпҳои Япония дарозиаш 38 км, сар мешавад аз шаҳри Комикот, мегузарад аз куҳҳои Яри ва Хатока;
- маршрути Оверленд – Трэк дар ҷазираи Тастания дар Австралия дарозиаш 80 км, мегузарад аз манзароҳои Альпи ва умуман ҷойхои номокуи (необитаемой).
Сайёҳат бо нотуралистон – якқатор турҳои экологи гуногун вуҷуд дорад, ки роҳбари мекунанд; олимони – нотуралистон мисол турҳои ботаникҳо ба худ дохил мекунад; шиносои бо растаниҳои тропики, ҷанголҳо, степей, тундра ва хоказо. Чунин гуногуниро дар зоология, орнитологи  (шиносои бо парандаҳо), этномоги (шиносои бо ҳашаротҳо), ихтиологи  (шиносои бо моҳиҳо), геологи ва дигар турҳо.
Нақши асосиро дар сафар бо нотуралистон олимони, ки экскурсонтҳоро бо ҳаёти табиат шинос мекунанд, мебозанд.
Маълумотҳои онҳо  ҷаҳонбини экотуристонро васеъ намуда нақши асосиро барои нигоҳдори табиат мебозад. Яке аз минтақаҳои байналхалкие, ки барои нигоҳбини парандагон машгул аст, инҳо ба шумор мераванд;
- ботлоки субтропики Эверглейда (ШМА);
- ҷангалҳои тропики Косто – Рико;
- ботлокҳои экосистемави дар маҳалли  Пантанал (Бразилия);
- води калони Рифтова (Кения);
- каламрави парки миллии Какаду (Австралия);
- нимҷазираи Антарктида (Антрактика);
Минтақахои номбар шуда маънои онро надоранд, ки онҳо шавқовар мебошад, балки тарзи қабули хуби туристон ба ин минтақаҳо, шумораи онҳоро зиёд мекунад.
Сафару сайёҳат бо вилосипед – дар яке аз мамлакатҳо вилосипед намуди асоси нақлиёт ба шумор меравад, асосан ин давлатҳои Осиё мебошад. Бинобарин дар Аврупо тенденсияи истифодабарии микдори вилосипедҳо зиёд шуда истодааст, бо баробари ин ҳар як оила метавонад, як ё якчанд мошини  сабукрав дошта бошад.Баргаштани ин намуди нақлиёт ба табиат зараре намерасонад. Мисол дар Финляндия ба ғайр аз роҳҳои  автомобилгард, роҳҳои вилосипед сохта шудааст, ва аз он фаъолона истифода мебаранд.
Се шакли асоси вилосипед вучуд дорад; роҳи, куҳи, кроссови.
Вилосипеди роҳи – барои кучаҳо пешбини шудааст бо шинаҳои борик ва колисаи тунук; Вилосипеди куҳи бо шинахои рефлени паҳн ва рессарҳои махсус барои зарбаҳоро хис накардан; Вилосипеди кроосави – ду гибрид, аз вилосипедҳои номбаршуда фарқ мекунад, ва беҳтар мебошад. Яке аз маршрутҳои машҳури вилосипеди дар куҳҳои Скалисти Канада, ва парки милли Бонф ва Часпер ҷойгир мебошад.
Сафару сайёҳати савора (верхом) –аспсавор ва (вьючены) ҳайвонҳо дар туризми экологи васеъ истифода бурда мешавад, ҳам барои туристон ва ҳам барои боркаши лозим мебошад.
Туризми аспи (конный туризм) –яке аз намудҳои туризми паҳн гашта ба ҳисоб меравад .Туризми аспи дар тамоми ҷаҳон инкишоф ёфта  истодааст. Маршрутхои   саворагарди гуногун  мебошад : онҳо аз махаллхои куҳсор ,аз уҷасткаҳои  оби (переправа); аз уҷасткаҳои барфи ,ки аз 50-80см  боло набошад  метавонанд гузаранд. Маршрутҳои саворагарди маҳдудиятҳои худро дорад : аспсаворон набояд бо роҳи мошингард   ҳаракат намоянд .
Дар байни маршрутҳои саворагардон, ки шуҳрати байналхалқи доранд,  инҳо ба шумор мераванд: паркҳои милли  ШМА, Колифорнияро мисол овардан мешавад, ки   барои  ба ин турҳо рафтан бояд як сол пеш ҷойро брон намудан лозим аст.
Тоҷикистон метавонад ин намуди туризмро дар Сари Хосори   Вилояти Хатлон инкишоф диҳад.
Ба ғайр аз аспҳо барои гузаронидани турҳои экскурсиони аз дигар намуди ҳайвонот истофода мебаранд. Ҳамин тавр  дар парки милли Читан дар Непала пешниҳод мекунанд,  сайру сайёҳат бо филҳо .
Турҳои дохили оби –ҳам бо талабот ва маршрут аз дигар намуди туризм фарқ мекунад. Турхои байдари, каякинг, маршрутхо бо истифодаи катомаранг ва плотхо ва гайра: -сайру сайёҳат, ки ба муҳити атроф  зарар   намерасонад.
Шумораи чойҳое, ки дар ҷаҳон  машҳуранд, инҳо ба ҳисоб мепаванд:-Дарёи Татшеншини ва Алекс  (Аляска ва Юкон, ШМА ва Канада ) ;
-Маршрутҳо бо лодка ва  байдарка  аз дарёи тропики Пакуара  (Косто-Рико );
-Круиз аз Манауса то ҷангалҳои троники (дарёи Аллозоика –Бразилия);
-Сайёҳат бо теплаход,  парахот,  ё ки  лодка (ба дарёи Сепик,  Папуа –Гвенаи Нав);  ва ғайра .
Ин намуди туризмро дар дарёи Помир, Варзоб, Ромит  инкишоф дода метавонем.
Сайёҳати баҳри –дар сафарҳои дарозмуддати баҳри  ташкилкуни   турҳои  экологи бо истифода аз  теплаходҳо, ки андозаашон   хурдтар  мебошад  аз теплахотҳои баҳри. Ба хайати ин гуруҳ   экскурсаводон, лекторони даъват шуда  ба барномаи тур дохил мешавад: чорабиниҳои  махсус, чамъовари ва утилизатсияи  партовҳои  модди.
Дар экскурсияи кутоҳмуддат, туристон дар соҳили  баҳр  зиндаги  намуда  барои ба баҳр баромадан аз лодкахои матордор ва аз байдаркаи  баҳри  истифода  мебаранд.
Яке  аз  намудҳои паҳнгаштаи сафарҳои баҳри   дайвинг ба ҳисоб меравад. Ба ин намуди туризми  экологи диккати ҷиди бояд дод, чунки он алокаманд аст бо решшавандаги ва захираҳои табии зудшикан  ва окибатҳои ояндаи ин   намуди сафар.

        
Дайвинг –шиновари бо никобҳои махсус, ё ки гутовар шудан бо акваланг. Ҷойҳое, ки   бисёртар ба ин намуди туризм, туристон меоянд, ин Рифҳои Каралливи , ки  яке аз чоёҳои зебо ва ҳамзамон бо нозукиҳои табиат  шинос шудан. Рифи Каралливи хеле масоҳатикалонро дарбар мегирад, аз тропикҳо ва субтропикҳои оби масофаи умумиаш бо баҳогузори   мутахассисон ба   600 ҳазор км2 мерасад: тақрибан 60 фоизи он аз  Укёнуси Ҳинд ва баҳри Сурх ,25 %аз Укёнуси Ором , 15%   аз  Баҳри Кариб мегузарад .

Дидан карданд: 2161

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: