|

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-14

Дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба маркази калони туризм табдил хоҳад ёфт. Имруз шароит барои рушди ин соҳа фароҳам омадааст. Тоҷикистон имконияти ривоҷ додани ҳамаи намудҳои туризмро доро мебошанд. Дар миқиёси ҷаҳон калонтарин ва бузургтарин пиряхҳо танҳо дар куҳҳои Помир мавҷуданд, фарҳанги воло, урфу анъанаҳот, ёдгориҳои бостони ва фарханги, ҷойхои зиёди сайру сайёҳат, обҳои тозатарин, ки ҳамаи он потенсиали хуби ба худ ҷалб кардани туристонро дар худ таҷассум менамояд.
Туризми куҳнаворди (альпенизм) яке аз намудҳои туризми инкишоф, ёфта ба ҳисоб меравад. Куҳнаварди аз захираҳои асосии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сайёҳон имконият доранд, ки дар як замон, ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини домана куҳҳо ва хам аз кулаҳои барф-пуши иқлими куҳистон баҳрровар бошанд.
Ҳама сола дар Тоҷикистон бахшида ба 10 солагии амнияти « об барои ҳаёт», экспедитсияи байналмилалии куҳнаварди баргузор мегардад, ки дар он куҳнавардони аксари кишвари ҷаҳон ба қуллаҳои куҳистони Помир ба хусус қуллаи И.Сомони эҳтимол меварзанд. Вобаста ба маълумотҳои омори ҳар сол 200 нафар куҳнавардон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд.
Туризми кори. – дигар намуди туризм, ки онро метавонем дар мисоли Ҷумҳуриии Тоҷикистон инкишоф диҳем, барои инкишоф додани ин намуди туризм шароит дорем, чунки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меҳмонхонаҳои дорои 5- ситорага сохта истодаанд. Яке аз намудҳои туризми кори-ин туризми конгресси ба ҳисоб меравад, яке аз намудҳои даромадноки туризм дар ҷаҳон ба шумор меравад, чунки барои мамлакати қабулкунанда фоидаи зиёд меорад.
Туризми варзишӣ. Ин намуди туризмро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф дода метавонем, чунки дар ҷумҳурӣ як қатор минтақаҳо мавҷуданд, ки барои инкишофи ин намуд мусоидат мекунанд; мисол нохияи Варзоб базаи лижаронӣ « Сафедорак».
Туризми динӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди туризм инкишоф ёфтааст, чунки шахрвандони Точикистон ба дин эътикоди баланд доранд. Ва ҷойҳои зиёде мавҷуданд, барои ин намуди туризм.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон « Дар бораи туризм » ташкил намудани сафарҳои динӣ – зиёрати (аз ҷумла ҳаҷи фарзи ва ҳаҷи умра) яке аз намудҳои фаъолияти туристи ба хисоб мераванд.

Туризми рекриотсиони. Ин намуди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф ёфтааст, чунки дар қаламрави ҷумҳури манзараҳои зебо, табиати нотакрор мавҷуд аст, ва ҳамаи шароит барои ин намуди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад.

Дидан карданд: 1560

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: