|

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-14

align="justify">Туризми дохили- туризми ватани, яъне сафару сайёҳат дар дохили мамлакат мебошад.
Конгреси байналхалқӣ бахшида ба масъалаҳои туризм, ки созмони ҷаҳонии туристи аз 27 сентябр то 5 октябри соли 1980 дар пойтахти Филиппии шахри Монила баргузор шуда буд, ба муайян кардани мафҳуми туризми дохили бахшида шуда буд. Ин масъаларо намояндагони Ҳиндустон барои муҳокима пешниҳод карда буданд. Вале баъзе мамлакатҳо қоидаю тартиботи худро дарбораи туризми дохили муқарар намуданд.
Комиссия масъалахои туризми милли, туристи доимиро шахсе мешуморанд, ки аз маҳалли зисти худ бо мақсади тамошои маҳаллҳои дигар аз ҳама зиёдаш ба масофаи 50 мил ( 80- 48 км ) сафар кардааст.
Туризми дохили ҳадафҳои гуногуни касби ва тахассуси дошта метавонад, сафар бо мақсади дилхуши, вақтгузарони, сайёҳати якруза ё чандруза, сафар ба ҷои кор ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.
Барои туристи дохили шарт нест, ки вай аз маҳалли таъиншуда бештар аз 24 соат ҳузур дошта бошад, яъне вай метавонад дар маҳалли таъиншуда шабро гузаронад ё ҳамон руз ба хона баргардад.
Мувофиқи мафҳуми дар Канада қабул шуда туризми дохили сафару сайёҳат дар маҳалли доими зист ба маҳалли таъиншуда ба масофаи камаш 25 мил (яъне 40-24 км) мебошад.
Мувофиқи қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон « дар бораи туризм » .
Мутобиқи ин қонун туризми дохили маънои ташкили сайёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхосе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон туризм дохили инкишоф ёфта истодааст ва барои рушди он мо имкониятҳои зиёд дорем, чунки дар ҷумҳури минтақаҳои туристи истироҳати барои шаҳрвандони (дохили ва беруни) зиёд мебошад.
Мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул кардани
« Барномаи давлати рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2009 таҳти рақами № 582 аз 29 – декабри соли 2003 ».
- барномаи мазкур дарбар мегирад проблемаҳои рушди ин соҳа, ҳамчун приоритети сектори иқтисоди ва ҷамъ намудани инвесторони хориҷӣ ва дохили;
- мақсади асосии ин барнома ташкил намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комплексҳои туристии ҳозира замон, ташкил намудани ҳама шароитҳо барои истироҳати шаҳрвандони дохили ва хориҷӣ дар секторҳои гуногуни хизматрасонӣ, тайёр кардани қонунҳои механизми приоритети ва иқтисоди барои нигоҳдори туризми дохилиӣ ва беруни, ташкил намудани афзоиши асъори хориҷи дар иқтисодиёти мамлакат ва рушди секторҳои иқтисоди.
Масъалаҳои асоси ин барнома инҳо мебошад;
- беҳтарнамудани нормативҳои қонуни базави барои рушди туризм дар Тоҷикистон, механизми нигоҳдори ҳукумати дар ин сохахо;
- инкишофи инфрасохтори туризм, тайёр намудани комплексҳои мадернизатсияи базаи моддӣ – техникии туризм, сохтани объектҳои нав;
- тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи туризм;
- пеш бурдани маҳсулоти миллии туристи дар бозори ҷаҳонии туристи;
- фароҳамовари ҳамаи шароитҳо барои инвесторон ва дигар шакли маблаггузори ба ин соҳа.
Барои рушди туризми дохили ва беруни аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун дар бораи эълон намудани ноҳияи Варзоб, Балҷувон ва Дараи Ромит ҳамчун минтақаи туристи қабул шудааст.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи барномаи маҷмуии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмиллали дар давраи солҳои 2002-2012 ».
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи минтақаи истироҳати ва туризм эълон кардани Дараи Ромит » таҳти рақами № 358 аз 18 сентябри соли 2000.
Қарори Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи тасдиқи барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳати, табобати санаторию курорти ва туризм дар давраи солҳои 2000-2010 » таҳти рақами № 461 аз 9 ноябри соли 2000.
Дар Тоҷикистон айни замон зиёда аз 65 фоизи объектҳои санаторию курорти аз нав барқарор шудаанд ва тақрибан 35 минтақаи шахси сохта шудааст, ки барои ташкил намудани ҳамаи шароити истироҳат ва табобати шаҳрвандони Тоҷикистон, шуғли аҳолӣ ва ҷалб намудани инвесторони дохили дар инфрасохтори мазкур.
Базаҳои туристи ва объектҳои қабули туристон (дохили ва хориҷи) –и
Базаи туристи «Искандаркул» - 170 км дуртар аз шаҳри Душанбе ва 22 км аз роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд ҷойгир мебошад. Дар соҳили дарёи Искандаркул ноҳияи Айни дар баландии 2255 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Турбаза барои сайёҳати туристон дар минтақаи куҳҳои « Фон » истифода мешавад. Табиат дар турбаза барои истироҳат идеали мебошад. База дорои 20 коттедж, ки барои кабул ва хизматрасони 187 нафар турист мебошад. Дар мавсими тобистона бошад барои туристон палаткаҳои иловагӣ пешниҳод мекунанд, ки 60 – ҷои дигар илова мешавад.
Курорти « Хоҷа Оби Гарм » - 48 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир буда, дар баланди 1980 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дорои 2 – корпус, 500 ҷой бо ҳуҷраҳои барои 2-3 нафар мебошад, дарбар мегирад. Курорт 24 ва 12 рўза мебошад, дар онҷо толори билярди, бассейн, видеозал мавҷуд аст.
Курорт барои табобати касалиҳои зерин бо самар аст; - касалии фишори хун,
хронически бронхит, астмаи брониали, остеоартроз, острахандроз,
хронически эндометрит, касалиҳои пешоб ва дигар намуди касалиҳоро
татобат мекунад. Омили асоси табиати табобати ин иқлим обҳои маъданӣ
ба ҳисоб меравад.
Санаторияи Шаамбари – 26 км дуртар аз ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад аз тарафи ҷануби катор куҳҳои Ҳисор дар баландии 1150 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати касалиҳои меъдаву руда, узвҳои хозима ва гурда ва як қатор бемориҳои даруниро табобат мекунад. Омили асоси табиати табобати ин азот, хлориди сулъфат ,натри ,обҳои гарми зеризамини (ҳарораташ 14-37 градус С) мебошад, истифода бурда мешавад –барои истеъмол, аз он ҷумла барои масажҳои зери обӣ, ваннаҳои маьданӣ .
Санатория тамоми сол кор мекунад дар мавсими зимистона 260 ҷой ва дар мавсими тобистона 418 ҷой барои шаҳрвандон пешниҳод мекунад. Зимистон дар ин минтақа кутоҳмуддат ва гарм, тобистон бошад гарм ва хушк мебошад. Рузҳои гарми тобистона аз 270-300 рўзро дар бар мегирад.Барои хизматрасони беморон видеозал ва кино, фитобар мавҷуд аст.
Санаторияи «Оби гарм» -100км дуртар аз тарафи шарқи шаҳри Душанбе дар води куҳсори дарёи Обиайлак дар баланди 1300м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад .
Дар санатория бемориҳои зеринро табобат мекунанд ;-радикулит, полинервит ,касалиҳои пуст ,касалиҳои безурриёт.
Омили табобати санатория ин оби маъдани зери замини (ҳарораташ40-50градус С) мебошад. Санатория 100ҷой дарод ва тамоми сол кор мекунад .
Санаторияи «Зумрад» -10км дуртар аз шаҳри Исфара дар баланди 800м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.Калонтарин санатория дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Омили асосӣ табобати ин санатория муолиҷа бо лойи шифобахш.Санатория тамоми сол кор мекунад, ва 350 ҷой дорад.
Санаторияи «Хаватог» -маьнои калимаи хаватог; -ҳавои куҳи мебошад, 96 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 24км дуртар аз шаҳри Истаравшан ҷойгир мебошад.Санатория барои табобати касалиҳои меъдаву рўда, системаи асаб, касалиҳои пўст ва дигар намуди касалиҳоро табобат мекунад.Санатория 155-ҷой дорад.Омили асоси табобати он ин оби зери замини (ҳарораташ51-55гр С) дарбар мегирад, азоти-метан ,хлориди –гидрокарбонат , обҳои натри мебошад .
Санаторияи Уро-теппа -6км дуртар аз шаҳри Истаравшони Вилояти Суғд дар баландии 100м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.Санатория тамоми сол кор мекунад дар зимистон 150 ҷой ва дар тобистон 250ҷой дорад. Дар санатория бемориҳои системаи асаб,системаи рагҳои хунгарди дилро табобат мекунанд .
Санаторияи «Гарм чашма» -35км дуртар аз шаҳри Хоруғи (ВМКБ) дар баланди 3000м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.Санатория тамоми сол кор мекунад ва100 ҷой дорад.Санатория қариб ҳамаи касалиҳои пўстро табобат мекунад.
Хонаи истироҳатӣ дарёи Қайроққум -12км дуртар аз шаҳри Хуҷанд дар соҳили обанбори сунъи сохта шудааст.Маънои калимаи кайроққум (биёбони санглок) мебошад.Барои қабул ва хизматрасони туристон дар мавсими тобистона 346ҷой ва барои тамоми сол 60ҷой пешниҳод шудааст.Вобаста ба маьлумотҳои омори дар соли 2007 барои истироҳат ба Қайроққум сайёҳони хориҷи 78 нафарро ташкил дод, аммо ин шумораи умуми намебошад, шумораи сайёҳони дохили бошад 7119 нафарро ташкил дод, расман ба қайд гирифта шудааст, зиёда аз 37000 нафар як рўза истироҳат намуданд.
Маркази байналхалқи туристи –куҳи «Артуч»-76км дуртар аз шаҳри Панҷакент дар куҳҳои «Фон» ва кули Кули -калон ҷойгир мебошад.Маркази хизматҳои зеринро барои дустдорони туризми варзиши, алъпинизм, скололази пешниҳод мекунад, 150 ҷой дорад муддат аз май то октябрро дар бар мегирад.Ҳамаи шароит барои истироҳати фаьол дорад.
Яке аз минтақаҳои истироҳатӣ ва туристи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумораи зиёди туристони дохили ворид мешаванд ин ноҳияи Варзоб ба ҳисоб меравад.Варзоб 24 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир буда мавсими мебошад.
Дар ноҳия ҳамаи шароит барои истироҳат мавҷуд аст (табиати зебо ,ҳавои тоза, дарё), аммо аз ҷиҳати экологи ба стандартҳои байналхалқи ҷавобгу намебошад. Дар ноҳия як чанд намуди туризм инкишоф ёфта истодааст ба монанди туризми варзиши (альпинизм, лижарони) туризми экологӣ, туризми фарҳангӣ ва намудҳои дигари туризм.
Вобаста ба маълумотҳои омори дар соли 2007шумораи сайёҳоне, ки ба минтақа ворид шуданд, аз ҷумла шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 87 нафар ва шумораи сайёҳони дохилӣ аз руи ҳисоби миена 10.000 нафарро ташкил дод. Ва шумораи сайёҳоне, ки аз минтақа баромаданд 100 нафарро ташкил медод.
Намуди дигари туризме, ки ба он шаҳрвандони дохили майл доранд ин туризми дини ба ҳисоб меравад, ки шаҳрвандони дохили ба дин эътиқоди баланд доранд.
Ёдгории беҳамтои таърихи ва архектури ин мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ин мақбара ҳазорон ҳазор нафар барои зиёрати ин шахси бузург мераванд. Мақбара дар шаҳри Кулоб ҷойгир мебошад. Аз рузи дафни Али Ҳамадонӣ соли 1386 мақбараи ў ҷойи муққаддас ҳисоб шуда, зиёрати ҳазорон ҳазор ҳаводорони шеър, фалсафа ва ирфон гардидааст, то ба кадом дараҷа дар замони худ машҳур будани ин файласуфро чунин ривояти таърихӣ гувоҳ аст.
«Шумораи зиёди ихлосмандони шоири мамлакатҳои шарқу ҷануб ки мақсади шунидани амри маъруфи дилпазир ва зиёрати маркади бузургвори Ҳазрати Амирҷонро доштанд, дар самти офтоббарои Кулоб дар масофаи як фарсанг то ба Мақбараи Алпома роҳсипор мешуданд ».
Миқдори кафшҳо чунон зиёд буд, ки деха то имруз « Тудакафш » номида мешавад.
Олими бузург мутафаккир ва инсонпарвари асри миёна Мир Саид Али Ибни Шоҳобуддин соли 1314 дар сарзамини Эрон таваллуд шуда аст. Соҳиби маълумоти мукаммал буда ба дуои пираш Маҳмуди Маздакони азми сафар мекунад. Ба давлатҳои зиёд сафар карда дар муддати беш аз 25 сол ба фаъолияти адаби машғул мешавад. Аз мутафакир то замони мо беш аз 100 асари илми – файласуфи мерос мондааст. Шумораи пайравон ва шогирдонаш бошад зиёда аз 700 нафарро ташкил медод. Дар муддати сафарҳои худ Мир Саид Али Ҳамадонӣ зиёда аз 6 сол дар шаҳри Кулоб зиндагӣ мекунад. Табиати зебо ва мардуми хирадманди Кулоб чунон ба дили Али Ҳамадонӣ хуш меояд, ки ҳангоми пиронсоли дар замини Афғонистон аз дуньё чашм пушида ба шогирдони худ васъият мекунад ки ўро ҳатман дар Кулоб ба хок супоранд.
Ҳар сол барои зиёрати ин шахси бузург зиёда аз се ҳазор нафар одам меояд. Вобаста ба маълумотҳои оморӣ соли 2007 ба вилояти Хатлон 3600 нафар сайёҳони дохили (шаҳрвандони ҶТ) ворид шуданд.
Чи хеле, ки дар боло қайд карда гузаштем барои инкишофи туризми (дохили ва берунӣ ) барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст. Мутобиқи ин барномаҳо барои рушди туризм проблемаҳои мавҷуданд ки барои ҳал намудани онҳо ва пешрави туризм дар ҶТ ҳали масъалаҳои зеринро гузоштаанд;
Проблемаи асосии рушди соҳаи туризм ин маблағгузорӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ҳали он зарур аст;
- дар сатҳи ҳукумати ва шахси таъмин намудани менеҷмент, аз он ҷумла аниқ муайян намудани рафтори маркази ва минтақавӣ дар сатҳи ҳокимияти;
- кумак расонидан ба рушди ташаббускории шахси;
-ташкил намудани системаи бо самар барои пешравии маҳсулоти туристӣ (тоҷикӣ) дар бозори дохилӣ ва берунӣ;
- қабул кардани нормативҳои актҳои қонуни вобаста ба саволҳои маблағгузорӣ ва андозситонӣ;
- беҳтар намудани расму қоидаи қабули туристони хориҷӣ, ки ба ҶТ ворид мешавад (равнақи индустрияи меҳмоннавозӣ);
- беҳтар намудани сатҳи таблиғот ва реклом дар соҳаи туризм;
Айни замон мутобиқ ба омори соли 2007 дар ҷумҳурӣ тақрибан 10 ширкати туристи ба таври ҷиддӣ ба ташкили туризми воридоти машғуланд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медихад, ки ширкатҳои ватанӣ бештар ба туризми содироти (шоп – туризм) машғуланд. Ба рушди туризми воридоти ва дохилӣ кам таваҷҷух зоҳир менамоянд.

Дидан карданд: 2269

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: