|

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-13

Самараи иқтисодии фаъолияти туристи аз бисёр ҷиҳат бо рохи ба шаклҳо ва намудҳо ҷудо кардани он муайян  карда  мешавад.
Мафҳуми ба навъу намудҳо ҷудо кардани туризмро аз рўи аломатҳои якхела ба гуруҳҳо ҷудо кардани он фаҳмидан лозим аст, ки аз маҷмуи ҳадафҳои амалии одамон вобаста мебошад. Ҳар шакли туризм вобаста ба хусусияти талаботи  сайёҳон  муайян карда, маҷмўи хизматҳоеро ифода менамояд, ки талаботи сайёҳонро қонеъ карда тавонанд.
Дар ҷараёни ташкил ва хизматрасони ба сайёҳон:
-шаклҳои туризм;
-намудҳои туризм;
-навъҳои гуногуни туризм муайян карда мешавад.
Шаклҳои туризм ба уруму муруби сайеҳ тавассути  сархади давлатии мамлакаташ вобаста мебошад, яъне асоси ба қисмҳо ҷудо намудани соҳаи туризмро сафару сайёҳат берун аз қаламрави мамлакат ташкил медиҳад Аз рўи ин аломатҳо соҳаи туризм ба сафару сайёҳати дохили ва беруни ҷудо  карда мешавад  
Туризми дохили –туризми ватани  яьне сафару сайеҳат дар дохили  мамлакат мебошад. Конфронси  байналхалқии бахшида ба масъалаҳои туризм  ки Созмони ҷаҳони туристи аз 27 сентябр то 10 октябри соли 1980 дар  пойтахти Филиппин- шаҳри Манила баргузор шуда буд  ба масълаҳои мафҳуми туризми дохили бахшида шуд. Ин масъаларо намояндагони   Ҳиндустон барои муҳокима пешниҳод карда буданд, вале баъзе мамлакатҳо қойдаю тартиботи худро дар бораи  туризми дохили муқарар намуданд   Комиссия масъалаҳои туризми милли туристи дохилиро шахсе мешуморанд ки аз маҳалли зисти худ бо мақсади тамошои  маҳалҳои дигар аз ҳама зиёдаш ба масофаи 50 мил 80-48км сафар кардааст.Туризми дохили ҳадафҳои гуногуни  касби ва тахассуси дошта метавонад,  сафар бо мақсади  дилхуши,   вақтгузарони, сайёҳати якруза ё чанд  руза,   сафар ба ҷойи кор ва гайра аз ҳамин ҷумлаанд.  Барои туристи  дохили шарт нест,  ки  вай дар  маҳлли таъиншуда бештар аз 24 соат ҳузур дошта бошад  яъне вай  метавонад дар маҳалли таъишуда шабро  гузаронад  ё ҳамон рўз  ба хона  баргардад Мувофиқи мафҳуми  дар Канада кабулшуда  туризми дохили  сафару сайёҳат  аз маҳалли  доимии зист ба маҳалли таъиншуда ба  масофаи   камаш 25 мил  яьне 40-24км мебошад.
Туризми байналхалқи –сафару сайёҳат ба мамлакатҳои   дигар мебошад,  яъне сайёҳон дар ин маврид ба мамлакатҳои хориҷи сафар мекунанд.Ба  истилоҳи  дигар  туризми  байналхалқи  маънои  сафару сайёҳати   сайёҳонро  берун аз каламрави мамлакат,  яъне аз  маҳалли  истиқоматашон  ифода  менамояд.   Аниктараш  туризми байналхалқи  маҷмуи  масьалаҳои   сафару   сайёҳатро  дарбар  мегирад, ки дар асоси  карордодҳо ва созишномаҳои   байналхалки   амали   карда   мешавад.  Муносибатҳои байналхалкии туристи  ба муносибатҳои  умумии      байнидавлати   таьсири   муайян   мерасонанд  ки меьёрхои    ҳуқуқи оммавии    байналмилалиро танзим    мекунанд    Дар  ин маврид  муносибати   симоҳои    хуқуқии    хоричи   тавассути  меъёрҳои     ҳуқуқи  байналхалқи   ба танзим   дароварда мешавад.  Муносибатҳои  дар  ҷараёни   мубодилаи   сайёҳон  ба амал омада  танхо  бо ҳудуди      як давлат   маҳдуд нагардад  дар  асоси  ҳуқукқои  шахрванди   танзим   карда   мешавад.    Дар ин соҳа  праблемаҳое   ба миён  меоянд,  ки ба истифодаи қонунҳои   милли  вобастаанд. Мавҷудияти  онхо  дар қарордоду созишномаҳои    туристии    байналхалки   на танҳо  хусусияти ин   муносибатҳо  балки  мураккабии    танзими  ҳуқуқи  ва карордодии онҳоро   муайян   менамояд
Туризми      байналхалки   ба вуруди  сайёҳон  ва хуруҷи  онҳо  ҷудо карда мешавад. 
Вуруди сайёҳон- сафару сайёҳат  дар ҳаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад, ки дар мамлакат ба таври доими   истиқомат намекунад. 
Хуруҷи сайёҳон– сафару сайёҳати сокинони доимии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба мамлакатҳои дигарро ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки туризми байналхалқи дар муносибатҳои  иқтисодии  мамлакатҳои чаҳон нақши муҳим мебозад.
Дар шароити инқилоби илмию техники, пешрафти рузафзуни   ҳамгироии иқтисодиёти ҷахон, торафт бештар ривоҷ  ёфтани тақсимоти меҳнат дар арсаи байналхалки, вусъати  равобити фарҳанги  илми,  варзиши,  густариши   муносибатҳои байнидавлати, ҷидду ҷаҳди  халкҳо  ба равобити  доими   ва истифодаи   таҷрибаи  мамлакатҳои дигар   ба истифодаи арзишҳои    моддию маънавии  туризми байналхалки  дар равобити тиҷорати  ва   илми инъкос меёбад.
Фоидаи мубодилаи байналхалқии   сайёҳон баъди   хариду фуруши нафт, маҳсулоти нафт ва  автомобил  аз ҷихати  даромадноки  ҷойи сеюмро ишғол менамояд.
Туризми байналхалки дар баробари шаклҳои дигари равобити иқтисоди, фарҳанги, иҷтимои, илми  ва технихии   давлатҳо   омили муҳими  мустахкамтар гардидани  бовари  ба ҳам дигар буда,  дар  ҳалли силсилаи  проблемаҳо, аз ҷумла  таъмини   сулҳ, мустаҳкамтар сохтани  муносибатҳои    дустонаи давлатҳои  гуногун нақши муҳим мебозад.
Туризм зуҳуроти таърихии ба ҳам дигар вобаста гардидаи  омилҳои милли ва байналмилали  мебошад. Мубодилаи сайёҳон ҳамчун шакл ва воситаи равобити байналхалқи ва ҷузъи  зарурии фаъолияти  созмонҳои   ҷамъиятиро ифода  мекунад.
Туризми байналхалқи  бо таъсири бисъёр  омилҳо   тарақи  мекунад,  ки онҳоро ба гуруҳҳои  демографи, иқтисоди  ва иҷтимои ҷудо кардан мумкин аст.
Ба омилҳои демографи афзоиши  аҳолии  ҷахон, ҷараёни кучиши одамон ба шаҳрҳо, ки сабаби дар як ҷо ҷамъ омадани аҳолии  мегардад, ба миён омадани проблемаи зиндагии  серҳаракат мансуб мебошад. Яъне сокинони  шахрҳои  калон зарурати  тагир  додани шароити  зиндагии худро  барои барқарор сохтани  неруи ҷисмони  ва маънави торафт бештар дарк менамоянд. Дар натиҷаи мароки  халкҳои мамлакатҳои  гуногун ба ҳамдигар бештар мегардад ,ки забони умуми доранд. Ин пеш аз ҳама дар набудани монеъаҳои забони ва умумияти манфиятҳо  ва  фарҳангҳо вобаста мебошад.
Омилҳои  иқтисоди ба рушди иқтисоди  ҷаҳон вобастаанд, ки дар он тамоили устувори афзун гардондани соҳаҳои гуногуни хизматрасони  нисбат ба истеҳсоли маҳсулот ва дар натиҷа бештар сохтани саҳми истифодаи  хизматхо мушоҳида карда мешавад. Тезонидани суръати пешрафти илму техника дар хамаи соҳаҳо, афзоиши даромади аҳоли ва ғайра ба омилҳои иқтисоди мансуб мебошанд. Рушди заминаи моддию техникии туризми хоричи, ба вучуд овардани шаклҳои нави қабул ва хизматрасони ба сайеҳон ба афзоиши рафту омади сайеҳон мусоидат менамояд.
Омилҳои иҷтимои ба шароити зиндаги ва фаъолияти инсон вобаста мебошанд. Зиед кардани муҳлати рухсатии музднок, аз ҷумла тамоили дар баъзе мамлакатҳо вуҷуд доштани  Принсипи ба қисмҳо тақсим намудани рухсатии меҳнати имкон медиҳад, ки дар давоми як сол ду маротиба дар фаслҳои тобистону зимистон сафару сайеҳат пеш гирифта шавад. Инчунин торафт бештар кам кардани синну соли ба нафака баромадан низ ба рушди соҳаи туризм мусоидат менамояд.
Намудҳои туризм ба хусусиятҳои инъикоси натиҷаҳои молияви ба буҷети мамлакат е минтақаҳои он вобаста аст. Аз руи ин аломат ду намуди туризм – намудҳои туризми фаъол ва гайрифаъол муайян карда мешаванд.
Сафари сайёҳони хориҷи ба мамлакат е сайеҳони ватани ба минтақаи муайян туризми фаъол ба шумор меравад. Туризми фаъол сабаби ба мамлакат е минтака ворид гардидани маблағи муайян хоҳад гашт.
Сафари сокинони як мамлакат ба давлати дигар ва ба сайеҳат рафтани сайеҳон аз як минтақаи мамлакат туризми гайрифаъолона номида мешавад. Зеро туризми гайрифаъолона ба баровардани маблағи муайян аз мамлакат е минтака мусоидат мекунад.
Шаклҳои туризм боз ба навъҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Ба онҳо ҳадафи асосии сафар, хусусияти ташкили сафар, шумораи сайеҳон, давомоти он, хусусияти синну соли сайеҳон, истифодаи навъҳои нақлиет ва усулҳои ҳамкори дар соҳаи  туризм мансубанд.
Навъҳои гуногуни туризм вобаста ба ҳадафҳои  асосии он ба сафару сайеҳат бо максадҳои истироҳату табобат, туризми маърифати, илми ва тиҷорати тақсим карда мешаванд.
Туризм бо мақсади истироҳат, баркарор кардани саломати ва табобат  
(туризми рекреатсиони).
Дар ин маврид ҳаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки истироҳати одамон дар осоишгоҳҳои махсус новобаста ба доштан ё надоштани варакаи корношоями ба туризм мансуб нест. Зеро осоишгоҳ яке аз намудҳои  табобатхона ба шумор меравад. Сайёҳати одамон дар рузҳои шанбе ва якшанбе бо мақсади истироҳат, дилхуши, вақтгузарони ё варзиш «туризми охири ҳафта « номида мешавад.
Туризми фарҳанги ( маърифати ) сайёҳат бо максади шиносои бо чойҳои ҷолиби диққати таърихию фарҳанги ва манзараҳои беҳамтои табии аз руи барномаҳои муайян мебошад.
Туризми илми- маънои иштирок дар анҷуманҳо, конгрессҳо ва симпозиумҳо бо сафару сайёҳати минбаъдаро дорад.
Туризми тиҷорати ( сафари савдогарону тоҷирон бо мақсади хариди мол ) яке аз намудҳои серҳаракат ва сердаромади туризм ба шумор меравад.
Туризм аз руи хусусиятҳои ташкили он ба намудҳои фарди, гуруҳи, муташаккил ва гайримуташаккил, доими, сайёр ва туризми иҷтимои ҷудо карда мешавад.
Сайёҳат як нафар ё аъзои оила аз руи накшаи шахси ба минтақаҳои муайян бо назардошти таваққуфгоҳҳо, шароити  шабгузарони ва ғайра туризми фарди номида мешавад. Сайёҳат дар хайати гуруҳ аз руи накшаи муассисаи туристи туризми гуруҳи ном дорад. Туризми муташаккилона маънои сафари гуруҳи сайёҳон бо маршрути муайян ва тартиби муқаррарнамудаи муассисаи туристиро ифода менамояд. Сайёҳон ва муассисаи туристи дар ин маврид мувофиқи талабот ва уҳдадориҳои дуҷониба ба ҳамдигар вобаста мегарданд.
Гуруҳҳои муташаккили сайёҳон мувофиқи роҳхатҳои пешаки харидаашон барои муҳлати муайян зимни истироҳат дар марказҳои туристи, осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳат ва гайра бо маҷмуи хизматҳо таъмин карда мешаванд. Инчинун онҳое, ки дар муҳлати муайян танҳо аз як қисми хизматрасонии туристи истифода мебаранд, ба гуруҳи сайёҳони муташаккил мансуб мебошанд.
Сайёҳати гуруҳи туристон, ки бо муассисаи туристи ба воситаи ягон қарордод ё вазифа ба ҳамдигар муносибат надоранд, ба туризми ғайримуташаккил мансуб дониста мешавад.   
Туризми доими (статсионари ) маънои ба таври доими ҷо ба ҷо кардани сайёҳонро дар тамоми давраи эътибори роҳхати сайёҳат ( масалан, дар соҳили бахр, маркази туристи ва ғайра ) ифода менамояд.
Туризми сайёр яке аз намудҳои сафару сайёҳат мебошад, ки ба тамошои минтакаҳо ва махалҳои алоҳида вобастааст.
Туризми иҷтимои асосан бо маблағи ҷудонамудаи давлат ё иттифокҳои касаба барои эҳтиёҷоти иҷтимои амали карда мешавад.
Инчунин туризм вобаста ба микдори фуруши роҳхатҳои туристи ба туризми мавсими ва доими ҷудо карда мешавад. Сафару сайёҳати нисбатан мунтазами сайёҳон ба минтакаҳо ифодагари мафҳуми туризми доими мебошад. Одатан дар ин маврид сайёҳон барои тамошои марказҳои машхури фарҳанги, барои табобат ба марказҳои маъруфи тандурусти, тамошои шаҳрҳои калонтарини ҷахон, осоишгоҳҳо, манбаъҳои машҳури обҳои маъдани ва гили шифобахш мераванд.
Баъзе  минтакаҳо таваҷҷуҳи сайёҳонро танҳо дар мавсимҳои муайяни сол ба худ ҷалб менамоянд. Ин туризми мавсими номида мешавад. Сафару сайёҳат ба минтакаҳои муайян танҳо дар як фасли сол (масалан, зимистон ё тобистон) сайёҳати якдафъаина ва сайёҳат ин минтақаҳо дар ҳамаи мавсимҳои сол сайёҳати думавсима номида мешавад. Чунин сафару сайёҳат инчунин бо назардошти теъдоди сайёҳон ба мавсимҳои серодам ва камодам тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин бо назардошти муҳлати сафари сайёҳон  туризми кутоҳмуддат вуҷуд дорад.
Туризми кутоҳмуддат сафари сайёҳонро ба муҳлати камаш се шабонаруз ифода мекунад. Маънои туризми дарозмуддат сафари сайёҳон ба минтакахои муайян бештар аз се шабонаруз мебошад.
Кам кардани муҳлати сафар дар маршрути муайян сабаби афзоиши хароҷоти сайёҳон мегардад. Дар ин маврид хароҷоти  нақлиёт низ меафзояд. Туризм вобаста ба сину соли сайёҳон ба туризми бачагона, ҷавони ва калонсолон тақсим карда мешавад.
Туризм вобаста ба истифодаи воситахои нақлиёт барои ҳамлу нақли сайёҳон ба навъҳои туризм бо  истифадаи  нақлиёти шахсии сайёҳон ва туризм бо истифодаи наклиёти ҷамъияти, яъне нақлиииёти муасисаҳои туристи ҷудо карда мешавад, ки ба онҳо таалуқ дошта  ба сайёҳон иҷора дода  мешавад. Ба ин навъҳои туризм сайёҳат бо мошинҳо,сайёҳати корвон, сафару сайёҳат ба воситаи киштиҳои баҳру дарёгард ва ғайра мансубанд.

        
Мувофиқи усулҳои ҳамкори соҳаи туризм ба сафару сайёҳати  бепул ва пулаки  тақсим карда мешавад. Туризми бепул  маънои ба мамлакатҳои  ҳамдигар  фиристодани гуруҳҳои  сайёҳонро  дар  асоси    хизматрасониҳои дуҷониба дар давоми миқдори муайяни рузҳо ифода мекунад.  Ҳамкории муассисаҳои  туристии мамлакатҳои  гуногун зимни  туризми пулаки  пардохти ҳақи хизматҳои муайянро бо асъори хориҷи муайян  менамояд, ки дар  созишномаю карордодҳои  дуҷониба  пешаки мукаррар карда мешавад.

Дидан карданд: 2960

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: