|

Мафҳуми туризм, намудҳо ва шаклҳои он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-13

           Муайянкардани мафҳуми туризм.
Мумкин аст, ба саволї чиро ба худ мафҳуми туризм дохил мекунад ҷавоб       дод?
Як гуруҳ туризмро маънидод мекунанд бо киламетрҳое, ки дар пайраҳои хилват гашта, дар палаткаҳо, бо шеърҳо дар (гулхан), барои гуруҳи дигар ин рафтан ба ҷойҳои таърихи, ба гуруҳи сеюм ин сафару сайёҳат кардан ба мамлакатҳои хориҷа. Ҳамаи онҳо ҳақанд чунки туризм гуногун ва ғайриодди мебошанд.
Туризм-ин гуногун намуди сайёҳат аст, ки як гуруҳи одамонро; сайёҳаткунон, ки аз ҷои мувақкати худ берун шуда бо мақсади истироҳат, кор ё бо мақсадҳои дигар мераванд. Аз як нуқтаи назар мафҳуми туризм ба ҳама маълум аст, чунки ҳар яки мо дар газетаҳо маҷала дар бораи туризм хонда будем, барномаҳо дар бораи туризм дар оинаи нилгун дида будем, аз хизматҳои ширкатҳои туристи истифода бурда будем.
Аз нуқтаи назари илми муайян кардани мафҳуми туризм хело муҳим аст, аммо дар просеси рушди туризм якчанд фаҳмишҳое пайдо шудаанд, ки онҳо аз рўи критерияҳои зерин дида мебароем.
1.Ивазкардани ҷойи- дар ин ҳолат гап дар бораи сафар, ки аз ҷойи истиқомати доимии худ берун мебароянд, аммо он шахсонро дар назар надоранд, ки хар рўз аз хона ба кор ё таҳсил мераванд. Онҳоро ба категорияи туристон дохил намекунанд. Турист он шахсонеро менамонд, ки ҷои доими худро  иваз карда аз ҷойи истиқомати худ ба масофаи 50 мил(80,48 км) сафар мекунанд.
2.Ба ҷои дигар омадан. Шарти асоси ин дар он аст,ки ба ҷое, ки омади ҷойи доими ва ё дар онҷо муддати дароз истиқомат накуни. Аз он ҷумла он набояд ба фаъолияти меҳнат( музди меҳнат) таалуқ дошта бошад. Ин нюансро ба эътибор гирифтан даркор, шахсе ба фаъолияти меҳнати машғул аст аз турист фарқ мекунад, чунки он ба классификатсияи туризм аҳмият намедиҳад. Як шарти дигараш дар он аст, ки он наметавонад дар ҷойи истиқомат карда 12 моҳ ва ё аз он зиёд истад. Шахсе, ки  дар онҷо 1 сол ё зиёда аз он меистад, аз нуқтаи назари туризм он турист ҳисобида намешавад, чунки он шаҳрванди доими мебошад.
3.Пардохти музди меҳнат аз истифодабарии макони ҷой. моҳияти ин критерия дар он аст, ки мақсади асоси сафар набояд пардохт карда шавад, аз истифодабарии макони ҷой. Ҳар як  шахсе, ки ба мамлакати дигар барои кор меравад, дар онҷо музди меҳнат мегирад он муҳоҷир ҳисоб мешавад, на турист.
Ҳар 3-и критерия ҳолати туризмро муайян мекунад ва базави мебошад. Критерияи махсуси туристон ҳаст, ки ин критерияҳо таъмин мекунад-ин гурезагон, бодиянишин, мусофирони транзити ва дигарон ба ҳисоб мераванд.
Вобаста ба ин тавсиянома ва критерияҳо як чанд нишонаи туроизмро ҷудо кардан мумкин аст:
-сафари кори, аз ҷумла сайёҳат кардан бо мақсади гузаронидани вақти холии худ-ин аз доираи макони худ ба ҷойи  кор берун шудан.Агар ин шаҳрванд бо мақсади харидани махсулот аз макони худ берун шавад вай турист ҳисоб намешавад, чунки вай аз доираи макони худ дур намешавад;
-туризм-ин нафақат шохаи асосии иқтисоди  мебошад, балки қисми ҳаёти инсон, чунки вай муносибати одамро ва гирду атрофи онро дарбар мегирад.
Ҳамин тавр, туризм-ин маҷмўи муносибат, алоқа ва пайдоиши роҳнамои сафар ва омадани одамон дар ҷойи доими ва дарозмуддат, ки дар онҷо зиндагї намекунанд ва на барои фаъолияти меҳнати алоқаманд мебошанд.
(Шарти туризм аз рўи қонуни ҶТ «Дар бораи туризм»)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» чунин шарҳ дода шудааст.
Туризм – шуғлест,ки усулҳои ташкили истироҳатро таввасути солимгардони, шиносои, саломати, дини, тиҷорати, варзиши ва дигар ҳадафҳои воситаҳои сайёҳат ва истиқомати муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиро дарбар мегирад.

Дидан карданд: 1305

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: remmyxM0404@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-09-17

маълумот дар бораи пайдоиши туризм ба ман лозим аст!


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: