Дата: 2016-06-13
На?ша:
Р?йхати адабиёт?о:
1. Г.Н. Ойма?мадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
2. Ш. Ра?имзода «Муомилоти пул? ва ?арз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
3. ?.Д. Ашуров. Ш.? Азизмуродов. Ба?исобгирии амалиёт дар бонк?ои ти?орат?. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
4. Хон?онов Абдул?амид. Фаъолияти бонк?. Душанбе: 2010. 392с.
5.Игровой практикум по финансам/И.Т. Балабанов, Н.А. Каморджанова, В.Н. Степанов, Е.В. Эйбшиц. - М: Финансы и статистика, 1997. – 192с.
6. Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник./Под редакцией В.К. Сенчагова, А. И. Архипова. – М.: «Проспект», 1999. – 496 с.
7. Финансы, денежное обращение и кредит: Учебник / М.В. Романовский и др.; Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской.— М.: Юрайт-Издат, 2006. - 543 с.
Пул ин моли ма?сусест, ки бо мурури замон аз мол?ои дигар ?удо шуда, ?амчун ченаки арзиш ва воситаи ?ариду фур?ш амал мекунад.
Таъри?и тамаддун аз пайдоиши одам, оила, кабилaxo, ?ал?ият?о о?оз меёбад. Тара?иёти ?амъият, маданият, исте?солот, гуногунии шароити зист, муносибу манфиатовар будани мавз??ои ало?ида барои исте?соли мол?ои ?удогона, пайдоишу пешрафти касби ?унарманди зарурати та?симоти ?амъиятии ме?натро ба миён овард.
Та?симоти ?амъиятии ме?нат дар навбати зарурати мубодилаи ма?сули ме?нат, яъне мол талаб кард, зеро сарфи назар аз исте?соли як ё якчанд намуди ма?сулот аз тарафи ша?си ало?ида ?ар як фард ба сад?о намуди ма?сулот э?тиё? дорад ва он пурра ё ?исман бояд ?онеъ гардонида шавад. ?амин тари?, зарурати мубодилаи мол байни шахсони ало?ида, гуру?и одамон мавзеъ?о ба миён омад.
Ин мубодилот аз шакли одд? - ивази як намуди ма?сулот ба дигар намуди он то ба дарачаи олии муомилот - истифодаи пул омада расид.
Дар зинаи аввали муомилот як мол ба моли дигар иваз карда мешуд. Масалан, музадуз музаашро ба микдори муайяни гандум иваз мекард. Бо мурури замон аз байни мол?о моли барои муомилот мувофи?таре чудо шуда, чанд муддате ба сифати воситаи муомилот истифода шуд. Барои мисол дар баъзе аз мамлакат?о ба сифати воситаи муомилот дар мар?ала?ои аввали тараккиёти чамъият табар истифода шудааст, дар дигаре бирин?, дар сеюми пашм ва ?айра.
Мардум бо максади ёфтани моли муносиб аз истифодаи як намуди мол ?амчун воситаи муомилот ба истифодаи моли дигар мегузашт.
Барои мардум зарур буд, ки ин моли махсус хосият?ои зеринро доро бошад:
- аз тарафи ?амъият эътироф шавад. Эътирофи моли дил?хо? аз тарафи ?ама шарти асосии истифодаи он ?амчун пул мебошад. ?арори як гур??и ало?ида дар бораи ?амчун пул истифода шудани ягон моле, ки хосият?ои заруриро доро нест, барои ?амъият а?амияте надорад. ?атто карори сохтори олии давлат ша?си ало?идаро ма?бур карда наметавонад, ки молеро ?амчун пул эътироф кунад, зеро ша?с дар аввал он молро ба ивази ме?наташ гирад ?ам, баъдан дар кадом шакле, ки ?о?ад, дар ?амон шакл онро ниго? медорад. Сарфи назар з са?ти ?онун?о дар баъзе аз мамлакат?о имруз?о мардум ?аракат мекунанд пул?ои ёфтаашонро дар?ол ба доллару евро ё мол?ои ?иматба?о иваз кунанд, зеро пастшавии ?урби пули миллии ин мамлакат?о ба мардум зарар меорад.
- барои истифода дар хариду фур?ш оддию боварибахш бошад.Мо?ияти ин ?осият аз он иборат аст, ки мардум во?иди пулии ба шакл (стандарт)-и муайян надаровардаро ба ивази мол кабул намекунад. Масалан, агар чорворо ба сифати пул истифода кунем, азбаски вобаста ба гузаштани вакт вазнаш дигар мешавад, истифодаи он мувофики максад нест. Илова бар он, фурушанда бовар дорад, ки ?аридор ба ? ба сифати воситаи пардо?т чорвои солимро меди?ад, вале ?аридор барои додани чунин чорво ба ивази мол ?авасманд нест, бинобар ин ?аракат мекунад, аз ?исоби ба фурушанда додани чорвои носолиму ?ароб бурд кунад.
- сабуку кам?а?м бошад. Зарур аст, ки моли ?амчун пул истифодашаванда сабуку кам?а?м бошад, то одамон тавонанд бо осон онро бо ?уд гардонанд ё дар ?она ниго? доранд. Масалан, ба сифати пул истифода кардани ангишт номуносиб аст, зеро барои ?ариди як гов чандин тоннаи онро бо ?арчи зиёд ба бозор баровардан лозим меояд.
- дорои арзиши устувор бошад.Устувории арзиши моли ба сифати пул инти?обшуда яке аз омил?ои асосии кобили кабул шуморидани он аз тарафи чамъият аст. Сарфи назар аз сабаб?ои дигари мавчуда мардум аз истифодаи пуле, ки арзишашро пайваста гум мекунад, даст мекашад. Одамон кушиш мекунанд, ки пул?ояшонро ба мол?ои пурарзиш, киматба?о ва гайра иваз кунанд. Масалан, дар давраи аввали ворид кардани пули миллии то?ики (соли 1995) нобоварии мардум ба устувории курби он боиси дар?ол ба доллар ё мол?ои дигар иваз кардани он гардид. Дар кисме аз минтака?ои ?ум?ури ба ?амин сабаб мардум пули русиро васеъ истифода мекард, ки ба иктисодиёти Точикистон зарари калон дошт.
- имкон бошад, ки асли будани он дар?ол сан?ида шавад. Пул?ои имруза аломату нишон?ои гуногуни кимиёви доранд, ки аз тарафи мардум ба осон? санчида мешаванд. Дар давраи истифодаи тилло ?амчун пул асли будани он аз руи аломати мулоимиаш санчида мешуд, масалан, бо дандон.
*Тилло то дарачае мулоим аст, ки аз як грамми он ресмони дарозиаш 3 км-ро танидан мумкин аст.
- та?симшаванда бошад. Моли ба сифати пул истифодашаванда бояд таксимшаванда бошад, то одамон тавонанд андозаи пули ба арзиши мол баробарро пардо?т намуда, бакияи онро пас бигиранд. Сабаби истифода нашудани кисми зиёди мол?о ба сифати пул ?осияти таксимнашавандагии он?о буд. Баъзе аз он?о таксимшаванда бошанд ?ам, баъди ба кисм?о чудо шудан арзиши умумии кисм?ои ало?ида аз арзиши он?о дар ?оли якчояги камтар буд. Масалан, агар табар ба сифати пул истифода шавад, дар ?олати ба кисм?о чудо кардани он арзишашро гум мекунад.
- имконияти истифодаи он дарозмуддат бошад. М??лати истифодаи мол ?амчун пул ба устувории арзиши он таъсир мерасонад. Агар мол дар натичаи истифода ба зуди ?урда шавад ё шиканад, арзиши ?удро гум мекунад. Бинобар ин, истифодаи чунин мол ба сифати пул ба максад мувофик нест. Масалан, агар нонро ?амчун пул* истифода барем, бешак ба зуди шикаста, майда мешавад ва агар ро?и пешгири кардани ин нуксонро ёбем ?ам, бо гузаштани вакт он ?ушк шуда пупанак мезанад ва мачбур мешавем аз истифодаи он ?амчун пул даст кашем.
*Дар аввал?ои асри XI дар Ба?дод нони чапоти чанд муддате ба сифати пул истифода шудааст.
Доштани ?амаи ?осият?ои дар боло зикршуда шарти асосии истифодаи моли муайян ?амчун пул буд. Ин аст, ки мол?ои гуногуни як ё якчанд ?осият?ои дар боло зикршударо дошта паси ?ам ?амчун воситаи ?ариду фуруш истифода мешуданд ва ?ар бор моли нави истифодашаванда ба талаботи мардум бештар мувофикат мекард. Зарурати ёфтани моле, ки дорои ?осият?ои дар боло зикршуда бошад, мамлакат?оро мачбур со?т паси ?ам ба истифодаи танга?ои мисин, нукраги ва баъдан тилло? ?амчун воситаи муомилот гузаранд.
Таърихи пайдоиши пул?ои филизз? ва ко?аз?
То ?ое, ки маълум аст, аввалин бор дар Осиёи Маркази танга?ои тиллоии Хо?оманишиён (асри VI пеш аз милод) ба муомилот бароварда шудаанд. Истилои Искандари Макдун? ва араб?о боиси аз номи он?о ба муомилот баровардани танга?ои тилло?, нукраг? ва мисин гардид. Дар давраи ?укмронии Сомониён танга?о бо ном?ои динору дирам ва фулус (шакли тан?ои он филлиз, яъне тангаи мисин) дар муомилот истифода мешуданд.
Набудани сиёсати ягонаи пули ва идораи мутамаркази он боиси аз тарафи ?окимони Хатлон, Бадахшон, Ху?анд, Истаравшану Рашт баровардани танга?ои ?уди гардида буд. Истифодаи танга?о ?амчун воситаи муомилот дар Осиёи Маркази то аввали асри XX давом кард. ?алабаи Инкилоби Октябр дар Бу?орою кием?ои дигари Осиёи Марказ? боиси ба со?тори нави муомилоти пули ворид гаштани ин минтака гардид.
Русия ва кишвар?ои дигари аврупоию осиё? вобаста ба пешрафти иктисодиёташон чанд аср пештар ба сат?и баланди ташкили муомилоти пули - истифодаи пул?ои ко?аз? гузашта буданд.
Асоси истифодаи танга?ои мисин, нукрагию тилло? ?амчун пул мувофик будани он?о ба талаботи мардум то як давраи муайян буд. Вале, баъдан маълум шуд, ки ин се филизи киматба?о низ чи?ати истифода ?амчун воситаи муомилот аз камбуди?о холи набудаанд. Танга?ои нукрагию тилло? бо кимат?ои гуногун аз тарафи давлат?о бароварда мешуданд. Аз сабаби он, ки нукраю тилло филиз?ои мулоиманд, о?иста-о?иста наба?расозоне* ( касоне, ки танга?ои калбак? месозанд) пайдо шуданд, ки бо ро?и кам кардани вазни он?о даромади иловаги ба даст меоварданд. Наба?расозон инчунин бо ро?и барориши танга?о аз тилло? пастсифат (масалан, ба чои истифодаи ма?аки** (проба) 995 исте?соли танга?о аз тилло? ма?аки 585) даромади зиёд мегирифтанд. ?атто го?о баъзе аз ?укумат?о низ ба ин гуна амал?о даст задаанд. Бинобар ин, вазни танга?о ба кимати дар он?о сабтшуда мувофикат намекард ва ин раванд боиси паст шудани боварии мардум ба танга?ои тилло? ?амчун воситаи муомилот гардид.
Илова бар ин, азбаски танга?о аз филизи ?иматба?о буданд, аз як тараф, бо худ доштани он?о хатарнок буд ва аз тарафи дигар, шароити ма?суси ниго?дориро талаб мекард. Бинобар ин, мардум дар ?олати ногувор монда, ро??ои бе?тари нига?дошти филиз?ои киматба?ои ?удро мечустанд. Ин буд, ки рафта-рафта ба ?унармандони чаво?ирсоз, ки барои ниго? доштани тилло ва ма?сулоти тиллогиашон санду??ои о?анини ма?сус (сейф) доштанд, мурочиат мекардаги шуданд.
Мардум тилловори?ои ?удро ба ин ?унармандон барои ниго?дори супурда, ба ивазашон забон?ат мегирифтанд ва ?ар бор вакти ?ариди ма?сулот забонхатро ба ?унарманд дода, тиллояшонро гирифта ба фурушанда медоданд, ки он дар навбати ?уд тиллоро барои ниго?дошт боз ба назди ?унармандони сейфдор меовард. Бо мурури замон тарзи навишти ин забон?ат?о ба он мувофи?ат кард, ки мардум он?оро ба чои микдори тиллои дар он нишондодашуда ?амчун воситаи муомилот -пул кабул мекардаги шуданд. Албатта, ин амал дар сурате ба вукуъ мепайваст, ки агар ?унарманди ин тиллоро ниго? медоштаги ша?си номдору бовариба?ш мебуд.
?амин тарик, о?иста-о?иста чои нукраю тиллоро забон?ат?о ё ша?одатнома?ои ба таври муайян чопшуда гирифтанд ва азбаски ниго? доштани тиллою дигар филиз?ои киматнок фоидаи зиёд меовардаг? шуд, шахсоне пайдо шуданд, ки ин корро касби худ ихтиёр намуданд ва бо ?ам пайваста бунёди бонк?ои аввалинро гузоштанд.
Минбаъд забонхат?ои аз чониби бонк?о баровардашуда вексел ном гирифтанд. Вексел ба гуру?и когаз?ои киматноке дохил мешавад, ки бо ро?и навишт дар пушти он со?ибаш ?уку?и гирифтани пулашро ба каси дигар меди?ад. Вексел?о асосан барои ?исобу китоби байни?амдигарии одамон дар ?олати хариди ма?сулоти нисбатан арзишашон баланд истифода мешаванд.
Пешрафти муомилоти моли зарурати барориши пул?ои арзиши номиналиашон гуногунро ба миён овард. Дар баробари вексел?о бонк?о ба баровардани ша?одатнома?ое шуруъ карданд, ки мардум ба он?о «бонкнота» ном гузошт. Бонкнота?о ко?аз?ои киматноки аз тарафи бонк баровардашудае буданд, ки бо талаби аввалин ба микдори муайяни тилло иваз карда мешуданд.
Аввалин бор пул?ои когази (бонкнота?о) дар мамлакати Чин (соли 1273)*, баъдан дар сарзамини точикон (охири асри XIII)** ва сипар дар Аврупою Амрико (аср?ои XVII-XVIII) ба чоп расиданд.
*Дар хусуси чоп ва истифодаи пул?ои когаз? дар мамлакати Чин сайё?и номдори итолиёв? Марко Поло, ки дар он ?о 17 сол умр ба cap бурда буд, маълумот меди?ад. ?ангоми ?укмронии сулолаи Юан (1271-1368) пул?ои когаз? ба микдори зиёд чоп ва ?амчун воситаи асосии муомилоти пули дар мамлакати Чин истифода шудаанд.
**Бинобар Табари Рашидуддини Фазлулло? дар сарзамини точикон пас, аз он, ки Гай?оту хони мугулии Элхон? (охири асри XIII) тамоми дороии хазина?ои мамлакатро ба боди фано дод, Садруддини Занчон? мулаккаб ба Садрича?они точикро сарвазири мамлакат эълон кард. Ба ? ?укуку имтиёз?оеро дод, ки то ин дам дар Њукумат?ои мугулии Осиёи Марказ? ба ягон сарвазири точик надода буданд ва аз у дархост, то чорае чуяд ва хазинаи мамлакатро аз харобшавии минбаъда ниго? дорад. Пас, Садрича?он пули когазиро, ки дар Чин бо номи «чов» маъруф буд, чор? кард. Вале ба сабаби ни?оят харобу хол? будани ?азинаи мамлакат муомилоти пули когаз? дер давом накард.
Дар Русия аввалин пулњои когазиро соли 1769 дар давраи подшоњии Екатеринаи II аз чоп баровардаанд.
Кадимтарин пули когазии то имруз расида дар давраи њукмронии сулолаи Минг (солњои 1368-1399) аз чоп бароварда шудааст.
Дар њудуди Точикистони имруза пулњои когази соли 1920 дар Бухорои шариф аз чоп баромадаанд, ки дар руяшон бо забони тољикї иборањои зарурї навишта шуда буд. Доллари ИМА, ки дар аксари њолатњо ба сифати пулї љањонии имруза истифода мешавад, таърихи пайдоиши ачибе дорад.
Дар давраи аввал пулњои коѓази аз тарафи бонкњои тиљоратї бароварда мешуданд ва он бонкњо кафолати таъмин будани ин пулњоро бо тилло ва дигар филизњои киматбањо медоданд. Вале баъдан дар натичаи муфлисшави баъзе аз ин бонкњо кобилияти пардохтпазирии худро гум карданд ва пулњои аз тарафи онњо ба муомилот бароварда бекурб шуданд, ки боиси зарар дидани кисме аз мардум ва паст шудани боварии он ба њукумату бонкњо гардид.
Бинобар ин, зарурати мутамарказонидани барориши пулњои коѓази ва таъмини арзиши онњо бо филизњои киматбањо, назорати гардиши пул ва таъмини устувории курби он ба миён омад. Вобаста ба ин, мамлакатњо пай дар пай ба ташкили бонкњои эмиссион? гузаштанд, ки он?о бо мурури замон номи «бонки марказ?» ё «бонки милл?»*-ро гириф-танд. Дар Итти?оди Аврупо баъди ташкили Бонки марказии Аврупо (соли 1998) бонк?ои миллии мамлакат?ои аъзои он «бонк?ои марказии милли» номида шуданд.
*Дар тачрибаи ?а?они маф?уми «бонки марказ?» бештар истифода мешавад, зеро маф?уми «бонки милл?» маънои бонки давлатиро дорад. Ин маф?ум метавонад нисбати ?ама бонк?ои давлати истифода шавад, чунки он?о моликияти миллианд, вале нисбати он?о истифода кардани маф?уми «бонки маркази» га?риимкон аст, зеро бонки маркази ягона буда, ба он чунин ?укук аз чониби парламент дода мешавад.
2. Зарурат ва мо?ияти пул
Асоси пайдоиш ва зарурати пул тараккиёти исте?солоти моли ва вобаста ба он муомилоти моли мебошад. Ташкили дурусту одилонаи муомилоти моли бе моли махсус - пул, ки ифодакунандаи ме?нати барои моли муайян сарфшуда мебошад, имконнопазир аст. ?амин тарик дар баробари таракки кардани исте?солоти мол? ва пешрафти додугирифт ба?ни молисте?солкунандагон зарурати истифодаи моли махсус - пул ва ташкили муомилоти пул? пайдо шуд.
Минтака?ои гуногун ба сифати пул мол?ои гуногунро истифода мебурданд. Бо мурури замон дар натичаи болоравии ма?сусгардонии исте?солот зарурати додугирифти ба?ни минтака?о пайдо шуд. Шакли ку?наи додугирифт, ки ба ивазкунии як мол ба моли дигар (бартер) асос ёфта буд, талаботи точиронро конеъ гардонида наметавонист, зеро, аз як тараф, ёфт шудани мизочоне, ки моли он?о ба якдигар лозим бошад, мушкил буда, аз тарафи дигар, ?ангоми иваз намудани мол?о бо сабаби вучуд надоштани ченаки умум? яке аз тараф?о зарар медид. Ташкили одилонаи ?ариду фуруш талаб мекунад, ки андозаи ?арчи ме?нати барои исте?соли мол сарфшуда дуруст ба ?исоб гирифта шавад. Чунин ба?исобгири бо ду ро? мумкин аст: ва?ти кори ва пул.
Истифодаи ва?ти кори ?амчун ченаки арзиш имконнопазир аст, зеро барои исте?соли мол?ои як?ела вобаста ба гуногунии тач?изоти истифодашаванда, малакаи коргарон, арзиши ашёи ?ом ва коркарди он вакти кории гуногун сарф мешавад. Бинобар ин, зарурати истифодаи ро?и дуюм, яъне истифодаи пул барои дуруст ба ?исоб гирифтани ?арчи ме?нат ба миён омад.
Пул ин моли ма?суси дорои ?усусият?ои ?осест, ки бо мурури замон аз мол?ои дигар чудо шуда ?амчун ?амарзиш (эквивалент)-и умуми эътибор па?до кардааст.
Мо?ияти пул дар ягонагии 3 ?усусияти он зо?ир мешавад:
- пул ?амчун олоти бевоситаи мубодилаи умум? (П-М);
Муайянкунии арзиши мол ба воситаи пул шароити ивазшавии онро ба ?амаи мол?ои дигар фаро?ам оварда, имкон меди?ад, ки пул ?амчун олоти бевоситаи мубодилаи умуми истифода шавад. Дар вакти и?рои ин хусусияти худ пул бевосита ба хариду фуруши ма?сулот алокаманд аст, яъне амали пул - мол (П-М) ба вукуъ мепайвандад.
?амин тарик, пул ?амчун воситаи ба?амо? ё пайвасткунандаи исте?солкунандагону истеъмолкунандагон баромад мекунад.
Дар ?олати дуюм (пул ?амчун олоти муста?или мубодила) он ба фуруши мол алокаманд набуда, аз як даст ба дасти дигар (П-П) барои истифодаи максаднок мегузарад. Масалан, аз тарафи бонк додани карз ба мизочон, додани андоз аз тарафи а?оли ва кор?она?о ба бучет, ичрои у?дадори?ои мизочон дар назди бонк ва га?ра.
?усусияти сеюми ифодагари мо?ияти пул ин ?амчун олоти берунии ченаки ме?нат зу?ур кардани он аст. Тавре ки зикр гардид, ченаки до?илии ме?нат вакти кори буда, барои истифода дар шароити исте?солоти моли мувофик нест. Маълум аст, ки ?амаи мол?о дар бозор аз руи арзишашон фуру?та мешаванд, бинобар ин мукоисашавии арзиш и он?о ба арзиши моли махсус зарур аст. Агар шахси ало?ида барои конеъ гардонидани талаботаш аз дигарон молеро гирифтани бошад, пас у бояд ба ивазаш моли ма?сус - ?амарзиш: пешни?од кунад. Моли махсус - пул ба ивази ме?нат дода мешавад, аз ин ру, зарур аст, ки арзишиме?нати ин шахс ба воситаи ?амин моли махсуспул муа?ян карда шавад.
Бо дарназардошти хусусият?ои зикршуда метавон хулоса кард, ки пул ?амчун воситаи таксим ва азнавтаксимшавии даромади милл?, ифодагари алока?ои иктисодии байни корхона?о дар рафтиисте?сол ва фуруши ма?сулот, муносибат?ои иктисодии кор?она?ою шахсони ало?ида бо давлат амал мекунад.
3. Намуд?ои пул дар шароити муосир.
Дар давра?ои гуногуни пешрафти чамъият талабот ба категория?ои иктисоди, аз он чумла пул низ дигар мешавад. Ин аст, ки вобаста ба талаботи чамъият ва имконияти давлат?о намуд?ои гуногуни пул дар муомилот истифода шудаанд.
Таксимоти чамъиятии ме?нат ва пешрафти со?а?ои ало?ида, истифодаи ?амарзиш (эквивалент)-и умумии мутобиктареро талаб мекард. Аз ин ру баробари чудо шудани чорводори аз зироаткори мардум ба сифати ?амарзиши умуми ?айвонотро истифода карданд, зеро он бо кобилият?ои ?осаи ?уд* аз дигар намуди мол?о афзалияти бештар дошт.
имконияти истифодаи ?айвонот ?амчун ?амчун кувваи кори, исте?соли ширу ма?сулоти ширй, гушт, пуст ва гайра.
Чудошавии ?унарманди аз заминдори боиси истифодаи намуд?ои нави ?амарзиши умум?: табар, бирин?, равгани зайтун ва гайра гардид, ки он?о хосият?ои бештари заруриро доро буданд, яъне нисбатан одди, сабуку кам?ачм, таксимшавандаю санчидашаванда буда, арзиши устувортаре доштанд. Пешрафти исте?солоту муомилот ва чустучуи ?амарзиши умумии мутобиктаре боиси дар ?амин давра истифода кардани о?ан, калъаги, кургошим, мис, нукраю тилло ?амчун пул гардид. Дар Чину Осиёи Миёна пул?ои мисин васеъ истифода мешудаанд. Баъдан мамлакат?о ба истифодаи нукраю тилло гузаштанд, ки ?осият?ои бештари заруриро доро буданд.
Албатта, тилло моли аз ?ама киматтарин набуд, вале ба тавассути хосият?ои хос доштанаш му?лати дароз ?амчун пул истифода шудааст. Гарчанде тиллои сафед (платина) филизи аз тиллои маъмули чандин маротиба киматтар аст, вале ба сифати пул истифода нашудааст, балки одамон кариб, ки онро намешиносанд. Зарурати таъмини устувории арзиши пул?о, ба?исобгири ва батанзимдарории муомилоти пули боиси ба як шакли муа?ян даровардани он?о гардид. Ин аст, ки танга?ои филиззии нукрагию тиллои дар шакл?ои муа?ян аз чониби бонк?ою ?укумат?о бароварда шуданд.
Танга?ои нукрагию тиллои то охири асри XIX ва аввали асри XX дар муомилоти пулии мамлакат?ои ало?ида истифода шудаанд. Баъдан мамлакат?о паси ?ам аз истифодаи пул?ои тиллои даст кашиданд, зеро дар шароити па? дар па? зиёдшавии исте?соли молу ?изматрасони барои таъмини талаботи муомилот за?ира?ои зиёди тилло лозим буд. Барои конеъ гардонидани ин талабот давлат бояд ?ар сол маблаги зиёдро барои исте?соли тилло ва истифодаи он ?амчун пул сарф мекард. Давлат?ое, ки кон?ои тилло надоштанд, мачбур буданд кисми за?ира?ои моддии ?удро барои ?ариди тилло сарф кунанд. Илова ба он, сармояи дар шакли пули тиллои чамъшуда фоизи иловаг? намеовард, яъне мисли пул?ои имрузаи дар бонкмонда аз ?исоби фоиз зиёд намешуданд. Аз тарафи дигар, калон?ачм будани муомилоти пулии тиллои мушкили?ои зиёдеро ?ангоми васеъ шудани савдои ба?нал?алк? ба миён овард. Давлату то?ирон барои додугирифт бо мамлакат?ои хорич? маблаг?ои иловагии зиёдеро сарф мекарданд, ки боиси камманфиат? ва садди ро?и пешрафти савдои ба?нал?алк?* мегардид.
*Масалан, агар давлат барои аз ширкати амрико? ?аридани ?авопа?мои калон?ачми арзишаш 50 млн. доллар шартнома баста бошад, ба бонки милл? барои гузаронидани ин маблаг супориш меди?ад. Бонки милл? дар навбати ?уд аз ?исоби доллар?ои дар бонки амрико? доштааш маблаги заруриро на дертар аз рузи дигар ба ?исоби ширкати амрикои мегузаронад. Ширкат бошад, фардо ё пасфардо ?авопа?моро ба ?аридор мефиристад. ?арчи бонк барои ин амалиет на зиедтар аз 100 сомони аст. Дар ?олати муомилоти пулии тиллои барои хариди ин ?авопаймо бо нарх?ои соли 2005 та?минан 10 тонна тиллои ма?аки 585 лозим аст. Барои ин микдори тиллоро аз давлати мо то Амрико бурдан вакту харочот?ои зиёди иловаги (та?минан 300 ?азор сомони) лозим аст. Тилло на тан?о дар шакли пул, балки дар шакл?ои дигар низ (чаво?ирот, воситаи пулгункуни, нокил ва гайра) истифода мешавад. Тилло дар шакли пул вобаста ба ?арчи ме?нат барои зебосози (диза?н) ва ре?тани он аз тилло дар шакли одди киматтар буд ва ин фаркият аз ?исоби хазинаи давлат пушонида мешуд.
Илова ба ин камбуди?о, тилло бо сабаби мулоим буданаш ?ангоми истифода ?урда шуда вазнашро гум мекунад ва давлат барои таъмини устувории арзиши он бояд доимо танга?ои тиллоии истифодашударо ба танга?ои нав иваз намояд. Иктисоддон?ои амрикои ?исоб кардаанд, ки агар имруз?о дар ИМА муомилоти пулии тиллои мебуд, давлаташонро лозим меомад, ?ар соле барои нига?дошти он камаш 2,5 ?азор тонна тиллои ?олис сарф кунадю
За?ира?ои тиллоии Амрико соли 2004 ба 13 ?азор тонна баробар буд ва агар ?исоб кунем, ки дар ин мамлакат 100 соли о?ир тилло ?амчун пул истифода намешавад, пас ба ?улоса меоем, ки ?атто чунин давлати пуриктидор аз у?даи ташкили муомилоти пулии тиллои намебарояд.
*Арзиши номиналии пули тилло? (арзиши дар болои танга навишташуда) бояд ба арзиши конунан муа?яншудаи он баробар бошад, вагарна боварии мардум ба ин танга?о ва ?укумат, ки эмитент - барорандаи пул аст, гум мешавад. Барои мисол, ?укумат ?амчун эмитент эълон мекунад, ки тангаи 10 сомонии аз тилло? ма?аки 585 со?ташуда, 10 грамм вазн дорад.
Вале ?ангоми истифода дар муомилот ин танга ?урда шуда вазни ?удро гум мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки аз чониби эмитент ба тангаи арзишаш пурра иваз карда шавад.
Ба ?ама маълум аст, ки микдори кон?ои тилло дар дунё ?еле ма?дуданд ва исте?солкунандагони тилло аз у?даи конеъ гардонидани талаботи муомилот ба тилло намебароянд. Илова ба ин, максади асосии ?ама гуна намуди исте?солот гирифтани арзиши иловаг? мебошад. Исте?соли тилло, ки киматтарин моли дунё буд, зараровар гардида, боиси болоравии арзиши тиллою мол?ои дигар ва номутаносибии пешрафти со?а?о гардид.
?амин тарик, илова ба камбуди?ои дар мавзуи аввал ка?дшуда, ма?дуд будани за?ира?о ва таъмини нопурраи муомилоти пули ба микдори зарурии тилло, таъсири манфии муомилоти пулии нопурра ба исте?солот вазъи ногувореро ба миён овард.
Давлат?о дар чустучуи ро?и баромад аз ин вазъи ногувор мачбур шуданд пули тиллоиро ба намояндаи он дар муомилот - пул?ои ?огаз? иваз намоянд.
Пул?ои ?о?аз?
Пул?ои ко?аз? ба ду гуру? чудо мешаванд: пул?ои хазинадор? ва пул?ои ?арз?.
П у л ? о и хазинадор?Пул?ои хазинадор? аз чониби ?укумат (ба воситаи со?тори молиявии он) барои пушонидани ?арочот?ои иловагии бучет (хусусан ?ангоми чанг, гиперинфлятсия ва ?одиса?ои дигари ?арчи барзиёдро талабкунанда) ба муомилот бароварда мешаванд. Давлат у?дадор нест, ки ин пул?оро ?ангоми зарурат аз муомилот гирад, зеро он?о таъминоти асли надоранд.
Баровардани пул?ои хазинадори ?ачми умумии пул?оро дар муомилот зиёд намуда, боиси болоравии нар??о ё таваррум мегардад. Бинобар ин, истифодаи чунин намуди пул?о воситаи «мачбурии» чамъ кардани андози иловаги аз мардум барои пушонидани ?арочот?ои барзиёди бучети давлат ?исобида мешавад.
Дар То?икистон пул?ои хазинадори дар давраи Итти?оди Шурав? истифода шудаанд. Он?о 1, 3, 5-рублаи чопи соли 1961 буданд, ки баробари ба истифодаи пули милли гузаштани ватанамон аз муомилот гирифта шуданд.
Имруз?о пул?ои хазинадор? дар ИМА, Италия, ?индустон, Индонезия ва чанд мамлакати дигар истифода мешаванд.
П у л ? о и ?арз?
Асоси пайдоиши пул?ои ?арзи истифодаи забонхат?ои чаво?иротсозон буд, ки таъминоти тиллои дошта, дар муомилот озод истифода мешуданд. Ин забон?ат?о бо мурури замон ва равнак ёфтани фаъолияти бонк?о ба шакли муа?ян даромада векселном гирифтанд. Вексел?о ба гуру?и пул?ои карзи до?ил мешаванд, зеро бо тартиби аз чониби бонк?о муа?янкарда бароварда шуда, ?амчун гарави карзи ба ивазашон додашаванда эътибор доранд. Яъне со?иби вексел имкон дорад онро ?амчун гарав истифода карда, ба ивазаш ?арз гирад.
Баъдан дар натичаи пешрафти бонкдори, па?доиши имконияти ?исоббаробаркунии га?ринакди ва истифодаи мошин?ои электрони дар со?аи бонкдори шакл?ои нави пул?ои карзи: бонкнота?о, чек, пул?ои электрони ва корт?ои бонкипа?до шуданд.
?усусияти ?оси пул?ои карзи аз он иборат аст, ки он?о дар асоси амалиёт?ои карз?, яъне ?ангоми додани карз ба муомилот бароварда шуда, бо мурури замон ба бонк бармегарданд. Таъмин будани карз ба микдори муайяни мол ё восита?ои асосию гардиш нишонаи таъминоти моли доштани пул?ои карзи мебошад.
Агар барориши пул?ои ?азинадори ба максади пушонидани касри бучет амали гардад ва ба талаботи муомилот алокае надошта бошад, пас барориши пул?ои карзи дар асоси талаботи муомилот ба пул амали мегардад. Ин аст, ки он?о дар ?олати татбики сиёсати дурусти пули аз чониби бонки маркази ба болоравии нар??о сабаб намешаванд.
Албатта, дар аввал пул?ои когазиро ба муомилот бе ягон па?вастаги ба тилло баровардан гайриимкон буд, зеро мардум он?оро эътироф намекард. Бинобар ин, бонк?ои тичорати, ки эмитенти пул?ои когази буданд, гарави таъмини устувории арзиши он?о ё ба таври дигар, гарави дар ?олати зарури ба ивази пул?ои когази додани микдори муайяни тиллоро доданд. Ин пайвастаги аввал «стандарти тилло?» ва баъдан «стандарти хишти тилло?» ном гирифт.
Аз чониби давлат кабул кардани «стандарти тилло?» маънои онро дошт, ки во?иди пулии ин мамлакат ба микдори муайяни тилло баробар аст ва ?ар касе пули онро ба бонк пешни?од кунад, со?иби микдори муа?яншудаи тилло мегардад. Масалан, дар Британияи Кабир аз асри XVII то соли 1914 стандарти тиллои вучуд дошт. Мувофи?и конун фунт стерлинг ба 113 гран ё 7,3 грамм тиллои холис баробар буд. Бо cap шудани чанги якуми ча?они ва зиёд шудани харочот?ои ?арбии мамлакат Британияи Кабир аз стандарти тилло? даст кашид, зеро дигар имконияти ба ивази пул?ояш додани тиллоро надошт. ?атто танга?ои тиллоие, ки дар гардиш буданд, аз муомилот гирифта шуданд.
Мамлакат?ое, ки иктидори истифодаи стандарти тиллоиро надоштанд, бо ро?и истифодаи «стандарти хишти тилло?» ме?останд устувории арзиши пулашонро таъмин намоянд. Масалан, Британияи Кабир баъди анчоми чанги якуми ча?они ва баркарор шудани иктисодиёташ соли 1925 истифодаи «стандарти хишти тилло?»-ро эълон кард, ки мувофики он давлат ба ша?сони ?о?ишманд ба ивази пулашон ?ишти тилло? медод. Арзиши ?ишти тиллои, ки 11 киллою 340 грамм вазн дошт, ба 1550 фунт стерлинг баробар буд. Дар он давра ин маблаги калон буд ва ба ?ар кас муяссар намешуд, ки со?иби чунин маблаг гардад. Бу?рони иктисодии сол?ои 30-юми асри XX Британияи Кабирро мачбур со?т, ки соли 1931 аз «стандарти хишти тилло?» даст кашад.
Баробари аз чониби ?укумату бонк?о ёфтани ро??ои танзими гардиши пул?ои ко?азию таъмини устувории курби он?о ва бо ин восита зиёд намудани эътимоди мардум ба пул?ои когази давлат?о паси ?ам аз стандарт?ои тиллоию ?ишти тиллои даст кашиданд, яъне имруз ягон давлати дунё ба ивази пулаш тилло ё ?ишти тиллои намеди?ад, гарчанде шумо метавонед бо он пул аз бозораш микдори муа?яни тиллоро ?аридори кунед. Пешрафти со?аи бонкдори, электроника ва татбики комёби?ои он дар ин со?а, фоиданокии ниго?дошти пул дар бонк, самаранокии истифодаи шакл?ои ?озирзамони ?исоббаробаркун? ба воситаи бонк ва га?ра?о боиси пай дар пай камшавии истифодаи пул?ои накди ва васеъ шудани истифодаи пул?ои га?ринакд? гардид.
Просмотр: 6572
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved