|

Низоми байналхалқии асъор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-01

Муносибатҳои байналхалқии асъорӣ, яке аз шаклҳои асосии муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.
Муносибатҳои асъорӣ гуфта чунин муносибатҳои иқтисодиеро меноманд, ки ҳангоми фаъолият намудани пул дар гардиши байналхалқӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин шакли муносибатҳо дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат пайдо шуда инкишоф меёбанд.
Ба субъектҳои муносибатҳои асъорӣ – давлат, корхонаҳо, бонкҳо, шахсони алоҳида ва ташкилотҳое, ки ба фаъолияти берунӣ–иқтисодӣ машғуланд, дохил мешаванд.
Низоми асъорӣ гуфта шакли муайяни ҳуқуқии ташкили муносибатҳои асъориро аз ҷониби давлат меноманд.
Дар назарияи иқтисодӣ низоми миллии асъор, низоми минтақавии асъор ва низоми байналхалқии асъорро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.
Низоми миллии асъор як қисми низоми пулии мамлакат мебошад, ки дар доираи он захираҳои асъорӣ ташкил ва истифода карда мешаванд.
Низоми минтақавии асъор муносибатҳои асъориро дар байни якчанд давлати як минтақа ифода менамояд.
Низоми байналхалқии асъор маҷмўи қонун, қоидаҳо ва муассисаҳое мебошанд, ки муносибатҳои байналхалқии молиявӣ, қарзӣ ва ҳисоббаробаркуниро дар асоси созишномаҳои давлатӣ ташкил менамоянд.
Низоми байналхалқии асъор дар асоси низомҳои миллии асъор ташкил шуда аз унсурҳои зерин иборат аст:

  • воситаҳои пардохт (асъори миллӣ, тилло, СДР, ЭКЮ ё ин ки Евро);
  • механизми муайян ва нигоҳ доштани қурби асъор;
  • шароитҳои қобили табдил будани асъор;
  • тартиби мувозинат намудани пардохтҳои байналхалқӣ;
  • ташкилотҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки барои танзими муносибатҳои асъорӣ истифода мешаванд.

Низоми байналхалқии асъор дар таърихи инкишофи худ се зинаро аз сар гузаронидааст: зинаи аввал аз соли 1879 то 1944; зинаи дуюм аз соли 1944 то соли 1976 ва зинаи сеюм аз соли 1976 то имрўз. Мувофиқи ин зинаҳо се шакли низоми байналхалқии асъорро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: низоми стандарти тиллоӣ; низоми асъории Бреттон-Вудск ва низоми асъори озод (Ямайка). Онҳоро низоми  қурби асъор низ меноманд.
Низоми стандарти тиллоӣ чунин низомест, ки дар он тилло ба сифати асъори байналхалқӣ истифода мешавад. Ин низом дорои хусусиятҳои зерин буд:

  • тилло бо вазни муайян дар ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ истифода мешуд;
  • тилло бо дигар асъорҳои миллӣ озодона мубодила карда шуда дар бозорҳои миллӣ низ озодона истифода мешуд;
  • нархи тамоми молҳо бо воҳиди тиллоӣ муқаррар карда мешуд;
  • барои содироту воридоти тилло ягон монеа вуҷуд надошт.

Низоми асъории Бреттон-Вудск (низоми асъории мустаҳкам) соли 1944 ба ҷои низоми стандарти тиллоӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ин низоми асъорӣ хусусиятҳои зерин хос мебошад:

  • вазифаи пули ҷаҳониро дар тилло минбаъд дигар пулҳои миллӣ аз ҷумла доллари амрикоӣ ва фунт-стерлинги англисӣ низ иҷро менамуданд;
  • таркиби тиллоии ҳамаи асъорҳо ва қурби мустаҳками онҳо нисбат ба доллар муайян карда мешуд;
  • давлатҳое, ки созишномаи Бреттон-Вудскро имзо кардаанд бояд ба қурби асъорашон тағирот ворид намекарданд;
  • ташкилоти асосии молиявию қарзии байналхалқӣ Фонди байналхалқии асъор (ФБА) ва Бонки байналхалқии таҷдид ва тараққиёт (ББТТ) ташкил шуда, ҳамчун муассисони асосии муносибатҳои байналхалқии асъорӣ эътироф карда шуда буданд.

Низоми асъори озод соли 1976 дар конфронси Ямайка ташкил шудааст ва қоидаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

  • нархи мустаҳками расмии тилло бекор карда шавад;
  • хариду фурўши озоди тилло бо нархҳои бозорӣ иҷозат  дода шавад;
  • иваз намудани доллар бо тилло барои бонкҳои марказию органҳои давлатӣ манъ карда шавад;
  • ҳуқуқи ташкили асъорҳои минтақавӣ эътироф карда шавад;
  • тартиботи (режим) асъорҳои озод шинокунанда ҷорӣ карда шавад;
  • ба сифати пулҳои ҷаҳонӣ, асъорҳои минтақавӣ, маркаи немисӣ ва йени ҷопонӣ низ истифода шаванд;
ба ФБА ҳуқуқи назорат аз болои сиёсати асъории давлатҳои аъзои ин созишнома дода шавад.

Дидан карданд: 1301

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: