|

Тиҷорати байналхалқӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-01

Яке аз шаклҳои аввалин ва асосии муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодӣ тиҷорати (савдои) байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.
Тиҷорати байналхалқӣ гуфта, чунин шакли муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодиеро меноманд, ки тавассути содирот ва воридоти молу хизматҳо ба амал меояд.
Тиҷорати байналхалқӣ маҷмўи созишҳоро оид ба иваз намудани молу хизматҳо дар байни давлатҳо ифода мекунад. Асоси инкишофи тиҷорати байналхалқиро манфиатҳои тарафайн аз мубодилаи молу хизматҳо ташкил медиҳанд ва сабабҳои асосии мавҷудияти тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:

  • тақсимот ва таъминоти нобаробари захираҳои иқтисодӣ;
  • мавҷуд будани дараҷаҳои гуногуни самаранокии  технологияҳои гуногун дар кишварои гуногун.

Моҳияти асосии тиҷорати байналхалқӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути он маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ бартараф карда шуда, ҳаҷми бозори дохилӣ васеъ карда мешавад ва даромади иловагӣ аз ҳисоби фарқият дар байни хароҷотҳои миллӣ ва берунии истеҳсолӣ ба даст оварда мешавад. Инчунин ба воситаи тиҷорати байналхалқӣ ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ, аз ҳисоби захираҳои хориҷӣ, зиёд карда мешавад.
Шаклҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ ин содирот ва воридоти молу хизматҳо мебошад.
Содирот гуфта ин  ба беруни кишвар фурўхтани молу хизматҳо дар назар дошта мешавад.
Воридот гуфта аз беруни кишвар харидани молу хизматҳоро меноманд.
Ҳаҷми содирот ва воридот аз сиёсати тиҷорати байналхалқӣ вобаста мебошад. Сиёсати тиҷорати байналхалқӣ гуфта чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар соҳаи тиҷорати байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд.
Асосан дар назарияи иқтисодӣ ду шакли сиёсати тиҷорати байналхалқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сиёсати ҳимоягарӣ (протексионистӣ) ва сиёсати тиҷорати озод (фритредерӣ).
Сиёсати ҳимоягарӣ – сиёсатест, ки барои ҳимояи бозори миллӣ (дохилӣ) аз молҳою хизматҳои хориҷӣ, тавассути маҳдуд намудани воридот, сурат мегирад. Самтҳои асосии сиёсати ҳимоягарӣ инҳо мебошанд:

  • боҷҳои гумрукӣ, ки ҳангоми содирот дараҷаашон паст буда ҳангоми воридот дараҷаи онҳо баланд бардошта мешавад;
  •  монеаҳои ғайритарифӣ, ки ба онҳо монополияи давлатӣ, литсензиякунонӣ ва муайян кардани ҳисса дохил мешавад.

Монополияи давлатӣ ин ҳуқуқи махсус додан ба ташкилотҳои давлатӣ, оид ба анҷом додани амалиётҳои гуногуни тиҷорати байналхалқӣ мебошад.
Литсензиякунонӣ – ин иҷозат додан ба ташкилотҳои гуногун оид ба анҷом додани тиҷорати байналхалқӣ мебошад.
Муайян кардани ҳисса – таъин намудани ҳиссаи содироту воридоти молҳои алоҳидаро ифода мекунад.
Сиёсати тиҷорати озод дар охири асри XVIII ба муқобили сиёсати ҳимоягарӣ пайдо шудааст ва истифодаи ягон монеаҳоро пешбинӣ намекунад.
Нишондиҳандаҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:

  • Гардиши тиҷорати байналхалқӣ, ки суммаи содироти воридоти молу хизматҳоро ифода намуда аз рўи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Ex + Im = Тб

  • Ҳиссаи тиҷорати байналхалқӣ дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

  • Ҳиссаи содирот дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

  • Ҳиссаи воридод дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

;

Дидан карданд: 1312

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Бону
Санаи дохилгардида: 2017-01-17

Ташаккури зиёд ба хамон нафароне, ки ин сайтро кушоданд,

Каментарй дохил кард: Бону
Санаи дохилгардида: 2017-01-17

Ташаккури зиёд ба хамон нафароне, ки ин сайтро кушоданд,


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: