|

Иқтисоди ҷаҳонӣ: мафҳум ва таркиби он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-01

Иқтисоди ҷаҳонӣ (хоҷагии ҷаҳонӣ) натиҷаи инкишофи дуру дарози таърихии инсоният мебошад, ки ҳамчун як низоми бутун дар оғози асри XIX ба вуҷуд омадааст. Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми иқтисоди ҷаҳониро дар маънои фарроҳ ва дар маънои маҳдуд истифода мекунанд.
Дар маънои васеъ хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта маҷмўи иқтисодҳои миллиро меноманд, ки дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба ҳамдигар алоқаманд шудаанд.
Дар маънои маҳдуд хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта низоми муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳоро меноманд.
Дар ҳарду сурат ҷавҳари асосии фаҳмиши иқтисоди ҷаҳониро муносибатҳои байналхалқӣ–иқтисодӣ (МБИ) ташкил мекунад, ки алоқаҳою муносибатҳоеро ифода менамояд, ки аз чорчўбаи иқтисоди миллӣ берун шудаанд. Хусусияти асосии ин муносибатҳо дар он аст, ки якум, онҳо ба қонунҳои арзаю тақозо вобаста мебошанд ва дуюм, ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои гуногуни ҳуқуқи байналхалқӣ- иқтисодӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мешаванд:

  • тиҷорати байналхалқӣ;
  • муносибатҳои байналхалқии асъорӣ;
  • кўчиши байналхалқии қувваи корӣ ва сармоя;
  • ҳамбастагии иқтисодӣ.

Яке аз заминаҳои асосии пайдоиши иқтисоди ҷаҳонӣ ин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад.
Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат гуфта низоми алоқаҳои гуногунҷабҳаи иқтисодиеро меноманд, ки дар тахассуси мамлакатҳои гуногун ба истеҳсоли шаклҳои алоҳидаи маҳсулот асос ёфтаанд. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат шаклҳои зерини тахассуси истеҳсолиро фаро мегирад:

  • тахассуси соҳавӣ;
  •  тахассуси байнисоҳавӣ;
  • тахассуси дохилисоҳавӣ;

Дар ҷараёни таърихии тараққиёти ҷамъият тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд омадааст:

  • гуногунии муҳити табиӣ, хусусан якхела таъмин набудан  бо захираҳои табиӣ;
  • вазъи ҷуғрофии мамлакатҳо, хусусан ҷойгиршавии онҳо нисбат ба роҳҳои байналхалқии нақлиётӣ;
  •  тафовути давлатҳо дар шумораи аҳолӣ ва масоҳат;
  • тафовути давлатҳо дар дараҷаи иқтидори илмию техникӣ;
  • хусусиятҳои таърихии тараққиёти давлатҳо.

Заминаи дигари ба вуҷуд омадани иқтисоди ҷаҳонӣ ин қонуни маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ мебошад. Мавҷудияти ин қонун ҷой доштани муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодиро тақозо менамояд. Қонуни мазкур пеш аз ҳама дар шаклҳои зерин зоҳир мешавад:

  • маҳдуд будани ашёи хоми минералӣ, ки тамоми фаъолияти соҳаҳо ва корхонаҳои калон аз таъминоти онҳо вобаста мебошад. Дар сурати маҳдудияти онҳо зарурияти аз хориҷи кишвар таъмин намудани онҳо ба вуҷуд меояд;
  • маҳдудияти қувваи корӣ, ки афзоиши истеҳсолот бе қувваи кории тахассуснок ғайриимкон аст ва ҷалб намудани қувваи кории тахассунок дар сурати маҳдуд будани он, хело зарур аст;
  •  маҳдудияти технология, ки ин шакли маҳдудият дар бештари мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад ва кишварҳои дорои технологияи паст ҳамеша барои таъмини истеҳсолот бо технологияи пешқадам кўшиш менамоянд.

Азбаски иқтисоди ҷаҳонӣ алоқамандии иқтисодии якчанд давлатҳоро ифода мекунад, бинобар ҳамин аз иқтисоди миллӣ пеш аз ҳама бо субъектҳои худ фарқ мекунад. Ба субъектҳои иқтисоди ҷаҳонӣ инҳо дохил мешаванд:

  • давлатҳо;
  • ширкатҳои фаромиллатӣ;
  • ташкилотҳои байналхалқӣ.

Таркиби иқтисоди ҷаҳонӣ пеш аз ҳама аз иқтисоди давлатҳои гуногун иборат аст. Ин давлатҳоро дар назарияи иқтисоди ҷаҳонӣ аз рўи аломатҳои гуногун таснифбандӣ менамоянд. Масалан гурўҳи мамлакатҳои мутараққӣ, мамлакатҳои рў ба инкишоф ва мамлкатҳои қафомондаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар назарияи иқтисодӣ мамлакатҳои дунёро аз рўи дараҷаи тараққиёташон низ таснифбандӣ менамоянд. Ин гуна таснифбандиро бори аввал олимони амрикоӣ У. Ростоу ва Д. Белла пешниҳод намудаанд ва мувофиқи он ду гурўҳи кишварҳои дунёро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст:

  • Кишварҳои тараққикардаи саноатӣ;
  • Кишварҳои тоиндустриалӣ (яъне саноаташон инкишоф наёфта).

Ба гурўҳи якуми кишварҳо: Австралия, ИМА, Канада,Ҷопон ва бештари кишварҳои Европаи Ғарбӣ дохил мешаванд. Ин мамлакатҳо дорои технологияи пешқадам, қувваи кории тахассуснок ва захираҳои бойи сармояи асосӣ мебошанд. Ба ин мамлакатҳо суръати тези афзоиши МММ хос мебошад.
Ба гурўҳи дуюм кишварҳое дохил мешаванд, ки дорои қувваҳои истеҳсолкунандаи сустинкишофёфта буда, дар баъзеи онҳо қашшоқӣ ва камбизоатӣ вуҷуд дорад. Вобаста ба афзоиши МММ ва даромад ба сари аҳолӣ онҳоро ба чаҳор гурўҳ тақсим мекунанд:

  • Кишварҳои содироткунандаи нефт, ки даромад ба сари аҳолӣ дар онҳо хело зиёд аст. Масалан: Арабистони Саудӣ ва Қувейт.
  • Кишварҳои нави саноатӣ, ки ба онҳо суръати зиёди афзоиши содирот  ва МММ хос мебошад. Ба ин гурўҳ давлатҳои зерин дохил мешаванд: Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Бразилия, Мексика, Турсия, Чин, Испания, Португалия ва Ирландия.
  • Кишварҳои қафомонда, ки ба онҳо қашшоқию камбизоатӣ хос мебошад. Ба ин давлатҳо Бангладеш, Ефиопия ва як қатор давлатҳои қитъаи Африка дохил мешаванд.
  • Кишварҳои дорои иқтисоди бозории сустинкишофёфта, ки ба онҳо давлатҳои Европаи Шарқӣ ва ИДМ дохил мешаванд.

Дидан карданд: 1843

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: