|

Мактуби кушода

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Мактуби кушода
аз номи 8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии
вилояти Суғд ба раиси ҲНИТ

(дар ҳошияи ҳодисаҳои ахири Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои исломӣ, ки зери номи ҳизбҳои исломӣ фақат дар муддати камтар аз як моҳ зиёда аз ҳазор нафар, аз ҷумла тифлони бегуноҳ, модарон, хоҳарон ба катл расонида шуданд)

Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ!

Ният доштем ин мактубро ба номи Шумо барвақттар иншо созем, вале то ин замон истиҳола мекардем. Гоҳо мо низ ҳамфикри Шумо будем, аммо ҳодисаҳои даҳшатангези барқсон дар ҷаҳони ислом ахиран рухдода, қатли наздики 500 нафар тифлон, наврасон, ҷавонзанону афроди бегуноҳ дар Покистону Ироқ, Афғонистон, Испания, Канадаю Австралия такони бузурге дар мафкураи мо гардид. Олмони фашистӣ ҳам ба ин гуна амал қодир набуд. Ҳатто ҳайвонҳои ваҳшӣ низ чунин кирдорро ба дигар махлуқот раво намебинанд.
Муътақид гаштем, ҳар он ҳизбу ҳаракате, ки дар дунё таҳти номи Ислом қарор мегирифтааст, баҳона барои куштани фарзанди Инсон будааст.
Мо 2-3 соли охир дар бораи гуфтаю навиштаҳои Шумо ҳам фикр мекардем, баъзан дар ҷаласаҳо ва вохӯриҳоятон иштирок менамудем. Умед доштем, ки шояд наҳзатиҳо таҳти сарварии Шумо аз ивазшавии ҳардақиқаинаи вазъи ҷаҳони кунунӣ хулоса мебароранд ва дар шароити барои ҳар як халқу миллат таҳдидовар маҷрои фаъолияти ҳизбро ба нафъи миллату Ватан самт медиҳанд. Вале тавре мебинем, барои пӯшонидан бар тани умедҳои мо дар ақидаҳои Шумо ҷомае вуҷуд надоштааст. Дар ғояҳое, ки Шумо талқин мекунед, ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ холист. Мисле, ки дар ҳар кунҷи дунё мебинем.
Таърих гувоҳ аст, Шумо низ ҳамчун арабшинос беҳтар аз ҳама медонед, ки миллати тоҷик таъриху тамаддуни ҳаштҳазорсола дорад. Дар ин давом, чанд маротиба мансубияти эътиқодӣ, кешу дини худро иваз кардааст. Аммо миллаташро иваз накардааст. Аз ҷумла, ҳазор соли охири он эътиқодманди Ислом аст. Дар ҳамин давра низ фарзандони асилаш сабру таҳаммул, фазилату дониш, фарҳанги миллии хешро ҳифз намуда, баъзе арзишҳои диниро низ ба он илова кардаанд. Намунаи хоси миллӣ-мазҳабии худро барои ҷаҳониён пешкаш намуданд. Номашон аз рўи миллат, точик будан дар дунё монд. Давлат сохтанд. Бо номи Тоҷикистон.
Мо ҳамаамон мусулмон ҳастем. Бе ҳизб ҳам. Биёед ба чашми якдигар нигоҳ карда рўирост гӯем, ҳизббозиро дар Афѓонистону Покистон кӣ овард? Ҳаракати Толибонро кӣ сохт? Ҷараёни ваҳҳобияро кӣ созмон дод? Маркази Ҳизби таҳрир куҷост? «Давлати исломӣ»-ро кӣ ташкил кард? Аз мардумони хамин сарзамин касеро дар ин маврид пурсиданд? Магар Афғонистону Покистонро ба ҳолати имрӯза бегонагон наафканданд? Магар ҲНИТ берун аз марзҳои Тоҷикистон ташкил нашуд? Хамаи ин хизбхо аз ҷумла ҳизби Шумо аз куҷо маблаѓгузорӣ мешавад? Ин қадар танку туп, яроқу аслиҳа, маош, хурока, пушокро, кӣ? Кадом давлат? Кадом шайх? Кадом мистер медиҳад? Медонем, Шумо посухи тайёр доред. Аммо инсоф кунед. Гардед. Пурсед. Ҳаққи аъзогие, ки шумо мегӯед, чанд пул аст? Масалан аз дуюмин шаҳри Тоҷикистон Хуҷанд, чанд пул ба ҳизби Шумо мерасад?
Таърих фаромӯш намешавад. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳамин ҳизби Шумо роҳбарӣ карду сабабгори фоҷиаҳои мудҳиш гардид. Ҳоло мо аз шарм ҷангро «таҳмилӣ» ном кардаем. Киҳо онро тарҳрезӣ карданду болои миллат таҳмил, худатон беҳтар аз ҳама медонед. Вале ба хотири наҷоту ваҳдати миллат ҳамаи ҷинояткорон бахшида шуданд. Ҳизби Шумо ҳам.

Барои ба иззати нафси Шумо нарасидан, теъдоди ҳамватанони бегуноҳеро, ки факат дар замони осоишта бо нидои «Оллоҳ Акбар» аз дасти пешвоёну аъзоёни минтақавии ҳизби Шумо кушта шуданд, намеоварем. Нигаред ба саҳифаҳои Интернет. Шумо огаҳед, ки маҳз дар давраи роҳбарии худатон фалсафаи «шаҳодат» ба рукни асосии ташвиқи ҳамҳизбон табдил ёфт. Фалсафае, ки боиси хунрезии даҳҳо ҳамдиёри бегуноҳ дар Рашт, инчунин шарқу шимоли ҷумҳурӣ гардид. Дидед, Шумо онҳоро аллакай аз ёд баровардаед. Гарчанде Шумо ҳам фарзанд доред. Вале волидайни ҷигарбирён магар метавонанд онҳоро фаромӯш кунанд? Модари яке аз сарбозони дар Рашт кушташуда, оқибат мубталои касалии руҳӣ гашт. Бо сару пои бараҳна ҳар роҳгузареро дошта мегуфт: «Илҳомҷони ман ҳафтаи оянда тўйи арўсӣ дорад. Биёед!». Аввал механдид. Баъд зор-зор мегирист. Аз гиряи ў ҳама раҳгузарон мегиристанд. Ниҳоят модари бечора худро ба дарёи Сир партофт.
Медонем, Шумо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон набудед. Худатон гуфтед, ки дар Маскав, дар Яман будед. Бизнес мекардед. Бўи оташ, бўи хун ба машоми Шумо нарасидааст. Шумо ва авлоди Шумо аз сӯхтори Тоҷикистон ба пуррагӣ ҷон ба саломат бурданд. Шояд барои хамин Шумо нисбати тақдири мардум аз дури дуриҳо назар мекунед.
Ақидаи раҳгумзананда ва пайгирии Шумо имрӯз садҳо ҷавонони содда ва камсаводи тоҷикро ба майдонҳои мусулмонкушии Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон раҳнамун сохтааст. Магар сохти давлатдорӣ дар ин кишварҳо исломӣ нест? Магар дар он ҷо мардум намоз намехонад? Пас сабаб чист? Дар атрофи ин масъала Шумо андеша мекунед?
Ҳатто дар кишваре, ки ҳизбе мисли ҳизби Шумо дирӯз сари қудрат омадааст, аллакай ҳазорҳо чавонони мусулмонро бо пулу мол ба Сурия мефиристад. Барои террор кардан.
Иллати асосӣ дар ғояҳои хатою ҷоҳилона аст. Ҳамин аст, ки Шумо ошнои бегонагон гаштаед ва иҷрои нақшаҳои онҳоро болотар аз арзишҳои миллии хеш мепазиред. Ҳам Шумо ва ҳам тарафдорони Шумо садҳо «далелу фарзия» меоред. Шиоратонро «Бешубҳа, ҳизби Аллоҳ ғолиб хоҳад буд», мегўед. Шумо намебинед, то ѓолиб омадан, барои ғолиб омадан ва баъд аз ғолиб омадан ҳизбҳои Шумо ба фарзанди Инсон чиҳо карданд ва мекунанд?
Бо чунин муносибат Шумо мардумро куҷо мебаред?
Шумо ба «ҷиҳод» рафтани ҷавонони тоҷикро дар фақру нодорӣ, бекорӣ шарҳ медиҳед. Вале сабаби «ҷиҳодӣ» шудани шаҳрвандони Россия, Австралия, Фаронса, Олмон, Италия, чавонони бештар аз 80 давлати дунё аз ҷумла наздики 500 нафар табааи Британияи Кабир дар чист? Он чизе ба манфиати Шумо нест, намебинед. Аммо бояд дид. Бояд шунид. Ва андеша кард.
Барои ҳамаи ин рӯзе дар пеши таърих ҷавоб бояд гуфт. Ҳукуматдорон барои заъфи барномаҳои иқтисодию иҷтимоиашон посух мегӯянд. Аммо Шумо чӣ? Дар хамин шабу рӯз ҷавоби куштори ваҳшиёнаи 132 нафар кӯдаку навраси покистонӣ, беш аз 150 нафар зани зинда зери хок кардашудаи ироқӣ, қатли 25 ҷавонписари тоҷикро кӣ медиҳад?
Шумо эҳсос мекунед, ки дар дохили худи мусулмонон партия – фирқа сохтед? Яъне фарқият байни онҳо гузоштед. Мусулмононро бо ду ҷабҳа ҷудо кардед. Ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат. Агар Шумо демократия мехоҳед, худи дунявият демократия аст. Он касе, ки худро тоҷик мешуморад бо яки дигар баробар аст. Дар шароити эҷодкардаи Шумо бародар бо бародар душман аст. Толиб магар бародари зиёияшро, ҳамсинфи зиёияшро, ҳамшаҳрии зиёияшро, хамсояи зиёиашро, ҳамватани зиёияшро, намояндаи миллати худашро, ки толиб нест, дӯст медорад? Аллакай наҳзатиҳои Шумо дигар дар масҷидҳо бо мардум намоз намехондагӣ шуданд.
Шумо албатта навори писарбачаи пешоварии захмии мусулмонро дидед, ки дар охирин дами нафасаш бо гиря мегуфт: «Ман мемурам. Пеши Худо меравам. Ба ӯ шикоят мекунам, ки мусулмонхо дар ин дунё чӣ ҷаллодиҳое мекунанд». Писарбачаи содда намедонист, ки Толибон, ёрон ва ҳамақидаҳои онҳо аз Худо боке надоранд. Бо нидо ва муроҷиат ба Худо одамкушӣ мекунанд.

Муҳтарам Кабирӣ!
Ба андешаи мо вақти он расидааст, ки Шумо ва пайравонатон аз ин роҳ баргардед. Дигарон монанд ҳам, Шумо бояд расман аз ин ҳизб даст кашед. Онҳое, ки дар атрофи Шумо ҷамъ омадаанд, қисмати асосиашон раҳгумзадаанд. Дунёро намебинанд. Дилашон ба ояндаи мо ҷавонон, умуман миллат намесӯзад. Ҳар як манфиатхоҳе метавонад онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш истифода барад. Вақти он расидааст, ки Шумо дар роҳи таъмини манфиатҳои мардум, манфиатҳои мусулмонон ягон роҳи озмудаи дигарро интихоб кунед. Пеш баред. Ҷонибдори тақвияти ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошед. Фақат кӯр намебинад, ки дар пешаш гӯр аст. Мову Шумо соҳиби басират ҳастем. Ҳамаи Шумо ҷойи кор меёбед. Аз ин роҳ баргардед. Ғами ояндаи ҷавонони миллатро хӯред. Мо таъкид мекунем, фоҷиаи Тоҷикистон бо ҳизби Шумо рӯз ба рӯз не, соат ба соат наздик омада истодааст. Шумо мардумро бори дуюм ва дафъаи охирон ба ҷанг бурда истодаед. Аз Сурияву Афғонистон чизе намонд. Аз Тоҷикистон ҳам дигар чизе нахоҳад монд. Он чизе, ки шояд ба ёди ягон кас монад, номаи мо ҷавонон хоҳад буд. Аз ин даҳшат бояд канора ҷуст. Ҳоло ҳам бисёр дер нашудааст.
Мо донишҷӯён танҳо нияти донишандӯзӣ дорему халос. Хоҳишамон якест. Ба мо халал нарасонед. Бе ҳизби Шумо ҳам мо мусулмонем. Фақат ҳаётамонро зери хавфу хатар нагузоред. Монед тоҷики бечора бори дигар овораи сад диёр нашавад. Маълум аст, Шумо роҳро медонед. Тез ҷойи худро меёбед. Аммо ин мардум куҷо равад?
Тавба кунед. Ислоҳ шавед. Мардумро, алалхусус ҷавононро наҷот диҳед. Фардо дер мешавад.

Бо умеди баррасию хулосабарории мантиқӣ аз ҷониби Шумо, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд.

 http://download.files.namba.tj/files/69329541/Murojiatnoma_b a_M.Kabiri.pdf?p4RW4kPiu3be%2Bv1i%2BSVHag52lVUkKo8cIc0Ldc8sk gRlDQ%3D%3D

Дидан карданд: 5369

Мавзӯъҳои монанд:

Маркетинг дар низоми бонкӣ

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон

Низоми бонкии Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони ҳозира

Бонки миллии Тоҷикистон ва вазифаҳои он

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

Вазифаҳои асоси ва мақсади бонки тиҷорати

Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

Захираҳои қарзи ва таснифи онҳо

Воситаҳои хусусии бонк

Воситаҳои пулии ҷалбшаванда

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Бобошка
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Фазои сиёсии чахони имрўз дар ќиёс бо тамоми даврахои таърихи башарият хеле хассос ва хатарзову хатарпазир гардидааст. Бегумон, ин њолат ба чанд омил иртиботи мустаќим дорад. Пешрафти бемайлони технология, ихтирои василањои муоширати осону озоди электронї, сохтану пањншавї ва таљдиди навъњои гуногуни яроќи ќатли ом, инчунин зуњури њаракатњои шадиди нажодиву миллї ва диниву мазњабї руњи ороми љањонро ба ларза даровардаанд. Агар инсоният бо пешбурди истењсолоту саноат ва кашфу тадќиќи кайњон вазъи экологии сайёраро вайрон карда, боиси таѓйири иќлим гардида истода бошад, боз њам худи ў бо пайдоиши аќидаву таълимотњое машѓул аст, ки фазои маънавии оламро ба куллї дигаргун месозанд. Мутаассифона, дар баробари пањншавии вирусњои марговаре ба саломатии фарзандони одам њамарўза хавфу хатар эљод менамоянд, вируси дигаре њам бо номи экстремизму терроризм дар гўшаву канори олам доман мегустаронад. Бадии ин зуњуроти манфии њаёти иљтимоиву сиёсии љањон аз он иборат аст, ки саркардагону манфиатљўёни ин тамоюл дини мубини исломро ба худ ниќоб мекунанд ва зикри номи бузурги Худовандро дар ќатлу куштор сарсухани «ѓалаба»-ю «муваффаќият»-њои худ мењисобанд. Бо назардошти ин њолат маълум мегардад, ки имрўз дар љањон ягон давлате нест, ки аз ин вабо эмин бошад, яъне тањдиду зарари ин зуњуроти оламсўзро тамоми љомеаи инсонї беш аз пеш эњсос менамояд. Њоло террроризме, ки исломи пок ва номи Худову Пайѓамбарро чун байраќ баланд бардошта, хуни њазорону кўдакони бегуноњ, занону мардони бечораву залилро мерезад, чун хор дар гулистони њаёти осоиштаи мардум сар берун мекунад ва барои он гўё чизе дар олам ба ѓайр аз куштану сўхтану тарконидан муќаддасу гиромї нест. Аз ин рў, он чи дар маќолаи донишљўён омадааст, комилан натиљаи тањлилу баррасии хубу огоњонаи вазъи сиёсии љањони имрўз аст. Љавонони равшанфикр ба дурустї дарёфтаанд, ки Њизби нањзати исломии Тољикистон ба ѓайр аз таблиѓи ѓояњои сиёсї њадафи дигаре надорад. Имрўз дар тамоми шабакањои Интернетї љавонони зиёде фирефтаи ваъдањои зиёди роњбарияти ин њизби сиёсї шуда, њамсафону њамрањони худро гулу гумроњ месозанд. Дар чашму зењни љавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату намодњоро љилвагар сохта, пешравию ободонии Тољикистони озоду соњибистиќлолро хурду њаќир ва ночиз нишон медињанд. Фаъолияти Њизби нањзати исломии Тољикистон ва пинњонкорињои аъзоёни таблиѓгару сияњкори он тадриљан хатарњои нав ба навро барои љомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст. Мо, устодон низ аз чунин андешаварзї, фикри сарењу равшани љавонони донишљў истиќболи њамаљониба менамоем. Њамчунин таќозои онро дорем, ки бе чунин њизби бемояву тахрибкор њам муњити сиёсиву фарњангии Тољикистон пок ва рукнњои давлатдории он ќоиму барпо хоњанд истод. Дар кишвар озодии виљдон, ибодат, таљлили иду маросимњои динї ба пуррагї кафолат дода шудааст. Нашри чандњазораи Ќуръони маљид ба забони тољикиву арабї, ба табъ расидани тарљумаи ќариб тамоми љилдњои матни «Сањењ»-и Имом Бухорї, мунтахаби ањодиси набавї, шарњњои ќуръонї, китобњо оид ба намозу рўзаву њаљ, рисолањои фиќњї, осори Имоми Аъзам ва дигар бузургони дин худ ба худ холигоњи њизби сиёсии олудасози номи мубораки Исломро пур мекунад. Бигзор, тамоми љавонони Тољикистони азиз мо чунин раъю андешаи солим дошта бошанд! Ин аст худшиносиву худогоњии милливу сиёсї ва динї!

Каментарй дохил кард: Расул
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Сад фоиз дуруст аст! Њизби нањзати исломии Тољикистон барои миллати тољик ягон хизмат накардааст. Маќсаду њадафи ин њизб як аст: Давлати исломї, яъне таѓйир додани сохти конститутсионии кишвари мо аст. Мо дар љањон давлатњои исломии ќонунї ва ѓайриќонуниро дида истодаем, ки ба кадом бало гирифтор шуда истодаанд. Он мардум аз шањди зиндагї, озодї, ва дигар неъматњои Худованд бебањраянд. Муњиддин Кабири, ки тавре, дар матлаби донишљўён ишора шудааст, мисли тароша аз бом ба ЊНИТ омадааст. Ва омодану рафтани Кабирїба ЊНИТ ягон суде нест. Зеро Кабири танњо сайёњ ё худ турист аст, аз ин тарафи дунё ба он тарафи дунё сафар мекунаду парвои олам надорад. 34 њазор долларо ба ким кадом як фаластини арзони медораду шояд як њамсояи саѓири файзободии ў дилашба нон гумм мезанаду ташнаи об аст. Магар ин аст ватандорї? Магар ин аст шеваи сиёсатбарї? Магар ин аст роњбарї? Хок ба чашми чунин роњбарони азњобе, ки кушиши ба сари кудрат омадан мекунанд? Бино ба маълумоти таърихи љанги шањрвандї ЊНИТ соли 1992 ташкил шуда буд, вале кадом як бехабар эълон доштааст, киин њиб 40 сола шуд. Ку мантиќ? Њамин њам гап шудмї? Тарафдору аъзоёни ЊНИТ пурра тањсилкардаи донишгоњњои хориљиянд? Масалан чанде пеш Мањмудљон Файзрањмонов сухангуи ин њизб номзадиашро аз њавзаи интихоботии Ќумсангир ба вакилии Маљлиси намояндагон гузошт. Бечора фориѓултањсили Донишгоњи исломии Покистон бьудааст. Донишгоње, ки бештар террорист тайёр менамояд, ки мо њамин шабу руз шоњиди чандин амали дањшатафканї шуда истодаем, ки тарбиятгарони њамингуна донишгоњњо њастиянд. Хамин Мањмудљон Файзрањмон чї хизматеарои мардум кардааст манн анмедонам. Дар охир як таклиф дорам. ХНИТ дар Тољикистон баста шавад. Чаро дар давлатњои Осиёи Миёна чунин њизб нест? Барои он ки онњо дарфикри таъмини амнияти миллиашон хастанд. Мо њам хоњем, ки давлатмон ояндадор, пуриќтидор, ташаккулёбанда бошад,ин њизброкомилан аз байн барем!!!

Каментарй дохил кард: Мавр
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Мактуби кушодаи донишљўёни Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон ба раиси ЊНИТ Муњиддин Кабирї хеле бамаврид ва дар ваќти муносиб рўйи ќоѓаз омада, на фаќат донишљўёни донишгоњњои ќаламрави вилояти Суѓд, балки тамоми љомеаи љавони тољикро ба ташвиш меандозад ва онњоро воќеан њам ба олами фикру андешаи амиќ ѓўтавар месозад. Равшан аст, ки матолиби нома нукоти муњими зиндагии имрўзро дар бар мегирад ва дар заминаи њодисањои нангини охирини Покистон, Афѓонистон, Сурия, Ироќ ва дигар манотиќи исломї ба ќалам омадааст. Дар њаќиќат зери таъсири афкори носавоб ва равияњои бебунёди «бунёдгарони» исломї «фаќат дар муддати камтар аз як моњ зиёда аз њазор нафар, аз љумла тифлони бегуноњ, модарон, хоњарон ба катл расонида шуданд», ки ин њол моро ба ташвиш наоварда наметавонад. Ин нома бо нияти холис, сабру тањаммул ва андешаи созгор ба замони пуртазоди имрўз таълиф шудааст. Дар он бо асноду далели раднопазир оид ба њодисањои дањшатангези љањони ислом, ќатли наздики 500 нафар тифлон, наврасон, љавонзанону афроди бегуноњ дар Покистону Ироќ, Афѓонистон, Испания, Канадаю Австралия сухан рафтааст. Дар њаќиќат кўшишу амалњои тахрибкоронаи афроде, ки дар либоси дифои ислом ва исломият њаргуна ормони инсондўстиро поймол ва љойгоњи миллат, давлатдорї ва арзишњои миллиро танг мекунанд, сазовор ба мањкум шудан аст. Эътиќод ва имон ба кешу дин албатта амали муњим ба њар як мусулмон аст. Аммо нишонањои ин эътиќодмандї њаргиз даст задан ба разолат, ќатлу куштор ва хунрезї набуд. Дар тамоми арзу тўли таърихи миллат эътиќодмандї ба дини мубини Ислом дар пояи баланди маънавї ва рўњонї ќарор дошт, муслимин арзишњои исломиро дар заминаи фарњанги миллї ва бо сабру тањаммул ва фазилату дониши мумтоз њифз намудаанд. Ин кирдору рафторе, ки имрўз дар либоси эътиќод ба Ислом ва Худо содир мегардад, ба кадом андешаву афкори баланду љањонсози Имоми Абўњанифаи Аъзам, Имоми Бухорї, Муњаммади Ѓазолї, Љалолуддини Румї ва дањњо шахсиятњои номвари дигари љањонї, ки фарзандони бузургвори миллати тољику форсанд, созгорї дорад?... Нагзорем, ки бо афкори ѓалат, љоњилона ва кўр-кўрона фикри ањли миллат, хоса насли љавонро зањрогин ва фарзанди Инсонро ќурбони љањолат гардонем. Агар фарзанди инсон фаќру нодору бекор њам бошад, набояд ба роњи «љињод» равад. Танњо «љињод» охирин роњ барои ба Худо расидани насли имрўз нест. Бењтарин роњро дар љойи дигар, дар тарбияи маънавии насл, дар тарѓиби одобу аллоќи нек, инсондўстї дарёфтан низ дар назди Худованд кори савоб аст. Дар гузашта бењтарин усули расидан ба маърифати парвардигор МУТОЛИАИ КИТОБ ба шумор мерафт. Аммо имрўз ин маънї аз мадди назари чунин ислоњотталабон дур рафтааст. Бояд инро ба назар гирифт… Мо љонибдори онем, ки пайравони одамкушї, љаллодони имрўз аз ин роњ ба дурустї ва мусолињаомезона даст кашанд, дар гирдоби рањгумї ѓарќ нашаванд. Дунёро дида тавонанд. Дилашон ба ояндаи љавонон ва миллат сўзад. Дар таъмини манфиатњои мардуми мусулмонон танњо РОЊИ ОЗМУДАИ ТАЪРИХИРО интихоб намоянд…

Каментарй дохил кард: Мурод
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Ба рости хондани мактуби кушод ба раиси ЊНИТ М. Кабирї аз љониби донишљўёни Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон маро то андозае муассир сохт, ки беихтиёр чанд хулосаи худро ба хонандаи мўњтарам пешнињод месозам. Љавонон ин набзи љомеа мањсуб меёбанд. Агар ченаки муносибат дар рўи замин инсон бошад, пас ченаки авзои сиёсї дар љомеа љавононанд. Њамаи пешравињои давлат, дастовардњои миллї, заминаи сулњу субот ва њаёти осоиштаи мардум ва дар як ваќт сабабгори парокандагии миллату азбайнравии давлат дар дасти љавонон аст. Чи ќадаре, ки ин нерў созанда ва солим бошад њамон ќадар давлату љомеа рушд меёбанд, мутараккї хоњанд шуд, вале сўзанда бошанд њайњот… Воќеан ин футуватзамирони матинирода хуб дарк намудаанд, ки рисолати онњо дар ин њаёти кўчак ва ширине худованд барояшон насиб донистааст ин давом додани њаёти инсоният, ба љо овардани ќарзи фарзандї назди волидон, обод кардани гўшаи диёр ва муњаббат кардан ба дигар бандагон мебошад на худкушиву аз байн бурдани љони њазорон бегуноњ, ятим мондани кўдакону бе парастор мондани волидайни пиронсоли мўњтољи дастёрии фарзандон, ба вайрона овардани гўшањои зебову дилорои ватан, ба садсолањои ќафо бурдани раванди тараќќиёти давлат ва нињоят дар дили њамагон коштани тухми ноумедї, бадбинї, таасуби динї ва ба ин монанд кирдори ањриманї. Бас аст. Љавонон дигар лухтаки дасти ањриманону мулњидони бехудову дину диёнат нестанд. Имрўз ба њар як шањрванди Тољикистон равшану фањмост, ки ЊНИТ барои чї бештар ба нерўи љавонон такя мекунад. Агар Созишномаи ризоияти миллї ва истиќрори сулњ дар Тољикистон соли 1997 ба имзо расида бошад, пас то имрўз 18 сол сипарї мешавад, ки тифли яксолаи њамон сол имрўз љавони 18 сола – субъекти муносибатњои сиёсї гардид. Љавоне, ки дањшати рўзи љанги шањрвандиро надидаву эњсос њам накардааст. Бинобарин аз њисоби чунин љавонон ѓанимат ва маккорона истифода бурдан, ман фикр мекунам нишони фитрати пастии инсон ва бешарафист! Мактубе, ки љавонони худшиноси мењанпарасти ДДЊБСТ ба раиси ЊНИТ М. Кабирї ифшо намудаанд, ин њамон як овози аз сидќи дил ва ољиз аз њама гуна ѓаразњои сиёсист. Агарчанде ин овози љавонони ДДЊБСТ бошад њам, ман эътимоди комил дорам, ки мављи ин ташаббус дар рўзњои наздик тамоми Тољикистон ва љавонони бурунмарзии моро фаро мегирад. Зеро мушоњидањо нишон медињанд, ки воќеан ЊНИТ рўз аз рўз аз мењвари манфиатњои миллї берун рафта, ба аќидањои ифротї наздик мешавад. Љуноне ки раиси он М. Кабирї худро ошкор аз пайравони ихвонињо мењисобад, дар њоле, ки «Ихвон-ул-муслимин» њамчун созмони ифротгаро (экстремистї) этироф гардидааст. Ман дар ин радиф ба даъвати ин љавонони бошарафу боѓайрат њамроњ шуда, њамчунин аз љавононе, ки аз њисоби нофањмї ба ин њизб њамроњ шудаанд даъват ба амал меорам, ки њоло њам ваќт њаст то аз ин маљро берун оянд. Зеро фардо фурсат ба њар яки мо имкон намедињад, ки пас аз хулосањои зиндагї аз сари нав љавон шавему њаёти босамар барем. Пас аз мову Шумо каси дигар ба падару модари мо фарзандї намекунад, ба фарзандони мо бошад падарї. Боќи хулосаву ќазоват аз Шумо!

Каментарй дохил кард: Равшан
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Ањсан ба даъвати мусолиматомез! Инак, боз як сатњи нави рушди фарњанги љавонон дар Тољикистон оѓоз гардид. Даъватгарони боздиди назари сиёсї аз љониби бархе аз сиёсатмадорони ватанї имрўз љавононанд. Муњассилин, љавонони аз фарњанги инсонї бохабар ва дар мактаби шинохти миллат ва оини давлатдорї тарбиятёфта. Ањсан! Ман њамчун як шањрванди аз њаёти сиёсии кишвар бохабар хуб медонистам, ки рўзе ба њамаи ин даъватњои бематлаби ЊНИТ вокунише боло мегирад. Боварии комил доштам, ки ин мурољиатро мањз љавонон аввалин шуда, пешнињод месозанд. Имрўз љавонон бори дигар такягоњ ва аркони боэътимоди Ватани худ буданро исбот намуданд. Љавонони имрўза зодагони даврони истиќлолият њастанд. Ватанро дуст медоранд. Онро љойгањи ифротгароёну террористон, тундгароёну бунёдгарон ва таасубгарони динї намесозанд. Шарафу номусро дар соњибии бому дари ватани худ мебинанд. Ба монанди давлатњои љангзадаи исломию мусулмонањолї лухтаки дасти абарќудратон намешаванд. Ба монанди Гурљистону Украина барои ватанро пора-пора кардан даст намедињанд… Воќеан ЊНИТ дар Тољикистон хусусияти тундгарої (радикалї) касб намуда истодааст, ки ваќти мањдуд кардан ва њатто манъи ин њизб ба миён омада истодааст. Љуноне, ки бархе аз сиёсатшиносони рус иброз намудаанд, Њукумати Тољикистон бояд М. Кабириро дастгирї намояд вагарна љойи ўро ягон тандгарое соњиб мешавад. Бале ин хулосаи сиёсатшиносони рус њамоно маънои эътирофи тундгароии ЊНИТ-ро дорад, ки М. Кабирї дар идораи он рўз аз рўз њаќиру нотавон мегардад. Агар дастгирии Њукумати Тољикистонро дар ин бобат зарур мешуморида бошанд, пас бењтарин чораро љавонони ДДЊБСТ оиди баромадан аз аъзогии ин њизб пешнињод намудаанд. Аз лињози дигар тобеияти ЊНИТ ба созмонњои байналхалќии экстримистї бори дигар халќи Тољикистонро њушдор месозад, ки ба чунин зуњурот муњити оштинопазир фароњам оранд. Сиёсати «сабр» ва «ќадам ба ќадам» ин сиёсати Кабирї нест, ки бархе бањо медињанд. Ин пайравии Кабирї ба чунин сиёсат аст, ки созмони «Ихвон-ул-муслимин» усул кардааст. Аз принсипњои дунявї канор шудани ЊНИТ, ба миён овардани тафриќаи мазњабї ва нодида гирифтани дастовардњои давлат ба манфиати халќи Тољикистон намебошад, ки ин мавќеъ муќаррароти конститутсионии «њифзи ватан ва њимояи манфиатњои давлат»-ро вайрон месозад. Бинобарин донишљўёни ДДЊБСТниз бамавќеъ хуб ќайд намудаанд, ки имрўз љавонон чашми бино ва аќли гиро доранд. Дафъаи дуюм боз ба њамон чоњ намеафтанд. Њамчунин бењтарин фазилати инсониро ба љо оварда ба гумроњзадагон мурољиат менамоянд, ки аз роњи пуриштибоњи худ гарданд, аз аќидаи ботил даст кашанд. Шумо барои мо боз њамон бародарони њамтану њамљон њастед. Мо Шуморо ба дасти ањриманзамирон намедињем. Мо Шуморо ислоњ мекунем. Ва дар ин ният худо ёру мададгори њамаи мо хоњад буд.

Каментарй дохил кард: Мачидов
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Ман шахсан мактуби кушодро бо пурраг? хонда мутоила намудам ва онро ?олибдор? менамоям. Сабаби ?олибдор? намудан аз ин?о иборат мебошад: Як?м, ба ?атл расонидан ва куштор ба мусулмони асил хос нест. Дуй?м, Худо накунад, ки ?одиса?ои соли 90-?ми асри гузашта дар То?икистони азизамон боз сар занад, ки таъсири зарари и?тисодии он то ?ол бо?? мондааст. Сеюм, падару модароне, ки фарзандони худро дар ?анг? ша?рванд? гум карданд ?оло ?ам азият мекашанд. ?амаи ин ?одиса?ои нанговар бас набуд, ки дар айни замон ?НИТ ва ро?барияти он сиёсати ?ан??ёнаро пеш бурда истодааст. Чуноне, ки дар мактуби кушод омадааст: Монед то?ик? бечора бори дигар овораи сад диёр нашавад. Маълум аст, Шумо ро?ро медонед. Тез ?ои худро меёбед. Аммо мардум ку?о равад. Тавба кунед. Исло? шавед, Фардо дер мешавад.

Каментарй дохил кард: Олим
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Ба мактуби кушоди дониш??ёни муассиса?ои олии таълимии вилояти Су?д шинос шуда, ба а?лу заковат ва ояндабинии он?о ?оил шудем. ?а? бар ?ониби ?авонон аст, ки ашхоси ба ном “сиёсатмадорони миллатд?ст” ма?сад?ои ма?дуди ?избии худро аз манфиат?ои умумимилл?, ва?дати милл? ва сул?у ризоияти то?икон болотар гузошта, мехо?анд ?омеаи То?икистонро аз ?олати мувозанати берун оранд. Шояд ин “сиёсатмадорони навтавлид” марги падару модар, бародару фарзанд ва к?даки навзод, саргардонии миллион?о то?икро дар берун аз хоки Ватан ва с?хтани ша?ру де?оти То?икистонро бо чашми худ надидаанд. Шояд баъзеи он?о дидаанд, вале худро нодида мегиранд. Ин сиёсатмадорони навтавлид имр?з иддао доранд, ки дар ?омеа арзиш?ои демократ? ?ой дошта бошад. Бале, бояд ?ой дошта бошад, аммо биёед як бор аз он?о бипурсем, ки ку?о буданд ба ном “?а?рамонони дилс?з? миллат”, ?ангоме, ки пайравони дир?заи он?о сад?о, ?азор?о одамонро ба алангаи марг тела медоданд. Барои ч? он?о а??алан як бор аз худ намепурсанд, ки барои рушду нум?ъи Ватан чи хидмате карданд? Он?о ба худ ?е? го? чунин савол намеди?анд, зеро он?о ба ?айр аз па?н намудани исломи тундгаро дар ?омеаи то?икон, тан?иди Давлату ?укумат, к?шиши паст задани обр?ю эътибори То?икистон дар ?омеаи ?а?он?, барои Ватани хеш ?е? хидмате накардаанд? Дигар ин, ки ислом эъти?од аст ва ?уръон китоби му?аддаси он буда, тамоми рукн?ои фароизи дин? дар он муайян гаштааст. Ягон ?изб, аз ?умла ?НИТ, ?у?у?? та?рифи ?уръони ма?идро надорад. Аз паёмбари ислом Му?аммад (с) то ба мо расидааст, ки ислом ба ягон ?изб м??то? нест. Вазифаи дин муборизаи сиёс? бо ро?и ш?рандоз? ва и?во нест, балки рисолати он муста?кам кардани эъти?од ва тозагии ахло?? ?омеа мебошад. Дар ?уръон ?абру зулми мусулмон ба бародари мусулмон, тундгаро?, бунёдгаро?, куштор, хиёнат ба Ватан - модар ва дигар падида?ои номатлуб ма?кум карда мешавад. Пас, дониш??ён дуруст аз ?аноби Кабир? пурсидаанд, ки ин арзиш?оро он?о аз кадом манбаи дин? пайдо кардаанд ва бар кадом му?аррарот? дин? такя намудаанд. Шояд ин арзиш?о аз супориш?ои “?о?агони хори??”-и он?о баромада бошад. Бояд сарварони ?НИТ ба хуб? дарк кунанд, ки ма?сади ни?оии ?ар муборизаи мафкурав? ин ноил шудан ба даст кашидан аз ?уввияти миллии хеш ва ?абули мафкураи дигар мебошад. .Ин ро?ест инсонро ба парастиши ?ояйи дигар, таърихи дигар ва фар?анги дигар равона менамояд. Масалан барои Амрико ё ягон давлати дигари Аврупо му?им нест, ки дар То?икистон чи гуна низоми и?тимоиву сиёс? ё фар?анги бар?арор мешавад, му?им он аст, ки то?икон аз реша?ои таърихии худ дур гашта ” худии худ”-ро фаром?ш созанд. Ва дар ин ро? он?о ягон чизро, аз ?умла сарфу хар?и модд?, мабла?гузориро даре? намедоранд. Барои чи давлат?ои абар?удрат ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-?оида”, “Бародарони ислом” , Давлати исломи” дар Сурия мубориза мебараду, нисбати фаъолияти и?вогаронаи “Салафия”, “Ансорулло?”, “?аракати исломии ?збекистон”, “?изб-ут-та?рир” “?амоати табли?”дар Осиёи Марказ?, аз ?умла дар То?икистон бефар? ?астанд? Вобаста ба ин дониш??ён дуруст саволгузор? намудаанд, ки ин ?аракату ?изб?оро ки тар?рез? карду ва имр?з он?оро ки мабла?гузор? менамояд? Муло?иза?ои дониш??ён оид ба таносуби динияту дунявият хеле сари ва?ти аст. Илло?иётшиносони муосир таъкид менамоянд, ки ?ар он ашхосе, ки фарз?ои исломро и?ро менамояд мусалмон аст, вале ?аноби Кабир? ва пайравони ?, яъне исломиёни сиёси мехо?анд, ки тамоми па?л??ои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати ислом? бошад. Бояд фа?мид, ки муколамаи дунявияту диният дар ?омеаи муосири То?икистон ифодагари сиёсати зиддидинии давлат нест, зеро давлати имр?заи То?икистон барои ба ?о овардани фарз?ои дин? барои ша?рвандонаш ?амаи шароит?оро фаро?ам оварда истодааст. Зиёда аз ин дин ?амчун падидаи и?тимо? ?узъи ?удонашавандаи ?омеаи муосири то?икон эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахло?ии а?ли ?омеа, хоса ?авонон, ба таври бояду шояд ба?огузори мешавад. Беш аз ?азор сол шуд, ки аксари мардуми мусулмони то?ик аз маз?аби бар?а? ва ростини Имоми Аъзам Абу?анифа пайрав? намуда, дар ?азистии осоишта ба тамоми мардуми минта?а ба дастоварл?ои зиёд со?иб шуданд. Боиси хушнудист, ки аз мактуби кушоди дониш??ён б?и ватанхо?и меояд. ?авонони имр?за ба хуби дарк намудаанд, ки ро?и фардои мо на ба с?и ?а?олат, низоъ?ои и?тимо?, якдигарнофа?м? ва бесару сомонист, балки ро?и пойдор намудани ва?дати милл?, сул?у ризоият ва илму маърифат аст. Ин ?а?и?атро дониш??ён дарк намудаанд ва ?аноби Кабириро низ даъват менамоянд, ки ?амчун олим аз ро?и ?а?олат баргашта ба бунёдкориву созандаг? маш?ул шавад. Мактуби кушоди дониш??ёнро хонда мо бори дигар итминон пайдо намудем, ки он њама талошу муборизањои гузаштагонамон ба хотири, озодиву истиќлолият, ва?дати милл? ва рушди То?икистони азиз бе?уда набудааст.

Каментарй дохил кард: Бахтиёр
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Оид ба мактуби кушоди донишчуёни муассисахои олии таълимии вилояти Сугд ба раиси ?НИТ Мо халки Точикистон (точикистониён)?амчун кисми чудонашавандаи чомеаи ча?они, дар назди насл?ои гузашта, ?озира ва оянда масъул буда со?ибихтиёрии давлати худро таъмин намуда ?укук ва озодии шахсро мукаддас шуморида дар бунёди чомеаи адолатпарвар вазифадор ?астем. Албатти, хирадманди, дурандеши ва ингсондусти имруз аз ?ар яки мо кабули карори дурустро оиди ин ё он масъала талаб менамояд. Дар кабули ин карор зарар, зиён ва окибат?ои манфи набояд чой дошта. Мактуби чавонони имрузаро, ки нисбати рушди кишвар ва чомеа, такдири ояндаи миллат бетараф нестанд бояд дуруст даркк намуда аз чониби шахсе, ки мактуб ба у таъинот дорад, хулосаи хирадмандона бароварда шавад.

Каментарй дохил кард: Сарвар
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Мактуби мазкурро мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки љавонони имрўзаи љомеаи мо ба ояндаи кишвар бетараф нестанд ва вазъи имрўзаи љањонро аз нигоњи илмї тањлил кардаанд. Маќсади онњо нигоњ доштани тинљию осоиштагї мебошад, ки дар кишвари мо бо машаќќати зиёд ба даст омадааст. ?ануз Муњаммад Иќболи Лоњурї навишта буд, ки Гар ту мехоњї мусулмон зистан, Нест мумкин љуз ба Ќуръон зистан. Дини ислом дини љањонї буда, аз љињати миќдори ихлосмандон дар љањон дар љои дуввум меистад. Ислом динест, ки тамоми масоили њаёти инсониро дарбар мегирад ва пеш аз њама он ахлоќу маданият аст. Таълимоте ки дар Ќуръону њадисњои Муњаммад(с) пайѓамбар дида мешавад, инсонњоро ба роњи рост ва некиву накўкорї даъват менамояд. Бинобар ин, ислом ба мављуд будани њизби сиёсї ниёз надорад. Мављудияти Њизби нањзати исломи Тољикистон мусулмононро ба њизбиён ва бењизбиён људо кардааст. Ин худ дар байни мардуми мусулмон тафриќаандозї аст. Дар Тољикистон нисбати мардуми мусулмон аз тарафи давлат ягон хел монеае пеш оварда нашудааст. Чи тавре ки дар љањони муосир дида мешавад, аксари њаракатњои сиёсии муосирро пур шудани сафи њизб аз исломгароёни сиёсатзадаи холї аз донишу ахлоќ ва ибодати маънавияти исломї ки онро метавон «исломгароёни беислом» номид, пур кардаанд ва бинобар ин, як зумра шахсоне, ки кўр-кўрона аъзои Њизби нањзати исломи Тољикистон шудаанд, аз њамин гуна шахсон мебошанд. Чи тавре, ки дар солњои оѓози љанги шањрвандї дар Тољикистон мушоњида мешуд, исломгароёне, ки дар майдони Шањидон љамъ омада буданд, аз маънавияти исломї фарсахњо дур буданду ба сиёсат гаравида буданд ва њамвора шиори ислом ва сиёсат дар забон доштанд, ки ин ба оќибатњои нохуш оварда расонид. Аз мутолиаи мактуб ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки хулосањои донишљўён нисбати Њизби нањзати исломи Тољикистон ба њаќиќат наздик аст. Њизби нањзати исломи Тољикистон то имрўз ягон барномаи мушаххасе барои рушди иљтимоиву иќтисодии кишвар пешнињод накардааст ва сиёсатгароии он ба сулњу суботи кишвар таъсири манфї хоњад расонд.

Каментарй дохил кард: Сашка
Санаи дохилгардида: 2015-01-06

Боиси ќайд аст, ки дар мактуби мазкур љавонон ба масъалањои хело муњиме, ки имрўз дар љомеаи љањонї ба вуќўъ омадааст изњори аќида намуда, ба он тањдидњое, ки дар љомеаи кишвари азизи мо пайдо шуданаш мумкин аст, ибрози назар намудаанд. Љавононе, ки мактубро ирсол намудаанд, бо масъулияти баланди ватандорї ва хештаншиносї бо назардошти ояндаи дурахшони ватани азизамон бо дилсўзї андешањои худро баён кардаанд. Ба андешаи мо мумкин аст баъзе фикрњои пешнињод намудаи донишљўён эњсосотї бошанд њам, вале дар умум аќидањои онњо ќобили ќабул ва сазовори тањсин аст. Чи хеле ки медонем, яке аз хусусиятњои хоси љомеаи имрўзаи љањонї ин гуногуншаклии ѓояњо мебошад. Њоло дар байни љомеа андешањое мављуд мебошанд, ки ба зарурият надоштани њизб дар дини мубораки ислом далолат мекунанд. Зеро таъсиси њизб дар њаќиќат дар байни мусулмонон тафриќа меандозад, ки ин ба арзишњои дини мубини ислом муќобил аст. Барои њар як тољикистонї тинљию амонї ва осоиштагї неъмати бебањо њисоб меёбад, чунки дар таърихи на он ќадар тўлонии соњибистиќлолї мо дањшатњои љангро эњсос кардем. Бояд ќайд намоям, ки дар солњои љанги шањрвандї ман донишљўи яке аз мактабњои олии шањри Душанбе будам ва љанбањои манфии љангро дар њаёти љавонон пурра њис кардаам. Бинобар ин, њар як шањрванд бо аќли солими худ ба њар як тањдиде, ки ба њаёти осудаи имрўзаи мо пайдо мегардад, бетараф набояд бошад, хулосаи зарурї барорад ва фаъолияти худро бањри тинљї, амонї ва ободии ватан омода созад. Љавонони Тољикистони азиз бошанд бояд ба роњи сулњу осоишта, бо андўхтани илмњои замонавї мутахассисони варзида гашта, ба рушди иќтисодиёти он хизмат намоянд.

Каментарй дохил кард: сафар
Санаи дохилгардида: 2015-01-08

сплом.чаро дар ин мавод хамаи коментарихо чонибдори номаи донишчуён хастан.? чаро акалан ягон нафар зидият ба мазмуни ин мактуб коментари нанавиштааст ? албатта агар ин мавзуъ накшаи кашида ва тахрезишудаи душманони ХНИТ намебуд акалан як назар ба ин мавзу зид меомад.вале ин хам ба мо хуб маълум аст ки ин хама сохта аст ваин касоне ки коментари навиштаанд хамашон бо маслихат ва дорои хадафи паст задани ХНИТ ро доран.зеро мо зиёд мавзуъхо мутолиа мекунем ва дар поён назархои хонандагон хамеша ба ду тараф мекашад . баъзе чонибдори мекунад ва дигар мухолиф аст .хулоса ман ба шумо хитоб мекунам ки шумо хатто дар накша кашидану ягон хиллаи паст задан тачриба надошта хамаи накшахоятон мисли феъли кудак содда ва вокеъияташ бар хама хаён аст.устод КАБИРИ дар яке аз сухбатхояш гуфта буд ки : ? агар имруз хизби хоким овозхои моро медуздад дар интихобот ва бар хаки мо ноадолати мекунад, пас мо аз ин набояд рухафтода шавем ва баръакс зеро ки вахте ин коро мекунан дар хакикат мебинанд ки мо чи кадар овоз гирифтем ва куввати моро дарк мекунанд ? махз ана хамон аст ки шумо пешрафт ва мувафакиятхои ХНИТ ро дида мачбур ба ингуна бозихо мактуб навистанхо мезанед .аммо ин боиси хушхолии аъзоёни ХНИТ бояд бошад чунки бо ин корхоятон алакай доред нишон медихед ки чигуна заъиф шудед ва аз сари кудрат омадани ХНИТ метарсед.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: