|

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Бозори суғуртаи Британияи Кабир дар  ҷаҳон калонтарин намебошад, аммо он аз ҳама кўҳнатарин ва та ҷрибаноктарин буда, нуфузи калони арзанда дорад. Дар давоми бисёр даҳсолаҳо ва то замони ҳозира бозори суғуртаи Англия қоида ва шартҳои суғуртаро илқо мекард. Қоидаҳои суғуртаи Англия асоси шартҳои суғуртаи миллии бисёр мамлакатҳои  ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Аз рўи баъзе нишондиҳандаҳо то ҳанўз дар  ҷаҳон бозоре баробари бозори суғуртаи Англия дида намешавад. Чунончӣ, дар ҳолати ҳа ҷми нисбатан начандон калони бозори соф дохилии суғурта (5,3%) ҳиссаи он дар амалиёти дорои хусусияти байналмиллалӣ қариб 20% тамоми бизнеси  ҷаҳонии суғуртавиро ташкил медиҳад.  Ҷамъиятҳои суғуртавии Британия дар 43 мамлакат амалиёт мегузаронанд. Қариб аз даҳ як ҳиссаи ҳамаи ҳаққи суғурта дар  ҷаҳон ба ҳисоби  ҷамъиятҳои суғуртавии Британия ворид мегардад. Дар бозори суғуртаи Британияи Кабир дар аввали солҳои 90-ум 838 ширкати миллӣ ва хори ҷии суғуртавӣ, 376 синдикати корпоратсияи «Ллойд» амал мекарданд.
Синдикати «Ллойд» - дар  ҷаҳон машҳуртарин муассисаи суғурта- бештар аз 23,5 ҳазор муассисаи инфиродии суғуртавиро муттаҳид менамояд, ки бо амволи худ ба хавфу хатар  ҷавобгў мебошанд. Ба он, инчунин 2181 иштирокчии хори ҷӣ дохил мешаванд, ки аз онҳо 1370-тоашон аз ИМА мебошанд. «Ллойд» дар 5 бозори асосии мустақил-баҳрӣ, умумии амволӣ, ҳавопаймоӣ, автомобилӣ ва суғуртаи кўтоҳмуддати ҳаёт амалиёт мегузаронад. Ба ҳиссаи суғуртаи баҳрӣ 40%-и ҳамаи маблағҳои суғуртаи корпоратсия мегирифта рост меоянд, ки қисми зиёди онҳо аз амалиёти байналмиллалӣ ворид мегарданд.
Ҳар сол ширкатҳои суғуртавии Британияи Кабир бештар аз 55 млрд. фунт-стерлинг маблағи суғурта  ҷамъ меоранд.
Қонунгузории суғуртавӣ дар Британияи Кабир асосан бо талаботи дастурҳои суғуртавӣ ба танзим дароварда шудааст. Сохтори институтсионалии бозори суғуртаи Британияи Кабир аз  ҷамъиятҳои саҳҳомӣ,  ҷамъиятҳои суғуртаи байниҳамдигарӣ, шўъбаҳо ва намояндагиҳои ширкатҳои хори ҷии суғурта иборат мебошад. Мувофиқи дастурҳои ИАИ ширкатҳои суғуртавӣ ҳақ надоранд, ба ғайр аз суғурта боз ягон хели дигари фаъолияти ти ҷоратӣ машғул шаванд.
Суғуртаи шахсӣ дар Британияи Кабир дар ширкатҳои махсуси суғурта, фондҳои нафақа, инчунин ширкатҳои сармоягузорӣ ( ҷамъиятҳои бинокорӣ), ки ба аҳолӣ амволи ғайриманқул мефурўшанд, ғун карда шудааст. Дар даҳ соли охир афзоиши устувори  ҷамъоварии пардохтҳои суғуртавӣ ба мушоҳида мерасад. Афзоиши калони пардохтҳои суғуртавӣ дар солҳои охир бинобар тағйир ёфтани қонунгузории нафақа дар Британияи Кабир ба қайд расид, ки он барои шартномаи шахсии суғуртаи нафақаро харидани аҳолии қобили меҳнат ҳавасмандии иқтисодӣ фароҳам овард.
Суғуртаи амвол дар байни аҳолӣ якчанд намудҳои анънавӣ дорад, ки дар байни онҳо суғуртаи автомобилҳои сабукрав, амволи хона, масъулияти шаҳрвандӣ ва ғ. ҳастанд. Ба суғуртаи амвол, инчунин суръати устувори инкишоф хос аст. Шартномаҳои суғуртавиро дар Британия Кабир бевосита аз тарафи ширкатҳои суғуртавӣ, инчунин бо миёнаравии намояндагони андерайтингӣ ва миёнаравҳои суғуртавӣ (агентҳо ва брокерҳо) баста мешаванд.
Дар Британияи Кабир суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари ба шахси сеюм расонидаи соҳибони овтомобил, ҳавопаймоҳои боркаш, ҳайвоноти хонагӣ, амал мекунад. Суғуртаи ҳатмии масъулияти касбӣ барои адвокатҳо, муҳосибон, брокерҳои суғурта, инчунин операторони дастгоҳҳои нерўи атомӣ пешбинӣ шудааст.
Сохтори махсуси бозори суғуртаи Англия - ин идоракунии ҳимояи суғуртакунандагон, инчунин фонди дахлдори суғурта мебошад, ки он аз ҳисоби ширкатҳои суғуртавӣ ташаккул меёбад. Дара ҷаи ҳисса ҷудокунӣ ба фонди  ҷуброн ба базургии вазни хоси ҳаққи суғурта, ки ширкати суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта  ҷамъ меоварад, асос ёфтааст. Дар сурати муфлис шудани ширкати суғуртавӣ, маблағи фонди  ҷуброн барои пурра ё қисман  ҷуброн кардани талафи онҳо тибқи шартномаи суғуртаи ҳатмӣ истифода бурда мешавад.
Вазифаи мақоми назорати давлатии суғуртаро дар Британияи Кабир Шўъбаи суғуртаи Департаменти савдо ва саноат и ҷро менамояд.
Ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ ўҳдадоранд ҳисоботи солонаи молиявӣ тартиб диҳанд. Ҳисоботи молиявӣ ба тариқи ҳатмӣ аз сан ҷиши аудити берунӣ мегузарад. Ширкатҳои суғуртавӣ аз фоидаи фаъолияти суғуртавӣ ва инчунин аз амвол андозҳо месупоранд.

Дидан карданд: 1290

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: