|

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Даромади ширкати суғуртавӣ аз амалиёти суғуртавӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ андозбандӣ карда мешавад.
Ба таркиби даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад, дохил мегарданд:
1. Ҳаққи суғурта (пули суғурта) оид ба шартномаи аз нав суғуртакунӣ. Ба таркиби воридоти мазкур пардохтҳо оид ба намудҳои суғуртаи ҳатмӣ, ки аз ҳисоби маблағи бу ҷет сурат мегирад, дохил намешаванд. Ба маблағи фурўш (даромад) танҳо маблағе, ки мутобиқи тартиби муқарраргардида барои пўшонидани харо ҷоти ширкати суғуртавӣ оид ба гузаронидани намудҳои нишондодаи суғурта равона шудааст, дохил карда мешавад;
2. Подоши комиссионӣ ва тантемҳои оид ба шартномаҳо барои азнавсуғуртакунӣ дода шуда;
3. Маблағи баргаштаи захираҳои суғурта, ки дар давраҳои пеш  ҷудо карда шуда буд;
4. Подоши комисионӣ барои хизмати расонидаи агенти суғурта, брокери суғурта, сюрвейр ва ғ.;
5. Даромад аз гузоштани маблағҳои муваққатан озод ва дигар маблағҳо;
6. Маблағи ба дастомадаи фоизҳое, ки ба депозити ҳаққи суғурта оид ба хавфу хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ қабулшуда ҳисоб карда шудааст;
7. Маблағи, бо тартиби амалӣ гардондани ҳуқуқи талаб кардани суғуртакунанда оид ба суғуртаи амвол нисбат ба шахсе, ки ба зарари расида масъул аст (тибқи даъваҳои регресӣ), бадастомада;
8. Даромади дигар аз амалӣ гардонидани фаъолияти суғртавӣ;
9. Фоида аз истифодаи фондҳои асосӣ, сарватҳои моддӣ ва дигар дороиҳо;
10. Даромад аз и ҷораи амвол;
11. Маблағи бадастомада аз адои қарзи дебиторӣ, ки дар давраи пеш чун зарар аз ҳисоб бароварда шудааст;
12. Аз ҳисоб баровардани қарзи кредиторӣ;
13. Даромад аз дигар фаъолияти аз тарафи қонунгузорӣ манънашудаи бо фаъолияти суғуртавӣ бевосита алоқаманд набуда.

Дидан карданд: 984

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: