|
youtaj

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Дар айни ҳол ба вазъи бозори суғурта шиддатёбии рақобат хос аст. Ин, дар навбати аввал, ба намудҳои суғуртаи ба доираи васеи муштариён равонашуда, аз қабили суғуртаи борҳо, амволи ғайриманқул ва дигар амволи шахсони ҳуқуқӣ, инчунин амволи шахсони воқеӣ-суғуртаи ҳавлӣ, хона, автомобил, дахл дорад. Ширкатҳои суғуртавӣ дар муборизаи мушаххас барои муштарӣ аксар вақт аз демпинги нархӣ нисбат ба дара ҷаи асоснок –паст кардани нарх истифода мебаранд. Омилҳои асосии муайянкунандаи интихоби ширкати суғуртавӣ аз  ҷониби суғуртакунанда эътимоднокии и ҷрои ўҳдадориҳои ў оид ба  ҷуброни зарар, инчунин дигар шартҳои суғурта мебошанд, ки дар байни нархи маҳсулоти суғуртавӣ асоситарин ба шумор меравад.
Аммо дар сурати баробар будани эътимоднокии ширкатҳои суғуртавӣ омили муҳимтарини интихоб барои истеъмолкунанда нархи маҳсулоти суғуртавӣ мебошад - нарх ҳар қадар паст бошад,  ҷолибии ширкати суғуртавӣ ҳамон қадар баланд аст. Хулосаи охирин одилона мебуд, агар сухан дар бораи гурўҳи пешсафони бозори суғурта, ки соҳиби эътимоднокии якхела ҳастанд, мерафт.
Аз як тараф, нархи фурўши маҳсулоти суғурта – манбаи даромади ширкати суғуртавӣ, аз тарафи дигар, нарх - омили маркетингӣ мебошад, ки фурўши хизмати суғуртавӣро муайян менамояд. Бинобар ин барои ба даст овардани нати ҷаҳои беҳтарин ширкати суғуртавӣ бояд нати ҷаи таъсири тағйирёбии нархи маҳсулоти худро ба  ҷамъбасти умумии фаъолият оид ба ҳамин намуди суғурта, яъне таъсири нарх ба фурўшро хуб ва дуруст тасаввур карда тавонад. Сиёсати нархии ширкати суғуртавӣ бояд дар худ манфиати  ҷалб кардани мушатариён ва даромаднокии фаъолияти суғуртавиро пайваст намояд. Вобаста ба ин ширкатҳои суғуртавӣ ба назорати нархи маҳсулоти суғуртавӣ бояд бештар диққат диҳанд.

Дидан карданд: 1030

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: