|

Тансифи намудҳои суғурта аз нуқтаи назари хусусияти ҳисоби меъёри холис

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-28

Тансифи умумии дар боби пешина дида баромадашудаи намудҳои суғурта ба хусусияти ҳодисаҳо ва ба амволи суғурташаванда алоқаманд мебошад. Баъзе аз ин хусусиятҳо ба тарзҳои коркарди меъёри холис таъсири  ҷиддӣ мерасонанд.
Ҳамаи намудҳои суғуртаро аз нуқтаи назари хусусияти ҳисоби меъёри холис ба ду гурўҳ тақсим намудан мумкин аст: суғуртаи шахс (ҳает) ва намудҳои таваккалии суғурта.
Дар навбати худ аз ҳисоби намудҳои суғурта намудҳои умумии суғуртаи хавфӣ суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфи калонро  ҷудо менамоянд.
Суғуртаи ҳаёт. Мутобиқи қонунгузории амалкунандаи суғуртавӣ суғуртаи ҳаёт ма ҷмўи намудҳои суғуртаи шахсро та ҷассум менамояд, ки ўҳдадориҳои суғуртакунандаро оид ба ҳақгузорӣ дар ҳолатҳои зерин дар назар дорад:

  1. умр дидани суғурташуда то ба охир расидани мўҳлати суғурта ё то ба синну соли дар шартномаи суғурта муайяншуда;
  2. фавти суғурташуда;
  3. аз рўи пардохти нафақа дар ҳолатҳои дар шартномаи суғурта пениҳодшуда;

Хусусияти ҳисоби тарифи меъёрӣ оид ба суғуртаи ҳаёт аз он иборат аст, ки ташаккули захираи аъзоҳаққии (пардохтҳои) суғуртавӣ ва ҳисоби тарифи меъёрӣ бо ёрии усулҳои актуарӣ дар асоси  ҷадвали фавтнокӣ ва меъёри даромаднокӣ аз маблағгузории воситаҳои муваққатан озоди суғуртаи ҳаёт ба  ҷо оварда мешавад.
Намудҳои хавфии (таваккалии) суғурта намудҳое шуморида мешаванд, ки ба дигар намудҳои фаъолияти суғурта, ба ғайр аз суғуртаи ҳаёт, тааллуқ доранд ва маҳз инҳоянд:

  1. ўҳдадории суғуртакунандаро оид ба пардохти маблағи суғуртавӣ, ё баргардонидани мукофотро (пардохтро) дар мавриди ба охир расидани мўҳлати шартномаи суғурта дар назарнадоранда;
  2. ба захира намудани маблағи суғуртавӣ дар давраи ба мўҳлати амал намудани шартномаи суғурта алоқаманднабуда.
Дар намудҳои қайдшудаи суғурта шарти ғункунӣ истифода бурда намешавад ва аз ин рў, ҳангоми ҳисоби меъёри холис усулҳои ҳисоби молиявӣ (дисконткунӣ, ҳисоби фоизҳои мураккаб ва ғайра) истифода бурда намешаванд. Дар ҳамин ҳолатҳо намудҳои суғуртаи хавф аз суғуртаи ҳаёт фарқ мекунанд.

Намудҳои суғуртаи хавфро чи тавре, ки қайд шуд, ба намудҳои умумӣ ва суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфҳои калон  ҷудо намудан мумкин аст.
Намудҳои умумии суғуртаи хавф. Таҳти намудҳои умумии суғуртаи хавф намудҳои тахминан  ҷалбкунандаи миқдори зиёди суғурташавандагон (субъекти суғурта) ва таваккалҳои суғуртавиро, ки ба монандии объекти суғурташаванда ва тақсимкунии начандон калони андозаи маблағҳои суғуртавӣ шарҳ дода мешавад, фаҳмида мешавад.
Мав ҷудияти миқдори зиёди амволи суғурташуда ба қадри кофӣ мав ҷуд будани маълумотҳои омории асоснокро барои хавфҳои нишондодашуда ба назар мегирад. Ин маълумотҳо нисбат ба ширкати суғуртавӣ метавонанд ҳам дохилӣ - яъне ба маълумотҳои ҳисоби шартномаҳо ва муҳосиботи такя намоянд, ҳам берунӣ - яъне маълумотҳои аз дигар ташкилотҳо гирифташуда, бошанд. Дар асоси маълумотҳои овардашуда ба мақомоти омории риёзӣ имконият фароҳам меояд, ки вай ҳамаи ма ҷмўи таваккалиро бо ёрии тавсифи рақамӣ, яъне ҳамчун қимматҳои миёна ё парокандашавӣ, (дисперсия) тавсиф намояд.
Дар ин ҳолат монандии амволи суғурташударо ба инобат гирифта, тасдиқ намудан мумкин аст, ки қимматҳои миёна ба қадри кофӣ ҳамаи ма ҷмўро дар як ҷоягӣ тавсиф менамоянд. Дар нати ҷа, дар вақти ҳисоби меъёри холис оид ба намудҳои умумии суғурта нишондиҳандаҳои миёнаи зуддии (суръати) ҳодисаҳои суғуртавӣ, андозаи зарар ва маблағи суғуртавӣ ба тарзи васеъ истифода бурда мешаванд. Ин тарзи муносибат имконият медиҳад, ки усули ҳисоби тарифӣ комилан содда карда шавад.
Ба намудҳои умумии суғуртаи хавф миқдори зиёди намудҳои суғуртаи амвол ва маъсулияти шаҳрвандии шахсони воқеӣ, инчунин баъзе намудҳои суғуртаи шахс (ба монанди суғурта аз ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи харо ҷоти тиббӣ ва ғайра) тааллуқ доранд.
Суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфи калон. Дар ин ҳолат сухан дар бораи таваккалиятҳое меравад, ки аз як тараф ҳамчун суръати (зуддии) пасти баву ҷудоии ҳодиса, аз тарафи дигар - андозаи калони имконпазири зарарро тавсиф менамоянд.
Миқдори амволе (объекте), ки суғурта кардан мумкин аст, хеле маҳдуд буда, парокандашавии маблағи суғуртавӣ - бузургии калонро ташкил менамояд.
Яке аз намудҳои бештар хосаи суғурта, ки ба ин гурўҳ мансуб донистан мумкин аст, суғуртаи корхонаҳои саноатӣ (пеш аз ҳама дар ҳолати сўхтор) мебошад. Хусусияти ин намуди суғуртаро дар мисоли Европаи Ғарбӣ ба қадри кофӣ равшан дидан мумкин аст. Дар ҳудуди Иттиҳоди Европа дар ҳамаи соҳаҳо қариб 100,0 ҳазор корхонаҳои калон мав ҷуд мебошанд. Ма ҷмўи ин корхонаҳо, чӣ аз  ҷиҳати дара ҷаи хавф, ва чӣ бо арзиш, якхела нест. Миқдори нисбатан зиёди шумораи суғурташавандагон ва имконияти қариб озодона пешниҳод кардани хизматҳои суғуртавиро дар қаламрави Иттиҳоди Европа ба инобат гирифта, гуфтан мумкин аст, ки ба ҳар як суғуртакунанда на бештар аз 100 корхонаи саноатии мамлакатҳо ва соҳаҳои бо арзиш ва дара ҷаи технологии гуногуни аксар вақт ба ҳам тамоман муқоисанашаванда, рост меояд. Дар ин маврид истифодаи нишондодҳои миёна имконнопазир мегардад. Ба ғайр аз ин, ҳар доим дар соҳаҳои гуногун ҳодисаҳои хеле калони суғуртавӣ рух медиҳанд, ки метавонанд ба таври  ҷиддӣ ба таносуби мукофот ва пардохт халали калон расонанд.
Ба суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфҳои калон инчунин суғуртаҳои ҳавопаймоӣ ва кайҳонӣ низ мансуб мебошанд. Дар ин  ҷо инчунин маҳдудияти миқдори амвол, зуддии пасти баву ҷудоии ҳодиса ва андозаи калони имконпазири зарар оид ба як ҳодисаи суғуртавӣ низ  ҷой дорад.
Мисоли дигари ин гурўҳ - суғуртаи садамаҳои табиӣ мебошад. Зуддии баву ҷудоии ҳодисаҳои суғуртавӣ дар минтақаи мушаххас он қадар зиёд нест (дар якчанд сол на аз бештар як маротиба), вале зарари имконпазир беҳад калон аст. Илова бар ин, дар нати ҷаи ғуншавии ма ҷмўи калони зарарҳои хурди ба амволи зарарёфта расонидшуда, ки дар қаламрави зери ҳодисаи табиимонда  ҷойгиранд, андозаи калони зарар ба ву ҷуд меояд.
Ҳамин тавр, дар суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфҳои калон баъзе хусусияти ҳисоби меъёри холис  ҷой доранд, ки ба хислати хавф ва амволи суғурташуда вобаста мебошанд.
Дар мадди аввал, дар вақти ҳисоби тарифҳо зарур аст, ки ба маълумотҳои омории якчанд сол (силсила – қаторҳои замонӣ) такя намуд: ҳар қадар давраи мушоҳида тўлонӣ бошад, меъёри холис ҳамон қадар аниқтар ҳисоб карда мешавад. Мукофоти ба ин тарз муайянкардашуда бояд мувозинати молиявии суғуртакунандаро на дар доираи як сол, балки дар давраи тўлонӣ таъмин намояд.
Дар навбати дуввўм, барои чунин гурўҳи суғуртаҳо усулҳои махсуси ҳисоби мукофоти холисро бояд истифода бурд, ки арзиши хавфи ба ҳақиқат наздики дурандешонаро (на миёнаро) ба назар гиранд. Усули ҳақиқгуна, таҳлили зуддӣ ва маблағи зарари беҳад калон, усули «буришӣ» ва ғайра аз ин қабил усулҳоянд.
Дар навбати саввум, суғуртакунандагон ҳамзамон бо ҳисоби тарифҳо ма ҷбуранд, ки чун қоида, таъсири азнавсуғуртакуниро ба андозаи зарари ба ҳамаи бастаи (портфел) ва хавфҳои ҳамин намудҳо, аз ин рў ба бузургии меъёри тарифӣ, ба ҳисоб гиранд.
Дар навбати чорум, дар чорчўбаи як ширкати суғуртавӣ ва ҳатто дар доираи як иттиҳоди суғуртакунандагон, чун қоида, маълумотҳои омории сан ҷидашуда барои ҳисоби меъёрҳои тарифии намудҳои номбаршуда кифоя намебошанд, аз ин рў дар соҳаи тарифасозии намудҳои мушобеҳи суғурта ҳамкории миллӣ ва байналмилаллӣ заруранд.

Дидан карданд: 1256

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: