|

Мукофоти суғуртавӣ ҳамчун сарчашмаи маблағтаъминкунии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-28

Мукофоти суғуртавӣ ин маблағест, ки суғурташавандагон барои суғуртакунӣ ба суғуртакунандагон вобаста ба бастаи (портфели) суғуртавӣ ва маблағи суғуртавӣ мувофиқи қонун ё шартномаи суғурта мепардозанд. Шартҳо ва мўҳлатҳои пардохти мукофоти суғуртавиро суғуртакунанда ва суғурташаванда ҳангоми бастани шартномаи суғуртавӣ муқаррар менамоянд. Пардохти суғуртавӣ - аз тарафи суғурташаванда метавонад якмоҳа, семоҳа, як сола ё якмаротибагӣ бошад. Дар рафти суғуртакунӣ аксар ба  ҷои мафҳумҳои «мукофоти суғуртавӣ», «аъзоҳаққии суғуртавӣ» мафҳуми ягонаи «пардохти суғуртавӣ» истифода бурда мешавад.
Мукофот сарчашмаи асосии маблағтаъминкунии фаъолияти ширкати суғуртавӣ мебошад. Бинобар ин, барои он ки таркиби мукофоти суғуртавӣ ва хусусияти ҳисоби он муфассал фаҳмида шавад, таркиби даромад ва хара ҷоти ширкати амалкунандаи суғуртавиро бидуни баҳисобгирии азнавсуғуртакунӣ дида мебароем.
Қисми зиёди мукофоти пардохташаванда барои ташкили фонди суғуртавӣ равона карда мешавад, ки аз ҳисоби вай минбаъд мувофиқи шартномаҳои дар доираашон ҳодисаи суғуртавӣ сарзада, пардохтҳои суғуртавӣ и ҷро карда мешаванд. Маблағҳои боқимонда мебояд, ки харо ҷоти суғуртакунандаро  ҷуброн ва гирифтани фоидаро таъмин намоянд. Харо ҷотҳи суғуртакунанда аз моддаҳои асосии зерин ташкил меёбанд:

  1. харо ҷоти коргузорӣ (харо ҷоти маъмурӣ ва хо ҷагӣ);
  2. пардохти и ҷораи бино (офис);
  3. маоши кормандони бастӣ (штатӣ);
  4. харо ҷоти идоравӣ (конселярӣ);
  5. пардохти қувваи барқӣ ва ғайра.
  6. харо ҷоти бастани шартномаҳои суғуртавии нав басташуда, ки қисми асосии ин харо ҷотро мукофоти комиссионӣ барои хизмати миёнаравҳои суғурта (маъмурон, брокерон) ташкил менамояд.

 Ба ғайр аз ин ба таркиби мукофот бояд фоида аз фаъолияти суғуртавӣ ворид карда шавад.
Мукофоти суғуртавӣ дар лаҳзаи бастани шартномаи суғуртавӣ (ё дар муддати ду-се моҳи аввал), пардохта мешавад, аммо ҳақгузорӣ дар давоми тамоми мўҳлати суғурта и ҷро шуда метавонад. Аз ин рў, муддате пардохтҳои  ҷамъшуда дар фонди суғуртавӣ мемонанд ва захираҳои муваққатан озод ҳисоб меёбанд. Ин воситаҳоро маблағгузорӣ намуда, аз онҳо даромади муайян гирифтан мумкин аст. Даромад аз маблағгузории воситаҳои муваққатан озод сарчашмаи иловагии ташаккули даромади суғуртакунанда мебошад. Андозаи даромади аз маблағгузорӣ гирифташаванда мустақиман аз давраи ба он маблағгузоришуда, яъне, инчунин аз мўҳлати суғурта вобаста мебошад. Бинобар ин, азбаски дар суғуртаи ҳаёт мўҳлати миёнаи суғурта дар мамолики мутараққӣ на кам аз 10 сол аст, андозаи фоида аз маблағгузорӣ назарас аст, ки инро нисбати суғуртаи амвол, ки аксарияти кулли шартномаҳояш ба мўҳлати 1 сол баста мешаванд, наметавон гуфт.

 

Барои дар мўҳлатҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат мушоҳида шудани баробарӣ ё барзиёдии даромад нисбати харо ҷот, яъне оид ба хар ҷи кадом намуди суғурта риоя шудани шарти баробарӣ (ҳамарзишӣ )-ро ба таври зерин метавон ифода кард:

 

Мукофот + даромад аз маблағгузорӣ  Ҳақгузорӣ + Харо ҷот.

Ин маънои онро дорад, ки маблағи мукофоти оид ба намуди суғурта  ҷаъмшуда мебояд, ки бештар, ё ҳе ҷ набошад ба маблағи ҳақгузории аз рўи ҳодисаҳои суғуртавӣ ва харо ҷоти суғуртакунанда бидуни даромади аз маблағгузории воситаҳои муваққатан озод бадастомада, баробар бошад.

Мукофот  (Ҳақгузорӣ – Даромад аз маблағгузорӣ) + Харо ҷот.

Чи хеле, ки аз ин ҳолат дида мешавад, мукофоти суғуртавӣ мебояд ду унсури таркибсозро дар бар гирад. Унсури аввалини барои ташкили фонди суғуртавӣ нигаронидашуда, ки аз ҳисоби он ба суғурташавандагон ҳақгузорӣ карда мешавад, мукофоти холис номида мешавад. Унсури дуввўм барои пўшонидани харо ҷоти маъмурӣ-хо ҷагӣ ва аквизисионӣ, инчунин барои бунёди фонди нақшавии суғуртакунада хизмат менамояд. Ин қисми мукофоти суғуртавӣ дар амалиёти суғуртавӣ сарборӣ (нагрузка) номида мешавад. Аз таркиби фоидаи нақшавӣ ҳиссагузорӣ ба фонди захиравӣ алоҳида  ҷудо карда мешавад.
Мукофоти суғуртавӣ, ки суғурташаванда мепардозад, мукофоти ғайрихолис номида мешавад.
Ҳамин тариқ мукофоти суғуртавӣ (мукофоти ғайрихолис) аз мукофоти холис ва сарборӣ иборат аст:

Мукофоти суғуртавӣ = Мукофоти холис + Сарборӣ.

Барои муайян намудани қисмҳои таркибии мукофоти ғайрихолис нобаробарири саромадиро ҳамчун ма ҷмўи ду нобаробарӣ ифода намудан мумкин аст:
Мукофоти холис  Ҳақгузорӣ – Даромад аз маблағгузорӣ,
Сарборӣ  Харо ҷот.
Дар вақти ҳисоб намудани мукофоти холис даромад аз маблағгузорӣ фақат дар мавриди суғуртаи ҳаёт ба инобат гирифта мешавад. Дар суғуртаи амвол, чӣ тавре ки дар боло қайд карда шуд, ин даромад ночиз мебошад ва ҳангоми ҳисоб кардан ба инобат гирифта намешавад. Аз ин рў барои намудҳои ғайри суғуртаи ҳаёт нобаробарии зеринро навиштан мумкин аст:

Мукофоти холис  Ҳақгузорӣ.

Дар таркиби мукофоти ғайрихолис вазни асосиро мукофоти холис ишғол менамояд. Ба сарборӣ танҳо қисми но ҷизи аъзоҳаққии суғуртавӣ, ба ҳисоби миёна 10-20 фоиз вобаста аз намуди суғурта, тааллуқ дорад. Ҳисоби сарборӣ меҳнати зиёдро талаб намекунад, зеро дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибии суғуртакунанда и ҷро карда мешавад. Бинобар ин ҳангоми муайян намудани андозаи мукофоти суғуртавӣ диққати асосӣ ба ҳисоби мукофоти холис дода мешавад.

Дидан карданд: 784

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: