|

Усулҳои ташкил ва беҳдошти хизматрасонии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-26

Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.
Дар оянда дар соҳаи нақлиёт бунёди иншоотхои стратегӣ ва роҳҳои байналмиллалӣ давом дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобил­гард бо ҷалби институтҳои молиявии хориҷӣ 11 лоиҳаи инвеститсиониро ба маблағи 354 миллион сомони амалӣ намуд.
Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, марҳилаи аввали сохтмони роҳи автомобилгарди Шағон- Зиғар, Шкев-Зиғар ба анҷом расид ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ин имкон дод, ки роҳи доимамалкунанда ба Вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушода шавад. Марҳилаи якӯми таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи-72 мил­лион сомонӣ бо ёрии мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардидааст. Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ марҳилаи дуюму сеюми ин роҳ дар ояндаи наздик иҷро карда мешавад.
Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сохтмони нақби Анзоб ба маблағи—120 миллион сомонӣ ба анҷом расид. Дар сохтмони ин нақб мутахссисони Ҷумхурии Исломии Эрон даъват карда шуданд. Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии панҷ кӯпрук аз болаи дарёи Панҷ дар мавзеъҳои Фархору Шӯробод, Дарвоз, Панҷи Поёну Ишкошим, ки тавассути қаламрави Афғонистон ба бозорҳои нав ва бандарҳои ҷаҳонӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад, сохта ба истифода дода шуданд. Пас аз ба истифода дода шудани кӯпрукҳо аз болои дарёи Панҷ дар мавзеъҳои Дарвоз ва Ишкошим дар ноҳияи Дарвоз бозори муштараки ин ноҳияи Тоҷикистон ва мавзеъҳаи вилояти Файзободи Афғонистон дар як ҳафта як бор рӯзҳои шанбе аз соати 8.00 субҳ то соати 15.00 рўз ташкил карда шудааст. Аз ҳарду тараф сокинони минтақаҳои сарҳадӣ дар ин бозор молҳояшонро ба фурӯш мебароранд. Тиҷорати сарҳадӣ, дар ҳақиқат чуноне, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот менамояд, аввал боиси алоқаи савдои байни давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон баъд ба алоқаҳои иқтисодӣ мегардад. Албатта, дар ин бозорҳои назди сарҳадӣ мушкилоти зиёд мавҷуд аст, аз ҷумла мушкилоти пулӣ, яъне пули Афғонистон (афғонӣ) ва пули Тоҷикистон (сомонӣ) дар ҳар ду кишвар дар муомилот нест. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар мубодилаи пули миллӣ сомонӣ бояд бошад.
То имрўз дар Тоҷикистон роҳҳои зиёди автомобилгард барои рафтуои мардуми муқимӣ ва қабули меҳмонони хориҷӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, роҳҳои автодобилгардӣ Душанбе-Хуҷанд, Душанбе- Қурғонтеппа, Қурғонтеппа-Панҷи Поён, Душанбе –Турсунзода (сохтумонаш ба охир нарасидааст), роҳҳои дохили шаҳрии Душанбе ва ғайра. Дар оянда инкишофи ҳамаи навъҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд. Роҳҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ таҳия карда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ корҳои амалӣ оғоз карда мешавад. Роҳҳои аз бун­басти каммуникатсионӣ баромадан ва таъмини пешрафти кишвар аст пеш гирифта шудааст. Сохтмон ва ба шстифода додани роҳҳои автомобилӣ, ки иншоотҳои стратегӣ маҳсуб меёбанд, барои тараққиёти иқтисодии мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ аҳаммяти калон дошта, ҷараёни бунёди онҳо таҳти назорати доимии давлат қарор доранд.
Барои муайян намудани дурнамои ишкинюфи нақлиёт ва ҷойгиркунонии нақлиёт маълумотҳои зиёд лозим мебошад. Усулҳои маълуми муайян намудани дурнамои ннкишофи нақлиёт (усули оморӣ ва тирозӣ(баланс) ва ғайраҳо) барои ба дастовардани маълумотҳои аниқ нокифоя аст, зеро нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии хоҷагии халқ, соҳаҳои алоҳидаи он тамоили пастравӣ доранд. Танҳо дар 8-10 соли охир нишондиҳандаҳои тавсиядиҳандаи ҳолати иқтисодиёт ва кори соҳаҳои хоҷагии халқ дар Тоҷикистон якчанд маротиба кам шудааст.
Ҳамин тавр, барои муайян намудани дурнамои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва соҳаҳои он маълумотҳои сифати афзоиш ва таъғирёбии он имконият намедиҳанд, зеро, ки дар онҳо нишондиҳандаҳои зиддиятнок оварда шудаанд (дар аввад рушди пай дар пай ва дар охир пастшавии тез як чанд маротиба).
Нишондиҳандаҳои тавсиядиҳандаи инфраструктураи нақлиёт ва тадқиқи дурнамои нақшаи инкишоф ва ҷойгиркунонии нақлиёт, аз инҳо иборатанд:

  • ҳаҷми кашонндани борҳо ва мусофирон;
  • гардиши борҳо ва мусофирон;
  • масофаи шабакаи нақлиётӣ;
  • масофаи миёнаи кашонидани мусофирон ва борҳо
  • ҳаҷми маблағгузорӣ ба корҳои сохтмонӣ барои сохтмони корхонаҳои тамоили истеҳсолии нақлиёт;
  • миқдори миёнаи солонаи арзиши захираҳои (фондҳои) асосӣ;
  • миқдори солонаи коргарон, ки ба кашонидан, таъмир ва нигоҳ доштани шабакаи роҳҳо машғул мебошанд;
  • кашонидани борҳо байни ноҳияҳо аз ҷумла борҳои муҳимтарин;
  • кашонидани мусофирон байни ноҳияҳо;
  • хароҷотҳои истифодабарии нақлиётӣ;
  • талаботи нақлиёт бо қувваи барқ ва дигар маводҳои сӯзишворӣ;
  • боздиҳии фондҳо дар интиқоли борҳо бо нақлиёти боркаш;
  • арзиши интиқол;
  • ҳосилнокии меҳнат ва бо фондҳо таъмин будан.

Ин нишондиҳандаҳо дар охири сол дар миқёси ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва ҳудудҳои иктисодӣ ба таври умумӣ дар нақлиёт ва навъҳои он ҳисоб карда мешаванд. Ҳамзамон нишондиҳандаҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд: нишондиҳандаҳои асосии моддӣ-техникии сохтмонӣ роҳҳои нав ва роҳҳои 2-ӯми роҳи оҳан; таъмин намудани онҳо бо қувваи барқ; нақлиёти автомобилӣ ва марказонидани диспечерӣ; сохтмон ва таҷдиди истгоҳи ҷудогонаи хоҷагии вагонҳо, амборҳо; сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии мустаҳкам: ҳиссаи истифодаи нақлиёти ав­томобилӣ ва таркиби нақлиёти автомобилии боркаш; ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ бо сӯзишвории дизелӣ; нишондиҳандаи механиконӣ ва худкории корҳои боркардан ва борфурорӣ бо навъҳои нақлиёт; сохтмон ва таҷдиди майдонҳои ҳавоӣ ва майдони фурудгоҳӣ ва парвози тайёраҳо; инкишофи навъҳои навӣ нақлиёт.
Илова бар ин, ба ҳисоб гирифтани ҳолати ба бӯҳрон гирифтори соҳаи нақлиёт; мавҷуд набудан ва аз кор мондани миқдо­ри зиёди корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиётӣ, мавҷуд набудани маълумотҳои оморӣ барои муайян намудани тадқиқоти дурнамои нақлиётӣ, дар ҳолати мавҷуд набудани нишондиҳандаҳои муҳимтарини тавсифи таъғири ҳолати умумӣ ва ҳолати бӯҳронии ҳозираи шароити фаъолияти нақлиёт.
Бо ба ҳисоб гирифтани тамоми ҳолатҳои дар боло нишон дода шуда муаллифон Катаев А.X., Раджабов Р.К. (дар асарашон- «Экономика транспортной инфраструктуры», учеб­ное пособие, Душанбе, «Ирфон».,с, 2000 кӯшиш намудаанд, ки нишондиҳандаҳои дурнамои инкишофи хизматрасонии навъҳои гуногуни наклиётӣ ва ҳамчунин инкишофи шабакаи роҳҳои нақлиётиро ба таври умумӣ дар ҷумҳурӣ муайян намоянд.
Хулоса, тадқиқотҳои гузаронидашуда дар таҳия ва ҷамъбасти ташаккулёбӣ ва инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ бо алоқаманди ба иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои иқтисодиёти калон ва ҳаҷми кори нақлиёт, дурнамои маълумотҳои аниқшуда, ҳаҷми интиқоли борҳо ва мусофирон ва ҳамчунин амалӣ гардонидани корҳо дар шабакаи ягонаи нақлиёти Тоҷикистонро барои 5 соли оянда, ки аз онҳо иборатанд, муайян намоянд.
а) дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан: сохтмони роҳи оҳани Хуҷанд—Адрасмон. Ваҳдат—Ёвон, Самарқанд—Панҷакент, Ваҳдат—Обигарм, таҷдиди як қатор қисматҳои сербор, коркарди масоили барқӣ намудани роҳи оҳан, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дуюм, истгоҳҳои қабул ва фиристодан, инкишофи инфрасохтори роҳи оҳан.
б) дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомо­билгард: сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе— Хуҷанд бо нақб дар ағбаи Анзоб-4,7 км., нақби Шаҳристон-4,2 км., таҷдиди роҳи Душанбе—Турсуизода—56 км., Ваҳдат—Панҷ, нақб дар кисмати ағбаи Шар-Шар, роҳи гузариши обамбори Роғун—231 км., ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб—Дарвоз —Хоруғ—Қароқурум ва мувофиқ гардониданнин роҳ бо талаботҳои роҳи ҷаҳонӣ, корҳои таҷдид ва баланд бардоштани сифати роҳҳои сохташаванда.
в) дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ: дар оянда инкишофи инфрасохтори нақлиёти ҳавоӣ—таҷдид ва васеъ намудани майдонҳои ҳавоии мавҷуда ва мустаҳкам намудани мавзеъҳои фуруд омадан ва парвози тайёраҳо, иваз намудани тайёраҳои кӯҳна бо нав ва мустаҳкам намудани асоси моддӣ-техникӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо ва хизмати мусофирон;
г) дар соҳаи истифодаи нақлиёти барқӣ: сохтмони роҳи байнишаҳрии троллейбусҳо: Душанбе—Турсунзода, Душан­бе—Сомониён, Душанбе—Ваҳдат, Душанбе—Варзоб, Ду­шанбе—Ҳисор, Душанбе—Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа—Сарбанд, Хуҷанд—Қайроккум—Ғафуров—майдонҳои ҳавоии Хуҷанд ва ғайраҳо. Ғайр аз ин васеъ намудани шабакаи нақлиёти барқӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба роҳ мондани истифодаи нақлиёти барқӣ — троллейбусҳо дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ба монанди Кӯрғоитеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Истаравшан ва ғайраҳо.
д) дар соҳаи нақлиёти саноатӣ: дар оянда инкишофи масофаи роҳҳои даромадан ба корхонаҳои саноатӣ, такмил додани алоқамандии онҳо бо роҳҳои оҳани васеъбар, гузоштани релсҳои пуриқтидор, нав намудани локомотивҳо, вагонҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами ба нақлиёт бор кардан ва фуруд овардани маҳсулот.
е) дар соҳаи навъҳои махсуси нақлиёт: инкишофи ша­бакаи роҳҳои канатӣ барои тезонидани инкишофи корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷӣ, асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ.
ё) дар соҳаи нақлиёти қубӯрӣ:   инкишофи      шабакаҳои мав- ҷуда ва сохтмони нав бо ба ҳисоб гирифтани масоили аз худ намудани захираҳои сӯзишворӣ-барқӣ.
Ғайр аз ин, дар давраи дурнамои инкишофи нақлиёт ис­тифодаи имкониятҳои навъҳои ғайрианъанавӣ ва ё навъҳои нав, ки ҳамчунин корҳои ташкилӣ ва коркарди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакаширо талаб менамоянд. Муҳимтарин шароити баланд бардоштани самаранокии минтақавии ташкили инфрасохтори нақлиётӣ дастрасии адолатноки борҳо ва мусофирон бо навъҳои зерсохторҳои нақлиётӣ ба шу­мор меравад. Дар ин ҳолат, ҳалли масоили истифодаи ин ва ё он навъи нақлиёт ба ҳисоби техникӣ-иқтисодӣ ва меъёрӣ маҷмўи хароҷот барои расонидани сайёҳон мувофиқи хатсари интихобшуда бояд асоснок карда шавад.
Таҳлили комплекси фаъолият ва дурнамои нишондиҳандаҳои инфрасохтори нақлиётӣ имконият медиҳанд, хулоса намуд, ки ки дар 10—15 соли оянда дар соҳаи нақлиёт бо суръат меафзояд.

Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсия бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад. Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Ашқободи Туркманистон бахшида ба баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷонибҳо Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон Туркманистон имзо намуданд.
Дар баробари ин, баҳри ташаккули пурраи шабакаи дохилӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шоҳроҳҳои байналмиллалӣ дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашудаи коршиносони маҳалӣ ва беруна, Барномаи таҷдиду бунёди ин роҳҳо ба мӯҳлати то соли 2025 таҳия гардидааст, ки амалисозии он, истифодаи имкониятҳои интиқолро зиёд ва мӯҳлати интиқолро кам гардонда, боиси кам шудани хароҷотҳои нақлиётӣ мегардад.
Барномаи зикргардида бо ба ҳисобгирии фоидаоварии иҷтимоию иқтисодии ҳамаи қитъаҳо ва ба ҳисобгирии ҳолати имрӯзаи онҳо дар барномаи компютерӣ таҳия гардида, татбиқнамоии он дар се марҳила пешбинӣ гардидааст. Бо дарназардошти ин, ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталӣ байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои Тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзоҳои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмиллалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст.

М.Тўтиев «Географияи иктисодии наклиёти Точикистон» Душанбе-2006 Саҳ.95

Дидан карданд: 1999

Мавзӯъҳои монанд:

Банакшагири

Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад

Намудҳои туризми экологӣ

Инкишоф додани туризми экологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои мусбии он

Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми дохили. Ва чи бояд кард барои пешравии он

Туризм яке аз соҳаҳои глабалии иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосир ба ҳисоб меравад

Таъриф ва хусусияти намудҳои туризм

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: