|

​​​Талабот ба сифати оби нӯшокӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-24

Дар табиат се намуди обро фарқ мекунанд.
1. Оби отмосферӣ — ба ин намуд обҳои борон, барф, туман, қиров, шабнам дохил мешавад.
2.Оби рӯизаминӣ — ба ин намуд океанҳо баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо, ҷӯиборҳо ва ғайра дохшт мешавад.
3.Обҳои зеризаминӣ- ба ин намуд обҳое, ки дар қабатҳои гуногун замин ҷамъ мешаванд ва аз чашма мебароянд ё ба воситаҳои чоҳканй ва сӯрохкунй бароварда мешавад.
Дар мамлакати мо ба эҳтиёҷи шахсии як одам дар як шабонарӯз 350 литр об рост меояд. Агар ба ин эҳтиёҷоти саноатӣ ва ҳоҷагии қишлоқро ҷамъ намоем, он вақт ба ҳар як шахс дар мамлакати мо 500 литр об рост меояд, дар як шабонарӯз. 98% обҳои табиатро баҳру океанҳо ташкил медиҳад. Қариб ҳамаи обҳое, ки аз сарчашмаи табии гирифта мешавад ва барои нӯшокӣ ва дигар эҳтиёҷоти маиши одам до да мешавад пеш аз ҳама онро ба таври махсус тоза кардан зарур аст. Оби нушокӣ бояд ба талаботҳои муайян ҷавоб дода тавонад, ин талаботҳо чунин мебошад: шаффоф будан, беранг будан, бе бӯй будан, маззаи бегона надоштан, дар таркиби худ ҷисмҳои ба чашм намоён надоштан, таркиби муайяни химиявӣ доштан ва дар таркиби худ микроорганизмҳои сирояткунанда надоштан. Дар як литр қӯргошим аз 0,1 як-0,05, фрот-1,5 синк-5,0, мисс -3,0, беримия -0,0002, семен -0,5 милиграмм зиёд набояд бошад.
Моддаҳои минералй
Моддаҳои минералй дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ дар намуди пайвастагиҳои органикӣ ва ғайриорганикй дида хмешаванд. Аҳамияти моддаҳои минералй дар ҳаёти инсон, ҳайвонот ва растаниҳо ниҳоят калон аст. Ҳамаи протсесҳои физиологӣ дар организмҳои зинда бо иштироки ҳамин моддаҳо мегузарад. Дар организми одам ва ҳайвонот моддаҳои минералӣ дар просесҳои пластикӣ, дар сохтан ва муташаккил шудани бофтаҳо, дар мубодилаи об, дар нигоҳ доштани ҳолати осмотикии фишори хун ва дигар масълаҳои организм, дар нигоҳдории ҳолати мувозинатии кислотаю ишқор дар организм иштирок мекунанд, дохил мешавад, ғайр аз ин моддаҳои минералй дар таркиби ғадудҳо низ мавҷуд мебошанд. Таркиби минералии организмҳо бо андозаи синну солӣ иваз мешавад ва дар калонсолон микдори он зиёдтар мешавад. Дар бадани одам ва ҳайвонот зиёда аз 70 намуд моддаҳои минералӣ дида мешавад.
Моддаҳои минералие, ки дар таркиби маҳсулотҳои хӯрокворӣ дохил мешаванд шартан ба 3 гурӯҳ тақсим карда мешаванд:
1.макроэлементҳо,
2.микроэлементҳо,
3.ултро микроэлементҳо.
Макроэлементҳо дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба миқдори зиёда аз 1 миллиграмм дар фоиз вомехӯранд ва ба онҳо калий, натрий, калсий, магний, фосфор, хлор, оҳан дохил мешавад.
Микроэлементҳо дар маҳсулотҳои хӯракворӣ ба миқдори камтар аз 1 миллиграмм дар фоиз вомехӯранд ва онҳо йод, фтор, мисс, синк, мишяк, бром, алюминий, хром, никел, кобалт дохил мешаванд.Ултромикроэлементҳо дар таркиби маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба ҳаҷми бисёр кам микрограммҳо вохӯрда ба онҳо қӯрғошим, ртут дохил мешаванд. Микдор ва намудҳои моддаҳои минералй аз растаниҳо ва ҳайвоноте, ки аз онҳо ин маҳсулотҳо гирифта мешаванд, вобастагй дорад, ғайр аз ин синну сол, намуди хӯроки онҳо ва аз иловагиҳое, ки ба маҳсулотҳо дохил карда мешаванд, низ вобастагӣ дорад.
Маҳсулотҳои хӯроквории растанигии табиӣ одатан, ҷиҳати модцаҳои минералӣ аз ҷиҳати модда, аз маҳсулотҳои ҳайвоноти нисбатан бойтар мебошанд.

Дидан карданд: 1295

Мавзӯъҳои монанд:

ОМИЛҲОИ АСОСИИ МУАЙЯН НАМУДАНИ СИФАТИ МАҲСУЛОТҲОИ ХУРОКВОРӢ

ТАРКИБИ ХИМИЯВИИ МАҲСУЛОТИ ХУРОКВОРӢ

​​​Талабот ба сифати оби нӯшокӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: