|

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-16

Нақша:

  • Ҷузъҳои системаи идоракунӣ .
  • Қонунҳои идоракунӣ.
  • Принсипҳои идоракунӣ.

1.Ҷузъҳои системаи идоракунӣ .
Системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрук аз чузъҳои асосии зерин иборат мебошад:

  • Механизми идоракунӣ;
  • Сохтори идоракунӣ;
  • Раванди идоракунӣ;
  • Механизми мукамалгардонии системаи идоракунӣ.
  • Механизми идоракунӣ – ин маҷмуи усулҳо ва воситаҳои таъсиррасони мебошад, ки дар системаи идоракунӣ истифода шуда барои расидан ба мақсадҳоидар назди идоракунӣ гузошташуда истифода бурда мешавад. Ба механизмҳои идоракунӣ дохил мешавад: қонунҳои идоракунӣ, принсипҳо, усулҳои идоракунӣ вафунксияҳои идоракунӣ.
  • Сохтори идоракунӣ аз чунин қисмҳо иборат аст: мақомотҳои идоракунӣ , кадрҳои идоракунӣ вавоситаҳои техникии идоракунӣ.
  • Раванди идоракунӣ – ин фапъолияти тамоми зинаҳои идоракунӣ оид барасидан бамақсадҳои идорааунӣ мебошад.
  • Механизмимукаммалгардонии системаи идоракунӣ – иборат аз аз ташкилитағиротҳо дар системае, ки дар натиҷаи рушди объекти идоракунӣ ба миён меояд

 2.Қонунҳои идоракунӣ.
Идоракуни дар Мақомоти гумрук ба қонунҳои объективии  иқтисоди такия менамояд. Қонунҳои идоракунӣ алоқаи умумии ва зарурии қисмҳои системаи идоракунӣ, ки дар раванди идоракунӣ ба вуҷуд меоянд инъикос менамояд. Ба қонуни идоракунӣ дохил мешавад:
1.Қонунӣ ягонагии системаи идоракунӣ – дар муносибати ҷудонашавандаи  идоракунӣ аз мақомоти болоии системаи давлвтии идоракунито зинаҳои поёнии идоракунӣ; дар бетанафуси ва мувофиқатии тамоми даврвҳои равандӣ идоракунӣ; дар ягонагии идоракунӣ тамоми қисмҳои таркибии мақсад ва манфиатҳои система; дар ягонагии вазифаҳова усулхои идоракунӣ; дар ягонагии талабот нисбати кормандон дар апарати идоракунӣ зоҳир менамояд.
2.Қонуни мутақобилаи мутаносибии фаъолияти касбии вазифаҳои асосии идоракунӣ ин таъмини таносубифаъолияти системаи идоракунанда ва идорашаванда ба ҳисоб меравад. Ин қонуни идоракунӣ мутаносибии тобеиятии фаъолияти  мақомоти поёниро  ба мақомоти марказии идоракунитаъмин менамояд.
3.Қонуни мутаносибати мутумарказонидашуда, ташаккули системаи идоракуние, ки дар он тобеияти бетанафус ва мустаҳками зинаи поёнии системаи идоракунӣ ба мақомотҳи марказии идоракунро пешбини менамояд.
4.Қонуни мутуқобилаи системаи идоракунанда ва системаи идорашаванда  –  моҳияти ин қонун дар он зоҳир мегардад, ки мутобиқатии системаи идоракунанда ва идорашаванда ба талабот ҷавобгӯ бошад. Тағирёбии чунин мутобиқати аз таъсири омилҳои гуногун пеш аз ҳама омилҳои ташкилӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд меояд.
3.Принсипҳои идоракунӣ.
Таҳти мафҳуми принсипҳои идоракуни ғояҳои роҳбарикунанда қоидаҳо ва меъёрҳои рафтор фаҳмида мешавад, ки системаи идорашаванда ба он такия менамояд. Дар таҷрибаи идоракунии Мақомоти гумрук чунин намудҳои принсипҳо истифода бурда мешавад:
1.Принсипи умумии идоракунӣ;
2.Принсипзои махсуси идоракунӣ;
3.Принсипи ташкили технологӣ.
- Ба принсипҳои умуми дохил мешавад:системанокӣ, принсипи асосии идрокунӣ ба ҳисоб  рафта, ягонагии сохтори ва функсионалии системаро таъмин менамояд;
- Принсипи кофоягии маълумот – маънои онро дорад, ки дар шароити афзоиши ҳаҷми маълумот дар фаъолияти Мақомоти гумрук , ҳаманандсозии равандҳои маълумоти аҳамияти хоса дорад;
- Принсипи оптималии идоракунӣ – бо усулҳо ва воситаҳои идоракуни.
Ба принсипҳои махсусу идоракуни дохил мешавад:

  • Қонуният;
  • Марказонидан;
  • Бетанафусӣ;
  • Фаври будан;
  • Чандирӣ;
  • Ба натиҷаи ниҳои равона будан.

Ба принсипҳои ташкилии технологи дохил мешавад:
1.тақсимоти меҳоти меҳнат – аз рӯи ихтисос тақсим кардани меҳнат, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат , аз ҳисоби кам намудани корҳои иловагии байни зинаҳои идоракунӣ. Ҳар як зинаи идоракуни мутобиқӣ принсипи мазкур ӯҳдадориҳои аниқ дошта бошад.
2.принсипи яккасардори – кормандон фақат фармони як роҳбарро иҷро менамоянд ва ба ӯ ҳисобот дизанд.

3.принсипи иэрархӣ – ҳар як корманди зинаи поёнӣ ба кормандӣ зинаи болои итоат менамояд, ҳар як кормандӣ системаи иэрархӣ на танҳо барои ҳаракатҳои тобеонхуд низ назди роҳбари болои ҷавобгар мебошад.

Дидан карданд: 1369

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии кормандон дар Мақомоти гумрук

Банақшагирии ташкили дар идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Ташкил ва танзим ҳамчун вазифаи идоракунӣ

Қабули қарорҳои идоракуни дар раванди идоракунӣ

Раванди идоракуни дар Мақомоти гумрук

Сохтори идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Ташкили системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад ва вазифаҳои фанни “Идоракуни ва ташкили фаъолияти гумрук”

Хироҷҳои гумруки ва намудҳои онҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: