|

Сохтори ташкилии идораи анбӯҳи материалии корҳона

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-05

Яке аз вазифаҳои асосии тартиб додани системаи макрологистикӣ ин пеш аз ҳама ташкили умурӣ ё ҷузъи махсус дар сохтори идораи корҳона мебошад, ки он ба муносибгардонии анбӯҳи корҳона масъул аст. Чунин сохтор имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамаи функсияҳои идоракунии корҳона оиди ҳаракати мол бомуваффақият ҳаллу фасл карда шаванд. Бояд қайд кунем, ки тартиб додани схемаҳои ташкилии чунин ҷузъҳо аз нуқтаи назари он масъалаҳое тартиб дода мешавад, ки онҳо ба дар назди ҳама корҳона ба амал оянд. Дар таҷриба вариантҳои гуногуни ташкили чунин сохтор вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо ба модели умумӣ асос ёфта, ба ҳали масъалаҳои ба ҳам монанди логистикӣ оиди идораи анбӯҳҳои материалӣ, нигаронида шудаанд.
Чӣ тавре кӣ дар боло қайд карда будем, системаи логистикӣ, одатан дар ҳолати номуайянии таъсири муҳити атроф фаъолият мекунад. Дар конъюктураи бозор, кори нақлиёт, равандҳои фавқулода доимо ба вуҷуд меоянд. Аз ин лиҳоз яке ҳосиятҳои зарурии системаи логистикии корҳона ин қобилияти баланди мутобиқшавии вай ба муҳити тайғирёбанда мебошад. Системаи логистикии идораи анбӯҳҳои материалӣ бо мурури тайғир ёфтани муҳити дохилӣ ва берунаи корҳона бояд доимо такмил ёфта истад.
Одатан, раванди такмили системаи логистикии идораи анбӯҳҳои материалии корҳона тавсифи пай дар пай дошта, дар он асоси назорати доимӣ ва муқоисаи фаъолияти ҳар як зерсистема ва элементҳои алоҳидаи он, баҳои фоиданокии кори онҳо ва инчунин коркарди амалиётҳои ҳамоҳангкунонӣ, ба амал бароварда мешавад.

Дидан карданд: 1181

Мавзӯъҳои монанд:

Сохтори ташкилии идораи анбӯҳи материалии корҳона

Шаклҳои системаи логистикӣ

Моҳияти системакунонии логистикаи тиҷоратӣ

Назария ва тадбирҷӯи дар логистика

НАЗАРИЯИ ПАЙДОИШИ МАФҲУМҲОИ ЛОГИСТИКА ВА МОҲИЯТИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Таҳлил дар логистика

Интиҳоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон

Иттиҳодияи Аврупоии Иқтисодӣ (ЕврАзэс) ва Тоҷикистон

ИМКОНИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ ЛОГИСТИКӢ

Банақшагирии ташаккули маркази логистикӣ бо назардошти шароитҳои ҷуғрофӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: