|

Моҳияти системакунонии логистикаи тиҷоратӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-05

 Мавҳуми система яке аз мафҳумҳои марказӣ ва фундаменталии логистика ба ҳисоб меравад. Системаҳои гуногуншакли зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо якҷоя амалиёти иқтисодиёти мамлакатро таъмин менамоянд. Ба ин қабил системаҳои логистикӣ ҳам дохил мешаванд, ки онҳо ҳолати хусусии тавсифи системаро ба худ доранд. Бинобар ин пеш аз ҳама мафҳуми умумии системаро тавсиф намуда, пас аз он муайян месозем, ки кадоме аз системаҳо ба гурӯҳи системаи логистикӣ дохил мешаванд.
Системаҳои логистикӣ дар маҷмӯи гуногуни системаҳо бо элементҳояш, тавсифи алоқаи байни элементҳо, ташкилӣ ва хусусияти ҷамъкунандагиаш фарқ мекунад.
Ба аломатҳои фарқкунандаи системаи логистикӣ мавҷудияти равандҳои анбӯҳи ва ягонагии майяни системавӣ, дохил мешаванд.
Системаи логистикӣмаҷмӯи элементҳои байни ҳам таъсиркунандаи ягона мебошанд. Ба он элементҳои зерин дохил мешаванд:

  • 1.Хариди кӯтара
  • 2.Анборҳо
  • 3.Захираҳои молӣ
  • 4.Нақлиёт
  • 5.Иттилоотҳо
  • 6.Кадрҳо
  • 7.Фурӯши мол

Чи тавре, ки мебинем элементҳои логистикӣ гуногуншакл буда, мутобиқи талабҳои якдигар хизмат мекунанд. Мутобиқшавии элементҳои гуногун аз тариқи мақсади ягонаи ҳамаи онҳо таъмин карда мешаванд, ки онро системаи логистикӣ муайян менамояд.
Ба системаи логистикӣ корҳонаҳои истеҳсолӣ, коиплексҳои истеҳсолию дохилимарзӣ, корҳонаҳои савдои яклӯхт, чакана ва ғайраҳо дохил мешаванд. Вазифаи ҳамаи онҳо аз он иборат мебошад, ки миқдори зарурии мол ҳарчи бештар ба ҷои истеъмолашон наздик карда шаванд ва харҷҳои молтаъминкунии бозори истеъмолӣ каматарин бошанд.

Дидан карданд: 1223

Мавзӯъҳои монанд:

Сохтори ташкилии идораи анбӯҳи материалии корҳона

Шаклҳои системаи логистикӣ

Моҳияти системакунонии логистикаи тиҷоратӣ

Назария ва тадбирҷӯи дар логистика

НАЗАРИЯИ ПАЙДОИШИ МАФҲУМҲОИ ЛОГИСТИКА ВА МОҲИЯТИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Таҳлил дар логистика

Интиҳоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон

Иттиҳодияи Аврупоии Иқтисодӣ (ЕврАзэс) ва Тоҷикистон

ИМКОНИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ ЛОГИСТИКӢ

Банақшагирии ташаккули маркази логистикӣ бо назардошти шароитҳои ҷуғрофӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: